20 августи соли 2013 Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҳамкорӣ дар соҳаи об дар шаҳри Душанбе ба кори худ оғоз намуд.
Барои иштирок дар кори он беш аз 900 нафар меҳмонони воломақом ва мутахассисону коршиносони маъруф зиёда аз 70 кишвари ҷаҳон ва созмонҳои сершумори минтақавию байналмилалӣ ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.
Конфронсро Сарвазири Тоҷикистон Оқил Оқилов ифтитоҳ бахшида, нахуст Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро ба суханронӣ даъват намуд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон иштирокдорони конфронсро ба Тоҷикистон хайрамақдам гуфта, доир ба тадбирҳои сершумори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дар соҳаи об андешаҳои ҷолиб баён кард. Бо ёдоварӣ аз иқдомҳои дар сатҳи ҷаҳонӣ пазируфташудаи Тоҷикистон, аз ҷумла «Соли байналмилалии оби тоза (2003)», даҳсолаи (2005-2015) байналмилалии «Амалиёти об барои ҳаёт» ва «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об (2013)» ёдовар шуда, пешниҳод намуд, ки аз соли 2015 даҳсолаи нави амалиёти байналмилалӣ дар соҳаи об эълон гардад.
Ҳамчунин пешниҳод карда шуд, ки дар шаҳри Душанбе Маркази байналмилалӣ оид ба ҳамкорӣ ва дипломатияи соҳаи об таъсис дода шавад.
Дар робита ба масоили ҳалталаби обӣ дар минтақаи Осиёи Марказӣ Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт: «Тоҷикистон ҳамеша ҷонибдори ҳамкории мутақобилан судманд ва муносибатҳои неки ҳамсоягӣ буд, ҳаст ва хоҳад монд.
Мо хуб мефаҳмем, ки танҳо ҳамкории мутамаддин ва иродаи сиёсӣ метавонад ба ҳамаи мо пешрафту инкишофро дар ин ҷода таъмин намояд. Тоҷикистон ба чунин ҳамкорӣ комилан омода аст».