Қонун «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» ба имзо расид

№142 (4248) 24.11.2020

21 ноябри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2021» имзо гузоштанд.

Қонуни номбурда дар асоси нишондиҳандаҳои иқтисодиёти миллӣ, барномаҳои давлатӣ ва «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» таҳия ва қабул гардидааст. Дар он ҳаҷми умумии даромаду хароҷоти Буҷети давлатӣ барои соли 2021 муайян гардида, қисми даромади он нисбат ба Буҷети соли 2020 ба андозаи 1 млрд. 591,8 млн. сомонӣ зиёд мебошад.

Дар Буҷети соли 2021 ба мисли солҳои гузашта бештар ба маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ, пеш аз ҳама, маориф ва тандурустӣ, нафақа ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ афзалият дода шудааст. Аз ҷумла, афзоиши маблағгузории соҳаи маориф 11,8 дарсад ва тандурустӣ 8,4 дарсад пешбинӣ шудааст.

Қонун барои рушди устувор ва пешрафти соҳаҳои гуногуни ҳаёти кишвар ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона шудааст.

www.president.tj