Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон
22 майи соли 2015, шаҳри Душанбе
Ҷавонони азиз!
Шумо, неруи ояндасози давлати соҳибистиқлол ва умеду орзуи Ватани азизамонро ба ифтихори Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон самимона табрик мегӯям.
Мо аз он қаноатмандем, ки имрӯз ҷавонони мо бо азму иродаи қавӣ ва бо завқи баланд илму донишҳои муосирро аз худ намуда, дар соҳаҳои гуногуни ҳаёти давлату ҷомеа ва ба хотири рушди кишвари маҳбубамон саъю талоши фаъолона доранд.
Дар даврони истиқлолияти давлатӣ Ҳукумати кишвар нисбат ба ҷавонон таваҷҷуҳ ва ғамхории махсус зоҳир намуда, ба хотири дастгирии онҳо тамоми тадбирҳои заруриро амалӣ мегардонад.
Аз ҷумла дар ин давра ҷиҳати пешбурди сиёсати давлатии ҷавонон ва фароҳам овардани шароити мусоид барои инкишофи ҳамаҷонибаи онҳо як силсила нақшаву барномаҳо қабул ва амалӣ гардонида шуда, татбиқи як қатор барномаҳои дигар идома дорад.
Ин санадҳо риояи ҳуқуқҳои конститутсионии ҷавононро таъмин намуда, ба боло рафтани мақоми онҳо дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву маънавии ҷомеа, беҳтар гардонидани шароити зиндагиву таҳсил, касбомӯзӣ ва фаъолияти пурсамари онҳо мусоидат мекунанд.
Воқеан, ҷавонон дар ҷаҳони муосир ҳамчун қувваи бузурги пешбаранда ва бунёдгар эътироф шудаанд.
Имрӯз рушди сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии ягон давлатро бе иштироки фаъолонаи ҷавонон тасаввур кардан аз имкон берун аст.
Аз ин лиҳоз, Ҳукумати Тоҷикистон ба масъалаи таълиму тарбия ва ташаккули шахсияти наврасону ҷавонон диққати махсус зоҳир намуда, имконият фароҳам меорад, ки онҳо дар беҳтарин муассисаҳои таълимии мамлакат ва хориҷ аз он таҳсил кунанд, таҷриба омӯзанд ва соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ гарданд.
Мо барои ҳавасманд гардонидани ҷавонону наврасони соҳибистеъдод як қатор имтиёзҳо муқаррар намуда, ҷалби онҳоро ба корҳои идоракунии давлатӣ муҳим мешуморем.
Бо ин мақсад пешбарии ҷавононро ба вазифаҳои роҳбарикунанда чун падидаи ғамхории доимии Ҳукумати мамлакат минбаъд низ идома медиҳем.
Мо ба ҷавонони кишвар ҳамчун неруи фаъолу боғайрат, ташаббускору созанда эътимоди зиёд дорем ва дар раванди бунёди ҷомеаи демократӣ ва ободу пешрафта ба онҳо такя мекунем.
Ҷавонони азиз!
Боиси таассуф аст, ки вақтҳои охир баъзе ҷавонон ба ҷойи саъю талоши фаъолона дар роҳи илму донишомӯзӣ, аз худ кардани касбу ҳунар ва ширкат дар корҳои ободониву созандагӣ ба амалҳои номатлубе даст зада истодаанд, ки гирифтани пеши роҳи ин раванди нангину хатарнок ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани наврасону ҷавонон на танҳо вазифаи сохтору мақомоти давлатӣ, балки қарзи ҳар як фарди солимфикру огоҳ, падару модарон, аҳли зиё ва ҷавонони аз нигоҳи сиёсиву иҷтимоӣ устувор мебошад.
Истиқлолият ҳамон вақт маънӣ ва моҳияти воқеӣ пайдо мекунад, ки ҷавонон сабақҳои онро ҳамчун дастоварду неъмати бузурги таърихӣ ҳаматарафа омӯзанд, ба ҳифзи дастовардҳои кишвари соҳибихтиёри худ ҳамеша омода ва аз равандҳои солиму носолими ҷаҳони имрӯза огоҳ бошанд, таърихи гузаштаву муосири халқи худро гаштаву баргашта варақ зананд, Ватан, миллат, забон ва фарҳанги миллии хешро азизу гиромӣ доранд.
Ватанро дӯст доштан, аз он ифтихор кардан, барои ҳимояи он омода будан, ба қадри сулҳу субот, осудагиву ваҳдат ва истиқлолияти давлатӣ расидан аз ҷумлаи арзишҳое мебошанд, ки ҷавонони мо бояд онҳоро сармашқи зиндагиву фаъолияти ҳаррӯзаи худ қарор диҳанд ва итминон дошта бошанд, ки танҳо дар ҳамин сурат мо метавонем кишвари воқеан ободу пешрафтаро бунёд намоем.
Эҳтиром ва гиромидошти арзишҳои милливу давлатии Тоҷикистони соҳибистиқлол ва ҳифзи манфиатҳои кишвар бояд асос ва ҷавҳари тарбияи ватандӯстиву худогоҳии ҷавононро ташкил намояд.
Барои таҳкими иқтидори мудофиавии кишвар ва ҳифзи боэътимоди марзу буми Ватан мо на танҳо ба мутахассисони баландихтисоси низомӣ, балки ба сарбозони ҷавони ҷасуру далер, бомаърифату соҳибфарҳанг, аз ҷиҳати ҷисмонӣ обутобёфта ва содиқ ба давлату миллат эҳтиёҷ дорем.
Мо дар ин масъала низ, пеш аз ҳама, ба шумо — ҷавонон такя мекунем ва бовар дорем, ки шумо ҳамчун фарзандони бонангу номус ва қавииродаву ғаюр аз иҷрои ин рисолати фарзандии худ низ сарбаландона мебароед.
Асри ХХI, ки давраи тараққиёти босуръати тафаккури илмиву техникӣ ва бозёфтҳои тозаи ақли инсонӣ мебошад, ба неруи офарандаву созандаи ҷавонони эҷодкор, ҷӯянда ва навовар аз ҳар вақти дигар бештар ниёз дорад.
Маҳз ҷавонони соҳибмаърифату боистеъдод қудрат доранд, ки хазинаи илму фарҳанги миллати хешро ғанӣ гардонида, ҳамчун ҳалқаи мустаҳкам дар занҷири маърифати наслҳо хизмат намоянд.
Ҷавонони дорои маърифати олӣ ва тафаккури созандаву ахлоқи ҳамида метавонанд пайванди ногусастании наслҳо ва рӯҳи абадзиндаи аҷдоди бофарҳанги хешро зинда нигоҳ доранд.
Итминони комил дорам, ки ҷавонони ватандӯсти мо минбаъд низ бо ҳисси баланди худшиносиву худогоҳии миллӣ, зиракии сиёсӣ, ҷаҳонбинии васеъ, маърифати ҳуқуқӣ ва саъю талоши созандаву бунёдкорона барои ободии кишвар ва боз ҳам баланд бардоштани обрӯю нуфузи Тоҷикистони азизамон дар арсаи байналмилалӣ талош намуда, дар густариши ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва таҳкими пояҳои истиқлолияти давлатӣ саҳми арзанда мегузоранд.
Шубҳае нест, ки эҳтироми муқаддасоти миллӣ, гиромидошт ва ҳифзи Ватан, миллат, забон ва арзишҳои таърихиву фарҳангии халқи куҳанбунёдамон ва муҳимтар аз ҳама, ҳифзи дастовардҳои истиқлолият ва амнияту осудагии Тоҷикистони азизу мабубамон минбаъд низ мароми зиндагии ҷавонони ватандӯсти мо хоҳад буд!
Бори дигар ҳамаи шуморо ба ифтихори Рӯзи ҷавонон табрик гуфта, ба шумо осмони соф, хонаи обод, саодати рӯзгор ва дар кору пайкори садоқатмандонаатон ба хотири рушди минбаъдаи иқтисодиву иҷтимоӣ ва пешрафту ободии Ватани азизамон — Тоҷикистон пирӯзиҳои нав ба нав орзу менамоям.
Ҷашн муборак бошад, ҷавонони некбахти Тоҷикистон!