Оғози сохтмони бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар шаҳри Ваҳдат

№119-120 (3420-3421) 07.09.2015

Вахдат милисаДар шаҳри Ваҳдат Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани санги асос ба сохтмони бинои Шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ оғоз бахшид.

Бино аз се ошёна ва таҳхона иборат буда, бо харҷи 30 миллион сомонӣ аз ҷониби пудратчӣ — Корхонаи давлатии сохтмонии рақами 2 — юми Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Иншооти мазкур дар кӯчаи Исмоили Сомонии шаҳр бунёд шуда, ба ғайр аз бинои асосӣ, дар ҳудуди иншоот нуқтаи гузаргоҳ, таваққуфгоҳ барои мошинҳои кормандон, майдончаи варзишӣ пешбинӣ шудааст.

Дар таҳхонаи ин бино ошхона барои 55 нафар бо ошпазхона, толори варзиши бадан, ҳаммом, анборхона ва дигар утоқҳои зарурӣ бунёд мешавад.

Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои корҳои босифат, бо дарназардошти тамоми меъёрҳо ва шароити корӣ, дастуру ҳидоятҳо дод.

www.president.tj