Оғози корҳои сохтмонии шаҳраки навбунёд дар мавзеи Теми шаҳри Хоруғ

№103-104 (3404-3405) 01.08.2015

19515940243_d3bfb83432_oСиюми июли соли равон дар шаҳри Хоруғ ҳамчунин Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонии бунёди шаҳраки нав дар мавзеи Тем дар масоҳати 260 гектар оғоз бахшид. Фармоишгари шаҳраки нав Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Ҳоло бо ин мақсад 214 гектар замин ҷудо гардида, барои анҷом додани корҳои таҳқиқотӣ, геологиву гидрогеологӣ, геодезӣ ва соҳилмустаҳкамкунӣ 950 ҳазор сомонӣ ҷудо шудааст ва лоиҳаи нақшаи генералии шаҳрак омода шуда истодааст.

Танҳо барои корҳои омодасозии бунёди шаҳрак хароҷоти 130 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.

Минтақаи тарҳрезишаванда дар назди дарёи Панҷ ҷойгир шудааст. Тибқи нақшаи генералӣ 50 фоизи минтақа барои сохтмони манзили истиқоматӣ пешбинӣ гардидааст.

Ҳаҷми умумии фонди манзили истиқоматӣ 300 ҳазор метри мураббаъро ташкил дода, аз иморатсозии катеҷӣ бо заминҳои наздиҳавлигӣ, иморатсозии миёнаошёнаи чор — панҷошёнагӣ ва иморатсозии нуҳошёна иборат аст.

Дар шаҳраки нав иншооти гуногуни иҷтимоӣ, маданию маишӣ ва хизматрасонӣ, аз ҷумла муассисаҳои томактабӣ барои 1200 ҷой, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ барои 3000 нафар хонанда, толорҳои варзишӣ дар масоҳати 1200 метри мураббаъ, мағозаҳои маводи ниёзи аввал дар масоҳати 1230 метри мураббаъ, маҷмааи савдо, муассисаҳои хӯроки умумӣ бо 450 ҷой, беморхона барои 150 кат, дармонгоҳ барои 360 қабул дар як баст, маркази ёрии таъҷилӣ бо ду мошин, филиали бонкҳо дорои панҷ маркази амалиётӣ, меҳмонхона барои қабули 125 меҳмон, хадамоти оташнишонӣ бо ду мошин сохта мешавад. Корхонаҳои хизматрасонии маданию маишии шаҳраки навбунёди Тем барои 15 ҳазор нафар сокинон муқаррар шудааст.

Дар шаҳрак мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бо шуъбаи солимгардонӣ, шуъбаҳои маориф, молия, омор, инчунин комиссариати ҳарбӣ, суд, прокуратура, шуъбаҳои амнияти миллӣ, корҳои дохилӣ, алоқа ва почта, чойхона, фонди ҳифзи иҷтимоӣ, КВД «Тоҷиксуғурта», қасри фарҳанг бо китобхона ва маркази эстетикӣ барои бачагон, нозироти андоз ва ҳаммом сохта мешаванд.

Барои таъмини пурраи шароити зиндагӣ дар нақшаи генералӣ, инчунин бунёди корхонаҳои гуногун, аз ҷумла сехи дӯзандагӣ, корхонаи истеҳсоли маҳсулоти қаннодӣ, нонпазӣ, коргоҳи коркарди меваю сабзавот, хушккунии меваю растаниҳои табобатӣ, марказҳои омӯзиши ҳунарҳои мардумӣ, сехи истеҳсоли нӯшокиҳои ташнашикан дар назар аст.

Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бунёди шаҳраки Тем бо тамоми инфрасохтори зарурӣ, аз ҷумла бунёди хатҳои интиқоли барқ, шабакаҳои обрасониву корез, мактабу беморхона ва биноҳои истиқоматии баландошёна чорабиниҳои дахлдорро амалӣ карда истодааст ва дар маҳалли сохтмони шаҳрак баъди шиносоӣ бо лоиҳа Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат ва ҷавобгӯ ба меъёрҳои шаҳрсозӣ дастуру ҳидоятҳо дод.

 www.president.tj