Дар Анҷумани бисту дуюми Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон, ки бисту шашуми августи соли ҷорӣ баргузор шуд, номзадии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба мансаби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ гардид.
Бино ба маълумоти расида, раиси Кумитаи иттифоқҳои касабаи кормандони маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Рамазон Одиназода, собиқадори иттифоқҳои касаба Муродалӣ Солеҳов ва раиси Шӯрои иттифоқҳои касабаи вилояти Суғд Шарифулло Абдуллозода дар бораи хидматҳои Пешвои миллат ёдовар шуда, саҳмашонро дар барқарорсозии ваҳдати миллӣ ва сулҳу субот, бунёдкорию созандагӣ дар мамлакат бузург арзёбӣ намуданд. Ҳамчунин, дар бораи садоқат ва муҳаббати беандозаи муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба халқу Ватан, ғамхорию меҳрубониашон нисбат ба ятиму бечорагон, бепарасторону маъюбон ва оилаҳои ҷавону ниёзманд ибрози назар карданд.
Ҳамчунин, дар анҷуман лоиҳаи «Оинномаи Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон», «Барномаи амали Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон барои солҳои 2020-2027», сохтор, мақомот, аъзои Шӯрои генералӣ, Комиссияи назоратӣ — тафтишотии Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон тасдиқ ва Файзизода Исмоил Назрӣ раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ва Назарзода Нигора Нураҳмад муовини раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон интихоб шуданд.
«Садои мардум»