Пазироии вазири мудофиаи Федератсияи Россия

№77(3378) 06.06.2015

ШойгуЧоруми июни соли 2015 Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи Федератсияи Россия Сергей Шойгуро ба ҳузур пазируфт.

Дар мулоқот масоили ҳамкории ҳарбӣ ва ҳарбию техникии Тоҷикистону Россия дар асоси санадҳои дуҷониба ва ҳам бисёрҷониба баррасӣ шуд.

Таваҷҷуҳи бештар ба авзои кунунии минтақа, хусусан шиддати вазъият дар шимоли Афғонистон ва масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо ин кишвари ҳамсоя зоҳир гардид.

Дар робита ба ин, доир ба навсозии техникии Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон, ки яке аз тасмимҳои муҳими дуҷонибаи Тоҷикистону Россия дар соҳаи ҳамкории мудофиавӣ мебошад, гуфтугӯи судманд сурат гирифт.

Ҳамзамон таъкид гардид, ки ҳамгироии ҳамоҳангшудаи сохторҳои қудратию низомии Тоҷикистон бо Пойгоҳи ҳарбии 201-уми Федератсияи Россия бояд тақвият ёбад.

Ҳамчунин доир ба омодасозии кадрҳои баландихтисоси низомии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти олии ҳарбии Россия ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳ табодули назар шуд.

www.president.tj