Озмуни беҳтарин лоиҳаи ангоравии маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва озодӣ»

№11 (3805) 27.01.2018

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ, таҷассуми рукнҳои муҳими давлатдорӣ, боз ҳам баланд бардоштани ҳисси худшиносии миллӣ ва дар қалби шаҳрвандони мамлакат ҷой додани ғояҳои Истиқлолият ва озодӣ, инчунин ба хотири 30 — солагии ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон озмуни беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» — ро дар пойтахти мамлакат – шаҳри Душанбе эълон менамояд.

Дар озмун, ки дар як давр гузаронида мешавад, шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ метавонанд озодона иштирок намоянд.

Довталабон метавонанд аз 1 феврал то 30 апрели соли 2018 лоиҳаи ангоравии худро бо қайди «Барои озмун» ва нишон додани ному насаб, рамз ва суроға дар Кумитаи меъморӣ ва сохтмони назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон (шаҳри Душанбе, кӯчаи Ш. Ҳусейнзода) сабти ном кунанд.

Тартиби баргузории озмуни кушод байни шахсони воқеӣ ва ҳуқуқии ватанию хориҷӣ доир ба интихоби беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» ва ҳайати Комиссияи ҷумҳуриявии озмун дар воситаҳои ахбори омма интишор мешавад.

Барои беҳтарин лоиҳаи ангоравии Маҷмааи меъмории рамзи «Истиқлолият ва Озодӣ» маблағи пулӣ муқаррар шудааст.

 www.president.tj