Таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумат мебошад

№1 (3147) 01.01.2014

Паёми телевизионии Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати фарорасии Соли нави 2014 мелодӣ

31 декабри соли 2013

1

Ҳамватанони азиз!

Баъди чанд лаҳза боз як соли амалӣ шудани нақшаву иқдомҳои созанда ҷиҳати ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони соҳибистиқлол бо хотироти неки худ ба поён расида, Соли нави мелодии  2014 фаро мерасад.

Бинобар ин, ҳамаи ҳамватанони азизамонро ба муносибати фаро расидани Соли нави мелодии 2014 самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадон осоишу хушбахтӣ, файзу баракат ва ба ҳар як фарди Ватан дар ҷодаи татбиқи иқдому ташаббусҳои нави созанда ҷиҳати рушди минбаъдаи кишвари маҳбубамон барору комёбӣ орзу менамоям.

Соли рафтаистода барои мардуми тоҷик, воқеан ҳам, чун соли вусъати бесобиқаи корҳои ободониву созанда ва иқдому ташаббусҳои ватандӯстона ба ҳисоб меравад. Зеро сокинони мамлакати мо дар ҳамаи самтҳои ҳаёти кишвар софдилонаву содиқона заҳмат кашиданд ва имрӯз мо метавонем дилпурона изҳор намоем, ки сарзамини мо нисбат ба солҳои пешин ободтар ва зиндагии мардумамон хеле беҳтару осуда гардидааст.

Соли сипаришаванда ҳамчунин дар ҳаёти сиёсиву иҷтимоии  кишварамон бо баргузории интихоботи Президенти мамлакат хотирмон аст. Зеро ин чорабинии муҳим боз як нишонаи фарҳанги баланди сиёсии  мардуми Тоҷикистон, рамзи таҳкими суботу оромӣ, ваҳдати миллӣ ва болоравии эҳсоси ватандӯстиву худшиносии сокинони мамлакат гардид.

Мехоҳам махсус хотирнишон созам, ки маҳз аз баракати сулҳу суботи комил, ваҳдату сарҷамъии миллат ва талошу заҳмати пайгиронаи мардуми кишвар дар соли 2013 нишондиҳандаҳои иқтисодии мамлакат дар муқоиса бо солҳои қаблӣ афзуда, раванди татбиқи ҳадафҳои миллӣ ва иҷрои стратегияву барномаҳои давлатӣ густариши тоза пайдо кард, рушди устувори ҳамаи соҳаҳои иқтисоди миллӣ таъмин гардид ва дар натиҷаи мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани садҳо корхонаву коргоҳҳои истеҳсолӣ даҳҳо ҳазор ҷойҳои нави корӣ муҳайё карда шуданд.

Ба истифода супорида шудани нақби «Хатлон» ва садҳо километр роҳҳои мошингарди маҳалливу байналмилалӣ оғози татбиқи чандин лоиҳаҳои нави муштарак дар самти таҳкими дастоварди муҳимтарини мо дар солҳои охир, яъне аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ бахшидани  кишвар такони ҷиддӣ бахшид.

Дар баробари таъмин гардидани рушди устувори иқтисодӣ бунёди инфрасохтори соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла сохтмони муассисаҳои таълимиву тандурустӣ ва фарҳангиву варзишӣ ҳамчун масъалаи аввалиндараҷа вусъат пайдо карда, доир ба ҳалли бисёр масъалаҳои ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла музди меҳнат, нафақаву стипендия ва дигар пардохтҳои иҷтимоӣ чораҳои муассир амалӣ гардиданд.

Ҳукумати мамлакат бо мақсади дастгирии ҳамаҷонибаи насли ҷавону ояндасози кишвар Консепсияи «Рӯй овардан ба ҷавонон»-ро роҳандозӣ намуд, ки иқдоми мазкур омили муҳими ҷалби ҳар чӣ бештари ҷавонон ба умури идораи давлат ва баланд бардоштани нуфузу эътибори онҳо дар ҷомеа ба шумор меравад.

Дар марҳилаи кунунии рушди миллӣ фароҳам овардани шароит барои таъмини зиндагии шоиста ба ҳар як шаҳрванди кишвар ҳадафи асосии давлат ва Ҳукумати кишвар мебошад ва барои расидан ба ин ҳадаф мо тамоми захираву имкониятҳои мавҷударо сафарбар кардаем.

Мо ҳамаи саъю талоши худро ба он равона месозем, ки дар соли 2014 низ тамоюли рушди иқтисоди миллӣ таъмин карда шуда, масъалаи таъмини уҳдадориҳои давлат оид ба ҳифзи иҷтимоӣ ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ҳамчун вазифаи аввалиндараҷа иҷро карда шавад.

Илова бар ин, дастгирии соҳибкории хурду миёна, дар навбати аввал соҳибкории истеҳсолӣ ва ташаббусҳои созандаи соҳибкорон ҳамчун самти муҳими ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ идома дода мешавад.

Итминон дорам, ки дар ин раванд соҳибкорони бонангу номуси мо дар самти ташкили корхонаҳои нав, таъсиси ҷойҳои кории иловагӣ ва таҳкими имкониятҳои иқтисодии мамлакат иқдомоти ватандӯстона хоҳанд кард.

Бояд гуфт, ки равандҳои ҷаҳонишавии проблемаҳои башарӣ ва шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ба Тоҷикистон ҳамчун узви комилҳуқуқи ҷомеаи башарӣ бетаъсир буда наметавонанд ва ин равандҳои мураккаб моро водор месозанд, ки бо дарназардошти масъалаҳои рушду инкишофи давлатдории миллӣ дар самти ҳифзи дастовардҳои истиқлолият, таъмини амнияти милливу давлатӣ, тақвияти фазои осоиштаи кишвар ва таҳкими ваҳдати миллӣ мунтазам чораҷӯйӣ кунем.

Шубҳае нест, ки мардуми шарифи кишвар ва ҳар як фарди бонангу номуси Ватан дар соли омадаистода низ ба хотири татбиқи барномаҳои стратегии миллиамон ва нақшаву ниятҳои неку созандаамон азму талоши ватандӯстонаи худро бештар намуда, барои боз ҳам афзун гардонидани иқтидори иқтисодии давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон, баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ ва дар арсаи байналмилалӣ боло рафтани нуфузу обруйи Тоҷикистони озоду соҳибихтиёрамон заҳмату кӯшиши ободгаронаи худро дучанд хоҳанд кард.

Аз оғози Соли нави мелодӣ хонандагони ҳамаи муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ба таътили якмоҳа мебароянд.

Ман ба кулли падару модарони арҷманд муроҷиат менамоям, ки дар ин давра ба масъалаи истироҳату фароғат, инчунин тарбияву худомӯзии фарзандони худ эътибори ҷиддӣ зоҳир намоянд.

Шогирдони синфҳои болоӣ — хатмкунандагон ин фурсатро бояд барои омодагӣ ба имтиҳоноти дохилшавӣ ба мактабҳои олӣ, ки имсол бо тартиби нав    доир мегардад, истифода кунанд.

Мо барои тарбияи кадрҳои ояндасози кишварамон тамоми шароити заруриро муҳайё карда, доир ба интихоби ҷавонони дар ҳақиқат донишманду ояндадор ҳамаи чораҳои дахлдорро андешида истодаем.

Бо умеди амалӣ гардидани ниятҳои некамон барои фардои осудаву обод бори дигар тамоми сокинони Тоҷикистон ва кулли ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии Соли нави мелодии 2014 табрик гуфта,  ба хонадони ҳар як фарди Ватан сулҳу оромӣ, бахту иқболи нек, рӯзгори босаодат ва дастурхони пурфайзу баракат орзу менамоям.

Соли нави мелодӣ муборак бошад, ҳамватанони азиз!