Пешниҳоди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллатро баррасӣ намуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати амалӣ намудани принсипи инсондӯстӣ ба муносибати 25-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»-ро қабул мекунад.
Моддаи 1
Аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ, новобаста аз муҳлати ҷазои таъиншуда ва аз адои ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкумшудагони зерин озод карда шаванд:
1) Занон.
2) Ноболиғон.
3) Мардони аз синни 55 боло.
4) Маъюбони гурӯҳҳои I, II ва III, инчунин шахсони гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV мансуб донисташуда.
5) Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд.
6) Шахсоне, ки бо мукофотҳои давлатии ИҶШС, ҶШС Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз гардонида шудаанд.
7) Шаҳрвандони хориҷӣ.
Моддаи 2
Маҳкумшудагоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд, новобаста аз намуди ҷазои таъиншуда аз адои ҷазо озод карда шаванд.
Моддаи 3
Маҳкумшудагони зерин аз ҷазо ё адои ҷазо озод карда шаванд, агар:
1) Нисбати онҳо иҷрои ҳукм мавқуф гузошта шуда бошад.
2) Нисбати онҳо ҷазо шартан татбиқ накарда шуда бошад.
3) Онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ озод шуда бошанд ё ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо карда истода бошанд.
4) Онҳо шартан пеш аз муҳлат аз адои ҷазо озод шуда бошанд.
5) Онҳо ба ҷазоҳои дигари ба маҳрум сохтан аз озодӣ алоқаманднабуда маҳкум шуда бошанд.
6) Онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245-247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинигардида маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ карда бошанд. Тартиби мазкур нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245-247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳкум шудаанд ва аз колонияҳои ислоҳии низоми умумӣ, низоми пурзӯр ва низоми сахт ба колонияҳои ислоҳии сукунат барои маҳкумшудагони рафторашон мусбӣ арзёбигардида гузаронида шудаанд, низ татбиқ мегардад.
Моддаи 4
Маҳкумшудагони зерин, ки барои бори аввал қасдан содир кардани ҷиноят маҳкум шудаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд:
1) Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба муҳлати то панҷ сол аз озодӣ маҳрум сохта шудаанд.
2) Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз се ду ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.
3) Маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин маҳкум шудаанд ва на камтар аз чор се ҳиссаи муҳлати ҷазоро дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ адо кардаанд.
Моддаи 5
Маҳкумшудагоне, ки то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбаташон то ду сол боқӣ мондааст, новобаста аз маҳдудиятҳо ва манъкуниҳои дар Қонуни мазкур пешбинигардида, ба истиснои шахсоне, ки барои содир намудани ҷиноятҳои дар моддаҳои 61-70, 104, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 121 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961), моддаҳои 104, 138, 139, 1431, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 185-189, 305-310, 313, 328, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), моддаҳои 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум гардидаанд, аз адои ҷазо озод карда шаванд.
Моддаи 6
Пешбурди парвандаҳои ҷиноятии зерин, ки таҳти таҳқиқ, тафтиши пешакӣ ва баррасии судӣ қарор доранд ё аз тарафи судҳо баррасӣ нагардидаанд, қатъ карда шавад:
1) Оид ба ҷиноятҳое, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур аз тарафи шахсони дар моддаи 1 ҳамин Қонун пешбинишуда содир гардидаанд.
2) Нисбати шахсоне, ки аз беэҳтиётӣ ҷиноят содир намудаанд.
3) Нисбати шахсоне, ки бори аввал қасдан ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна содир намудаанд.
4) Нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 245-247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир карда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ намудаанд.
Моддаи 7
Муҳлати адонагардидаи ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ нисбати маҳкумшудагони зерин, ки амали моддаҳои 1, 2, банди 6) моддаи 3, моддаи 4 Қонуни мазкур нисбати онҳо татбиқ намегардад, кам карда шавад:
1) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст ё аз рӯи ҷазои ҷиноятии қаблан таъиншуда доғи судиашон барҳам нахӯрда, боз барои қасдан содир кардани ҷиноятҳои начандон вазнин ва дараҷаи миёна ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст — аз ду як ҳисса.
2) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст — аз се як ҳисса.
3) Ҷазои маҳкумшудагоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои махсусан вазнин ба онҳо ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ таъин карда шудааст — аз чор як ҳисса.
Моддаи 8
Муқаррароти моддаи 7 Қонуни мазкур нисбат ба маҳкумшудагони зерин татбиқ карда намешаванд:
1) Шахсоне, ки бо моддаҳои 61-70, 74, 104 ва 105 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961) маҳкум шудаанд.
2) Шахсоне, ки бо моддаи 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 130, 1301, 138, 139, 1431, 179, 1791, 1792, 1793, 185, 186, 187, 188, 189, қисми 4 моддаи 200, банди «в» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 248, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 249, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 250, моддаҳои 305-310, 313, 328, 331, 332, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), моддаҳои 365, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) маҳкум шудаанд (ба истиснои занон ва ноболиғон).
3) Шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
4) Шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.
5) Шахсоне, ки нисбати онҳо қаблан қонунҳо дар бораи авф татбиқ карда шуда, баъди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё адои ҷазо озод шуданашон то гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё барҳам хӯрдани доғи судӣ боз ҷинояти қасдона содир намудаанд.
6) Шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
7) Маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, агар муҳлати дар маҳбас нигоҳ доштани онҳо нагузашта бошад.
Моддаи 9
1. Муқаррароти моддаҳои 1, 2, 4 ва 6 Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки барои ҷиноятҳои зерин ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё маҳкум гардидаанд, ба истиснои занон ва ноболиғон, татбиқ карда намешаванд:
1) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 61-70, 74, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 76, қисми 4 моддаи 90, моддаи 91, қисми 3 моддаи 95, моддаҳои 104, 105, қисми 2 моддаи 111, моддаҳои 121, 1341, қисми 3 моддаи 135, моддаи 156, қисми 3 моддаи 160, қисми 3 моддаи 233, қисмҳои 1 ва 2 моддаи 234, моддаи 2341, қисми 2 моддаи 240, моддаи 2401, қисми 3 моддаи 241, банди «в» моддаи 249, бандҳои «б» ва «в» моддаи 250, банди «б» моддаи 252 ва банди «в» моддаи 270 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1961).
2) Барои ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 122, 130, 1301, 1302, қисми 3 моддаи 131, қисми 3 моддаи 132, моддаҳои 137, 138, 139, 1431, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 181, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 184, қисмҳои 4 ва 5 моддаи 1841, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1842, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 1843, моддаҳои 1844, 185-189, 193, қисмҳои 1, 2 ва 3 моддаи 195, моддаҳои 196, 199, қисми 3 ( ба истиснои банди «в») ва қисми 4 моддаи 200, қисми 3 (ба истиснои банди «б») ва қисми 4 моддаи 201, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 202, қисми 3 моддаи 2021, қисми 3 моддаи 2022, қисми 3 моддаи 203, қисмҳои 3 ва 4 моддаи 204, қисми 2 моддаи 205, қисми 3 моддаи 212, банди «в» қисми 2 ва қисми 3 моддаи 237, қисми 4 моддаи 244, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 248, моддаҳои 249, 250, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 252, қисмҳои 2, 3 ва 4 моддаи 289, моддаҳои 305-310, 313, қисми 4 моддаи 319, қисми 2 моддаи 320, моддаҳои 328, 329, 331, 332, қисми 2 моддаи 335, қисми 2 моддаи 3351, моддаи 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), қисмҳои 2 ва 3 моддаи 356, моддаи 365, қисми 2 моддаи 368, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 369, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 370, моддаҳои 374, 375, моддаҳои 382-385, қисми 4 моддаи 386, қисми 4 моддаи 391, моддаҳои 393, 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998).
3) Нисбати шахсоне, ки ба ҷазои якумра аз озодӣ маҳрум сохтан маҳкум шудаанд.
4) Нисбати шахсоне, ки нисбати онҳо ҷазои қатл ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ иваз карда шудааст.
5) Шахсоне, ки нисбати онҳо қаблан қонунҳо дар бораи авф татбиқ карда шуда, баъди аз ҷавобгарии ҷиноятӣ ва ё адои ҷазо озод шуданашон то гузаштани муҳлати ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидан ё барҳам хӯрдани доғи судӣ боз ҷинояти қасдона содир намудаанд.
6) Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷинояти қасдона дар маҳалли адои ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанд.
7) Нисбати маҳкумшудагоне, ки мувофиқи Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ретсидивисти хавфнок ё махсусан хавфнок эътироф шудаанд ва ё ҷиноятро дар ҳолати ретсидиви хавфнок ё махсусан хавфнок содир кардаанд.
8) Нисбати маҳкумшудагоне, ки мутобиқи қисми 4 моддаи 80 Кодекси иҷрои ҷазои ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз муассисаҳои ислоҳӣ ба маҳбас гузаронида шудаанд, агар муҳлати дар маҳбас нигоҳ доштани онҳо нагузашта бошад.
9) Нисбати шахсоне, ки барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245-247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбининамуда маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд.
2. Муқаррароти моддаҳои 1 ва 6 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғоне, ки ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаҳои 104, 130, 1301, 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 187, 305-310, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), моддаҳои 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998)-ро содир намудаанд, инчунин нисбати занон ва ноболиғоне, ки онҳо барои содир кардани ҷиноятҳои дар моддаҳои 245-247, 253 ва 257 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) пешбининамуда маҳкум шуда, зарари моддии расонидашударо пурра талофӣ накарда бошанд, татбиқ карда намешаванд.
Моддаи 10
1. Амали Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор додани он ҷиноят содир кардаанд ё аз ҷониби мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ ба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашида шудаанд ё парвандаи ҷиноятӣ нисбати онҳо дар судҳо баррасӣ нагардидааст ё мавриди баррасӣ қарор дорад ва ё аз ҷониби судҳо маҳкум шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки аз ҷониби судҳои давлатҳои хориҷӣ маҳкум шуда, барои минбаъд адо намудани ҷазо ба Ҷумҳурии Тоҷикистон оварда шудаанд, паҳн мегардад.
2. Татбиқи Қонуни мазкур доғи судии шахсро намебардорад.
Моддаи 11
Иҷрои Қонуни мазкур ба зиммаи мақомот ва муассисаҳои зерин гузошта шавад:
1) Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ- нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо дар баррасии ин мақомот қарор доранд.
2) Судҳо:
- нисбати шахсоне, ки мавод ё парвандаҳои ҷиноятӣ нисбати онҳо ба судҳо ворид гардидаанд, вале то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур баррасӣ нашудаанд ё баррасӣ гардидаанд, вале ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо накардааст;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки иҷрои ҳукм нисбати онҳо мавқуф гузошта шудааст ва маҳкумшудагоне, ки нисбати онҳо бо ҳукми суд ҷазо шартан татбиқ карда нашудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ ва фармондеҳии қисмҳои ҳарбие, ки рафтори маҳкумшуда ва хизматчиёни ҳарбиро назорат менамояд, аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда ва судҳои ҳарбӣ);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки аз маҳалли маҳрум сохтан аз озодӣ шартан пеш аз муҳлат аз ҷазо озод шудаанд ё қисми адонагардидаи ҷазои нисбати онҳо таъиншуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба ҷазои сабуктар иваз карда шудааст (бо пешниҳоди нозироти корҳои ислоҳӣ аз ҷониби суди маҳалли иҷрои ҳукм ё зисти маҳкумшуда);
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ба ҷазои ҷарима маҳкум шудаанд (бо пешниҳоди иҷрочии суд аз ҷониби суде, ки ҳукм баровардааст).
3) Муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон:
- нисбати шахсоне, ки ба ҷазои маҳрум сохтан аз озодӣ маҳкум шудаанду ба ҳабс гирифта нашудаанд ва ҳукм нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст;
- нисбати шахсоне, ки ҷазоро дар намуди корҳои ҳатмӣ, корҳои ислоҳӣ дар ҷои корашон ё дар ҷойҳои дигаре, ки мақомоти иҷрокунандаи ҳукм муайян менамоянд, адо мекунанд, инчунин шахсоне, ки ба маҳрум кардан аз ҳуқуқи ишғоли мансабҳои муайян ё машғул шудан ба фаъолияти муайян ҳамчун ҷазои асосӣ маҳкум карда шудаанд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҳукми суд нисбати онҳо эътибори қонунӣ пайдо кардааст ва дар ҷойҳои маҳрумӣ аз озодӣ қарор доранд;
- нисбати маҳкумшудагоне, ки ҷазоро дар колонияҳои ислоҳии сукунат адо мекунанд.
4) Фармондеҳии қисмҳои ҳарбӣ — нисбати хизматчиёни ҳарбие, ки нисбаташон пешбурди таҳқиқ ё парвандаи ҷиноятӣ аз ҷониби мақомоти таҳқиқи қисмҳои ҳарбӣ оғоз карда шудааст.
Моддаи 12
1. Қарор дар бораи татбиқ кардан ё рад кардани татбиқи Қонуни мазкур нисбати ҳар шахс алоҳида қабул карда мешавад.
2. Қарор дар бораи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки дар кофтуков қарор доранд, бе даъват намудан ва бе розигии чунин шахсон қабул карда мешавад.
3. Дар сурати нокифоя будани маълумоти зарурӣ баррасии масъалаи татбиқи Қонуни мазкур то дастрас гардидани ҳуҷҷатҳои иловагӣ, вале ба муҳлати на дертар аз як моҳ мавқуф гузошта мешавад.
Моддаи 13
1. Мақомоти таҳқиқ ва тафтиши пешакӣ, фармондеҳони қисмҳои ҳарбӣ, муассисаҳои тобеи Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонуни мазкурро бо ризоияти прокурори дахлдор татбиқ менамоянд.
2. Қонуни мазкур аз ҷониби судҳо бо иштироки ҳатмии прокурор татбиқ карда мешавад.
Моддаи 14
1. Ҳангоми татбиқи Қонуни мазкур ҳолатҳои зерин бояд ба назар гирифта шаванд:
1) Бандҳои 1) ва 2) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати занон ва ноболиғон ба шарте татбиқ мегарданд, ки онҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ҷиноят содир карда бошанд ва ҷинояти содиркардаашон ҷиноятҳои пешбининамудаи моддаи 104, қисми 3 моддаи 110, моддаҳои 130, 1301, 138, 139, қисмҳои 2 ва 3 моддаи 167, моддаҳои 179, 1791, 1792, 1793, 187, 305-310, 313, 347 (агар хабар надодан дар бораи ҷиноят ё пинҳон доштани он ба ҷиноятҳои хусусияти террористӣ ва экстремистидошта, инчунин ҷиноятҳо ба муқобили асосҳои сохти конститутсионӣ ва амнияти давлат вобаста бошад), моддаҳои 395-405 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳрири соли 1998) набошад.
2) Амали банди 2) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи содир кардани ҷиноят ба синни 18 нарасидаанд.
3) Амали банди 3) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати мардоне татбиқ мегардад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур ба синни 55 расидаанд.
4) Банди 4) моддаи 1 Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда мешавад, ки мувофиқи тартиби муқарраршуда то мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур маъюбони гурӯҳҳои I, II ва ё III дониста шудаанд, инчунин нисбати шахсоне, ки гирифтори бемориҳои омоси бадсифати марҳалаи 4 ва гурӯҳи клиникии 4 аз рӯи таснифи байналмилалӣ, омоси бадсифати бофтаҳои лимфоидӣ ва хунофар, сили узвҳои нафас ва пошхӯрдаи шадиди шуш, бемории ишемиявии дил-стенокардияи фаъолияти ҷисмонии гурӯҳҳои III ва IV буда, то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур бо тартиби муқарраршуда дар муассисаҳои тиббӣ ба қайд гирифта шудаанд.
5) Таҳти амали банди 5) моддаи 1 Қонуни мазкур иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди давлатҳои дигар, инчунин шахсоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд, қарор мегиранд.
2. Иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва шахсони ба онҳо баробаркардашуда, инчунин иштирокчиёни амалиёти ҷангӣ дар ҳудуди дигар давлатҳо шахсоне эътироф карда мешаванд, ки дар комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳои маҳалли зисташон расман ба қайд гирифта шудаанд.
3. Шахсони бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарардида шахсоне эътироф карда мешаванд, ки мутобиқи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи иҷтимоии шаҳрвандоне, ки бар асари фалокати Неругоҳи барқи атомии «Чернобил» зарар дидаанд» ба ин гурӯҳ дохил карда шудаанд.
4. Ҳангоми татбиқи моддаи 7 ҳамин Қонун қисми муҳлати ҷазои адонагардидае кам карда мешавад, ки то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур боқӣ мондааст.
Моддаи 15
1. Қонуни мазкур нисбати шахсоне татбиқ карда намешавад, ки барои содир намудани маҷмӯи ҷиноятҳо айбдор дониста ва ё маҳкум шудаанд, агар яке аз ин ҷиноятҳо дар бандҳои 1) ва 2) қисми 1 моддаи 9 Қонуни мазкур пешбинӣ шуда бошад.
2. Муҳлати адои ҷазои шахсоне, ки таҳти амали қисми 1 ҳамин модда қарор мегиранд, бо тартиби пешбининамудаи моддаи 7 ҳамин Қонун бо дарназардошти талаботи пешбининамудаи моддаи 8 Қонуни мазкур кам карда мешавад.
Моддаи 16
Шахсони мувофиқи Қонуни мазкур авфшаванда аз ҷазои иловагӣ ва барқарор намудани товони зарари моддии бо кирдори ҷиноятӣ расонидаашон озод карда намешаванд.
Моддаи 17
Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки ҷиноятҳои давомдор ё дарозмуддат содир кардаанд, танҳо дар мавриде татбиқ карда мешавад, ки агар ин ҷиноятҳо то рӯзи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур анҷом ёфта бошанд.
Моддаи 18
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе, шаҳру ноҳияҳо ва мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот вазифадоранд:
1) Барои бо ҷойи кор таъмин кардани шахсоне, ки аз адои ҷазо тибқи Қонуни мазкур озод шуда, ба маҳалли зисташон баргаштаанд, чораҷӯӣ намоянд.
2) Назорати ноболиғони мутобиқи Қонуни мазкур озодшударо ба падару модарон ё шахсони онҳоро ивазкунанда вогузор намуда, дар мавриди зарурӣ барои дар мактаб-интернатҳо ҷойгир кардани ноболиғони бесаробон чораҳо андешанд.
3) Ҷойгир кардани шахсони озодгардидаи беморро дар муассисаҳои тиббӣ ва маъюбону пиронсолони бесаробонро дар интернат ва хонаҳои пиронсолон ташкил намоянд.
Моддаи 19
Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва раёсату шуъбаҳои он дар шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва муассисаҳои тобеи он бақайдгирӣ ва баҳисобгирии ягонаи шахсони аз адои ҷазо озодшударо таъмин намуда, рафтори онҳоро таҳти мушоҳида ва назорат қарор диҳанд.
Моддаи 20
1. Иҷрои Қонуни мазкур дар давоми се моҳ таъмин карда шавад.
2. Агар масъалаи татбиқи Қонуни мазкур нисбати шахсоне, ки то мавриди амал қарор гирифтани он ҷиноят содир намудаанд, пас аз муҳлати пешбининамудаи қисми 1 ҳамин модда ба миён ояд, Қонуни мазкур аз тарафи мақомоти дар моддаи 11 Қонуни мазкур пешбинишуда бо тартиби умумӣ татбиқ карда мешавад.
Моддаи 21
Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳо, шаҳри Душанбе ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ баъди се моҳи мавриди амал қарор додани Қонуни мазкур дар хусуси иҷрои он ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳисобот пешниҳод намоянд.
Моддаи 22
Қонуни мазкур пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шавад.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон
ш. Душанбе, 24 августи соли 2016, № 1355
ҚАРОРИ МАҶЛИСИ НАМОЯНДАГОНИ МАҶЛИСИ ОЛИИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН
Оид ба қабул кардани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф»
Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:
Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи авф» қабул карда шавад.
Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Зуҳуров
ш. Душанбе, 24 августи соли 2016, №521