Дар робита ба Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон намояндагони касбу кори гуногун зимни суҳбат бо хабарнигори рӯзнома фикру андешаҳояшонро чунин баён карданд:
Абдумаҷид Шарифов, директори генералии ҶДММ «Шоҳроҳ — 2016», номзади илмҳои иқтисодӣ, академики Академияи байналмилалии нақлиёт:
- Яке аз масъалаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид гардид, иҷрои яке аз ҳадафҳои стратегии мамлакат, яъне раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ буд. Зикр шуд, ки солҳои соҳибистиқлолӣ дар соҳаи нақлиёти кишвар 53 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи 20,3 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, беш аз 2200 километр роҳҳои дорои аҳамияти байналмилалӣ бунёд ва ба истифода дода шуданд. Ин имконият фароҳам овард, ки мавқеи Тоҷикистон дар раддабандии ҷаҳонии сифати роҳҳо, ки ҳар сол аз ҷониби таҳқиқоти байналмилалии «Ҳисоботи ҷаҳонии рақобатпазирӣ» гузаронида мешавад, дар зарфи ду соли охир 20 зина беҳтар гардида, тибқи арзёбии Форуми ҷаҳонии иқтисодӣ дар байни 141 давлати ба таҳқиқот фарогирифташуда зинаи 50-умро ишғол намуд. Пешвои миллат таъкид карданд, ки бояд солҳои наздик боз зиёда аз 1500 километр роҳҳои байналмилалиро сохта, ба истифода супорем.
Банда ҳамчун собиқадори соҳаи роҳу нақлиёт шоҳиди бунёдкориҳои беназир ҳастам ва дар бисёр иншооти соҳаи коммуникатсия фаъолият доштам. Ин соҳаи муҳиму афзалиятнок пайваста зери таваҷҷуҳи Давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Масъалаи дигари муҳим вобаста ба соҳа татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ буд. Дар робита ба он аз ҷумла зикр гардид: «Айни ҳол дар соҳаи нақлиёт татбиқи 15 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ идома дошта, соли ҷорӣ татбиқи 4 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба анҷом мерасад. Ҷиҳати сохтмону таҷдиди инфрасохтори нақлиётиву коммуникатсионӣ ва бунёди долонҳои транзитии нақлиётӣ соли равон татбиқи боз 10 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи умумии 8 миллиард сомонӣ оғоз мегардад.». Сарвари давлат таъкид карданд, ки ба бунёд, навсозӣ ва беҳтар кардани ҳолати роҳҳои дохили ҷумҳурӣ минбаъд низ бояд аҳамияти ҷиддӣ дода шавад.
Неъмат Саидов, мутахассиси дин, танзими анъана ва ҷашну маросими ҷамоати деҳоти «Гулистон»-и ноҳияи Рӯдакӣ:
- Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ин дафъа низ зимни ироаи Паёмашон дар баробари таҳлили самтҳои рушди хоҷагиии халқи мамлакат доир ба вазъи ҳозираи ҷаҳон низ ибрози назар карданд. «Вазъи тағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза ва хусусияти устувор пайдо намудани зуҳуроти хатарноки замони муосир, аз ҷумла терроризму экстремизм, қочоқи силоҳ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, киберҷиноятҳо ва дигар ҷиноятҳои фаромиллӣ, ки башариятро ба ташвиш овардаанд, моро водор месозад, ки ба масъалаҳои таъмини амнияти кишварамон диққати аввалиндараҷа диҳем», — таъкид намуданд Сарвари давлат.
Воқеан, масъалаи амнияту субот масъалаест, ки нисбат ба он бояд ҳар фарди ҷомеа андеша намояд, зеро пайравони созмонҳои террористиву экстремистӣ барои ноором сохтани вазъият дар ҷомеа ва тафриқаандозиву барангехтани низоъҳои диниву мазҳабӣ ҳамвора пайи коранд.
Бояд гуфт, дар меҳвари фаъолияти ҳаррӯзаи мо — кормандони ҷамоати деҳот масъалаи тарбияи ҷавонон ва огоҳ намудани онҳо аз макру ҳиллаи гурӯҳҳои ифротӣ қарор дорад. Гулистон яке аз деҳоти калонтарини ноҳия ба шумор меравад ва наврасону ҷавонон аксари аҳолиро ташкил медиҳанд. Онҳо, ки асосан қисми осебпазири ҷомеа маҳсуб меёбанд, бояд аз хавфу хатарҳо эмин бошанд. Ба ин мақсад тибқи нақшаи тарҳрезишуда мунтазам дар миёни қишрҳои гуногуни ҷомеа, махсусан насли наврас ва ҷавонон корҳои тарғиботӣ ва фаҳмондадиҳиро ба роҳ мондаем.
Соли сипаришуда Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба ноҳияи Рӯдакӣ ва ҳангоми суханронӣ дар ҳузури фаъолон ба масъалаи тарбияи ҷавонон низ таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир намуда, ҷиҳати тақвият додани корҳои фаҳмондадиҳӣ ва таблиғотӣ дар самти пешгирии шомилшавии онҳо ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ дастуру супориш доданд. Вобаста ба ин дар ноҳия фаъолияти гурӯҳҳои тарғиботӣ ҷоннок гардида, мунтазам бо мардум вохӯриҳо доир мегардад.
Абдурасул Сангинов, мудири шуъбаи ҷарроҳии қафаси сина ва бемориҳои шуши Муассисаи давлатии «Маркази миллии бемориҳои сил, шуш ва ҷарроҳии қафаси сина», доктори илмҳои тиб:
- Дар оғози Паёми имсола Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеш аз таҳлили вазъи иқтисодиву иҷтимоии кишвар аз он ёдовар шуданд, ки соли 2020 бинобар паҳн шудани бемории сироятии коронавирус барои сокинони сайёра, аз ҷумла Тоҷикистон яке аз солҳои аз ҳар лиҳоз вазнин буд. Воқеан, дар ҳама давлати дунё мавҷи хурӯҷи ин беморӣ буҳрони шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоиро ба вуҷуд овард.
Баъдан, зимни суханронӣ Сарвари давлат мужда расониданд: «Мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз оғози моҳи январ дар кишварамон бемории сироятии СOVID-19 аз байн рафтааст». Албатта, ин хушхабар сокинони кишварро рӯҳбаланд кард, вале, чунон ки муҳтарам Президент таъкид намуданд, ин чунин маънӣ надорад, ки мо ба саломатии худ ва атрофиёнамон бепарвоӣ зоҳир намоем, балки чун пештара бояд ҳушёр бошем, ба қоидаҳои беҳдошти шахсиву ҷамъиятӣ эътибори ҷиддӣ диҳем ва ҳамдигарро эҳтиёт кунем.
Бале, ин нуктаро бояд ҳар як шахс дуруст дарк кунад, то дар пешгирии бемориҳо ва зарар нарасонидан ба дигарон саҳмгузор бошад. Барои мо — табибон дар ҳақиқат соли 2020 вазнин ва соли имтиҳони ҷиддӣ буд. Маҳз тадбирҳои саривақтии Давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар роҳи пешгирӣ ва коҳиш додани таъсири бемории СOVID-19 ва корҳои тарғиботию фаҳмондадиҳӣ боис гардид, ки мушкилоти мавҷуда бартараф шавад.
Пешвои миллат зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии мамлакат, махсусан ба табибон барои фаъолияти хуб дар давраи пандемия изҳори миннатдорӣ карданд, ки ин ба ҳар табиби кишвар неру ва илҳоми тоза бахшид. Ин гуфтаҳо ва ғамхориҳои мунтазами Пешвои миллат моро вазифадор менамояд, ки дар оянда низ рисолати касбиро софдилона ба ҷо оварда, баҳри ҳифзи саломатии мардум камари ҳиммат бандем.
Шариф КОМИЛЗОДА, номзади илмҳои педагогӣ, дотсент:
- Дар Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат, дар радифи дигар соҳаҳои муҳими ҷомеа таваҷҷуҳи хоса ба масъалаҳои рушди илму маориф зоҳир гардид. Хусусан, ишора гардид, ки: «Мо барои беҳтар кардани сатҳу сифати таълим дар ҳамаи зинаҳои таҳсилот бояд тамоми шароити заруриро муҳайё карда, дар ин раванд масъулияти падару модар, аҳли ҷомеа ва омӯзгоронро боз ҳам баланд бардорем». Дар ин робита, Пешвои миллат омӯзиш ва татбиқи ташаббус ва таҷрибаи муфиди мактабҳои президентӣ ва литсею гимназияҳоро дар самти баланд бардоштани сатҳу сифати таълим дар муассисаҳои таълимии кишвар бисёр муҳим арзёбӣ намуда, таъкид карданд, ки «бо мақсади боз ҳам беҳтар кардани сифати таълим дар Паёми соли гузаштаи Президент ба Маҷлиси Олӣ солҳои 2020 – 2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди фанҳои риёзӣ, дақиқ ва табиӣ дар соҳаи илму маориф» эълон гардиданд ва ҷиҳати татбиқи ин ташаббус аз ҷониби Ҳукумати мамлакат нақша-чорабиниҳо барои солҳои 2020 – 2025 қабул карда шуд. Илова бар ин, зарур мешуморам, ки ба хотири боз ҳам бештар ба омӯзиши илмҳои риёзиву дақиқ ва табиӣ ҷалб кардани наврасону чавонон, олимону муҳаққиқон ва устодону омӯзгорон ҳар сол Озмуни ҷумҳуриявӣ зери унвони «Илм – фурӯғи маърифат» гузаронида шавад».
Ташкил намудани озмуни нав иқдоми наҷибест, ки бевосита ба рушди илмҳои дақиқ дар кишвар ва ҷалби наврасону ҷавонон ба он мусоидат менамояд. Ҳамчунин, дар Паём чунин таъкид шуд: «Арҷ гузоштан ба фарҳангу таърихи бостонии миллат ва омӯхтани он, инчунин, аз худ кардани мероси ҷовидонаи садҳо ва ҳазорон нафар фарзандони фарзонаи халқамон, яъне шоирону адибон ва олимону мутафаккирони барҷастаи миллат вазифаи ҳар як соҳибватан мебошад». Ин ва дигар таъкиду супоришҳои Президенти мамлакат дар самти тақвияти ҳисси худшиносиву худогоҳии миллӣ, гиромидошти арзишҳои таърихиву фарҳангӣ, беҳтар намудани сатҳу сифати дониш дар ҳама зинаи таҳсилот, тараққӣ додани соҳаҳои илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати аҳолӣ, пешгирӣ намудани терроризму экстремизм ва дигар зуҳуроти номатлуби ҷомеа, метавонанд ба ҳайси масоили мубрами замони муосир мавриди арзёбӣ қарор гиранд ва ҳамчун барномаи мукаммал барои муназзамсозии рушди соҳаҳои ҷомеа мусоидат намоянд.
Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»