Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 11 дар деҳоти «Оббурдон» — и ноҳияи Мастчоҳ
23 марти соли 2016
Устодон, падару модарон ва фарзандони азиз!
Ҳозирини арҷманд!
Яке аз суннатҳои неки наврӯзӣ шод гардонидани кӯдакону наврасон аст, ки мардуми фарҳангпарвари мо аз қадимулайём ин таомулро бо эҳтироми хоса ба ҷо меоранд.
Имрӯз мо низ бо мақсади идома додани ин амали неку савоб барои толибилмони хуштолеи деҳоти «Оббурдон» ҳамроҳи шумо ба фаъолияти муассисаи таълимии навбунёди хуштарҳу замонавӣ ҳусни оғоз бахшидем, ки он дорои тамоми имкониятҳои таълиму тарбия буда, туҳфаи арзандаи Ҳукумати мамлакат ба аҳли маориф ва хонандагони деҳоти зикршуда дар рӯзҳои Наврӯз ва давраи омодагӣ ба 25 — солагии Истиқлолияти кишвари азизамон мебошад.
Бинобар ин, ифтитоҳи муассисаи таълимии навро ба аҳли маорифи ноҳия ва шогирдони ин боргоҳи маърифат табрик гуфта, итминон дорам, ки дар ин таълимгоҳи замонавӣ фарзандони шоистаи миллат ба камол расида, идомабахши роҳи пуршарафи падарони бонангу номуси ин гӯшаи зебои диёрамон мегарданд.
Бояд гуфт, ки вазъи маорифи ноҳияи Мастчоҳ, сохтмони биноҳои таълимӣ ва рушди инфрасохтори соҳа дар мадди назари доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад.
Дар зарфи солҳои соҳибистиқлолӣ дар доираи беҳсозии ҳолати муассисаҳо ва марказҳои таълимӣ дар назди муассисаҳои таълимии ноҳияи Мастчоҳ 14 бинои нав ва биноҳои иловагӣ бо 3000 ҷойи нишаст сохта, ба истифода дода шудаанд.
Соли ҷорӣ маблағгузории соҳаи маориф назар ба соли 2011 се баробар афзоиш ёфт. Имсол барои фаъолияти самараноки соҳаи маорифи кишвар беш аз се миллиард сомонӣ пешбинӣ шудааст.
Ҳиссаҷудокунӣ ба соҳаи маорифи ноҳияи Мастчоҳ низ ҳамасола зиёд гардида, соли ҷорӣ ҳаҷми он назар ба ду соли қаблӣ ҳафт миллион сомонӣ зиёд мебошад.
Инчунин, дар доираи тадбирҳои суръатбахши рушди соҳаи маориф ҳалли масъалаҳои вобаста ба дастгирии омӯзгорон сол аз сол беҳтар мегардад.
Ҳамзамон бо ин, дар ноҳия ҷараёни сохтмони инфрасохтори соҳа пайваста идома дошта, имсол бунёди бинои нави шуъбаи маориф ба нақша гирифта шудааст, ки иқдоми мазкур низ боз як туҳфаи муносиб ба кормандони соҳа хоҳад шуд.
Мактаб барои ҳар як фарди худогоҳу худшинос ҳамчун махзани маърифат ва даргоҳи асосии азбаркунии дониш буда, барои такмили ҷаҳонбинӣ, зеҳну тафаккур, малакаву маҳорат ва одобу ахлоқи ҳамида заминаи асосӣ мегузорад.
Дар ин раванд, омӯзгор афрӯзандаи шуълаи меҳри омӯзиши донишҳои муосир дар замири хонандагон мебошанд.
Ба ибораи дигар, мактаб шоҳсутуни низоми таълиму тарбия ва макони омӯзишу парвариши шахсият маҳсуб мешавад. Аз ин лиҳоз, ин шоҳсутун бояд ҳамеша мустаҳкаму тавоно ва доим дар ҳоли рушду таҳаввул қарор дошта бошад.
Маҳз ба ҳамин хотир, нобиғаҳои илму адаби миллати мо, аз ҷумла Қаҳрамони Тоҷикистон — устод Садриддин Айнӣ камолоти шахсият ва шукӯҳу манзалати ӯро бо мактаб алоқаманд медонистанд.
Бо дарназардошти андешаҳои бузургонамон ҳар яки шумо, фарзандони ояндасози мамлакат бояд ҳамеша барои аз бар кардани илму донишҳои муосир ва омӯхтани касбу ҳунарҳое, ки зиндагии ояндаатонро таъмин намоянд, саъю кӯшиш кунед. Зеро шумо идомабахши кору пайкори бузургоне ҳастед, ки омӯзиши дониш ва хиради созандаро зевари ботинии инсон ва илмро тоҷи ҳунарҳо ҳисобидаанд.
Чунин панди рӯзгорро ба шумо ҳамарӯза устодони соҳибтаҷриба ва падару модарон талқин мекунанд, ки вақтро беҳуда талаф надодан, дар ҷавонӣ дониши зарурӣ гирифтан ва соҳиби касбу ҳунари муосир шудан муҳтавои асосии онро ташкил медиҳад.
Дар ин бобат, бори дигар таъкид месозам, ки омӯзгорон дар ҳамбастагӣ бо падару модарон ҷиҳати беҳтар намудани сифати таълиму тарбия пайваста талош варзанд, инчунин барои ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани раванди таълим омӯзгорон бояд мунтазам ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос фаро гирифта шаванд.
Дар доираи бартарафсозии мушкилоти соҳаи маориф дар деҳоти кишвар мехоҳам як нуктаро бори таъкид намоям.
Дар шароити имрӯзаи пешрафти рӯзафзуни илму техника ҷалби духтарон ба зинаи сеюми таҳсилот яке аз масъалаҳои ҳалталаби соҳаи маорифи кишвар, аз ҷумла ноҳияи Мастчоҳ буда, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ ва масъулини шуъбаи маорифро зарур аст, ки якҷо бо мақомоти дахлдор ва падару модарон ба ин масъала бо дарки масъулият ва ғамхорӣ ба ояндаи насли ҷавон муносибат намоянд ва дар ин самт тадбирҳои ҷиддӣ андешанд.
Таҷриба нишон медиҳад, ки истифодаи васеи техникаву технологияҳои муосири компютерӣ тафаккури техникии хонандагонро такмилу таҳким бахшида, суръати азхудкунии иттилоот ва дарёфти маводи заруриро осон мегардонад.
Бо ин мақсад, дар давоми панҷ соли сипаришуда дар муассисаҳои таълимии мамлакат, аз ҷумла дар ноҳияи Мастчоҳ Барномаи давлатии компютерикунонӣ пурра амалӣ шуда, имрӯз мактабҳои ноҳия бо таҷҳизоти компютерӣ пурра таъмин мебошанд.
Бо дарназардошти фароҳам гардидани шароити зарурӣ барои омӯхтани илму дониш марҳалаи навбатӣ бояд давраи баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои муассисаҳои таълимӣ бошад ва дар ин раванд аз ҳар як падару модар, роҳбари соҳа ва умуман, аҳли маориф масъулияти баланд дар иҷрои рисолати касбӣ талаб карда мешавад.
Дар ин самт, таҳсилоти иловагӣ яке аз роҳҳои беҳтар намудани дониши хонандагон, сатҳи азхудкунии фанҳои дақиқу табиӣ ва технологияҳои иттилоотӣ, омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва азхудкунии ҳунарҳои замонавӣ, инчунин дарёфт ва рушди истеъдодҳо буда, ҳамчун қисми таркибии донишандӯзӣ ва интихоби касб аҳамияти басо зиёд дорад.
Усули мазкур ба рушди қобилияту истеъдоди кӯдакон ва наврасону ҷавонон, қонеъ гардонидани майлу рағбат ва талаботи маънавии онҳо мусоидат мекунад.
Бо дарназардошти ин, ба Вазорати маориф ва илм, Академияи таҳсилот зарур аст, ки механизми роҳандозӣ намудани таҳсили иловагиро дар асоси санадҳои меъёрӣ ва барномаи таълимӣ таҳия намуда, ҷараёни амалӣ гардидани онро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Ҳозирини арҷманд!
Ман дар ҳар як мулоқоту суханрониҳои худ мунтазам риояи ҳатмии талаботи қонунгузории кишварро дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд таъкид месозам.
Зикр бояд кард, ки дар ин раванд бояд аҳли ҷомеа ва пеш аз ҳама, падару модарон аз муҳтаво ва талаботи қонуни мазкур, яъне вазифаҳои волидайн дар бобати тарбияи фарзандон ва робитаи оила бо мактаб огоҳ бошанд ва хуб дарк намоянд, ки яке аз омилҳои асосии инкишофи устувори ҷомеа, пешрафти ояндаи давлат ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум рушди босуботи соҳаи маориф буда, ҳадафи мо тарбия кардан ва ба камол расонидани шахсияти бомаърифату соҳибихтисос, ватандӯсту ватанпараст ва худогоҳу худшинос мебошад.
Танҳо бо амалӣ гардонидани чунин иқдому ниятҳои нек мо имкон пайдо мекунем наслҳои имрӯзу ояндаамонро тавре тарбия кунем, ки онҳо тавонанд тақдири ояндаи Давлату миллатро ба дӯш гирифта, тараққиёти ҳаёти ҷомеаро мутобиқи меъёрҳои замони пешрафт таъмин намоянд, иқтидори иқтисодии кишварамонро зина ба зина беҳтар гардонанд ва эҳтироми падару модарро ба ҷо оранду дар пиронсолӣ ба онҳо хизмат кунанд.
Бори дигар таъкид месозам, ки Ватан ва Давлатро танҳо кадрҳои соҳибмаърифат ва донишманду баландихтисос обод мекунанд.
Итминони комил дорам, ки мардуми баору номуси ноҳияи Мастчоҳ дар амалӣ шудани ниятҳои неки Давлат ва Ҳукумати мамлакат, аз ҷумла дар самти дастгирии соҳаи маориф ва таълиму тарбияи дурусти фарзандон бо заҳмати содиқонаи худ саҳми арзандаи ватандориашонро мегузоранд.
Бори дигар ҳамаи шумо, устодону шогирдони муассисаи таълимии навбунёд, кулли сокинони ватандӯст ва бонангу номуси ноҳияи Мастчоҳро бо ҷашни Наврӯз ва ифтитоҳи боз як даргоҳи илму маърифат табрик гуфта, бароятон саодати рӯзгор, хонаи обод, ба шогирдони мактаби нав хониши хубу аъло ва саломативу хушбахтӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду пирӯз бошед, ҳамдиёрони азиз!