Оғози сохтмони биноҳои маъмурӣ дар шаҳри Душанбе

№33 (4773) 13.03.2024

53585113140_b874cb2201_o13-уми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бо лоиҳаи бунёди бинои Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикис­тон шинос шуда, ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд.

Бинои маъмурии Вазорати фарҳанг аз 18 ошёна, 80 ҳуҷраи корӣ ва таҳхона иборат буда, бо тарҳи муосир ва санъати хоси меъмории миллӣ дар асоси дас­туру супоришҳои бевоситаи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд мешавад.

Тибқи лоиҳа, дар ошёнаи якуми иншоот маҷлисгоҳи калон бо 500 ҷойи нишаст, толори хурд бо 180 ҷой, ошхона барои 150 нафар, ҳуҷраҳои корӣ ва нуқтаҳои ёрирасон ҷойгир хоҳад шуд.

Бинои нави маъмурии Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе ҷойгир буда, масоҳати умумии қитъаи замини он 7 ҳазору 712 ва зери сохтмон 3 ҳазору 644 метри мураббаъро ташкил менамояд.

Фармоишгари иншоот Муассисаи давлатии «Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматӣ»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оби ҳаёт» мебошад.

Дар ошёнаҳои болоӣ ҳуҷраҳои кушоду барҳавои корӣ ба нақша гирифта шудааст, ки бо тамоми шароити замони муосир муҷаҳҳаз гардонда мешаванд. Таҳхонаи бино барои таваққуфгоҳи воситаҳои нақлиёт ва муассисаҳои нашриётии зертобеи вазорат пешбинӣ шудааст.

Пас аз анҷоми корҳои сохтмонӣ ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани бинои хуштарҳу замонавӣ тамоми раёсату шуъбаҳо, бахшҳо ва дигар муассисаҳои зертобеи вазорат дар як бинои маъмурӣ ҷойгир карда мешаванд.

Оғози сохтмони бинои мазкур собитгари он аст, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳаи фарҳанг таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ҷиҳати рушди бахши мазкур пайваста ғамхорӣ менамоянд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни шиносоӣ бо лоиҳаи бинои нави Вазорати фарҳанг барои истифодаи масолеҳи баландсифати ватанӣ дар иншоот ва дар муҳлати 2 сол бо сатҳу сифати баланд мавриди баҳрабардорӣ қарор додани он ба масъулон дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

53584899028_52327cfb31_o13-уми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои бун­ёди бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хиёбони Рӯдакии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт санги асос гузошта, бо лоиҳаи иншоот шинос шуданд.

Иншооти мазкур аз 16 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 14 маҷлисгоҳ, толори барҳаво бо 500 ҷойи нишаст ва ошхона барои 200 нафар мебошад.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба масъулини дахлдори соҳа супориш доданд, ки иншооти навро бо дарназардошти сохти меъмории замонавӣ, босифат, мусоид барои кору хизматрасонӣ ва дар муҳлати муайяншуда сохта ба истифода диҳанд.

Дар бинои нав барои кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқ ба талаботи замони муосир ҷиҳати хизматрасонии сатҳи баланд ба соҳибкорону сармоягузорон ва таҳияи лоиҳаҳои корхонаҳои саноатӣ имконият фароҳам оварда мешавад.

Бунёду ба истифода додани бинои нави Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар доираи «Солҳои рушди саноат» туҳфаи арзишманди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба коргарону мутахассисони соҳа мебошад.

Бо иҷрои супоришҳои пайвас­таи Роҳбари давлат бахшида ба Ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳкими созандагиҳо дар шаҳри Душанбе ба таври намунавӣ таъмин карда шудааст.

Бинои нав дар идомаи иқдомҳои шаҳрдорӣ ба ободии дучанди пойтахти мамлакат мусоидат намуда, имкон медиҳад, ки тамоми кормандони Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як ҷой муттаҳид ва пешбурди ­фаъолиятро дар шароити сатҳи баланди хизматрасонӣ таъмин намоянд.

Бинои мазкур дар асоси нақшаи генералии шаҳри Душанбе дар майдони 65 садяк, давоми 2 сол сохта шуда, саҳни он мутобиқ ба талаботи лоиҳавӣ зебою назаррабо гардонда мешавад.

53584902203_76719129bc_o13-уми марти соли 2024 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ­ноҳияи Шоҳмансури пойтахт барои сохтмони бинои маъмурии Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон санги асос гузоштанд.

Зимни шиносоӣ бо тарҳи иншооти нав иттилоъ дода шуд, ки бинои асосии вазорат аз 18 ошёна ва таҳхона иборат буда, лоиҳа бо дарназардошти талаботи муосири шаҳрсозӣ омода гардидааст. Ҳамчунин, тибқи лоиҳа, иншоот дорои бинои алоҳидаи дуошёна буда, дар он ошхона бо 420 ҷойи нишаст ва маҷлисгоҳи барҳаво бо 640 ҷойи нишаст бунёд хоҳад ёфт, ки тариқи роҳрав ба бинои асосӣ пайваст мегардад.

Дар бинои нав сохтмони 4 лифт дар назар дошта шуда, барои кормандони вазорат ҳуҷраҳои барҳавои корӣ, толорҳои машваратӣ бо имконияти васеъ ва технологияи муосири соҳавӣ бунёд хоҳад ёфт. Сохтмони бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон на танҳо барои кормандони дастгоҳи марказии вазорат шароиту имконияти муосири кориро фароҳам меорад, балки дар дохили он зерсохторҳои ниҳоди мазкур низ ҷойгир хоҳанд шуд, ки чунин тарҳрезии лоиҳа ба таъмини сифатноки кор, пешбурди фаъолият мутобиқ ба талаботи замон мусоидат хоҳад кард. Аз ҷумла, пас аз анҷоми сохтмон дар таҳхонаи бино маркази чопи нашрияҳо, ҳуҷраҳои техникӣ ва ёрирасон ҷойгир карда мешаванд. Дар бинои нав, ҳамчунин, Маркази ҷумҳуриявии дарёфт ва рушди истеъдодҳо, Маркази ҷумҳуриявии технологияи иттилоотӣ ва коммуникатсия, Маркази барномаҳои байналмилалӣ, Академияи таҳсилоти Тоҷикистон, Корхонаи воҳиди давлатии «Маърифат», Корхонаи воҳиди давлатии «Комбинати полиграфии шаҳри Душанбе», Маркази ҷумҳуриявии муассисаҳои таҳсилоти иловагӣ ва дигар сохторҳои зертобеи вазорат, ки ҳоло дар ҳар гӯшаю канори шаҳр кору фаъолият доранд, ҷой дода мешаванд. Ин тадбир ба беҳшавии шарту шароити корӣ мусоидат хоҳад кард.

Дар маҷмӯъ, барои сохтмони иншоот 1,58 гектар қитъаи замин ҷудо гардида, дар доираи ин тарҳ, ҳамчунин, сохтмони фаввораҳои зебою замонавӣ, таваққуфгоҳ барои нақлиёт, айвончаҳои истироҳатӣ ва дигар иншооти ёрирасон бунёд хоҳад ёфт.

Намои берунаи иншооти нав бо шаклу услуби хоси меъмории миллию ҷаҳонӣ тарҳрезӣ гардида, атрофи он низ, тибқи лоиҳа, зебою замонавӣ зинат дода хоҳад шуд.

Оғози корҳои сохтмонӣ дар бинои нави Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон идомаи мантиқии авҷи корҳои ободонию созандагӣ дар пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе буда, он ба фароҳам овардани шароити муосири корӣ ва замонавӣ намудани ҳусни пойтахт мусоидат менамояд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳа Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои дар муҳлати 3 сол ба истифода додани бино, истифодаи масолеҳи баландсифати сохтмонии ватанӣ ҳангоми иҷрои корҳо ва таваҷҷуҳи хоса додан ба ­масъалаи кабудизоркунию сарсабз намудани атрофи иншоот супоришҳои мушаххас доданд.

www.prezident.tj