Қосим — Жомарт Токаев бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард

№68-69 (4330-4331) 22.05.2021

51190968533_872f86ed46_oНимаи дуюми 19 майи соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаевро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф оварданд, гарму самимӣ истиқбол намуданд.

Ба хотири пазироии сазовори меҳмони олимақом — Сарвари давлати дӯсти Қазоқистон майдони Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе бо шиорҳо ва парчамҳои давлатии Тоҷикистону Қазоқистон идона ороста шуд.

Ҳамчунин, шумораи зиёди ҷавонону наврасони кишвар бо гулу парчамҳои ҳар ду кишвар ва шиорҳои тараннумгари дӯстии халқҳо меҳмони олиқадрро пазироӣ намуданд.

Зимни мулоқоти хосае, ки байни сарони давлатҳо сурат гирифт, Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфтанд.

Изҳори боварӣ карда шуд, ки натиҷаҳои сафари расмӣ барои таҳкиму тавсеаи ҳамкорӣ, муносибатҳои дӯстӣ ва робитаҳои шарикии стратегии кишварҳо мусоидат хоҳад кард.

19 майи соли равон дар доираи сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва меҳмони олимақом Сарвари ҷумҳурии дӯсти Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев бо мақсади шиносоӣ бо имкониятҳои рушди соҳаи сайёҳӣ ба бӯстонсаройи беруназшаҳрӣ, воқеъ дар ноҳияи Варзоб, ташриф оварданд.

Сарони давлатҳо дар қароргоҳи беруназшаҳрӣ табиати зебову нотакрор ва обҳои мусаффои шаршараҳоро тамошо карда, вохӯрии ғайрирасмӣ доир намуданд.

20 майи соли 2021 маросими истиқболи расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев дар майдони Маҷмааи давлатии «Қасри миллат»-и Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор гардид.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Президенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаевро самимона истиқбол гирифта, ба болои шоҳсуфаи фахрӣ даъват намуданд.

Маросими истиқбол бо гузориши командири қаровули фахрӣ, садо додани сурудҳои миллии ҳар ду кишвар, гузаштани сарони давлатҳо аз назди сафи қаровули фахрӣ, арзи эҳтироми меҳмони олимақом ба Парчами давлатии Тоҷикистон, шиносоӣ бо ҳайатҳои расмии ҳар ду ҷониб ҷараён гирифта, бо қадамзании мутантан гузаштани ҷузъу томҳои қаровули фахрӣ аз назди сарони давлатҳо анҷом ёфт.

Пас аз маросими истиқболи расмии меҳмони олимақом баррасии масъалаҳои рушду тавсеаи муносибатҳои дӯстӣ ва шарикии стратегии Тоҷикистону Қазоқистон дар мулоқоти хосаи сарони давлатҳо муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев оғоз ва дар музокироти васеи ҳайатҳои расмии ҳар ду кишвар идома ёфт.

Зимни мулоқот ҷанбаҳои мубрами робитаҳои байнидавлатии Тоҷикистону Қазоқистон, масъалаҳои минтақавию байналмилалӣ, вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои ҳамкорӣ бо Қазоқистон муфассал баррасӣ гардид.

Нахуст Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Сарвари давлати Қазоқистонро ба Тоҷикис­тон самимона хайра мақдам гуфта, ба мардуми давлати дӯст сулҳу шукуфоӣ орзу карданд.

Пешвои миллат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба нақши Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаев ва Президенти якуми Қазоқистон муҳтарам Нурсултон Назарбоев дар самти рушду густариши ҳамаҷонибаи робитаҳо ва ба сатҳи шарикии стратегӣ расонидани он баҳои баланд доданд.

«Тоҷикистон муносибатҳои шарикии стратегиро бо Қазоқистони бародар қадр мекунад. Мо тасмим дорем, ки минбаъд низ кӯшиши заруриро ҷиҳати рушди ҳамкориҳои байни кишварҳоямон дар ҳама соҳа идома диҳем», — таъкид доштанд Сарвари давлат.

Ҷонибҳо, инчунин, оид ба густариши муносибатҳои ҳар ду кишвар дар соҳаҳои сиёсӣ — дипломатӣ, робитаҳои байнипарлумонӣ, тиҷоратӣ — иқтисодӣ, илмӣ — техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва дигар бахшҳои муҳиму судманд табодули андеша карданд.

Ҳамчунин, масъалаи дастгирии ҳамдигарӣ дар самти мубориза бар зидди бемории нави сироятии коронавирус ва амалисозии тадбирҳо барои коҳиш додани таъсири пандемия ба иқтисоди кишварҳо мавриди баррасӣ қарор гирифт. Таъкид гардид, ки бо талошҳои муштарак тавонистем барои ҳифзу ҳимояи шаҳрвандон чораҳои таъхирнопазир андешем. Зарур шумурда шуд, ки минбаъд ҳамкорӣ дар самти ташхис, пешгирӣ ва табобати сирояти нави коронавирус ва дигар бемориҳо идома дода шавад.

Рушди ҳамкории бахши тиҷоратию иқтисодӣ аз самти афзалиятнок арзёбӣ гардида, таъкид шуд, ки Қазоқистон дар ҳаҷми умумии гардиши савдои хориҷии Тоҷикистон дар ҷои дуюм қарор дорад. Гардиши мол соли гузашта қариб 1 миллиард долларро ташкил дод.

Зарур шумурда шуд, ки минбаъд ба хотири ­тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи фаъолияти Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ба бахшҳои тиҷоратию иқтисодӣ, саноатӣ, кишоварзӣ, соҳибкорӣ ва сармоягузорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир гардад.

Тоҷикистон ҳавасмандиро оид ба ҳамкорӣ бо Қазоқистон ҷиҳати рақамикунонии иқтисодиёт, инноватсия ва воридоти технологияи муосир, таъсиси корхонаҳо оид ба коркарди маҳсулоти кишоварзӣ, содироти маҳсулоти хуштаъму аз ҷиҳати экологӣ тоза ба Қазоқистон, ташкили марказҳои муштараки тақсими яклухти молу маҳсулот дар Тоҷикистон ва истифодаи мақсадноку пурсамари минтақаҳои озоди иқтисодии кишвари мо изҳор дошт.

Зарурати тавсеаи ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёт хусусан, роҳи оҳан, инчунин, барқарор кардани хатсайрҳои ҳавоӣ байни пойтахтҳои ҳар ду кишвар таъкид гардид.

Ҳамчунин, масъалаҳои таҳкими ҳамкорӣ дар бахши муҳоҷирати меҳнатӣ, густариши робитаҳои илмӣ ва фарҳангию гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Ҷонибҳо доир ба зиёд намудани шумораи квотаҳо барои таҳсили донишҷӯёни тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон ва ифтитоҳи муассисаҳои олии таълимии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба мувофиқа расиданд.

Зимни баррасии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба дар чаҳорчӯби ташкилоту созмонҳои бонуфуз, аз ҷумла Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди давлатҳои мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, Созмони ҳамкории Шанхай ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, вобаста ба вазъ дар кишвари ҳамсояи Афғонистон, ҷонибҳо таҳкими ҳамкории муштараки сохторҳои амниятиро дар самти мубориза бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва ҷиноятҳои муташаккили трансмиллӣ зарур шумурданд.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев барои даъват ҷиҳати анҷом додани сафари ҷавобӣ ба Қазоқистон изҳори сипос карданд.

Пас аз музокироти васеи ҳайатҳои расмии Тоҷикис­тону Қазоқистон дар ҳузур ва бо иштироки сарони давлатҳо маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ баргузор шуд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам ­Эмомалӣ ­Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев зери Изҳороти муштараки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон имзо гузоштанд.

Сипас, дар ҳузури сарони давлатҳо санадҳои зерин имзо карда шуд:

- Созишнома байни Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Қазоқистон дар бораи ҳамкорӣ дар мубориза бар зидди бемории сил;

- Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Қазоқистон барои солҳои 2021-2023;

- Ёддошти тафоҳум дар бораи ҳамкориҳои фарҳангӣ байни Вазорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанг ва варзиши Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Ёддошти қолабӣ байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат;

- Ёддошти тафоҳум байни Хадамоти алоқаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва Кумитаи аэрокайҳонии Вазорати рушди рақамӣ, инноватсионӣ ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон;

- Ёддошти тафоҳум байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати савдо ва ҳамгироии Ҷумҳурии Қазоқис­тон дар бораи ҳамкорӣ оид ба масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои муштарак доир ба таъсиси низоми тақсимоти молҳо.

Бояд гуфт, ки дар доираи ин санад доир ба таъсиси марказҳои низоми тақсими молҳо дар минтақаҳои гуногуни Тоҷикистон 45 миллион доллари ИМА ва дар маҷмӯъ, барои татбиқи лоиҳаҳои соҳаи саноат наздики 500 миллион доллари ИМА маблағ ҷудо мегардад.

Пас аз анҷоми маросими имзои санадҳои нави ҳамкорӣ сарони давлатҳо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Президенти Ҷумҳурии Қазоқис­тон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаев барои доираи васеи хабарнигорон нишасти матбуотӣ ороста, натиҷаҳои вохуриро неку назаррас арзёбӣ карданд.

20 майи соли 2021 сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон дар Тоҷикистон ба анҷом расид. Нимаи дуюми рӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо нишони эҳтироми хос Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим — Жомарт Токаевро самимона гусел карданд.

Президенти кишвари дӯст муҳтарам Қосим — Жомарт Токаев бо изҳори сипос аз меҳмоннавозии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таассуроти нек аз сафари бобарор аз шаҳри Душанбе ба ватан баргаштанд.

www.president.tj