Паёми телевизионии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави мелодии 2015
шаҳри Душанбе, 31 декабри соли 2014
Ҳамватанони азиз!
Дар ин лаҳзаҳо, ки хурду бузурги кишварамон бо эҳсоси фараҳу шодӣ ва бо нияту орзуҳои нек Соли нави мелодии 2015-умро истиқбол менамоянд, ҳамаи мардуми шарифи Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро ба ин муносибат сидқан табрик мегӯям ва барои ҳар як хонаводаи тоҷик тандурустиву хушбахтӣ, рӯзгори орому осуда ва барори кору дастовардҳои тоза орзумандам.
Ба шарофати пойдории сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ, ваҳдати миллӣ ва заҳмати софдилонаи сокинони мамлакат соли 2014 дар кишвари азизамон корҳои ободониву созандагӣ вусъати тоза касб намуданд, иқдомҳои бунёдкоронаи Давлату Ҳукумат ва ташаббусҳои соҳибкорони бонангу номуси мамлакат идома пайдо карданд.
Дар натиҷа, пойдевори давлати миллиамон боз ҳам қавӣ ва нуфузу эътибори он дар арсаи ҷаҳон хеле таҳким ёфт ва муҳимтар аз ҳама, иқдому ташаббусҳои зикршуда боиси беҳтар шудани сатҳи зиндагии аҳолӣ гардиданд.
Дар соле, ки сипарӣ мешавад, бо вуҷуди таъсири манфии омилҳои буҳронӣ, рушди устувори иқтисодиёти мамлакат таъмин гардида, дар бахши сармоягузорӣ, соҳаҳои саноату кишоварзӣ, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ ва дигар соҳаҳои ҳаёти ҷомеа ислоҳоту навсозиҳо идома пайдо карданд ва ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо кишварҳои гуногуни олам тавсеаи бештар ёфтанд.
Дар сатҳи баланд баргузор шудани ҷаласаи навбатии Созмони Ҳамкории Шанхай нишондиҳандаи беҳтарини сатҳи равобити мо бо созмонҳои бонуфузи минтақа ва ҷаҳон гардид ва Тоҷикистон имкон пайдо кард, ки ҷонибдории худро ба хотири таъмини амният ва рушди ҳамаҷониба дар минтақа ва ҷаҳон, инчунин густариши ҳамкориҳои судманд миёни аъзои Созмон, бори дигар таъкид намояд.
Бузургдошти 600 — солагии яке аз фарзандони фарзонаи миллати куҳанбунёдамон – Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ, таҷлили бошукуҳи бистсолагии бахтномаи халқамон — Конститутсияи (Сарқонуни) Тоҷикистон низ аз чорабиниҳои муҳими сиёсиву фарҳангии кишварамон дар соли сипаришаванда маҳсуб мешаванд.
Воқеан, қабули ин санади тақдирсоз, яъне Конститутсия, арзишмандтарин дастоварди мардум ва давлати тоҷикон дар интиҳои асри гузашта ба шумор рафта, натиҷаи мантиқии талошҳои ҷомеаи адолатпарвари мо дар роҳи расидан ба марҳалаи тозаи пешрафт ва муаррифии шоистаи кишварамон ба оламиён мебошад.
Ҳукумати мамлакат дар давоми соли 2014 ҳамаи саъю талоши худро ба хотири фароҳам овардани шароити мусоид барои зиндагии шоистаи сокинони кишвар равона сохта, ҷиҳати ҳалли масъалаҳои соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, ҷавонону занон, дастгирии табақаҳои ниёзманду осебпазири ҷомеа, ҷалби ҳар чӣ бештари наврасону ҷавонон ба таҳсилоти босифат, тарбияи онҳо дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарварӣ ва ҳисси баланди миллӣ, инчунин бо ҷойи кор таъмин намудани шахсони бекор як силсила тадбирҳои мушаххасро амалӣ гардонид.
Дар соли нави мелодӣ дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии Тоҷикистони маҳбуби мо на танҳо татбиқи силсилаи барномаҳои муҳими давлатие оғоз мешаванд, ки рушди устувори минбаъдаи мамлакатро таъмин мекунанд, балки якчанд чорабиниҳои пураҳамияти сиёсиву фарҳангӣ баргузор хоҳанд шуд, ки ҳар кадоми онҳо дар таърихи давлатдории халқамон саҳифаҳои навро боз хоҳанд намуд.
Чунонки мардуми кишвар огоҳанд, якуми марти соли 2015 маъракаи муҳими сиёсӣ, яъне интихоботи вакилон ба мақоми олии қонунгузори мамлакат — Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ баргузор мешавад. Итминон дорам, ки чорабинии мазкур дар доираи Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, дар сатҳи баланди сиёсиву ташкилӣ ва бо ширкати фаъолонаи интихобкунандагон баргузор мегардад ва мардуми шарифи Тоҷикистон ба хотири ояндаи неки кишварамон бо масъулияти баланд намояндагони шоиставу арзандаи худро ба парламенти мамлакат ва маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб менамоянд. Интихоботи навбатӣ бояд омили муҳими боз ҳам таҳким ёфтани ваҳдати миллӣ ва сарҷамъии мардуми Тоҷикистон гардад. Фаромӯш набояд кард, ки мо ба ҷомеаи ҷаҳонӣ на як бору ду бор фарҳанги баланди сиёсӣ ва суннати таҳаммулгароӣ нишон додаем.
Соли 2015 инчунин як қатор чорабиниҳои арзишманди фарҳангӣ, аз ҷумла бузургдошти 700 — солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва 3000 — солагии Ҳисори Шодмон баргузор мегарданд, ки онҳо, бешубҳа, ба тавсеаву густариш пайдо кардани ҳисси ватандориву худшиносӣ, эҳтирому арҷ гузоштан ба таъриху фарҳанги миллӣ, таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва амалӣ гардидани ҳадафҳои неки ободкориву созандагии халқамон мусоидат хоҳанд намуд.
Имрӯз воқеияти зиндагӣ беш аз пеш талқин месозад, ки ҳар фарди бонангу номус, ватанхоҳу ватандӯст ва ҳимматбаланду саховатпеша бо эҳсоси баланди масъулиятшиносӣ саъю талоши созандаи хешро ба хотири рушду пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлоламон сарф намояд ва сарзамини биҳиштосоямонро боз ҳам маҳбубу машҳур гардонад.
Мо ҳанӯз масъалаву мушкилоти зиёди ҳалталаб дорем, ки ҳамаи онҳоро худамон, бо шукронаи сулҳу оромӣ, Ватани соҳибихтиёр ва давлати соҳибистиқлоламон ҳаллу бартараф месозем.
Мардуми фарҳангиву ободгари Тоҷикистон ҳамеша ба оянда назари нек доранд ва бовар дорам, ки ҳамаи мо дар ҳамбастагӣ минбаъд низ барои фатҳи қуллаҳои боз ҳам баландтар, таъмини зиндагии пурсаодати халқамон ва дастовардҳои нав қадамҳои устувор мегузорем.
Итминони комил дорам, ки дар соли нави мелодии 2015-ум барои боз ҳам мустаҳкам гардидани пояҳои истиқлолият, таҳкими давлатдории миллӣ ва ваҳдату суботи ҷомеа силсилаи иқдому ташаббусҳои созанда амалӣ хоҳанд шуд.
Бо ибрози ҳамин орзуҳои нек бори дигар ҳамаи сокинони некбину некандеш, босабру таҳаммул ва сарбаланду қавииродаи кишвар ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2015 сидқан табрик гуфта, барои ҳар яки шумо хонаи обод, рӯзгори босаодат, иқболи баланд, файзу баракати зиндагӣ ва ба Тоҷикистони азизамон пешрафту ободӣ орзумандам.
Соли нави мелодӣ муборак, ҳамватанони азиз!