Оғози сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба Тоҷикистон

№94 (3395) 13.07.2015

11223836_864404570296397_9025703784800622478_oСенздаҳуми июли соли 2015 сафари давлатии Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди, ки шоми дувоздаҳуми июли соли 2015 вориди шаҳри Душанбе шуд, бо мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Барои истиқболи меҳмони олимақом майдони назди Муассисаи давлатии «Қасри миллат» барои маросими истиқболи расмӣ ба таври хоса омода гардида, ҷузъу томҳои Горди фахрӣ ва оркестри асбобҳои нафасӣ саф оростанд.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон меҳмони олимақом — Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Модиро истиқбол гирифта, ба болои минбари ифтихорӣ даъват намуд.

Маросими истиқболи расмӣ бо гузориши фармондеҳи Горди фахрӣ ва садо додани Сурудҳои миллии ду кишвар оғоз ёфт. Ҳамзамон бо Сурудҳои миллӣ, тибқи муқаррароти ташрифотӣ, садои  21 шиллик аз тӯпхонаҳо дар фазои шаҳри Душанбе танинандоз гардид, ки танҳо хоси сафарҳои давлатӣ аст.

Маросими бошукӯҳи истиқбол сипас бо гузаштани якҷояи Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди аз назди ҷузъу томҳои Горди фахрӣ, арзи эҳтиром ба Парчами давлатии Тоҷикистон ва салому дуруди меҳмони олимақом ба афсарону сарбозон ва шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ду давлат идома ёфта, бо расми гузашти низомии Горди фахрӣ аз назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом — Сарвазири Ҷумҳурии Ҳиндустон Нарендра Моди ба поён расид.

www.president.tj