30-юми апрели соли 2024 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Олжас Беткеновро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
Дар рафти суҳбат маҷмӯи масоили дӯстӣ ва ҳамкориҳои Тоҷикистону Қазоқистон баррасӣ шуд.
- Боиси хушнудист, ки шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар тамоми соҳаҳо босуръат густариш меёбад ва мо манфиатдорем, ки заминаи ҳамкории ҳар ду кишвар минбаъд ҳам мустаҳкам шавад, — изҳор доштанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар оғози суҳбат.
Олжас Беткенов дар навбати худ чунин изҳор дошт: «Дар Қазоқистон нақши Шуморо ҷиҳати ташаккул ва рушди муносибатҳои ҳар ду кишвар баланд арзёбӣ менамоянд. Тоҷикистонро мо шарики боэътимоди стратегӣ ва ҳампаймон медонем, байни кишварҳои мо ҳеҷ масъалаи ҳалношуда набуд ва нест, ҳамаи онҳо дар рӯҳияи ҳампаймонӣ ва бародарӣ ҳал мешаванд».
Ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкориҳои кишварҳоро дар соҳаҳои афзалиятноки тиҷоратию иқтисодӣ, бахусус энергетика, кишоварзӣ, нақлиёт, молиявию бонкӣ, сармоягузорӣ, маориф, фарҳанг ва сайёҳӣ, муҳокима карданд.
Таъкид гардид, ки соли гузашта гардиши мол миёни кишварҳо ҳудуди як миллиарду яксаду панҷоҳ миллион долларро ташкил дод ва барои боло бурдани ин нишондод тадбирҳои муштарак андешидан лозим аст.
Зарур дониста шуд, ки дар ин самт иқтидори Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории иқтисодӣ бештар истифода шавад ва иҷрои шартномаю қарордодҳои ба маблағи тақрибан се миллиард доллар қаблан басташуда зери назорат бошад.
Ҷалби сармоя ба соҳаҳои барои ҳар ду ҷониб судовари саноати сабук ва кӯҳӣ, хӯрокворӣ, кимиё, металлургияи ранга, мошинсозӣ, дорусозӣ ва сайёҳӣ муҳим шуморида шуд.
Бо итминони комил изҳор гардид, ки Тоҷикистону Қазоқистон метавонанд татбиқи лоиҳаҳои калонҳаҷми саноатиро ба роҳ монанд, ки ба манфиати ҳар ду кишвар мебошад.
Таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ ва афзун намудани содироти маҳсулоти ин соҳаи иқтисоди Тоҷикистон ба Қазоқистон аз самтҳои муҳими ҳамкорӣ дониста шуд.
Ҳамкориҳои кишварҳо дар соҳаи истифода аз захираҳои об ва коммуникатсияҳои нақлиётию транзитӣ намунаи барҷастаи ҳамсоягии неки минтақавӣ номида шуд.
Дар ин замина, ҷонибҳо бо изҳори қаноатмандӣ ба роҳ мондани хатсайрҳои мустақими мусофиркашониро тавассути нақлиёти заминӣ ва дубора оғоз гардидани хатсайрҳои нақлиёти ҳавоиро миёни пойтахтҳои ҳар ду кишвар таъкид карданд.
Таҳкиму тавсеаи робитаҳо дар соҳаҳои фарҳангу гуманитарӣ ҷузъи муҳими муносибатҳои шарикии стратегӣ ва ҳампаймонии ҷонибҳо дониста шуд. Ҳамчунин, ҷадвали мулоқоту музокироти дарпешистодаи дуҷонибаю бисёрҷониба мавриди ибрози назар қарор гирифт.
Ҷонибҳо зимни суҳбат ҳамкории кишварҳоро дар чаҳорчӯбаи Созмони ҳамкории Шанхай, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, Хазинаи наҷоти Арал ва дар қолаби вохӯриҳои машваратии сарварони давлатҳои Осиёи Марказӣ низ баррасӣ намуданд.