Суханронии Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар зиёфати хосаи «Амалҳои афзалиятнок дар соҳаи захираҳои обӣ, тағйирёбии иқлим, коҳиш додани хатари офатҳои табиӣ дар чорчӯби Даҳсолаи байналмилалии амал «Об — барои рушди устувор, солҳои 2018-2028»
Иёлоти Муттаҳидаи Америка, 23 марти соли 2018
Муҳтарам ҷаноби муовини Раиси Маҷмаи умумии СММ!
Муҳтарам ҷаноби муовини Дабири кулли СММ!
Хонумон ва ҷанобон!
Имрӯз мо ҳамроҳ муколамаи нахустини худро, ки ба оғози «Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» бахшида шуда буд, комгорона анҷом додем.
Муҳокима ва табодули васеи афкор миёни ширкаткунандагон нишон медиҳад, ки мо бояд саъю талошамонро дар самтҳои гуногун ҷиҳати таъмини саривақтии ноилшавӣ ба вазифаву ҳадафҳо дар соҳаи захираҳои об ҷоннок намоем.
Зимнан, зарурати ба инобат гирифтани пайомадҳои манфии тағйирёбии иқлим, ки беш аз пеш рух медиҳанд, ба миён омадааст.
Мушоҳидаҳои чандинсолаи коршиносони мо аз пурзӯршавии таъсири тағйирёбии иқлим ба табиат ва вазъи иҷтимоиву иқтисодии Тоҷикистон ва Осиёи Марказӣ гувоҳӣ медиҳанд.
Мутобиқи ин мушоҳидаҳо, дар 60 соли охир ҳарорати миёнаи солонаи ҳаво дар Тоҷикистон як дараҷа баланд шудааст, шумораи рӯзҳо бо боришоти шадид афзудааст, пасомад ва шиддатнокии ҳодисаҳои гидрометереологии табиӣ зиёд шудааст.
Ҳамчунин, дар Тоҷикистон тайи солҳои охир шумораи офатҳои табиии шадид беҳад афзоиш ёфтааст.
Офатҳои табиӣ, ба монанди обхезӣ, сел, тармафароӣ ва ярч ҳамасола ба аҳолӣ ва иқтисодиёти кишвар хисороти зиёд ворид мекунанд.
Тайи 5-6 соли охир шиддатнокии офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон тақрибан 25 фоиз зиёд шудааст.
Дар ин давра бар асари офатҳои табиии гуногун тақрибан 200 нафар ба ҳалокат расида, шароити мусоиди зиндагии зиёда аз 100 ҳазор нафар таҳти хатар монд ва маблағи умумии талафот аз 600 миллион доллари ИМА зиёд гардид.
Ҳолати ногувор, хусусан дар минтақаҳои кӯҳии кишвар, ки 93 фоизи ҳудуди умумии Тоҷикистонро ташкил дода, онҷо 80 фоизи аҳолӣ зиндагӣ мекунанд, ба мушоҳида мерасад.
Илова бар ин, таъсири манфии тағйирёбии иқлим ба миқдор ва сифати захираҳои оби ошомиданӣ бештар зоҳир мегардад.
Дар Тоҷикистон дар давоми даҳ соли охир обшавии қобили мулоҳизаи ҳаҷми пиряхҳо, ки барои тамоми Осиёи Марказӣ аҳамияти ҳаётан муҳим доранд, ба қайд гирифта шудааст.
Тағйирёбии давраи гидрологӣ ба амнияти обӣ, энергетикӣ ва озуқаворӣ таъсири манфӣ расонида, сабабгори хатари иловагии обхезӣ ва хушксолии шадид мегардад.
Дар Осиёи Марказӣ, ки захираҳои обӣ дар ҳудуди бархе аз кишварҳо ташаккул ёфта, истифодабарии қисми зиёди он ба дигар кишварҳо рост меояд, муддатест зарурати таҳияи стратегияи ягонаи минтақавии мутобиқшавӣ ба тағйирёбии иқлим ба миён омадааст.
Коҳишёбии босуръати масоҳати пиряхҳои минтақа, ки ба тағйирёбии иқлим рабт дорад, муҳимияти чунин стратегияро таъкид менамояд.
Тоҷикистон ба қабули чораҳои мутобиқшавӣ, ки ҷузъи муҳими рушди устувор ба ҳисоб мераванд, таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.
Дар хотима мехостам ба тамоми ширкаткунандагони зиёфати имрӯза изҳори миннатдорӣ намуда, ба ҳамаи шумо дастовардҳои тоза орзу намоям.
Аз таваҷҷуҳатон сипосгузорам.