Обшавии босуръати пиряхҳо оқибати манфӣ дорад

№29 (4291) 04.03.2021

3 марти соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқоти якуми Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим, ки аз тариқи видеоконференсия баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ карданд.

Чорабинӣ таҳти раёсати Дабири кулли Созмони байналмилалии обуҳавошиносӣ Петери Таалас сурат гирифта, дар он Президенти Маҷористон Янош Адер, Раиси ниҳоди «СММ-Об» ва Президенти Хазинаи байналмилалии рушди кишоварзӣ (IFAD) Гилберт Ҳунгбо, сарони ҳукуматҳои як қатор кишварҳо, инчунин коршиносони байналмилалӣ низ ширкат варзиданд.

Зимни он Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон суханронӣ намуда, сабаби асосии тағйирёбии иқлимро дар обшавии босуръати пиряхҳо дар натиҷаи гармшавии глобалӣ маънидод карданд.

Таъкид гардид, ки мутаассифона, алҳол босуръат об шудани яхро дар Арктика, Антарктида ва Гренландия мушоҳида менамоем. Ҳамчунин, тағйироти ҷиддӣ дар пиряхҳои воқеъ дар хушкӣ низ ба амал омада истодаанд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон оид ба вазъи феълии пиряхҳои Тоҷикистон ибрози андеша карда, таъкид намуданд, ки вазъи ба ин монанд дар пиряхҳои Помир низ ба вуҷуд омада истодааст. Обшавии бузургтарин пиряхи воқеъ дар хушкӣ — пиряхи Федченко дар Тоҷикистон, ки зиёда аз 75 километр дарозӣ дорад, намунаи возеҳи ин гуфтаҳо мебошад.

Пажӯҳишҳо нишон медиҳанд, ки фақат дар 70-80 соли охир пир­яхи Федченко зиёда аз як километр ақиб рафта, майдони он то 44 километри мураббаъ кам шудааст. Зиёда аз ин, ҳаҷми он 15 километри мукааб ихтисор гардида, суръати миёнаи ақибравии нӯги (забони) пирях дар як сол 16 метрро ташкил медиҳад.

Сарвари давлат пиряхҳоро захираи асосии оби соф арзёбӣ карда, изҳор доштанд, ки обшавии босуръа­ти онҳо, дар баробари зиёдшавии истеъмоли об, ки бо афзоиши аҳолӣ ва рушди иқтисодӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба оқибатҳои манфӣ оварда расонад. Инчунин, зикр карданд, ки обшавии пиряхҳои Арктика ва Антарктида боис ба баландшавии сатҳи уқёнуси ҷаҳонӣ гардида, метавонад ба ҳаёт ва накуаҳволии садҳо миллион сокини Замин, хусусан дар кишварҳои хурди ҷазиранишин ва минтақаҳои наздисоҳилии онҳо, хатар эҷод кунад.

Дар робита ба ин, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод карданд, ки соли 2025-ум Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо эълон гардида, Рӯзи ҷаҳонии ҳифзи пиряхҳо муайян карда шавад. Пешниҳоди дигари ҷониби Тоҷикис­тон таъсис додани Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳост.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо итминон изҳор доштанд, ки ин иқдомҳо ва дигар ташаббусҳои ба онҳо монанд, ба ҷунбиши нави сатҳи глобалӣ ҷиҳати андешидани чораҳои зарурии дастҷамъона ва татбиқи амалҳо ба хотири ҳифзи пиряхҳо аз обшавии босуръат ва нобудшавӣ такон хоҳанд дод.

Барои расидан ба ҳадафҳои зикршуда бе ҳамкорӣ ва шарикии лозима ғайриимкон аст. «Аз назари мо, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», барои давраи то соли 2028 барои муттаҳид намудани саъю талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ имконоти хуб фароҳам месозад», — таъкид намуданд муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон.

Зимни суханронии Пешвои миллат, ҳамчунин, доир ба натиҷаҳои раёсати Тоҷикистон дар Бунёди байналмилалии наҷоти Арал, оид ба масъалаҳои захираҳои ғании оби Тоҷикистон, истифодаи самараноки онҳо, тадбирҳо вобаста ба пешгирии ҳодисаҳои фавқулодаи гидро ва метереологӣ, ба мисли сел, обхезӣ, хушксолӣ, ярч ва тармафароӣ, таъсири онҳо ба иқтисодиёт ва муҳити атрофи Тоҷикистон ва буҳрони шадиди молиявиву иқтисодӣ ва гуманитарӣ дар натиҷаи пандемияи COVID-19, андешаронӣ карда шуд.

Дар охир Сарвари давлат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон барои ҷалби таваҷҷуҳи ҳукумати кишварҳои минтақа ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ба амалҳои фаъолтар ва қабули қарорҳои таъхирнопазир ҷиҳати мубориза бо ин таҳдид саъю талош менамояд. Ҳамчунин, изҳори боварӣ намуданд, ки фаъолияти Панели сатҳи баланд оид ба масъалаҳои об ва иқлим ҷиҳати муттаҳидсозии талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ва хусусан пешвоёни сиёсӣ барои иқдомоти фаъолтар ва қабули қарорҳои саривақтии лозима хидмат хоҳад кард.

www.president.tj