Паёми табрикотии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати Рӯзи Ғалаба

№56 (3041) 11.05.2013

Муҳтарам собиқадорони ҷангу меҳнат! Ҳамватанони азиз!

Фардо мардуми кишвари соҳибистиқлоли мо 68 — умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватаниро таҷлил менамоянд ва бо шукргузорӣ аз фазои сулҳу осоиш аз корномаҳои неки иштирокчиёни ин набарди бесобиқаи таърихӣ ёд мекунанд.

Дар ин айёми муборак ҳамаи собиқадорони ҷангу меҳнат ва мардуми шарифи Тоҷикистонро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба ҳамаи шумо зиндагии шоиста, хотири ҷамъ ва сиҳатмандиву саодати рӯзгор орзу менамоям.

Мо имрӯз шукргузор аз он ҳастем, ки шумо – собиқадорони муҳтарам дар ҷабҳаҳои ҷанги шадиду хунини солҳои 1941-1945 далерона размида, ҳоло бо таҷрибаи ибратомӯзи худ дар ободу зебо гардонидани Ватани азизамон ва тарбияи насли наврас дар рӯҳияи ватандӯстӣ саҳмгузор ҳастед.

Ғалабаи беназири шумо бар фашизм ба ивази корнамоиҳои бемислу монанд, ҷасорату далерӣ ва шуҷоату мардонагӣ ба даст омада, самараи дӯстии халқҳо ва муборизаи муштараки онҳо мебошад, ки дар саҳифаҳои таърих ҳамчун Иди зафар нақш бастааст.

Мардуми Тоҷикистон ин санаи фархундаро ҳамасола ҳамчун натиҷаи азму талоши фарзандони бонангу номуси худ дар роҳи озодӣ ва ҳимояи Ватан ҷашн мегиранд.

Садҳо кӯчаву хиёбон ва лав-ҳаҳои ёдгорӣ ба ифтихори сарбозону афсароне, ки дар ҷабҳа матонату мардонагӣ нишон додаанд, инчунин онҳое, ки аз майдони набард барнагаштаанд, номгузорӣ гардида, ба зиёратгоҳ ва ба василаи тарбияи ватандӯстии ҷавонону наврасони кишвар табдил ёфтаанд.

Дарвоқеъ, нақши фарзандони далеру ғамхори халқамон, яъне онҳое, ки дар он солҳои мудҳиш ба хотири сулҳу оромӣ сина сипар кардаанд, дар густариши ҳисси ватандӯстӣ, баланд бардоштани масъулиятшиносии ҷавонон нисбат ба ҳифзи марзу буми Ватан ҳамчун як рукни барномаи амали ташаккули фарҳанги ватандӯстии ҷавонони кишварамон бисёр муҳиму арзишманд аст.

Ҷанги дуюми ҷаҳон воқеан аз ҷумлаи мудҳиштарин фоҷиа-ҳои аҳли башар дар асри гузашта буда, дар замони он Тоҷикистони мо низ ба мушкилоти сахту сангин ва хисороти ниҳоят зиёди моддӣ рӯ ба рӯ гардид, ки азияташ то имрӯз идома дорад.

Вазнинтарин талафоти ин воқеаи мудҳиш, ки доимо пеши назарамон меояд, ин қариб 300 ҳазор нафар фарзандони ба ҷабҳаи набард фиристодашуда ва барнагаштани 100 ҳазор нафари онҳо мебошад, ки ҷойи онҳо то имрӯз холист, вале номи некашон дар қалбҳои мардуми сарзаминамон зинда мебошад.

Боиси ифтихор аст, ки корномаи даҳҳо ҳазор нафар ҷанговарони тоҷик бо мукофотҳои олӣ қадрдонӣ гардида, қаҳрамонии онҳо муҳтавои асосии садҳо китобу достонҳо, филмномаву ёддоштҳо ва таҳқиқоти таърихнигорон гардидааст.

Мо хотираи неки онҳоро ҳамеша пос медорем. Бо гузашти солҳо арзиши муборизаву корномаи онҳо дар қалбҳои мо боз ҳам равшантар шуда, барои наслҳои ҷавон сабақи зиндагӣ мегардад.

Давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, бо вуҷуди вазъи ниҳоят душвори иқтисодии рӯзҳои аввали таъсисёбии худ, ба хотири ҳифзи амнияту оромии давлат ва ҷомеа, пойдории соҳибистиқлолӣ, пешрафти рукнҳои давлатдорӣ ва таъмини зиндагии осоиштаи мардум Артиши миллии худро таъсис дод.

Инак, бисту як сол мешавад, ки Қувваҳои Мусаллаҳи мо, яъне сохторҳои низомӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кишварамон бо садоқат ба давлат ва халқи Тоҷикистон дар ҳимояи марзу буми Ватан қарор дошта, ба хотири таъмини амнияту тартиботи ҷамъиятӣ ва суботу оромии ҷомеа шабу рӯз заҳмат мекашанд.

Хусусан дар шароити имрӯза, ки минтақаву кишварҳои гуногуни олам бар асари шиддат гирифтани рақобату муқовимати доираву неруҳои мухталиф ноором гардидаанд, масъулияти сохторҳои низомӣ ва дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқи мамлакати мо низ ба маротиб меафзояд. Вобаста ба ин, тарбияи рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварии ҷавонон, ҳар чӣ бештар тавсеа бахшидани ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, ҳушёриву зиракӣ ва ба хизмати Ватан – Модар омода намудани онҳо қарзи падару модарон, собиқадорони ҷангу меҳнат, омӯзгорону зиёиён ва умуман аҳли ҷомеа мебошад.

Яке аз самтҳои муҳими сиёсати иҷтимоии давлату Ҳукумати Тоҷикистон кӯмаку ғамхорӣ ба гурӯҳҳои нисбатан осебпазири аҳолӣ, пеш аз ҳама собиқадорони ҷангу меҳнат, ятимону маъюбон ва эҳтиёҷмандону оилаҳои камбизоат ба ҳисоб меравад ва мо кӯшиш дорем, ки ин вазифаи инсонии худро минбаъд низ идома диҳем.

Айни замон шумораи собиқадорону маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар кишвари мо 1441 нафарро ташкил медиҳад, ки ҳамаи онҳо пурра таҳти ғамхории давлату Ҳукумати мамлакат қарор доранд, зеро мо ҳеҷ гоҳ хизмату ҷонбозиҳои шумо — диловарони майдони набардро фаромӯш намекунем ва таҳти ғамхории доимӣ қарор додани шуморо вазифаи аввалиндараҷаи худ меҳисобем.

Бори дигар ҳамаи шумо — собиқадорони ҷангу меҳнат ва тамоми мардуми кишвари азизамонро бо Рӯзи Ғалаба самимона табрик гуфта, ба шумо, пеш аз ҳама осмони соф, зиндагии шоиста ва дар амалӣ намудани сиёсати созандаи давлати соҳибистиқлоламон барору комёбӣ орзу менамоям.

Ҷашни Ғалаба муборак, ҳамдиёрони азиз!