Паёмҳои Пешвои миллат — таҳрикбахши рушди соҳибкорӣ

№10 (4593) 06.01.2023

52581285814_7fa1e9d7e0_oПрезиденти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамасола дар Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии кишвар ба соҳаи соҳибкорӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда, барои рушду инкишофи он, ҷорӣ кардани сабукиву имтиёзҳо ба соҳибкорон ва ҳавасмандгардониву дастгирии онҳо мақомоти дахлдори давлатӣ вазифадор мегарданд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, аз ҷумла, дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат 16-уми апрели соли 2005 тазаккур доданд, ки «… афзоиши даромади буҷети давлатӣ набояд бо роҳи зиёд кардани гаронии андоз ба иқтисодиёт, балки аз ҳисоби вусъат додани заминаи андозбандӣ ва фароҳам овардани шароити мусоид барои рушди соҳибкории хусусӣ, махсусан, соҳибкории хурду миёна, маҳдуд намудани доираи фаъолияти иқтисоди пинҳонӣ, беҳтар ба роҳ мондани баҳисобгирии андозсупорандагон ва объект­ҳои андозбандӣ, анҷом дода шавад».

Паёми Президенти Ҷyмҳypии Тоҷикис­тон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 15-уми апрели соли 2009 дар шароите пешниҳод гардид, ки саросари ҷаҳонро буҳрони шадиди молиявию иқтисодӣ фаро гирифта буд. Сарвари давлат ба хотири нигоҳ доштани рушди устувори иқтисодиву иҷтимоии мамлакат доир ба вазъи иқтисоди кишвар, роҳҳои то ҳадди имкон кам кардани таъсири манфии буҳрони ҷаҳонии молиявию иқтисодӣ изҳори андеша карданд. Дар чунин вазъият Ҳукумати мамлакат муваззаф гардид, ки масъалаи аз нав дида баромадани захираҳои моддиву молиявиро бо мақсади ба соҳаҳои афзалиятнок равона сохтани онҳо баррасӣ карда, оид ба ворид намудани тағйироти дахлдор ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» пешниҳоди мушаххас манзур намояд. Ба Ҳукумати мамлакат низ супориш дода шуд, ки оид ба кам кардани меъёри андоз аз арзиши иловашуда аз 20 то ба 18 фоиз, андоз аз фоида аз 25 то ба 15 фоиз ва бартараф кардани дигар монеаҳо доир ба андозбандӣ санадҳои меъёрии ҳуқуқии дахлдорро таҳия ва пешниҳод намояд.

Дар Паёми Президенти Ҷyмҳypии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 20-уми апрели соли 2011  оид ба идома додани ислоҳот дар бахши андоз вобаста ба ҳар чӣ сода кардани низоми андозбандӣ ва кам кардани шумораи андозҳо тавассути муносиб сохтани миқдори умумии онҳо ишора гардид ва ба Ҳукумати кишвар супориш дода шуд, ки то нимсолаи дуюми соли 2012 лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар таҳрири нав таҳия намуда, ба муҳокимаи он доираи васеи мутахассисону коршиносон, соҳибкорон ва дигар андоз­супорандагонро ҷалб намояд.

Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми мазкур мужда доданд, ки бо мақсади таъмини рушди минбаъдаи соҳибкорӣ дар истеҳсолот бо назардошти ҷалб намудани техника ва технологияи муосир ва тадриҷан афзун кардани истеҳсоли маҳсулот дар дохили мамлакат барои ҳама гуна тафтишу санҷиши фаъолияти соҳибкороне, ки корхонаҳои нави истеҳсоли молу маҳсулот таъсис медиҳанд, дар муддати се соли аввал мораторий эълон карда мешавад. Инчунин, ба вазорату идораҳои дахлдор супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳамкории давлат ва бахши хусусӣ»-ро таҳия карда, ба баррасии Ҳукумати мамлакат пешниҳод намоянд.

Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии кишвар аз 20-уми апрели соли 2012 бори дигар ба бахши соҳибкорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир карда шуд. Аз ҷумла, бо мақсади рушди минбаъдаи соҳибкорӣ ва такмили қонунгузории соҳа ба Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ супориш дода шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимоя ва дастгирии давлатии соҳибкорӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия ва пешниҳод намояд. Инчунин, ҷиҳати ба шароити муосири танзими фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ мутобиқ гардонидани қонунгузорӣ, аз қабили кам кардани шумораи мақомоти назоративу санҷишҳо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ муваззаф шуд, ки якҷоя бо вазорату идораҳои дахлдор Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санҷиши фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ»-ро дар таҳрири нав таҳия карда, ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.

Роҳбари мамлакат дар Паёмашон, ки 20-уми апрели соли 2012 ироа гардид, бо мақсади дастгирии мол­истеҳсолкунандагон ва зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти дохилӣ пешниҳод намуданд, ки «дар лоиҳаи Кодекси андоз номгӯи андозҳо то 50 фоиз кам карда, аз ҷумла андоз аз фурӯши чакана, пурра ихтисор ва воридоти тамоми номгӯи таҷҳизоти технологии ҳозиразамон аз ҳамаи намудҳои андоз ва пардохти гумрукӣ озод карда шавад».

Мавриди ёдоварист, ки дар асоси дастуру супоришҳо ва талаботи Паёмҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии мамлакат аз 20-уми апрели соли 2011 ва 20-уми апрели соли 2012 Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон (17-уми сентябри соли 2012) қабул гардид.

Пешвои миллат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 22-юми декабри соли 2017 аз санҷишҳои беасосу такрории субъектҳои соҳибкорӣ ибрози нигаронӣ карда гуфтанд, ки «мутобиқи қонунҳои амалкунанда айни ҳол фаъолияти субъектҳои хоҷагидорро 78 мақоми санҷишу назорат ва иҷозатдиҳандаву иҷозатномадиҳанда, инчунин, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ мавриди санҷиш қарор медиҳанд. Бо сабаби он ки санҷишҳо асосан нисбат ба шахсони ҳуқуқӣ татбиқ мегарданд, дар нуҳ моҳи соли 2017 ба ҳар як шахси ҳуқуқии фаъолияткунанда 5 санҷиш рост омадааст».

Дар ҳамон Паём Сарвари давлат пешниҳод карданд, ки «бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ, ба истиснои санҷишҳои нақшавии мақомоти андоз, Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия ва Бонки миллӣ дар давоми ду соли минбаъда мораторий эълон карда шавад».

Ҳамчунин, барои иҷрои талаботи ҳамин Паём Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» (21-уми феврали соли 2018) қабул карда мешавад. Қонуни мазкур асосҳои ҳуқуқии татбиқи мораторий ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолиро муайян намуда, тартиби татбиқи мораторийро муқаррар ва ҳуқуқу манфиатҳои қонунии шаҳрвандонро ҳифз менамояд. Мувофиқи сархати якуми моддаи 1 қонуни зикршуда: «Мораторий ба санҷишҳо — ин муваққатан боздоштани қисми муайяни ваколатҳои дар асоси қонуни мазкур ва ё дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ муқарраршудаи мақомоти ваколатдори давлатӣ вобаста ба санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ мебошад».

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар 26-уми декабри соли 2018 оид ба дастгириву рушди соҳибкорӣ, бахусус фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ ва такмили қонунгузории соҳаи мазкур, изҳори ақида карда, таъкид ба амал оварданд, ки соли 2018 бо мақсади бартараф намудани санҷишҳои беасосу такрорӣ ва фароҳам овардани фазои мусоид барои рушди соҳибкорӣ ба ҳама гуна санҷишҳои фаъолияти соҳибкорони истеҳсолӣ дар давоми ду сол мораторий эълон намудем, ки аз он қариб 2000 субъе­кти соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ бархӯрдор гардиданд.

Ҷиҳати тақвият бахшидан ба ин раванд, Президенти мамлакат зарур шумориданд, ки солҳои 2019-2020 тамоми санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ манъ гардида, муқаррароти Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мораторий ба санҷишҳои фаъо­лияти субъектҳои соҳибкорӣ дар соҳаҳои истеҳсолӣ» ба ҳамаи мақомоти санҷишу назорат ва ҳифзи ҳуқуқ, аз ҷумла Прокуратураи генералӣ, Палатаи ҳисоб, Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, Бонки миллии Тоҷикистон ва мақомоти андозу гумруки мамлакат, низ татбиқ карда шаванд.

Бо мақсади таъмини риояи дақиқи муқаррароти қонунгузорӣ дар самти мораторий Президенти мамлакат дар Паём (26-уми декабри соли 2018) ба Прокуратураи генералӣ супориш доданд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ нисбат ба масъулони мақомоти давлатие, ки ба фаъолияти соҳибкорон беасос дахолат карда, садди роҳи рушди соҳибкорӣ мешаванд, чораҳои зарурӣ андешад.

Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии минбаъдаи соҳибкорон ва ҳавасмандгардонии онҳо Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки дар кишварамон «300 рӯзи ислоҳот оид ба дастгирии соҳибкорӣ ва беҳтар намудани фазои сармоягузорӣ» амалӣ карда шавад.

Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат 26-уми декабри соли 2019 дар бораи дар таҳрири нав таҳия намудани Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон сухан карда, чунин таъкид намуданд: «Ҳадафи мо аз такмили қонунгузорӣ, ки ба дастгирӣ ва рушди бахши хусусӣ, махсусан, истеҳсоли маҳсулоти ниҳоӣ равона гардидааст, ҷорӣ намудани низоми дақиқи андозбандӣ, сода гардонидани расмиёти иҷозатдиҳиву иҷозатномадиҳӣ ва кам кардани шумораи онҳо, ба талаботи замони муосир мутобиқ намудани тартиби пешниҳоди хизматрасониҳои давлатӣ ва роҳандозии чораҳои ҳавасмандгардонӣ мебошад».

Дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии кишвар 26-уми январи соли 2021 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси сари вақт таҳия ва ба баррасии мақомоти қонунбарор пешниҳод нагардидани лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳори нигаронӣ намуда, ба роҳбарияти вазоратҳои молия, рушди иқтисод ва савдо ва дигар вазоратҳои дахлдор муроҷиат карда, таъкид сохтанд, ки ин корро бояд сари вақт иҷро ва кашолкорӣ набояд кунанд. Ин навбат Сарвари давлат дар Паёми зикршуда ба Вазорати молия супориши қатъӣ ва муҳлат доданд, ки якҷо бо дигар вазорату идораҳои дахлдор таҳияи лоиҳаи Кодекси андозро дар таҳрири нав бо назардошти сабук гардонидани пешбурди фаъолияти соҳибкорӣ, бахусус, соҳибкории истеҳсолӣ ба анҷом расонида, то моҳи марти соли 2021 ба Ҳукумати кишвар пешниҳод намояд.

Дар натиҷа, лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав дар муҳлати муқаррарнамудаи Паёми Президенти кишвар таҳия  шуда, бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ барои баррасӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар манзур карда шуд. Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии мамлакат онро баррасӣ ва қабул намуд. Кодекси зикршуда тибқи тартиби муқаррарнамудаи Конститутсияи кишвар 23-юми декабри соли 2021 аз тарафи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гардида, пас аз интишори расмӣ мавриди амал қарор дода шуд.

Сарвари давлат дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон 23-юми декабри соли 2022 низ ба масъалаи соҳибкорӣ эътибори ҷиддӣ дода, Ҳукумати кишварро муваззаф намуданд, ки ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани фазои сармоягузориву соҳибкорӣ, махсусан, сармоягузории мустақим, таъмин намудани иҷрои кафолату имтиёзҳо ва чораҳои дастгирии давлатӣ, ҳавасмандгардонӣ ва қадрдонии соҳибкорон, инчунин, рушди инфрасохтори сармоя­гузориву соҳибкорӣ тадбирҳои иловагиро роҳандозӣ намояд.

Ҳамчунин, Пешвои миллат пешниҳод карданд, ки бо мақсади идома додани ислоҳоти соҳа ва танзими муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ қонунгузории соҳа такмил дода шуда, муносибатҳои зикршуда дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим ва шумораи онҳо то 60 фоиз ихтисор карда шавад.

Вобаста ба масъалаи зикргардида лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» дар таҳрири нав таҳия гардида, бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи Ҳукумати мамлакат ба баррасии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии кишвар пешниҳод карда шуд. Яъне, дар заминаи лоиҳаи қонуни зикргардида, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ» ва «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе  намудҳои фаъолият» муттаҳид гардида, минбаъд муносибатҳои иҷозатдиҳӣ ва иҷозатномадиҳӣ дар доираи як санади меъёрии ҳуқуқӣ танзим карда мешаванд.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳар як Паём ба Маҷлиси Олии мамлакат ба масъалаи соҳибкорӣ, ки сарчашмаи фароҳам овардани ҷойҳои нави кор, беҳтар кардани шароити иқтисодиву иҷтимоии шаҳрвандони ҷумҳурӣ ва зиёд намудани ҳаҷми маҳсулоти ватанӣ мебошад, диққати махсус медиҳанд ва ба Ҳукумати кишвар, дигар мақомоту идораҳои марбута ҷиҳати дастгириву ҳавасмандгардонии соҳибкорон, рушду инкишофи соҳаи соҳибкорӣ, таъмини фаъолияти озоди соҳибкорон ва ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳояшон ва бархӯрдор намудани онҳо аз имтиёзҳо пайваста дастуру супоришҳои мақсаднок медиҳанд.

Фирӯз САЙНОЗИМЗОДА,

мушовири калони Кумитаи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

оид ба қонунгузорӣ ва ҳуқуқи инсон