Оғози сохтмони иншооти нав дар шаҳри Душанбе

№112 (4062) 19.09.2019

48748016828_279ec7fd6d_o17 сентябри соли 2019 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Зебунисо 5 — и ноҳияи Шоҳмансур барои бунёди корхонаи азими қолинбофӣ — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе» санги асос гузоштанд.

Аснои муаррифии лоиҳа тазаккур дода шуд, ки иқтидори корхона дар як сол истеҳсоли 1,5 миллион метри мураб­баъ қолин мебошад. Барои истеҳсол дастгоҳҳои қолинбофӣ аз ширкати машҳури «Вандевил» — и Шоҳигарии Белгия ворид карда хоҳад шуд, ки назираш дар кишварҳои Осиёи Марказӣ нест ва маҳсулоти тавлидотӣ таъиноти содиротӣ дошта, бо сифати олӣ истеҳсол мешавад.

Дар Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Қолинҳои Душанбе», ки аз тарафи соҳибкорони маҳаллӣ бунёд мегардад, баъди сохта ба истифода додани он 1000 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъмин мегарданд. Ҷиҳати бунёди корхона сарфи 120 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст. Қарор аст, ки он то ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баҳрабардорӣ қарор мегирад. Барои анҷоми корҳои сохтмонӣ дар иншоот бештар аз 100 нафар мутахассиси маҳаллӣ ба кор ҷалб гардидаанд.

Ҳангоми шиносоӣ бо иқтидор ва тарҳу шакли корхонаи бунёдшаванда Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулон дастур доданд, ки пеш аз ҳама, ба истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва ивазкунандаи воридот, сифати он ва тақвияти имконияти содиротӣ диққати махсус диҳанд. Зеро ин ягона роҳест, ки тавассути он метавон дар бозори дохил ва хориҷи мамлакат нуфузи корхонаро баланд бардошт. Бояд гуфт, ки талабот ба маҳсулоти хушсифати истеҳсоли ватанӣ на танҳо дар дохил, балки дар хориҷи мамлакат низ хеле зиёд аст. Аз ин хотир, ба даст овардани эътимоди харидор яке аз талаботи асосӣ дар роҳи муваффақ шудани корхона ба ҳисоб меравад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми соҳибкоронро шоёни дастгирӣ ва бунёди корхонаи истеҳсоли қолинҳоро дар пойтахти мамлакат ба мақсадҳои Давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бобати амалисозии муваффақонаи ҳадафи муҳими стратегӣ — саноатикунонии босуръати мамлакат ва таъмини ҳар чӣ бештари сокинон бо ҷойи кори доимӣ созгор арзёбӣ карданд.

 17 сентябри соли 2019, ҳамчунин, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар кӯчаи Садриддин Айнии ноҳияи Шоҳмансури пойтахт бо лоиҳаи ­бунёди Мактаби махсуси зеҳнӣ аз наздик шинос шуда, ба сохтмони он оғоз бахшиданд.

Ба Сарвари давлат иттилоъ дода шуд, ки иншооти бунёдшаванда барои 640 хонанда дар як баст пешбинӣ гардидааст ва он бо маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта мешавад.

Дар ҳудуди иншоот бинои таълимӣ, хонаи истиқоматии 5-ошёна барои омӯзгорон бо 60 ҳуҷра, бинои 5 — ошёнаи хобгоҳ барои хонандагон бо 300 ҷойи хоб, майдони варзишӣ ва биноҳои техникию ёрирасон ҷой хоҳанд гирифт. Бо мақсади ба минтақаҳои алоҳида ҷудо намудани раванди таълим, он ба 8 қисм тақсим гардидааст.

Ба қисми байнимеҳварӣ, ки 3 — ошёна аст, аз ду паҳлу ду қисмати канории 4 — ошёна пайваст мешавад. Дар онҳо синфхона ва озмоишгоҳҳо ҷойгир хоҳанд шуд. Ба қисми байнӣ галереяи дусатҳа ва 2 қисми дуошёна пайваст мегардад, ки яке дорои синфхонаҳои маҳфилӣ, толорҳои хореографӣ ва гимнастика мебошад.

Бино дорои китобхонаҳои маъмулию электронӣ, толори маҷлис барои 500 нафар, толорҳои варзиш ва ҳавзи шиноварӣ мебошад. Дар таҳхонаи толори варзиш ошхона барои 250 ҷойи нишаст ба нақша гирифта шудааст.

Мактаб, дар маҷмӯъ, дорои 36 синф­хона, аз ҷумла амсиласозӣ (макетсозӣ), технологияи нав ва роботсозӣ, 9 озмоишгоҳи фаннӣ барои омӯзиши илмҳои дақиқ, толорҳои гимнастикаю хореография ва дастовардҳои хонандагон, варзишу ҳавзи шиноварӣ бо ҷойҳои нишасти тамошобинон, студияи телевизиону назорати видеоӣ мебошад.

Ҳангоми шиносоӣ бо лоиҳаи мактаб Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба масъулин барои иҷрои босифати корҳои сохтмонӣ дастуру маслиҳатҳои муфид дода, таъкид намуданд, ки иншоот барои дар оянда тайёр кардани кадрҳои соҳибихтисос, афзудани неруи зеҳнӣ ва рушди сармояи инсонӣ дар хизмати давлатӣ аҳамияти баланд дорад ва он тавре бояд сохта шавад, ки солиёни зиёд ба мардум хизмат намояд.

 Худи ҳамон рӯз аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Исмоили Сомонии шаҳри Душанбе барои бунёди боз як корхонаи азими саноатӣ санги асос гузошта шуд.

Самти фаъолияти он ба истеҳсоли семент нигаронида шудааст ва бо ҷалби сармояи ватанӣ мустақим сохта мешавад.

Дар асоси лоиҳа иқтидори корхонаи истеҳсолии ҶСП «Тоҷиксемент» дар як шабонарӯз 3 ҳазору 300 ва дар як сол 1,2 млн. тоннаро ташкил дода, сементи тамғаҳои 400, 500 ва 600 истеҳсол мегардад.

Хати истеҳсолии корхона, ки аз 10 сехи асосӣ ва ду сехи иловагӣ иборат мебошад, дар масоҳати 15 гектар васлу насб мегардад. Дар масоҳати боқимонда хирмани ашёи хом, анбори маҳсулоти тайёр, ташхисгоҳҳо, пойгоҳи автомобилӣ, сехи таъмирӣ, идораҳои корӣ ва дигар иншооти зарурӣ бунёд карда мешавад.

Корхона ба таври муосир, мутобиқ ба стандарти байналмилалӣ ва барои муҳити зист ва аҳолии атроф безарар дар канори шаҳр бунёд меёбад.

Чангу ғубор дар сехҳои корхона дар 10 марҳила мавриди полоиш қарор мегирад, ки дар натиҷа 99,3 фоиз қоидаҳои ҳифзи муҳити зист таъмин ва истеҳсолот бе партов ба роҳ монда хоҳад шуд.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу таҷҳизоти истеҳсолӣ дар иншоот 1,5 сол идома меёбад. Дар ин давра 1500 нафар шаҳрванди мамлакат, хоса сохтмончиён, бо ҷойи кор таъмин мешаванд. Баъди ба истифода додани корхона 600 ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.

Оҳаксанг, магнетит, гаҷ ва хок, дар маҷмӯъ, ашёи хом барои истеҳсоли семент дар ин корхона аз ҳисоби захираҳои табиии ватанӣ, аз ҷумла, конҳои дараи Харангон, дастрас карда мешавад.

Технологияи истеҳсолии корхонаи ҶСП «Тоҷиксемент» бо иҷозатномаи яке аз бонуфузтарин ширкатҳои истеҳсолии Ҷумҳурии Федеролии Олмон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин истеҳсол шудааст.

Бунёди корхонаи нави саноатӣ дар пойтахти мамлакат барои амалӣ намудани ҳадафи чоруми миллӣ — саноатикунонии босуръати кишвар заминаи устувор хоҳад гузошт. Баъди пурра ба кор даромадани он фаъолияти корхонаи ҳозираи семент, ки солҳои дароз кор кардаву фарсуда шудааст ва ба муҳити зисти шаҳр таъсир мерасонад, пурра манъ карда мешавад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон анҷоми босифати корҳои сохтмонӣ, ба роҳ мондани истеҳсоли сементи баландсифат ва дар бозори ҷаҳонӣ рақобатпазирро муҳим шуморида, дар ин самт ба масъулон дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар маҳаллаи Чортеппаи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди Корхонаи истеҳсоли қубурҳои шишапластикии «Композит Т. А.» оғози расмӣ бахшиданд.

Дар рафти корҳои сохтмонӣ, ки аз ҷониби ҶДММ «Авесто Групп» бунёд мегардад, наздик ба 100 нафар мутахассису бинокорони ботаҷриба  соҳиби ҷойи кор мешаванд.

Зимни шиносоӣ бо лоиҳаи корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар корхона қубурҳои шишапластикии қутрашон 300 ва 3000 мм истеҳсол мегардад, ки новобаста аз дарозӣ ва ҳаҷм, хеле сабук буда, сода ва осон насб мешаванд. Ҳамчунин, қубурҳои шишапластикӣ ба фишори баланд тобовар, оташбардор ва ба стандартҳои ҷаҳонӣ ҷавобгӯ аст.

Бино ба иттилои масъулин, барои омода намудани маҳсулот, наздик ба 60 фоизи ашёи хом аз дохили кишвар дастрас карда мешавад. Қубурҳое, ки ҳангоми амалинамоии лоиҳа истифода мешаванд, асосан аз хориҷи кишвар харидорӣ мегарданд.

Корхона, ки дар миқёси ҷумҳурӣ назир надорад, дар масоҳати умумии 4 гектар бунёд хоҳад шуд. Дар он баъди пурра ба истифода додан беш аз 100 нафар бо кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд шуд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба сохтмончиён барои иҷрои босифати корҳои бунёдӣ ва дар муҳлати пешбинигардида ба истифода додани корхона муваффақият орзу намуданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Синои пойтахт ба корҳои сохтмонии Корхонаи истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ оғози расмӣ бахшида, бо лоиҳаи он шинос шуданд.

Он дар доираи дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти саноатикунонии босуръати кишвар бунёд мегардад.

Роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» ба хотири истиқболи сазовор аз 30-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, ки аз ҳисоби маблағҳои ширкат ва таҳвили лизингии дастгоҳу таҷҳизот корхонаи муосири саноатиро сохта, ба истифода диҳанд.

Зимни муаррифии лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки дар корхона истеҳсоли дастгоҳҳои идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4 киловолта, лавҳаҳои ҳимояи релеӣ ва автоматикӣ, дастгоҳҳои тақсимотии баландшиддати 6,10 ва 20 киловолта, истгоҳҳои мукаммали трансформаторӣ, пояҳои оҳании гуногун барои низоми равшанидиҳии хиёбону гулгаштҳо, равоқпояҳои зеристгоҳҳои барқӣ, пояҳои оҳании хатҳои интиқоли неруи барқ, ҳисобкунакҳои барқӣ ва хати истеҳсолӣ оид ба руҳандуд намудани ҳама гуна конструксияҳои оҳанӣ ба нақша гирифта шудааст.

Иқтидори истеҳсолии корхона дар як сол зиёда аз 1000 дастгоҳи идоракунӣ ва мукаммали пастшиддати 0,4 киловолта, 500 адад дастгоҳи тақсимотии баландшиддати 6, 10 ва 20 киловолта ва беш аз 200 адад истгоҳи мукаммали трансформаториро ташкил медиҳад. Бунёди он иқдоми муҳим дар самти истеҳсоли таҷҳизоти барқӣ ва ба ин васила таъмини боэътимоди соҳаҳои гуногуни мамлакат бо неруи барқ мебошад.

Барои истеҳсоли маҳсулот дар корхона дастгоҳҳои муосир, аз ҷумла, қолибгарӣ, қаткунӣ, кафшергарӣ, рандакорӣ, харротӣ, рангуборкунии хока, ваннаҳо барои руҳандуд кардан ва дастгоҳҳои коркарди конструксияҳои оҳану тахтасим аз корхонаҳои бонуфузи Аврупо, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Мардумии Чин, ки бо реҷаи ададӣ барномасозӣ гардидаанд, ворид ва васлу насб карда мешаванд.

Муҳлати бунёди иншоот ду сол пешбинӣ шудааст ва он дар рӯзҳои таҷлил аз 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истифода қарор хоҳад гирифт.

Дар ҷараёни корҳои сохтмонӣ зиёда 200 нафар бо кори муваққатӣ ва баъди пурра мавриди истифода қарор гирифтани он 200 нафар бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин хоҳанд гардид.

Аснои шиносоии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон бо лоиҳаи иншоот иттилоъ дода шуд, ки сокинон баъди омӯзиши раванди истеҳсолот дар корхонаҳои истеҳсолкунанда ба кор фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, дар нақша аст, ки дар назди корхона курсҳои бозомӯзии мутахассисон ташкил карда шавад. Бояд гуфт, ки барои танзими лавҳаҳои электронӣ, ки таваҷҷуҳи хосаро талаб менамояд, 30 дарсади кормандон аз ҳисоби занон ба кор ҷалб мегарданд.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иқдоми роҳбарияти Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Тоҷикгидроэлектромонтаж» — ро оид ба бунёди корхонаи муосири саноатӣ дар пойтахти мамлакат муҳим арзёбӣ намуда, ба масъулин ҷиҳати иҷрои босифати корҳо, истифодаи масолеҳи сохтмонии аълосифат ва дар муҳлати муайянгардида ба истифода додани он дастуру ҳидоятҳои судманд доданд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ва раиси шаҳри Душанбе Рустами Эмомалӣ ба корхонаи нави коркарди санг дар шаҳри Душанбе — Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Зиркон» ташриф оварда, бо бардоштани парда аз рӯи лавҳаи рамзӣ ба фаъолияти он оғози расмӣ бахшиданд.

Он дар миқёси мамлакат калонтарин ба шумор рафта, аз шаш хати истеҳсолии муҷаҳҳаз бо техникаву таҷҳизот ва дастгоҳҳои муосир иборат мебошад.

Масоҳати умумии иншоот 4 гектарро ташкил дода, беш аз 160 мутахассиси маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб таъмин мегарданд.

Зимни шиносоӣ бо фаъолияти корхона ба Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки он дар як сол зиёда аз 180 ҳазор метри мураббаъ сангро дар шаклҳои гуногун бо сатҳу сифати баланд коркард менамояд.

Дар он барои буридани тахтасангҳои андозаашон гуногун, инчунин, таҷҳизоти махсус барои буридани сангҳои калонҳаҷм насб гардидааст, ки дар дигар корхонаҳои коркарди санги мамлакат назираш то ҳол мавҷуд нест.

Корҳои суфтакунию сайқалдиҳии санг, молидани ширеш ва хушк кардани он, андозагириву буридани маҳсулот, сутунпояву дастпояҳо, аз лиҳози бехатарӣ дуруст насб намудани фаскаҳо, шаклгириву андозагирӣ ҳангоми коркарди сангҳо, тарошидани андозаҳои қисми болоии санг, насби симтӯрҳо дар пушти санг бо мақсади мустаҳкам будан ҳангоми интиқол додан, тарошидани дилхоҳ шакли меъморӣ ва кандакории сутунҳо тавассути дастгоҳҳо дар муддати кӯтоҳ иҷро карда мешаванд.

Корхона бо харҷи 55 миллион сомонӣ аз ҳисоби сармояи мус­тақим бунёд гардидааст.

Аснои шиносоӣ ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, дар он зиёда аз 20 намуди санг коркард мешавад ва дар як вақт имкон аст, беш аз 50 намуди маҳсулот истеҳсол гардад. Аз ҷумла, сангҳои ороишӣ, лавҳаҳои мармарӣ бо андозаҳои гуногун, фаввораҳо, сутунчаҳои нақшин, зертахтаи роғҳои байни фарш ва девор, сафолакҳои сангин, зинаҳо, зерпоя, сабадҳои ҳархела, лавҳи хӯрокпазӣ, зертахтаҳои тиреза, ҳайкалҳо, шипангчаҳо, оташдонҳо, сутунҳои калонҳаҷми гуногуншакл бо нақшу нигори миллӣ ва дигар намуди маҳсулот аз санг дар шаклҳои муосири санъати меъморӣ истеҳсол мешаванд.

Дар корхона сехи истеҳсоли сафолак низ мавҷуд аст, ки бо андоза, қолаб ва рангҳои гуногуни ороишоти миллӣ ва аврупоӣ, мувофиқ ба завқу салиқа ва фармоиши мизоҷон истеҳсол карда мешавад. Корхона, ки бо дастгоҳ ва таҷҳизоти муосири олмонӣ муҷаҳҳаз мебошад, имкон дорад дар як шабонарӯз аз 200 то 250 метри мураббаъ сафолак истеҳсол намояд.

Ба ғайр аз ин, дар коргоҳ истеҳсоли ду намуд девори ҳимоявӣ барои канори роҳ бо иқтидори зиёда аз 900 метри мураббаъ дар як шабонарӯз ба роҳ монда шудааст. Дар маҷмӯъ, дар корхона зиёда аз 40 номгӯи дастгоҳу таҷҳизоти муосир васлу насб гардидааст. Онҳо бо низоми идоракунии барномавии рақамӣ муҷаҳҳаз буда, дар дилхоҳ шакл нақшҳоро болои санг қолабгирӣ ва тасвир менамоянд.

Зикр шуд, ки то кунун дар ҷумҳурӣ чунин технология танҳо барои ороиш дар рӯи чӯбу тахта мавҷуд буд. Бештари техникаи насбшуда ҳангоми буриш ва ороиши санг бо об кор мекунанд. Бо дарназардошти ин, дар корхона пойгоҳи махсуси обрасонӣ бо ғунҷоиши 1200 метри кубӣ сохта шудааст, ки баъд аз полоиш тавассути нассосҳо об гардиш хӯрда, дубора ба дастгоҳҳо интиқол дода мешавад.

Ба ақидаи мутахассисон, пойгоҳи обрасонӣ аз лиҳози экологӣ ба муҳити атроф таъсири манфӣ намерасонад. Заминаи асосии фаъолияти корхонаро сангҳои табиии кишвар ташкил медиҳанд.

Сангҳо аз захираҳои табиии мамлакат, ки дар ноҳияҳои Шаҳритуз, Шаҳристон, Рӯдакӣ, Ванҷ ва Варзоб мавҷуданд, тавассути воситаҳои нақлиёти боркаш оварда мешаванд.

Тибқи тадқиқоти иктишофию геологӣ, сангҳои мармаре, ки аз конҳои кишвар истихроҷ мегарданд, дар олам ба гурӯҳи сангҳои нодир шомил мебошанд ва аз лиҳози сифат  навъи аъло дониста шуда, дар радифи дигар сангҳои маъруфи ҷаҳон шуҳрат доранд.

Бояд гуфт, ки ҷараёни истих­роҷи санг дар конҳои мамлакат, тавассути технологияи ҳозиразамон ба роҳ монда шудааст. Аз ин лиҳоз, маҳсулоти корхона аз рӯи сифати рангу ороиш бо маҳсулоти истеҳсолнамудаи кишварҳои мутараққии ҷаҳон, ба монанди Италия, Финляндия, Ҷумҳурии Халқии Хитой, Федератсияи Россия, Ҳиндустон ва ғайра  рақобатпазир аст.

Беҳуда нест, ки маҳсулоти корхона, аллакай, талабгор пайдо намудааст. Ҳоло маҳсулоти корхона ба Штатҳои Муттаҳидаи Америка, Олмон ва Қатар содирот карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон  ба корҳои сохтмонӣ ва васлу насби дастгоҳу технологияи муосир баҳои баланд дода, ба бунёдгузорони корхона  изҳори сипос намуданд ва барои истифодаи оқилонаву самараноки захираҳои табиии мамлакат дастуру ҳидоятҳои мушаххас доданд.

www.president.tj