Оғози сафари корӣ дар Ҷумҳурии Беларус

№144-145 (4727-4728) 24.11.2023

53348979173_f35358122a_o22-юми ноябри соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо сафари корӣ ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастҷамъии Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ ба Ҷумҳурии Беларус ташриф оварданд.

Дар Фурудгоҳи миллии Минск Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро муовини Сарвазири Ҷумҳурии Беларус ва дигар шахсони расмӣ самимона истиқбол гирифтанд.

Ба истиқболи меҳмони олиқадр майдони фурудгоҳ бо парчамҳои давлатии ду кишвар оро ёфта, афсарони Қаровули фахрӣ саф оростанд.