5 сентябри соли 2013 дар ошёнаҳои аввали бинои бисёрошёнаи Маҷмааи истиқоматии «Пойтахт-80», ки дар хиёбони Рӯдакии пойтахт қарор дорад, бо номи «Ошёни дониш ва хизматрасонӣ» як фурӯшгоҳи бузурги китоб мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Лентаи рамзии ифтитоҳи ин боргоҳи илму маърифат аз ҷониби Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ва адибони маъруфу машҳури кишвар бурида шуд.
Тавре иттилоъ доданд, «Ошёни дониш ва хизматрасонӣ» дар масоҳати 5100 метри мураббаъ ҷойгир буда, ба бузургтарин маркази фурӯши китоб ва хизматрасонии иттилоотию маърифатӣ табдил ёфтааст.
Дар ин боргоҳи маърифат анвои гуногуни китобҳои илмию оммавӣ, бадеӣ, ашъори шоирони маъруфи тоҷику ҷаҳонӣ, адабиёти кӯдакона ва рӯзномаю маҷаллаҳо ба доираи васеи хонандагон пешкаш мегардад.
Дар таҳхонаи он бунёди китобхонаи электронӣ дар назар аст, ки беш аз як миллион нусха китоб дар он маҳфуз хоҳад буд. Он ҳамчунин бо тамоми китобхонаҳои электронии ҷаҳон робита хоҳад дошт.
www.president.tj