шаҳри Душанбе, 24 июни соли 2017
Ҳамватанони азиз!
Ҳар сол мардуми мусулмон баъд аз адои яке аз фаризаҳои дини мубини ислом — рӯзаи моҳи шарифи Рамазон фарорасии иди саиди Фитрро бо болидарӯҳиву хушҳолии хосса ҷашн мегиранд.
Бинобар ин, куллии ҳамватанони азизро ба ин муносибат самимона табрик мегӯям ва ба хонадони ҳар яки шумо бахту саодат, сулҳу оромӣ ва хайру баракат орзу менамоям.
Қобили зикр аст, ки рамазон, яъне моҳи парҳезу тақво ва покизагию фурӯтанӣ фурсати муносибе буд, то мардуми мусулмони мо онро барои паймудани роҳи маърифати маънавӣ истифода намоянд.
Умедворам, ки ҳамаи шумо аз мафҳумҳои баланд ва инсонсози ин моҳ, аз ҷумла сабру таҳаммул, раҳму шафқат ва дигар амалҳои хайр сабақи хубе омӯхта бошед.
Имрӯз аз баракати истиқлолияти давлатӣ мардуми кишварамон дар баробари дигар ҳуқуқу озодиҳо аз озодии виҷдон ва эътиқоди динӣ низ пурра баҳравар мебошанд.
Ҳамчунин, бояд гуфт, ки илму ҳикмат, адабиёту фалсафа, сиёсату ҳуқуқ ва дигар дастовардҳои маънавии мардуми куҳанбунёди мо дар тӯли асрҳо ба такмилу густариш ёфтани арзишҳои исломӣ мусоидат намуда, онҳоро ғанӣ гардонидаанд.
Аз ин рӯ, мусулмонони кишвари мо пайравони ақидаву эътиқоди динии муътадил буда, ислом барои онҳо нишонаи имондорӣ, воситаи ғанӣ гардонидани ҷаҳони маънавӣ, тарбияи ахлоқи ҳамида ва қонеъ гардонидани ниёзҳои рӯҳонӣ мебошад.
Гузашта аз ин, ниёгони хирадманди мо бо донишу андеша ва осори ҷовидонаи худ ба тамаддуни исломӣ ва башарӣ хизматҳои шоиста кардаанд.
Мисоли равшани ин гуфтаҳо рӯзгор ва осори фарзандони фарзонаи миллати тоҷик – Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит, яъне Имоми Аъзам, Муҳаммад ибни Исмоил, яъне Имом Бухорӣ ва дигарон мебошад.
Мазҳаби ҳанафия дар таърихи тамаддун ва фарҳанги исломӣ, дар ҳифзу инкишофи фарҳанги миллӣ ва ҳаёти маънавии халқҳои мусулмон, аз ҷумла мо – тоҷикон нақши басо муассир гузоштааст.
Махсусан имрӯз, ки шинохти мероси исломии мо дар заминаи гиромидошти таълимоти Имоми Аъзам сурат мегирад, афкору андешаи ин бузургмарди таърих ба раванди худогоҳиву худшиносии миллии халқамон вусъати тоза мебахшад.
Вобаста ба ин, хотирнишон месозам, ки яке аз амалҳои неке, ки барои истиқболи шоистаи иди саиди Фитр дар миёни мардуми мо ҳукми анъана пайдо кардааст, хайру садақа кардан ба эҳтиёҷмандон мебошад.
Дар Қуръони карим инфоқ, яъне хайру садақа кардан дар тамоми ҳолатҳо – дар шабу дар рӯз, пинҳону ошкоро ва ҳини тавонгариву аснои тангдастӣ таъкид шудааст.
Аз ин рӯ, ҳар кас ба қадри тавону дороии худ дар садақа кардан кӯшиш ва ҷидду ҷаҳд ба кор мебарад, садақаи фитр медиҳад, хайрот мекунад, дар анҷом додани амалҳои хайр ва некӯкорӣ мекӯшад.
Дар китоби илоҳӣ инсони садақадиҳанда ба донае монанд карда шудааст, ки аз он ҳафт хӯша мебарояд ва ҳар хӯшаи он сад дона дорад.
Маълум мешавад, ки Худованд барои ҳар садақа ҳафтсад баробар подош медиҳад.
Ҳикмати садақа додан дар он аст, ки Офаридгор мо инсонҳоро таълим медиҳад: танҳо пайи нафси хеш набуда, дар фикри якдигар бошем, зеро инсоният танҳо дар ҳамбастагиву дастгирии ҳамдигар саодатманд хоҳад шуд.
Аз ин ҷост, ки садақаро омили осоиши рӯҳиву равонӣ ва қаноати маънавии худи садақадиҳанда гардонидааст.
Бинобар ин, бо истифода аз фурсати муносиб бори дигар ба шахсони саховатманду ҳимматбаланд муроҷиат карда, онҳоро даъват менамоям, ки дар ин рӯзи саид ва дар рӯзҳои дигар низ дасти ҳиммати худро ба ятимону маъюбон, бепарасторону эҳтиёҷмандон ва оилаҳои камбизоат дароз карда, бо чунин иқдоми ҷавонмардона сазовори аҷру подоши бештар гарданд ва ба таҳкими боз ҳам бештари дӯстиву бародарӣ дар миёни ҷомеа ва суботу оромӣ дар кишвари азизамон мусоидат намоянд.
Мардуми шарифи Тоҷикистон ҳамчун ворисони фарҳангу тамаддуни қадима ва расму оинҳои бостонӣ хуб медонанд, ки баракати зиндагӣ аз сариштакорӣ афзун мегардад.
Аз ин лиҳоз, риояи ҳатмии Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон” дар тамоми мавридҳо бояд ба одати ҳар як сокини мамлакат табдил ёбад.
Дар робита ба ин, ба кулли ҳамватанони азиз, пеш аз ҳама, модарону хоҳарони муҳтарам такроран таъкид менамоям, ки дар рӯзи ид ҳангоми оростани дастурхони идона ба исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву зиёдаравӣ роҳ надиҳанд ва фаромӯш накунанд, ки хоксориву сариштакорӣ яке аз хислатҳои беҳтарини мардуми мо буда, ба зиёд шудани хайру баракат дар ҳар хонадон мусоидат мекунад.
Маблағҳои аз маъракаву чорабиниҳои серхароҷоту нодаркор сарфашударо, пеш аз ҳама, барои бартараф кардани камбудиҳои рӯзгор, беҳтар намудани шароити зиндагӣ ва таълиму тарбияи фарзандон, ки ояндаи мо мебошанд, сарф кардан ё дасти дармондаву муҳтоҷеро гирифтан айни савоб аст.
Мову шумо аз сарчашмаҳои таърихӣ медонем, ки гузаштагони хирадмандамон, аз ҷумла пири мазҳабамон – Имоми Аъзам ҳам худашон бо чунин амалҳои хайру савоб намунаи дигарон будаанд ва ҳам барои ояндагон анҷом додани ин аъмоли наҷибро васият кардаанд.
Ҳамчунин, ёдовар мешавам, ки ба қавли бузургони гузаштаамон беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзанд тарбияти хубу писандида аст ва агар шахсе фарзандашро хуб адаб омӯзад, беҳтар аз он аст, ки миқдори моле садақа диҳад.
Хусусан, дар шароити дунёи ноорому пурҳаводиси имрӯза ба таълиму тарбияи фарзандон, илму дониш ва касбу ҳунарҳои замонавиро аз худ кардани онҳо, инчунин, аз таъсири манфии фарҳанги бегона ва ҳар гуна ҳаракату нерӯҳои ифротиву тундгаро эмин нигоҳ доштани наврасону ҷавонон вазифаи аввалиндараҷаи падару модарон, аҳли маориф, шахсони калонсолу обрӯманд, зиёиёну фаъолон ва умуман, ҳар фарди бонангу номуси ҷомеа мебошад.
Дар охир бо изҳори итминон ба ояндаи неки кишвари соҳибистиқлоламон бори дигар тамоми мардуми мусулмони Тоҷикистонро бо фарорасии иди саиди Фитр самимона табрик гуфта, ба ҳар хонадони кишвар бахту иқболи нек, хушҳоливу хушбахтӣ, рӯзгори осудаву пурсаодат ва ба Ватани маҳбубамон суботу оромӣ ва ваҳдати ҷовидонӣ орзу менамоям.
Идатон муборак бошад, ҳамватанони азиз!