Қонунҳо ба имзо расиданд

№41 (4147) 04.04.2020

ekskursiya_po_dvorcu7Дуюми апрели соли 2020 аз ҷониби Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Кодекси оби Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кодекси нақлиёти автомобилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хизматрасониҳои давлатӣ» ва Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси мурофиавии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ба имзо расиданд.

Онҳо бо мақсади рушди хизматрасонӣ дар соҳаи нақлиёти автомобилӣ ва истифодаи об қабул гардида, ташкили ҳамлу нақли мусофирон, бор, бағоҷ, истифодаи самаранок ва ҳифзи захираҳои об, масъулият ва уҳдадориҳои мақомоти хизматрасон, инчунин, амалӣ намудани фаъолиятро дар самтҳои дигари соҳаҳои хизматрасонӣ танзим менамоянд.

Дар маҷмӯъ, қонунҳо ба баланд бардоштани сифати хизматрасониҳои давлатӣ дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти ҷомеа ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум равона шудаанд.

www.president.tj