Чоруми январи соли 2016 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Бонки Исломии Рушд доктор Аҳмад Муҳаммад Алӣ мулоқоти судбахш анҷом дод.
Аз ҳамкории бисёрсола ва босамари Тоҷикистону Бонки Исломии Рушд ҳар ду ҷониб изҳори қаноатмандӣ карданд.
Чунонки ёдоварӣ шуд, аз ҷониби ин бонк ба маблағи наздики 325 миллион доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон қарзҳои имтиёзнок ва кумаки техникӣ пешниҳод шудааст, ки барои татбиқи лоиҳаҳои муҳим дар бахшҳои гуногуни иқтисодию иҷтимоӣ равона шудаанд.
Ҳоло маблағи умумии лоиҳаҳои фаъол, ки бахшҳои энергетика, нақлиёт, обтаъминкунӣ ва тандурустию маорифро фаро мегиранд, зиёда аз 190 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад.
Ба иқдоми Бонки Исломии Рушд доир ба ҷудо намудани 70 млн. доллари амрикоӣ барои иштирок дар татбиқи лоиҳаи CASA-1000 баҳои баланд дода шуд.
Барои иштирок дар маблағгузории навсозии қитъаи Шоҳон-Зиғари роҳи мошингарди Кӯлоб — Қалъаи Хумб ва дигар лоиҳаҳои басо муҳим низ арзи сипос карда шуд.
Дар посух ба ниёзмандиҳои Тоҷикистон Аҳмад Муҳаммад Алӣ изҳор дошт, ки дар наздиктарин фурсат гурӯҳи кории Бонки Исломии Рушдро ба Тоҷикистон мефиристад, то ки бо оқибатҳои заминларзаи шадид дар Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ва дигар офатҳои табиӣ ва ҳамчунин бо лоиҳаи навсозии қитъаҳои Кӯлоб — Шӯрообод ва Шкев- Қалъаи Хумби роҳи мошингарди Кӯлоб- Дарвоз аз наздик шинос шуда, барои расондани кумакҳои фаврӣ ва маблағгузории навсозии роҳи мазкур тадбирҳо андешида шаванд.
Зимни гуфтугӯйи судманд ҳар ду ҷониб ба густариши ҳамкории гуногунҷанба ҳавасмандии худро таъкид доштанд.
www.president.tj