Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ба тағйиру иловаҳо ниёз дорад

№12 (4595) 12.01.2023

Дар ҳама давру замон, новобаста ба сохтори давлатдорӣ, мақомоти иттифоқҳои касаба дар ҷомеа аҳамияти аввалиндараҷа дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун кишвари соҳиб­ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дуня­вӣ ва ягона, пеш аз ҳама, барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои инсон тадбир меандешад.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тарбияи неруи инсониро вазифаи муҳими ҷомеа медонад, инсон ва ҳуқуқҳои он дар меҳвари сиёсати давлат қарор дорад.

Зимни паёми шодбошӣ ба ифтихори Рӯзи иттифоқҳои касаба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон чунин таъкид карданд: «Дар замони истиқлолияти давлатӣ Федератсияи иттифоқҳои касабаи Тоҷикис­тон роҳи самарабахшро тай намуда, на танҳо ягонагии сафҳои худро нигоҳ дошт, балки ба қувваи амалкунандае табдил ёфт, ки фаъолияти худро барои беҳтар намудани шароити меҳнат ва зиндагии аъзои иттифоқҳои касаба равона намудааст. Иттифоқҳои касаба ба ҳайси созмони оммавии мардумӣ ва ҳомии ҳуқуқу манфиатҳои аҳли заҳмат масъулияти ширкат дар идоракунии ҷомеа, тарбияи кадрҳо, ҳалли масъалаҳои мубрами ҳаёт, таъмин намудани адолати иҷтимоӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои фаъолияти кормандон дар соҳаҳои иқтисоди миллиро ба уҳда доранд».

Федератсияи иттифоқҳои касаба ба сифати шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати кишвар дар асоси Конститутсия, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ фаъолият менамояд.

Дар давраи соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳаракати иттифоқи касабаи мамлакат фаъолтар гардид. Ҳамчун шарики боэътимоди иҷтимоии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, пеш аз ҳама, барои таҳкими истиқлолияти давлатӣ, тақвияти арзишҳои умумимиллӣ ва ваҳдату якпорчагии кишвар тадбир меандешад. Мулоқоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 24-уми октябри соли 2019 бо фаъолони Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон баргузор гардид, дар китоби фатҳу зафарҳои ин ташкилоти бонуфузи ҷамъиятии кишвар ҳамчун рӯйдоди таърихӣ сабт гардидааст. Қабл аз ин, 27-уми июни соли 2017 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои хизматҳои арзанда баҳри пешрафти кори иттифоқҳои касаба бо нишони ифтихории тиллоии «Барои хизматҳо дар ҳаракатҳои иттифоҳои касаба» сарфароз гардиданд.

Иттифоқҳои касабаи кишвар бо ташкилот ва иттиҳодияҳои бонуфузи байналмилалӣ, аз қабили ТБМ, Конфедератсияи байналмилалии иттифоқҳои касабаи озод, ЮНИСЕФ, ЮНЕСКО дар асоси эҳтироми тарафҳо ҳамкорӣ дорад.

Иттифоқҳои касаба, пеш аз ҳама, мактаби бузурги иттиҳоду ҳамбастагӣ, тарбияи инсон, ҳимоятгарӣ манфиатҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва зеҳнии корманд мебошад. Он дар доираи вазифаҳои оинномавии худ барои беҳтар гаштани шароити меҳнат дар истеҳсолот, зиндагии шоистаи кормандон ва аъзои оилаи онҳо дар ҳамкорӣ бо корфармо тадбирҳо меандешад.

Иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии шаҳри Ваҳдат фаъолияташро ба талаботи қонунҳои амалкунанда ба роҳ монда, барои амалӣ кардани сиёсати давлат оид ба ҳифзи меҳнат, таъминоти иҷтимоӣ ва суғурта, назорати ҷамъиятии риояи қонунгузорӣ оид ба меҳнат, иҷрои созишномаҳо ва шартномаҳои коллективӣ чораҳои мушаххас андешида истодаанд. Ҳоло дар хоҷагиҳои кишоварзии коллективӣ, хоҷагиҳои деҳқонии инфиродӣ ва ташкилоту муассисаҳои кишоварзии шаҳр 50 ташкилоти ибтидоии иттифоқи касаба амал мекунанд. Шумораи аъзои иттифоқи касаба ба 11898 нафар расидааст. Бо мақсади муттаҳид кардани фаъолият ҷиҳати ҳифзи ҳуқуқ ва манфиатҳои меҳнатӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ, маънавӣ ва зеҳнии аъзои иттифоқи касабаи соҳа ва аъзои оилаи онҳо, бо назардошти қонунҳои амалкунанда дар 9 ҷамоати деҳот ташкилотҳои муттаҳидаи иттифоқи касаба ташкил карда шудааст. Бо 34 ташкилоту муассиса ва хоҷагиҳои кишоварзии шаҳр шартномаҳои ҳамкорӣ барои солҳои 2020 – 2023 ва як созишномаи сетарафа барои солҳои 2020 – 2023 баста шудааст. Ҳамаи шартномаҳои басташуда зери назорати доимӣ қарор дорад. Аз тарафи кормандони кумита вобаста ба пардохти музди меҳнати кормандон корбарӣ карда мешавад. Мувофиқи маълумоти оморӣ қарздории музди меҳнат дар соҳаи кишоварзӣ ба қайд гирифта нашудааст.

Бо мақсади иҷрои Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27-уми апрели соли 2022 таҳти № 211 «Дар бораи ташкили истироҳати тобистонаи кӯдакон ва наврасон дар соли 2022», бо дастгирии бевоситаи Кумитаи марказии иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии Тоҷикистон соли гузашта 41 нафар кӯдакон ва наврасон аз оилаҳои кормандони соҳа ба истироҳатгоҳҳо равон карда шудаанд.

Дар охир як нуктаро мехоҳам зикр кунам. Ҳоло вобаста ба рушди ҷомеа ва тақозои шароити мавҷуда фаъолияти иттифоқҳои касаба ба таҷдиду навсозӣ ниёз дорад. Айни ҳол он аз рӯи дастуру меъёрҳои санадҳои солҳои 90-уми асри гузашта қабулгардида ба роҳ монда шудааст. Бинобар ин, хуб мебуд парламенти кишвар бо ҷалби мутахассисони соҳа ва ҳуқуқшиносони варзида дар мавриди даровардани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иттифоқҳои касаба» тадбир андешад.

Асадулло АБДУЛЛОЕВ,

раиси Кумитаи иттифоқи касабаи комплекси агросаноатии шаҳри Ваҳдат