Пешво ва оини давлатсозӣ

№125 (4231) 08.10.2020

ЧанобДар ташаккули ҳаёти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқии халқу миллатҳо шахсиятҳои таърихие ҳастанд, ки ном, фаъолият ва зиндагиномаи онҳо бо таърих ва сарнавишти давлатдории он халқу миллатҳо пайванди ногусастанӣ дорад. Дар таърихи давлатдории тоҷикон Эмомалӣ ­Раҳмон аз зумраи шахсиятҳоест, ки на танҳо дар ташаккул ва таҳаввули таърихи навини миллати тоҷик, ҳастии имрӯзу фардои Тоҷикистон, давлатдорӣ ва ҳуқуқи муосири кишвари соҳиб­ихтиёрамон, балки барои эҳё намудани падидаҳои неку писандида ва арзишҳои волои фарҳангии ниёгон хизматҳои барҷаста кардааст.

Доир ба корнамоӣ ва матонату қаҳрамонии ин фарзанди фарзонаи миллат бо забонҳои гуногун асарҳои алоҳидаи илмиву оммавӣ ва ёддоштиву адабӣ, инчунин, мақолаи зиёд дар воситаҳои ахбори оммаи ватанию хориҷӣ чоп шудаанд, ки аксари онҳо фаъолияти серпаҳлу ва ҷанбаҳои алоҳидаи корномаи ӯро бо диди нав дар бар гирифтаанд. Вале нафаре, ки сарнавишти миллати тоҷикро медонад, дар паҳлуи ин шахсияти худодод фаъолият мекунад, заҳмати шабонарӯзӣ ва созандаи ӯро мебинад, хуб эҳсос менамояд, ки нависандагони осори зикршуда, бидуни муболиға, ҳанӯз на ҳамаи воқеият ва дурнамои амалҳои ин симои таърихиро ба қалам додаву инъикос карда тавонистаанд.

Дуруст аст, ки инъикоси симои шахсе, ки халқи беш аз ҳазор сол аз саҳнаи таърихи сиёсӣ дурафтодаро аз сари нав ҳамчун миллати соҳибдавлат ба арсаи сиёсати ҷаҳонӣ ворид кардааст, халқи гирифтори гирдоби нобудиро наҷот додааст, миллатро дар кӯтоҳтарин замон аз вартаи ҷанги шаҳрвандӣ раҳонидааст, ҷон дар кафи даст душманонро ба оғӯш кашида, ҷинояткоронро афв карда, гурезаҳоро ба Ватан баргардонида, ба миллати мотамзада Ваҳдат, субот, амният оварда, ҳама дороӣ, қудрат ва сиёсатро дар хизмати инсон вогузор намуда, пояи давлатдориро аз сифр, низоми молияро аз хазинаи холии ба ғоратрафта, лашкарро бо сарфармондеҳони кироя, ҳуқуқро бо ғояҳои анъанавию миллӣ тарҳрезӣ намуда, оби наҷотбахши озодиву соҳибдавлатиро барои ташнагони беш аз ҳазорсола эҳдо, садои модари тоҷикро ҳамчун модари миллати соҳибдавлат то ба созмонҳои байналмилалӣ расонида, мардуми парешонро дар атрофи дастархони миллат муттаҳид карда, дар харитаи сиёсии ҷаҳон давлатеро бо номи Тоҷикистон сабт намудааст, кори саҳл нест. Зеро инъикоси симо ва корномаи шахсе, ки халқи солҳо зимоми давлатдориро аз даст дода буд, дубора сари қудрат овард, соҳиби давлат кард ва ба халқи ноумед умед оварда, ба ҷои кинаву адоват ваҳдату дӯстиро ҳокими сарзамин намудааст, аз ҳар шахси эҷодкор дидгоҳи васеи назариву амалиро тақозо мекунад.

Аз ин рӯ, мисли дигар нависандагон инъикоси комили ин симоро ба дӯш нахоҳем гирифт, зеро тасвири ҳамаҷонибаи корнамоии шахсиятҳои таърихӣ кори як шахс ва ҳатто як даврони таърихӣ нест. Бузургон дуруст гуфтаанд, ки нобиғаҳо дар як замон зиндагӣ мекунанд, вале рӯҳ ва ғояашон таърихи ояндаро комил месозад.

Мо-вакилон ҳамчун фарзандони ин халқ, бидуни ҳеҷ як тамаллуқ мехоҳем мунсифона чанд воқеиятеро аз оини давлатсозии Эмомалӣ Раҳмон, ки воқеан поягузори давлатдории муосири тоҷикон мебошанд, инъикос намоем.

Сайри таърихӣ

Миллати тоҷик дар ҳошияи давлати фурӯрафтаи шӯравӣ имкон пайдо намуд, ки дар сарҳади бархӯрди режимҳои исломию дунявӣ, дар ҳавзаи муноқишаи манфиатҳои миллии таърихию замонавӣ, дар майдони муборизаҳои мазҳабию ақидавии бо сиёсат ва мустақилиятхоҳӣ махлутгардида истиқлолиятро эълон намояд. Он дар замоне эълон шуд, ки аллакай дар майдони бозсозию озодандешии горбачёвӣ тафаккури гурӯҳи муайяни одамон аз ҷониби гурӯҳҳои хориҷӣ бо ғаразу ҳадафҳои дур аз манфиати мардум заҳролуд шуда буданд. Дигар ин ки мардуми пасошӯравӣ, ки имкони фарохи давлатдорию фарҳангбарқароркуниро надида буданд, параха ва рукнҳои аслияти миллиро хеле фарох ҷустуҷӯ мекарданд, ки гоҳо на сарҳади фарҳанги миллиро, ҳатто манфиатҳои миллатро убур карда, тафаккури миллиро низ ба заҳролудшавӣ мебурданд. Ҳақ ба ҷониби Н. Макиавеллӣ буд, ки гуфтааст: «Барои мардуми (бо ахлоқи ғайр, низоми бегона ва дигар ғаразҳо) вайроншудае, ки озодиро ба даст овардааст, хеле душвор аст, ки озод бимонад». Ҳамин тавр, шароити таърихӣ имкони эълони истиқлолиятро дар танг­нои замона фароҳам оварда, ҳифзу ҳимояи онро ба сахтӣ, муборизаҳои хунин ва қурбониҳои беҳад рӯ ба рӯ сохт.

Гурӯҳҳои муайян зери таъсири хоҷагони хориҷӣ ва манфиати кишварҳои алоҳида мардуми ташнаи озодӣ ва давлатдориро ба муноқишаи дохилӣ ва баъдан ба ҷанги шаҳрвандӣ гирифтор карданд. Ба Тоҷикистон хунрезӣ, мотам, бераҳмӣ, ғоратгарӣ чун шабаҳи адӯ ворид гардид ва беш аз миллион нафар беватану даҳҳо ҳазор нафар қурбон шуд, ба иқтисодиёти давлат зиёда аз даҳ миллиард доллари амрикоӣ зарар ворид гардид, рушди ҳаёти иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва сиёсӣ 40-50 сол ба қафо афтод. Вазъият аз идора берун рафт ва мақомоти марказии идораи давлатӣ фалаҷ шуд. Қудрат ба дасти яроқдорон ва лашкариёни ғайрикасбӣ гузашт, таҷрибадорону роҳбарони замон аз уҳдаи идораи давлат набаромаданд. Фиғони модари тоҷик ба само печид ва муноқишаҳои бародаркушӣ вирди забони воситаҳои ахбори оммаи ҷаҳон гардид.

Иҷлосия ва интихоби таърихӣ

Иҷлосияи таърихиву тақдирсози ХУ1 Шӯрои Олӣ дар пойтахти давлат не, дар шаҳри Хуҷанд даъват шуд. Имтиҳони таърихӣ дар назди вакилони Шӯрои Олӣ масъалаи наҷоти миллат ва давлатро дар интихоби дурусти Роҳбари нав гузошт.

Вакилон ҷавони ҳақиқатгӯ ва адлгаро Эмомалӣ Раҳмонро интихоб карданд ва иштибоҳ накарданд. Замона бо гузашти ҳодисот, вақт бо муборизаҳои бешумор, таърих бо амалҳои зиёди сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва ҳуқуқӣ собит сохт, ки интихоб саривақтӣ, таърихӣ ва дуруст буд. Тоҷикис­тон 29-ум солгарди Истиқлолиятро паси сар кард. Дар ин муддат кори зиёд ба сомон расид. Вале оё метавон, ки аз роҳи тайкарда хулоса набаровард ва барои фардо андеша наронд? Албатта, не. Дар қатори таҳлилу баррасӣ ва ислоҳи камбуду норасоиҳо, таҷриба собит менамояд, ки нақши қадршиносию шукргузории неъматҳо дар рушди давлатдорӣ, эҳтироми рамзҳои давлатӣ ва қаҳрамонони миллат воситаи муассири рушд ва низоми давлатдорӣ дар ҳама давру замон аст.

Гузашта аз ин, таҷрибаи давлатдории давлатҳои муосири миллӣ, ки таърихи зиёда аз 200-сола доранд, собит менамояд, ки нуктаи ибтидоӣ ва марказии рушди онҳо аз шинохти бунёдгузорон, эътирофи мақомашон ҳамчун падарону асосгузорон ва минбаъд муттаҳид намудани миллат ва наслҳои оянда дар атрофи ғояҳои тарҳрезикарда маҳсуб мешавад. Мо-тоҷикон хеле дертар ба неъмати истиқлол расидем, вале имкон дорем, ки таҷрибаи кишварҳои пешрафтаро бамавқеъ истифода намоем.

Роҷеъ ба он ки муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои давлати муосири тоҷикон нақши бунёдгузориро дорад, хизматҳои наҷотдиҳанда ва созандаи ӯ дар соҳаи сиё­сати давлатӣ, тарҳрезии низоми ҳуқуқӣ, шаклгирию рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ, таҳияи низоми адолати иҷтимоӣ, ҳифз ва рушди фарҳанги пурғановат ва дигар ҷанбаҳо барои гӯши шунавою чашми бино далолати иловагиро талаб надорад, тасмим гирифтем ба чанд нуктаи бебаҳси ин сиёсат, ки далолат ба бунёдгузории давлати муосири моро ба ин шахсият мансуб медонанд, рӯшанӣ андозем.

Ҳафт амали таърихии Пешво дар бунёди давлати миллӣ

 1. Таъсиси низоми идоракунӣ ва ҳокимияти давлатӣ.

Назди Роҳбари ҷавон вазифаҳои бениҳоят мушкил ва тақдирсоз қарор доштанд. Аввалин ва асоситарин вазифа тарҳрезии низоми идораи давлат ва бунёди механизми танзими муносибатҳои иҷтимоӣ — ташкили низоми дурусти идораи давлат, таъсиси мақомоти марказӣ ва маҳаллии низоми идора, мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҳимояткунандаи шаҳрвандон, таҳияи низоми судӣ, яъне бунёди механизми мукаммали идораи давлат, ки тавонад халқро аз балои пешомада халос намояд, маҳсуб меёфт. Яъне, идораи давлатро бунёд кардан лозим буд, то ин ки низоми идораро аз ҷангиён гирифта, ҷангро хотима бахшида, мардумро ба ваҳдат ва ҳамдигарфаҳмӣ расонад. Аз панҷ гурӯҳи асноди меъёрии ҳуқуқие, ки Шӯрои Олӣ қабул кард, ду гурӯҳи аввал ба барқарорсозии фаъолияти мақомоти давлатӣ, гурӯҳи сеюм барои хотима бахшидан ба ҷанги шаҳрвандӣ, гурӯҳи чорум барои ҳифзи Истиқлолияти давлатӣ ва ҳуқуқу озодиҳои инсон ва гурӯҳи панҷум ба самти муносибатҳои байналмилалӣ бахшида шуданд.

Гурӯҳи аввали санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ба ташкили фаъолияти Шӯрои Олӣ, эҳёи фаъолияти қонунии он ва гурӯҳи дуюм ба такмили низоми идораи ҳокимияти давлатӣ, иҷроия ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ нигаронида шуд. Дар иҷлосия қарорҳои Шӯрои Олӣ доир ба ҳайати роҳбарию ташкилии Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, кумитаҳо ва комиссияҳои доимии Шӯрои Олӣ, изҳороти Девони вазирони Ҷумҳурии Тоҷикистон қабул ва ҳайати нави он тасдиқ гардид. Қадамҳои нахустини мақомоти намояндагӣ бо Роҳбари ҷавон вобаста ба шароит дуруст бардошта шуданд.

Дар Иҷлосияи ХVI Шӯрои Олӣ қабул шудани қонунҳо «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи тасдиқи Низомномаи Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» гувоҳи он буд, ки ташаккули давлати мустақили Тоҷикистон баъд аз эълони Эъломияи соҳибихтиёрӣ аз 24 августи соли 1990 ва Эъломияи Истиқлолияти давлатӣ аз 9 сентябри соли 1991 ҳанӯз идома дошт. Ин раванд на танҳо аз назари қонунӣ ба итмом нарасида буд, балки давлат то ҳанӯз рамз ва аломатҳои муҳими қонунии ифодакунанда надошта, кишвар ба ин ҳама таҳти роҳбарию ҳидоятҳои бевоситаи Эмомалӣ Раҳмон соҳиб гардид.

Масъалаҳое, ки Роҳбари давлат 28 сол муқаддам дар ҳалли онҳо иқдом намуд, воқеан масъалаҳои бунёдии давлатдорӣ буданд: «таъсис додани Артиши миллӣ, пурзӯр кардани дифои сарҳади давлатии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон, ворид шудани ҷумҳурӣ ба ҷомеаи ҷаҳонӣ, барқарор кардани муносибатҳои дипломатӣ бо мамлакатҳое, ки мехоҳанд бо Тоҷикистон дар асоси баробарҳуқуқӣ ва муносибатҳои фоидаовари тарафайн ҳамкорӣ кунанд.» (аз Муроҷиатномаи Пешвои миллат, 12 декабри соли 1992). Дарвоқеъ, ҳамин Муроҷиатномаи нахустин барномаи мушаххаси бунёди давлати комилан муосири миллӣ ва демок­ратӣ буд, ки паси ҳар сатри он воқеаҳо, ҳодисаҳо, пешравиҳо, масрафҳои моддию маънавӣ ва ислоҳоти азим истода буданд.

Баъдан, ислоҳоти низоми идора таҳти се ислоҳоти конститутсионӣ (солҳои 1999, 2003, 2016 ) се давраи мукаммалро паси сар кард ва дар кишвар институти президентии комилан халқӣ, парлумони касбӣ, Ҳукумати ҷавобгӯи талаботи байналмилалӣ, ҳокимияти судии мустақил, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, интихоботи шаффофи Президент, парлумон ва маҷлисҳои маҳаллии вакилони халқ, институти ҳуқуқи инсон – ваколатдор, дарёфти расмии Пешвои миллат, давра ба давра заминаҳои ҳуқуқӣ пайдо карда, Тоҷикистонро ҳамчун давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунёвӣ тӯли 29 сол ба сафи давлатҳои миллии муосир ҳамроҳ намуд.

31 декабри соли 1992, баъд аз якуним моҳи роҳбарӣ, Раиси Шӯрои Олӣ халқи Тоҷикистонро огоҳ ва ором кард, ки: «Роҳбарияти ҳозираи ҷумҳурӣ барои таҳкими ташкилотҳои ҳозираи ҷумҳурӣ, созмонҳои ҳаётан муҳим ҷидду ҷаҳди зиёд карда истодааст. Ҳоло дар ҳамаи шаҳру ноҳияҳо коркунони Кумитаи давлатии амнияти миллӣ ва милиса аз нав созмон меёбанд ва онҳо бо аслиҳа ва муҳимоти ҳарбӣ таъмин мегарданд. Садҳо ҷавонони ватандӯст ба кори ин мақомот сафарбар шуданд.». (Табрики солинавӣ, 31 декабри соли 1992). Яъне, дар он рӯзҳое, ки ­Эмомалӣ Раҳмон ба сари қудрат омад, ягон сохтори мақомоти марказӣ дар маҳалҳо фаъолият намекард, бенизомӣ, бетартибӣ ва ғоратгарӣ ҳукмфармо буд. Алҳол дар Тоҷикистон Вазорати мудофиа, Қӯшунҳои сарҳадӣ, армияи чандҳазорнафараи милитсия ва дигар мақомоти низомӣ фаъолият менамоянд.

Муҳимтарин далелҳои бунёди низоми идора ва ҳокимияти давлатӣ, ки бо номи Асосгузори давлати тоҷикон вобастагӣ дорад, дар ин нуктаҳо нуҳуфтаанд:

- ӯ дар ҷойи холӣ ва низоми фалаҷёфта мақомоти давлатиро таъсис дода, низоми идораи кишварро роҳандозӣ намуд;

- маҳз таҳти роҳбарии ӯ низоми идораи давлат зина ба зина ба ислоҳот фаро гирифта, ташкили идораи давлатӣ комилан дигар шуд;

- низоми идораи имрӯза на танҳо аз замони шӯравӣ, балки аз рӯзҳое, ки ӯ ба сари қудрат омад ва дар ибтидо онро ташкил кард, фарқ мекунад. Ин гувоҳи он аст, ки бунёдгузори давлати миллӣ на танҳо бунёди давлатро гузошт, балки онро дар масири истиқлолият рушд дода, то сатҳи давлати муосири ҷаҳонӣ расонид;

- ӯ дар баробари низоми идора, фаъолияти қӯшун, сарҳад ва низоми амниятиро таъсис дод;

- мақомоти ҳифзи ҳуқуқро таъсис дода, ҳимояи ҳуқуқи инсон, мавҷудияти шаклҳои гуногуни моликиятро кафолат дод ва таъмин кард;

- заминаи ҳуқуқии таҷзияи ҳокимиятро дар ҷомеаи шаҳрвандӣ таҳия намуда, низоми мувозинаи ҳокимияти давлатиро ба манфиати инсон роҳандозӣ кард.

2. Ваҳдати миллӣ. Масъалаи муҳим ва тақдирсози ҷомеа барои ҳар роҳбаре, ки дар шароити ҷанги шаҳрвандӣ зимоми идораи кишварро ба даст мегирад, муносибати шахсӣ нисбат ба муноқиша ва хунрезиҳост. Агар ният суботи комил, оромии кишвар ва ваҳдат бошад, ӯ, албатта, ба мақсад мерасад, дар акси ҳол не. Зеро таърих собит сохтааст, ки ҷанг­ҳои шаҳрвандӣ ғолиб ва мағлуб надоранд. Дар шароите, ки садою нолаи модарон аз ҷонибҳо ба дуо баланд мешавад, даъват ба сулҳ ва оромӣ намудан қаҳрамонӣ ва матонати хосаро талаб менамуд. Вале ин роҳи ягона буд, ки бо гузаштан аз бисёр манфиатҳо ба даст меомад. Онҳое, ки созиш ва сулҳро намехостанд, дар ҳар ду ҷониб зиёд буданд. Роҳбари ҷавон ният ва иродаро дар интихоби роҳи ягонаи наҷот дар он шароит пинҳонӣ не, балки ошкоро бо сари зону нишастан назди рамзи озодии миллат — Парчами давлат бо қасами таърихӣ вазифаи муқаддас эълон намуд.

Нахустин қонунҳои қабулкардаи Иҷлосияи ХVI маҳз ба масъалаи ба ваҳдати миллӣ овардани мардуми кишвар ихтисос ёфта буданд. Қонунҳо «Дар бораи гурезагон», «Дар бораи Рӯзи сулҳ ва ризояти миллии халқи Тоҷикистон эълон кардани 26 ноябри соли 1992», бо вуҷуди он ки баъдан ба мушкил мувоҷеҳ шуданд, дар асл баёнгари сиёсати роҳбарияти нави Шӯрои Олӣ буданд, ки ба сулҳ ва ваҳдати мардум бахшида шуданд.

Эмомалӣ Раҳмон баъд аз 23 рӯзи интихоб шудан дар Муроҷиатнома ба халқи шарифи Тоҷикистон гуфт: «Бародарон ва хоҳарони азиз! Ҳамватанони муҳтарам! Ман ба ҳар яки шумо дар давраи барои Ватан хеле душвор муроҷиат карда, ба ақлу заковати шумо, ки ворисону фарзандони барӯманди тоҷик ҳастед, бовар мекунам. Ман қасам ёд мекунам, ки тамоми донишу таҷрибаамро барои дар ҳар хона ва ҳар оила барқарор шудани сулҳ равона карда, барои гул-гулшукуфии Ватани азизам садоқатмандона меҳнат мекунам. Барои ноил шудан ба ин нияти муқаддас, агар лозим шавад, ҷон нисор мекунам, чунки ман ба ояндаи неки Ватанам ва ҳаёти хушбахтонаи халқи азияткашидаам бовар дорам».

Баъд аз ин то 27 июни соли 1997, яъне то расидан ба ваҳдати миллӣ ва суханронии таърихӣ бахшида ба муносибати имзо гардидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ дар Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун Роҳбари давлат ва Пешвои миллат 80 маротиба муроҷиатнома, хитоба, суханронии расмӣ, мусоҳиба ва табрикот кардааст ва дар ҳамаи он бевосита аз ризояти миллӣ, дӯстӣ ва ваҳдат суҳбат карда, муноқишаю ҷангро маҳкум сохта, кӯшиши муттаҳид кардани миллатро пайваста думболагирӣ намудааст. Роҳбар на танҳо ба қасамаш содиқ монд, балки ҷиҳати иҷрои он пайваста кӯшиш мекард ва вазифаи муқаддасро ҳеҷ гоҳ фаромӯш наменамуд. Дар замоне ки ҳиссаи шаҳрвандон дар хориҷи кишвар буданд ва дили модари тоҷик барои фарзанду тифлону навҷавонон гум мезад, ӯ худро нороҳат ҳис мекард ва ҳамчун Роҳбари давлат то расидан ба ваҳдати миллӣ ором набуд.

Тавре маълум гашт, Пешвои миллат қадам ба қадам, ҳар лаҳза ва ҳар замон атрофи ваҳдат, сулҳу субот фикр мекард, ҳарф мезад, амал мекард ва аз худию бегона, аз рӯҳи гузаштагону Офарид­гори замину осмон талаби тинҷию оромии кишварро менамуд. Танҳо чунин шахс, чунин роҳбар қудрат дошт, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро дар муддати кӯтоҳ хомӯш созад. Танҳо ҳамин дастовардаш қодир аст, ки ба ӯ ҳамчун қаҳрамон ва наҷотбахши миллату давлат арзи эҳтиром намоем.

3. Роҳ ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона. Яке аз масъалаҳои муҳиме, ки дар он рӯзҳои мудҳиш ба тақдири ҳастии миллат ва давлати Тоҷикистон таъсири дуҷониба дошт, интихоби роҳи дурусти давлатдорӣ, тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлат буд. Маҳз ҳамин масъалаҳо санги таҳдоби муноқишаҳои сиёсии ҷанги шаҳрвандиро ташкил медоданд, вале баъдан бо рехтани хун ва сангаргирии тарафҳо ноаён зери пардаи масъалаҳои ҳарбӣ қарор гирифтанд. Аммо ин муваққатӣ буд, зеро дар шароити мусоид ба миён омадани ин масъала ногузир мегашт. Чунки барои олам, созмонҳои байналмилалӣ ва давлатҳои атроф на муноқишаҳо, балки маҳз ҳамин масъала, яъне роҳи ояндаи давлатдорӣ ҳанӯз ҳам масъалаи аввалиндараҷа буд. Аз ин рӯ, давлатҳои атроф, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва ҳатто неруҳое, ки оташи ҷанги шаҳрвандиро огоҳу ноогоҳ доман мезаданд, интизори эълони роҳи интихобкардаи Роҳбари ҷавони давлат буданд.

Интихоби роҳи дурусти таърихии рушд ба сӯи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона вазифаи тақдирсоз барои ҳар як миллати дар бунёди давлат камарбаста маҳсуб мешавад. Дуруст муайян намудани ният ва ормони халқ дар кори тарҳрезии шакли идора, низоми сиёсӣ ва сохтори давлатӣ, ки муносибати халқ бо мардуми ҷаҳон аз он мазмун мегирад, нуқтаи ибтидоии ин роҳ ба шумор мерафт. Нуқтаи ибтидоии онро низ Роҳбари ҷавон дуруст дарёб намуд. Ҳанӯз аз рӯзҳои аввали ба сари қудрат омадан Роҳбари давлат ин ҳаққи табиии халқро эҳтиром гузошта, таъкид намуд, ки «халқи Тоҷикистон худ роҳи фардои идораи давлатро муқаррар мекунад». Дар ин фикр чанд ҳикмат нуҳуфта аст. Аввал ин, ки Роҳбар ҳаққи худмуайянкунии халқро эҳтиром гузошта, аз санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ ҷонибдорӣ кард. Сониян, ҳамчун роҳбари мардумсолор иродаи шахсиро ба иродаи мардум пайваст. Ниҳоят, хишти аввали бунёди ҷомеаи шаҳрвандиро бо пешниҳоди ҳаққи худмуайянкунӣ ва худфаъолшавӣ ба халқ тарҳрезӣ кард ва дар ин самт қадам ба қадам пеш рафт.

Ӯ медонист, ки бунёди давлат ва интихоби роҳи ояндаи он дар ҷомеаи муосир бидуни заминаи ҳуқуқӣ ва таҷрибаи таърихии башарӣ ғайриимкон аст. Санги таҳдоб, заминаи ҳуқуқӣ ва шоҳроҳи бунёд ва рушди онро дар замони муосир Конститутсия ва низоми ҳуқуқии кишвар омода менамояд. Аз ин хотир, ӯ моҳи декабри соли 1993 ба мардуми шарифи Тоҷикистон муроҷиат карда гуфт: «Имрӯз вақти он расидааст, ки мо дар роҳи бунёди давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ аз сухан ба амал гузарем. Бинобар ин, ман ҳамчун Сардори давлат изҳор мекунам, ки асоси эҷоди ин навъи давлатро Сарқонуни нави ҷумҳурӣ мегузорад… Бинобар ин, ман дар андешаи онам, ки бояд Шӯрои Олӣ лоиҳаи Қонуни асосии навро баррасӣ карда, барои муҳокимаи умумихалқӣ пешниҳод намояд. Баъд аз хатми муҳокима, таҳрири ниҳоии лоиҳаи Сарқонун ва гузаронидани раъйпурсии умумӣ он қабул шавад».

Ҳамин тавр, ташаббуси Роҳбари давлат ҳамчун қадами навбатии Асосгузори давлати муосир ба омода намудан ва аз ҷониби мардуми Тоҷикистон қабул гардидани Конститутсияи кишвар буд, ки дар он бояд мақсад, маром ва ҳадафҳои сиёсии халқ ва роҳбари тозаинтихоби он инъикос мешуданд. Дар изҳорот, қабл аз ҳама, сухан дар бораи ислоҳоти ҳуқуқии давлат ва ҷомеа рафта, се нуктаи муҳими он таъкид мешавад: якум, ислоҳоти ҳуқуқиро бояд аз қабули Қонуни асосии кишвар сар кунем, дуюм, Қонуни асосиро халқ бояд қабул кунад ва меъёрҳои онро вобаста ба мақсад ва маром муқаррар намояд ва сеюм, маҳз дар Қонуни асосӣ роҳи ояндаи Тоҷикистон ба сӯи давлати ҳуқуқбунёду демократӣ ва дунявӣ муқаррар карда шавад.

Бо дастур ва ҳидояти бевоситаи Роҳбари давлат Раёсати Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 13 апрели соли 1994 лоиҳаи Конститутсияро ба баррасии умумихалқӣ баровард. Лоиҳае, ки бо мағзу устухони Роҳбари ҷавони давлат дар мубориза ва талошҳои пайвастаи ӯ пухта расида, меъёрҳои он орзую омоли чандҳазорсолаи халқро бо ниятҳои неки Пешвои миллат таҷассум мекарданд, яке аз аввалинҳо шуда, дар собиқ давлатҳои шӯравӣ аз тариқи овоздиҳии умумихалқӣ 6 ноябри соли 1994 қабул гардид. Баъдан, Конститутсияи Тоҷикистон аз ҷониби ташхисгарони хориҷӣ дар қатори панҷ Конститутсияи беҳтарини дунё эътироф шуд.

Танҳо ҳамин хизмати Роҳбари давлат арзиши онро дорад, ки ӯро чун «падар ва асосгузори» Конститутсия ва давлати муосири тоҷикон эътироф намоем.

4. Таҳияи низоми ҳуқуқи миллӣ. Тарҳрезии низоми нави ҳуқуқӣ ҳамчун таҳкурсии бинои давлати нав, заминаи рушди иқтисоди бозаргонӣ, тантанаи демократия, ҳуқуқ ва озодиҳои инсон, гуногунии моликият ва андеша аз ҷумлаи дигар корҳои созандаи Эмомалӣ Раҳмон мебошанд. Конститутсияи соли 1994 бо ислоҳоти қонститутсионӣ Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳиб­ихтиёр, демократӣ, ҳуқуқ­бунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуда, ҳамчун давлати иҷтимоӣ таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар инсон ва шароити инкишофи озодонаро ҳадафи марказӣ интихоб кард. Принсипҳои сарчашмаи ягонаи ҳокимияти давлатӣ будани халқ, гуногунандешии сиёсӣ, арзиши олӣ будани ҳуқуқу озодиҳои инсон, ҷудо будани ташкилоти динӣ аз давлат, эътирофи шаклҳои гуногуни моликият, таҷзияи ҳокимияти давлатӣ, баробарҳуқуқии инсонҳо тавассути Конститутсия ва ислоҳоти ҳуқуқӣ ба низоми ҳуқуқии кишвар ворид гардиданд. Ташаккули ҳокимияти давлатӣ дар асоси принсипи таҷзияи ҳокимияти давлатӣ ба мақомоти қонунбарор, иҷроия ва судӣ, ҷавобгарии тарафайни давлат ва шахс, арзиши олӣ эълон кардани ҳуқуқ ва озодии инсон сурат гирифта, мазмун ва муҳтавои қонунгузорӣ ва татбиқи қонунҳо, фаъолияти мақомоти давлатӣ дар паҳнои волоияти ҳуқуқ ва озодии инсон роҳандозӣ шуд. Инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯ ченаки асосӣ ва меъёри адолатноки ҳама гуна фаъолият, қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ гардид. Иқтисодиёти кишвар рӯ ба муносибатҳои комилан нав ва рушди ҳамаҷонибаи шаклҳои гуногуни моликият овард.

Ислоҳоти конститутсионӣ ва рушди низоми ҳуқуқӣ таҳти роҳбарии бунёдгузори давлати миллӣ низоми ҳуқуқии кишварро ба низоми ҳуқуқии давлати комилан мустақили миллӣ табдил дод. Он дар заминаи оилаи ҳуқуқии романию олмонӣ, бо дарназардошти анъанаи пешқадами ҳуқуқи тоисломӣ ва исломии ниёгон ва таҷрибаи пешқадами оилаи ҳуқуқи англисию амрикоӣ дар доираи манфиатҳои имрӯзу фардои давлати миллии Тоҷикис­тон ва албатта, бо ҳифзи асолат ва тозагии роҳи таърихии бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоии Тоҷикистон давра ба давра мукаммал гардид. Алҳол ин низоми мустақили ҳуқуқӣ дар асоси Конститутсияи кишвар, 17 қонуни конститутсионӣ, 22 кодекс,18 қонуни авф (2 маротиба авфи молу мулк), 29 қонуни буҷет, 17 санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷониба, 864 санади ҳуқуқии байналмилалӣ, 360 қонуни мукаммал ва зиёда аз 20 ҳазор санади зерқонунӣ қомат афрохтааст. Албатта, дар саргаҳи ташаккули таҳкурсии мустаҳками ҳуқуқии миллат ва роҳи фардои давлати ҳуқуқбунёд Роҳбари давлат Эмомалӣ ­Раҳмон қарор дошт ва дорад. Аз назари илми ҳуқуқшиносӣ ва техникаи қонунгузорӣ, ки неруи ҳуқуқии меъёрро имзои Роҳбари давлат муайян менамояд, бешак, ӯ тарҳрезикунандаи низоми ҳуқуқист. Илова бар ин, дар аксар санадҳои тақдирсоз Президенти мамлакат на фақат ҳамчун Роҳбари давлат имзо кардааст, балки дар зарурати таҳия ва қабул, беҳтар шудани мазмуну муҳтавои онҳо нақши барҷаста бозидааст. Ин ҳама гувоҳи он аст, ки ӯ ҳамчун бунёдгузори давлати нави муосири тоҷикон заминаи ҳуқуқии онро низ таҳия ва тарҳрезӣ намуда, ба ҳуқуқ хирадмандона назар карда, табиати меъёрҳои онро ба хирад, адолат ва инсоф табдил дод.

Таҳияи ҳуқуқи миллӣ бо қабули қонунҳои миллӣ яке аз дастовардҳои нодири Роҳбари давлати тоҷикон аст, ки сифати асосгузори ҳуқуқи миллиро ба ӯ мансуб медонад. Қабули нахустин қонуни миллӣ — Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» 8 июни соли 2007 дар ҷомеаи анъанавӣ кори осон набуда, заҳмати дурударози таърихиро тақозо дошт. Роҳбари давлат баъд аз сулҳу салоҳ ва рӯ овардан ба арзишҳои таърихӣ соли 1999 масъалаи мазкурро бо зиёиён ва мардуми кишвар барои андешаронӣ ба миён гузошта, пайи таҳлил ва татбиқи ислоҳоти ҳаёти иҷтимоӣ роҳҳои қонуниро ҷустуҷӯ доштанд, ки он бояд ба замони нав, ба сиёсати нав – таъмини шароити арзандаи зиндагӣ мусоидат мекард.

Масоили сулҳ, ваҳдат, якпорчагӣ ва худшиносии миллӣ, ки аз рукнҳои муҳими сиёсати Сарвари давлат буданд, мавқеи авлавиятро дар ибтидои соли 2007 ба ҳуқуқу озодиҳои инсон ва таъмини шароити арзандаи ҳар шаҳрванди Тоҷикистон вогузор кард. Сарвари ғамхори давлат мақсад ва вазифаҳои навбатии Тоҷикистонро вобаста ба даъватҳои таърихӣ амиқан дарк ва эҳсос менамуд. Ин буд, ки масъулиятро барои таъмин намудани хушбахтии мардуми Тоҷикистон дар маросими қасамёдкунӣ ба хотири нишаст дар мақоми Президентӣ бори дигар ба забон оварда, мисли сарварони содиқу вафодори таърих — Ҷамшедшоҳ, Анӯшервон, Хаммурапи, Осирис, Сезар, Исмоили Сомонӣ, Петри 1 ва дигарон бо номи ҳар фарди Тоҷикистон қасам хӯрд ва имконотро ба хотири хушбахтии ҳар сокини кишвар истифода намуд.

Пешвои халқ эҳсос кард, ки вақти ислоҳоту дигаргунӣ расидааст ва дар навбати аввал ислоҳоти иҷтимоӣ меистад, вале он бидуни ислоҳи афкор ғайриимкон буд. Ислоҳоте, ки ба ҷаҳонбинӣ таъсир ва барои беҳдошти рӯзгори мардум қадами нахустин мегузошт. Чунин ислоҳот аз даъвати воқеии зиндагии мардум, аз мушкилии барандагони расму оин ва одатҳои вазнин сар зада буд. Аз ин сабаб ислоҳот як навъ усули тарбияи маънавии мардум низ буд, ки ба онҳо дар муқобили одатҳои вазнин сарфаю сариштаро меомӯхт. Аммо чун таассубкорию тақлидкорӣ мардумро ба дом кашида, расму оинҳои нав­ро ба одатҳои нонавишта табдил дода, хислати ақидатӣ касб намуда буд, истодагарӣ ба муқобили онҳо бар дӯши илм ва дин то ҳадде вазнинӣ мекард. Ин амал дар доираи сиёсати хирадмандонаи Сарвари давлат мавриди омӯзиш қарор гирифт ва тайи бештар аз ду моҳ афкори умум доир ба ин масъала омӯхта шуд. Маълум буд, ки ин мақсад — беҳбудии ҳаёти иқтисодӣ ва иҷтимоии шаҳрвандон ба дили мардуми камбизоати Тоҷикистон роҳ ёфтааст. Аз ин хотир, дар ин робита ҳар чӣ зудтар қабули қарори дахлдор зарур буд.

Ба баррасии мардум зарурати танзими расму оин ва анъанаҳо вогузор карда шуд. Президенти мамлакат зимни суханронӣ дар вохӯрӣ бо аҳли ҷамоатчигии мамлакат оид ба танзими расму оин ва анъанаву маросими миллӣ (24 майи соли 2007) равшану возеҳ такид намуд: «Дар айни замон мо бояд як нуктаро донем, ки то расму оин ва маросимҳои милливу динии худро ба як низоми муайян надарорем ва хароҷоти беҳудаву зиёдатии мардумро аз байн набарем, бо қабулу татбиқи барномаҳои давлатӣ ва сарфи маблағҳои зиёд дар масъалаи паст кардани сатҳи камбизоатии аҳолӣ ба натиҷаҳои дилхоҳу назаррас ноил шуда наметавонем.»

Мушкили марказӣ, дарди ниҳон ва омили манфӣ дар фарҳанги миллӣ муайян шуд. Роҳи ислоҳот равшан ва табобати бемории иҷтимоӣ тавассути қонуни махсус бо усули танзими расму анъанаҳо масъалагузорӣ гардид. Мардум ба пуштибонии он изҳори назар намуданд. Қонун тавассути баррасӣ бо аҳли ҷамоатчигӣ мақбул шуморида шуда, ба Маҷлиси Олӣ пешниҳод гардид. Вақт ҳамчун довари бузург бори дигар собит сохт, ки иқдоми Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар масъалаи ба танзим даровардани ҷашну маъракаҳо тавассути қонуни миллӣ бениҳоят саривақтӣ ва амри зарурӣ буд. Ӯ на танҳо қабули қонуни миллиро масъалагузорӣ кард, балки рӯҳи қонунро ба манфиат ва хиради мардум наздик намуда, тавассути он ахлоқ ва маънавиёти мардумро боло бардошта, урфу одатро аз таассубу хурофот наҷот дода, манфиати мардумро хирадмандона тавассути меъёри ҳуқуқ ҳифз кард.

Алҳол дар ҷамъбасти 13 соли амали қонун ҳаминро гуфтан бамаврид аст, ки дар илми таърихи ҳуқуқ кам қонунеро пайдо намудан мумкин аст, ки барои мардум сабукӣ оварда бошад. Агар ташаббуси Роҳбари давлат намешуд, дар нишемангоҳи буҳронҳои иқтисодии ҷаҳонӣ вазъи баргузории маросиму маъракаҳои мардумӣ берун аз тасаввури солим мемонд.

5. Таҳкими Истиқлолияти давлатӣ. Вазифаи муҳимтарин ва асосии ҳар давлат дар шароити вазнин ва тақдирсоз, ки манфиатдорони беруна дасти халқи онро ба хун олуда кардаанд, ҳифзи Истиқлолияти давлатист. Ин ҳадафи ҳама амалиёти сиёсӣ ва ҳуқуқии Пешвои миллат дар масири давлатдории навини тоҷикон чӣ дар замони ҷанги шаҳрвандӣ ва чӣ дар замони баъди он буд. Самтҳои муҳофизати истиқлолият дар масири таърих гуногунанд. Ду роҳи эътирофшудаи он — яке маънавӣ ва дигаре ҳарбист, ки дар ҳар ду самт иқдом ва кӯшишҳои Роҳбари давлати тоҷикон калидӣ ва тақдирсоз буд. Дар роҳи маънавӣ, ки масири асосӣ маҳсуб мешавад, бедор кардани эҳсоси ватандорӣ хатти марказии равандро ташкил медод. Ӯ ҳамчун сиёсатмадори асил ин равандро бо роҳи шиносоии халқ бо фарҳанг, бо таърих, бо забон, дин ва мазҳаби аҷдодӣ оғоз, қоимиятро вобаста ба шароити таърихӣ ва анъанаҳои миллӣ таҳия ва тарҳрезӣ намуд:

а) Бо таҷлил ва ёдбуди шахсиятҳои фарҳангию маънавӣ ва асарҳои оламгири ниёгон Симпозиуми байналмилалии ҳазораи «Шоҳнома»-и Абулқосими Фирдавсӣ (5 сентябри соли 1994), ёдбуди 680-солагии Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ (сентябри 1995), 675 — солагии Хоҷа Камол (соли 1996), 1000 — солагии Носири Хисрав (2003), 1025 — умин солгарди Абӯалӣ ибни Сино (2005), 800- солагии Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ (2007), 90 — солагии мавлуди академик Бобоҷон Ғафуров (1998), 90 ва 100- солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода (2001, 2011) ва дигар чорабиниҳои фарҳангӣ халқро бо фарҳанг ва маънавиёти хеш шинос намуда, бо қадршиносии Садриддин Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров ва Мирзо Турсунзода ба унвони олии Қаҳрамони Тоҷикистон фарҳангӣ будани сиёсати давлатро расмӣ карда, манбаи маънавӣ ва фарҳангиро ҳамчун қисми таркибии сиёсати давлати миллӣ масъалагузорӣ кард;

б) Зина ба зина ҷашн гирифтани санаҳои бузурги таърихии халқу миллат: 1100 — солагии давлатдории Сомониён (1999), 2500-солагии шаҳри бостонии Истаравшан (2002), Соли бузургдошти тамаддуни Ориёӣ (2006), 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб (2006), 3000-солагии шаҳри Ҳисори Шодмон (2015) ва 5500-солагии Саразм (2020) поси хотираи шахсиятҳои бузург ва қаҳрамонони таърихӣ, ба мисли Спитамен, Деваштич, Темурмалик, эҳёи тафаккури созанда, эҷодкор ва қаҳрамононаи таърихии халқ, чопи китобҳо ва асарҳои безаволи ниёгон ба хотири устувории решаҳои таърихии миллат ва эътирофи ҳаққи табиии тоҷикон ба низоми идора ва мустақилият буд, ки на танҳо халқро ба худ шиносонид, балки ҳаққи таърихии тоҷиконро мутобиқ ба санадҳои байналмилалӣ ба давлати тозаистиқлол ҳифз намуда, манбаи назари тасарруфии дастовардҳои таърихии миллатро қавӣ намуда, пайвасти устувори меросбардории арзишҳои таърихиро ҳамчун қисми таркибии ғояи бунёди давлати муосир масъалагузорӣ намуданд;

в) мақом ва нуфузи забони тоҷикиро ҳамчун забони давлатӣ пайваста баланд бардошта, Қонуни нави забони давлатиро қабул намуда (5 октябри соли 2009), таҷлили рӯзи забони давлатиро ҳар сол роҳандозӣ карда, қоидаҳои имлои нави забони тоҷикиро ба муошират баровард (4 октябри 2011 бо Қарори Ҳукумати мамлакат) ва номи шаҳрвандону номи кӯчаҳо, деҳаҳо ва шаҳру ноҳияҳои кишварро бо исмҳои зебои таърихию абармардони миллати тоҷик иваз намуд. Дар харитаи сиёсии кишвар ва ҷаҳон Суғду Рашт, Рӯдакию Фирдавсӣ, Синову Носири Хусрав, Темурмалику Спитамен, Ҷомию Ҳамадонӣ ҳамчун марказҳои маъмурӣ — ҳудудӣ пайдо шуданд. Пули миллии «сомонӣ» бо симои шахсиятҳои таърихию фарҳангӣ муносибатҳои иқтисодӣ ва субъектҳои муносибатҳои шаҳрвандӣ ва молиро ба шинохти фарҳанг, забон ва қаҳрамонони миллат тавъам намуда, забони модариро қонунӣ гардониданд;

г) дар шароите ки бегонагон бо суиистифода аз озодиҳои давлати демократии Тоҷикистон ақида ва мазҳабҳои тундравро ба фазои андешаи динӣ ворид намуда, хостори ноороми ҷомеа буданд, ӯ ҳамчун Роҳбари ғамхор ва дифоъкори андешаи динӣ ва муҳофизи ақидаи аҷдодӣ соли 2009 — умро Соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намуда, бо чопи китобҳои мазҳабию ақидагии ниёгон мардуми мусулмони кишварро бо мазҳаби ақлгаро ва таҳаммулпазири ҳанафӣ шинос намуд. Беш аз 300 ҳазор нусха «Қуръон»-и каримро бо забони тоҷикӣ, асарҳои зиёди Имоми Аъзам, Муҳаммад Исмоили Бухорӣ, Муҳаммади Ғаззолӣ, Абуҳакими Самарқандӣ, Бурҳониддини Марғилонӣ, Носири Хусрав, Мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ, Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ва дигар мутафаккирони барҷастаи тоҷикро, ки саршори ғояҳои инсондӯстона ва ақидаи беолоиши динӣ буданд, бо дастгирии бевоситаи давлат чоп намуд. Эълони солҳои 2020 -2040 «Солҳои омӯзиш ва рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ» ба таҳияи заминаҳои илмии саноатикунонии босуръати давлат (ҳадафи чорум) роҳ кушода, озмунҳои «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» ва «Тоҷикистон — ватани азизи ман» ба тарбияи инсони солеҳ, содиқ ва ватандӯст асос гузоштанд. Бо ин ҳама эҳёгарӣ, ӯ ба саволи таърихии «Мо кистем, хотираи таърихии мо аз чӣ иборат аст ва ба куҷо рафтан мехоҳем?» ҷавоби санҷидашудаи тақдирсоз дод. Ин ҳама асосҳои ғоявии ҳифзи Истиқлолияти давлатиро дар паҳнои андешаи ҷомеа таҳия намуда, роҳи тафаккури ҷомеа ва миллатро ба сӯи худшиносии миллӣ ҳамвор гардонида, манбаъҳои назарӣ ва ғоявии муҳофизати манфиатҳои давлати муосири тоҷиконро ҳамчун сипар коркард карданд. Дар баробари ин, албатта, усулҳои моддӣ ва ҳарбии ҳифзи истиқлолиятро Эмомалӣ Раҳмон бо ташкили қӯшун, мақомоти амниятӣ ва ҳифзи ҳуқуқ давра ба давра ташаккул дод, ки инъикоси он рисолаю асарҳои азимтарро тақозо дорад.

6. Рушди демократия ва таҳкими ҳуқуқу озодиҳои инсон. Рушди демократия ва эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон дар замони нав бузургтарин дастоварди ҷомеаи инсонист, ки хатти марказии рушди халқу миллатҳоро барои даҳсолаҳои оянда ташкил дода, ченаки асосии баҳогузорӣ ва қадршиносии халқу миллатҳо дар масири таърих баромад менамояд.

Яке аз дастовардҳои бузурги Роҳбари давлат дар замони муосир таъмини фазои озоди демократӣ, мавҷудияти гуногунандешии сиёсӣ, заминаҳои ҳуқуқии рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ, эътирофи ҳуқуқу озодиҳои инсон ҳамчун арзиши олӣ ва рӯ овардан ба сиёсати таъмини шароити арзандаи зиндагӣ ба ҳар кас дар Ҷумҳурии Тоҷикистон буд. Фазои озоди демократӣ халқи тоҷикро ба ҷараёни анъанаи давлатдории пешқадами ҷаҳонӣ шомил намуда, ба ҷаҳониён муаррифӣ кард, ки миллати тоҷик қудрат дорад ва метавонад ҳастӣ ва рушди ҳаёти сиёсӣ ва иҷтимоиро мисли дигар ҷомеаҳои пешрафта дар асоси дастовардҳои навин роҳандозӣ намояд. Дар ин замина Тоҷикистон тибқи Конститутсия ва санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ интихобот ва райъдиҳии умумихалқиро дар солҳои 1994, 1999, 2000, 2003, 2005, 2006, 2010, 2013, 2015, 2016 ва 2020 баргузор намуда, дар майдони сиёсат ҳизбу ҳаракатҳои сиёсиро тибқи стандартҳои байналмилалӣ ворид сохта, плюрализми сиёсиро таъмин кард. Беш аз даҳҳо санади ҳуқуқии байналмилалии бисёрҷонибаю дуҷониба ба имзо расонида, ба узвияти чандин ташкилоти байналмилалию минтақавӣ шомил шуд. Маҳз, тавассути дастури бевоситаи Роҳбари давлат нисбат ба иҷрои ҳукми қатл дар кишвар моратория эълон шуд.

Тоҷикистон таҳти роҳбарии Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёд ҳуқуқу озодии инсонро арзиши олӣ эътироф намуда (моддаи 5 Конститутсия), ҳамоҳангии низоми ҳуқуқии кишварро ба стандартҳо ва арзишҳои байналмилалӣ эълон намуд (моддаи 10 Конститутсия). Сиёсати Роҳбари давлат ба сифати мақсад ва ҳадафи стратегӣ усули «таъмини шароити арзандаи зиндагӣ барои ҳар кас» -ро ба роҳбарӣ гирифта, бори дигар табиати иҷтимоӣ ва ҳуқуқии давлати Тоҷикистонро барои мардуми кишвар ва ҷомеаи ҷаҳонӣ дақиқ ва амиқ муаррифӣ кард. Маҳз, ҳамин сиёсати созанда, қадршинос ва адлпарвари Президент манбаъҳои маънавии эътиқод ва боварии шаҳрвандонро дар шароитҳои вазнини сиёсӣ ба давлат зиёд намуда, роҳи таърихии давлати тоҷиконро ба сӯи ҷомеаи комилан демократӣ ва шаҳрвандӣ ҳифз намуд.

7. Омили муҳим ва қисми таркибии дастоварди дигари Эмомалӣ Раҳмон, дарки дуруст ва сиёсати амиқи ҳалли масоили глобалӣ ва ҳалталаби кишвар буд. Поягузор ва наҷотбахши ҳар давлату миллатро, қабл аз ҳама, зарур аст, ки проблема ва дарди миллатро, ки пешорӯи мушкилиҳои рушди ӯ истодааст, дуруст дарк намояд.

Бинобар ин, Роҳбари давлат пас аз таҳлилҳои амиқ мушкилиҳои ҳаётан муҳим, тақдирсоз ва аввалиндараҷаро барои миллату давлат пайдо намуда, ҷиҳати ислоҳи онҳо камар бастанд.

Ӯ ҳамчун сиёсатмадори моҳир, давлатмарди барҷаста ва шахсияти фавқулода аз рӯзҳои аввали зимоми идораи давлатро ба даст гирифтан, на танҳо мушкилиҳои давравӣ ва масъалаҳои ҳалталаби рӯзмарра ва замонавии халқро сари вақт дарк карда, вобаста ба шароитҳои таърихӣ ва имкониятҳои мавҷуда дар доираи манфиатҳои миллат ва давлат онҳоро ҳал мекард, инчунин тавонист ба ҳайси Роҳбари стратег ва дурбин аз байни масъалаҳои ҳалталаб ва мушкилиҳои иҷтимоию иқисодӣ ва фарҳангию маънавӣ панҷ масъалаи тақдирсоз ва ҳаётии мардумро ошкор сохта, сиёсат ва тамоюли рушди давлатдориро ҷиҳати ҳалли онҳо равона намуда, неруи зеҳнӣ ва ҷисмонии халқро ҷиҳати рафъи онҳо муттаҳид созад: а) баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ, б) таъмини амнияти озуқаворӣ, в) таъмини истиқлолияти энергетикӣ, г) саноатикунонии босуръати мамлакат ва аз ин равоқ бузургтарин захираи табиии кишвар — обро ҳамчун мушкилии байналмилалӣ ба сарвати табиии воқеии миллат ва ҷаҳон табдил додан.

 Хулосаи 1 — Миллат ба Пешво эҳтиёҷ дошт ва дорад

 Мо дар ин навишта роҷеъ ба дигар дастовардҳои бунёдгузори давлати миллӣ, Пешвои ваҳдати миллӣ, Роҳбари маънавӣ ва сиёсии миллат Ҷаноби Олӣ, Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон, ки барои миллати муосири тоҷик, халқи Тоҷикистон, таъриху фарҳанг, илму маориф, ҳуқуқу озодиҳои инсон хизматҳои арзанда ва шоиста кардаанд, имкони ҳарф задан надорем. Зеро ҷиҳати кушодан ва арҷгузории илмии онҳо кӯшиши бештар, имкони фарохтари илмӣ ва рисолаи ҳаҷман калонтар зарур аст. Вале ҳамин ҳафт дастоварди бузурги ёдрасгардида, моро ҳамчун фарзанди миллат водор месозад, ки бо истифода аз илми таърих, бо такя ба қиёси параллели давлатдорӣ, бо масъулият дар назди илм, дар назди гузаштагон ва арвоҳи халқи азияткашидаи тоҷик, бо доштани вазифаи муқаддас назди фарзандон, бародарон ва ҳамватанон ва ба хотири гиромидошти ҳаққи ояндагони миллат чанд фик­рро нисбат ба қадршиносии чунин фарзанди фарзонаи миллат дар ченаки тарозуи адл, инсоф ва оини давлатдорӣ арза намоем. Ин навишта ва ин гуфта он миқдор ба манфиати ин шахсият нест ва ба хотири мадҳи ин симои таърихӣ низ набуда, ҳатто ба хотири интихоботи дарпешистода ҳам нест, балки саропо вобаста аст ба манфиати имрӯзу фардои миллат ва давлати Тоҷикистон, зеро ӯ ба қадршиносии мо ва эҳтироми миллат эҳтиёҷ надорад. Чунки ӯ аллакай бо хизматҳои содиқона ва ҷонфидоёна мақому мартаба дар байни мардум ва арсаи сиёсати байналмилал касб кардааст. Вале миллат, давлат ва халқи Тоҷикистон имрӯзу фардо ва дар чунин шароитҳои гирдгардони таърихӣ чун ҳар як миллати воҳид, эҳтиёҷ ба чунин симои ваҳдатпазир, содиқ, вафодор ва пешворо дошта, ба хотири дифои роҳи таърихӣ, субот ва низоми рушди бемайлон ниёзмандии комили таърихӣ ва замонавиро дорад.

 Хулосаи 2 – оид ба симо ва шахсияти Пешво

 Эмомалӣ Раҳмон, бешубҳа аз зумраи шахсиятҳо ва нухбагони сиё­сати ҷаҳонист, ки дар масъалаҳои глобалӣ ва усулии низоми идора, пешбурди ҷомеа, ҳалли масоили мубрам, таъмини субот ва рушди иқтисод тарозуи манфиатҳои миллӣ ва давлатиро тарзе мегузорад, ки нозуктарин манфиатро бо оқибатҳои наздику дураш, хурдтарин зарарро бо пасманзари иқтисодӣ ва сиёсӣ дарк ва эҳсос намуда, аз «ду хайр хайрул хайрро ва аз ду шар шаррул хайрро» бидуни дудилагӣ интихоб менамояд. Ин кори мардони одӣ нест, балки сифати қаҳрамонон ва нухбагони сиёсат ва илм аст.

Яке аз хусусиятҳои нухбагони сиёсати ҷаҳонӣ, бунёдгузорони давлатҳои миллӣ ва шахсиятҳои таърихӣ, ки назди онҳо на танҳо таърих дар марҳалаҳои муайян, балки халқу миллатҳо ва авзои суботи минтақаю кишварҳо бо урфу одатҳо, низоми ҳуқуқӣ, давлатдории бонизом бо фарҳангу маданияти ба худ хос масъулиятҳо доранд (аниқтараш, қарздоранд), дар он аст, ки онҳо тобеи як ҷаҳонбинӣ набуда, тафаккури онҳо дар паҳнои як мафкура ё усули сиёсӣ маҳдуд нест. Онҳоро наметавон бо як ҳукм либерал, демократ, ислоҳотгаро, консерватор, иҷтимоъгаро, анъанапараст ва ғайра номид. Бузургии онҳо дар он аст, ки тафаккури ҳаракаткунанда ва таҳлилгари онҳо дар ҳама ҳолати ҳаётӣ усул ва тартиби беҳтарини интихоби арзишҳоро ба манфиати миллат, давлат ва минтақаи боваркардашуда дар даст доранд.

Эмомалӣ Раҳмон аз зумраи шахсиятҳои сиёсии замони нав аст, ки ӯро наметавон бо як таҳлил озодгаро, иҷтимоъпараст, миллатгаро ё демократ номид. Ӯро дар ҳалли қазияи пешгирии оқибатҳои нобоби таҳмили фарҳанги ғайру ғарбгароии бемантиқи ҷаҳонишавӣ консерватор, дар масъалаи низоми идора ва ташаккули сохтори давлатӣ демократ, дар ҳимояи манфиатҳои мардуми кишвар аз таассуб, хурофот ва анъанаҳои замонавӣ ислоҳотгаро (реформатор), дар ҳифз ва таъмини табақаҳои ниёзманди иҷтимоӣ сотсиалист, дар коркарди асосҳои таҳдобии низоми ҳуқуқии кишвар гуманист ва татбиқи меъёрҳои қонун нормативист шинохтан мувофиқтар аст. Пас ӯ кист? Ӯ фарзанди содиқи халқ аст, ки ҳама усул ва равишҳои сиёсиро қурбони манфиати миллат ва давлат карда тавонист.

 Хулосаи 3 — мақом ва ҷойгоҳи Эмомалӣ Раҳмон дар масири таърихи тоҷикон

 Агар мо ба таърихи пурғановату қадима бо дидаи таҳқиқ ва мунсифона нигоҳ кунем, усули таҳлили параллелии амудӣ ва уфуқии таърихиро дар корнамоиҳои ин шахс ба инобат гирем, ба чунин хулоса мерасем: Агар Рӯдакӣ адабиёти порсиро поя гузошта, баъд аз араб зинда карда бошад, Исмоили Сомонӣ нахустин давлати мутамаркази халқи тоҷикро дар паҳнои анъанаи идоракунии қадимаи халқ бунёд намуда, устод Садриддин Айнӣ пас аз ҳазор соли фаромӯшӣ забон ва адабиёти ғановатманди тоҷикиро боз ба курсӣ нишонида, аллома Бобоҷон Ғафуров бо офаридани шоҳасари «Тоҷикон» нақши қаҳрамононаи халқи тоҷикро аз саҳифаҳои таърихи гумшудаю тороҷшуда ҷамъоварӣ намуда, роҳи пуршебу фарози таърихии халқро ба илми таърихи ҷаҳонӣ ворид карда бошад, Эмомалӣ Раҳмон миллатро аз марг ва давлатро аз парокандагӣ наҷот дода, кохи муҳташами сулҳи тоҷиконро эъмор кард, низоми давлатдории муосири халқро асос гузошта, қобилияти ҳуқуқии давлатдории халқро эҳё намуда, дар заминаи ин кӯшишҳо ҳаққи таърихии миллатро ба давлати мустақил эълон ва татбиқ сохта, тоҷиконро ҳамчун миллати дорои забон, фарҳанг ва таърихи қадима ба ҷаҳониён муаррифӣ ва давлати Тоҷикистонро ҳамчун давлати мустақил, дунявӣ, демократӣ ва ҳуқуқбунёд дар байни халқу миллатҳои соҳибдавлат ҳамроҳ намуда, ҷиҳати қадршиносии корҳои неку писандидаи қаҳрамонони миллат шароити мусоид фароҳам овард.

 Даъват

Мактаби сиёсии Пешво, дарси ибрати ваҳдати миллии ӯ, давлатсозию ҳадиси ватанпарастиаш сарчашмаи худогоҳӣ, худшиносӣ, ганҷинаи эҳсоси баланди миллатдӯстӣ ва эҳёгари таъриху фарҳанги пурғановати ниёгон аст;

- ба ҳар фарде, ки нисбат ба имрӯзу фардои ватан бетараф нест,

- ба ҳар шаҳрванде, ки ба тақдири кишвараш бетафовут буда наметавонад,

- ба ҳар нафаре, ки миллати хешро дӯст медорад ва онро дар маснади баланди обрӯ дидан мехоҳад

- ва ба ҳар падару модаре, ки ба чашмони фарзандону наберагон нигоҳ намуда, ояндаи онҳоро дар Тоҷикистони озод, обод ва осоиштаю рушдкарда дидан мехоҳад, эътирофи рисолати давлатсозии ӯ, қадршиносӣ аз симмати бунёдгузории ӯ барои ҳастӣ ва ояндаи давлати миллии тақдирсоз ва таърихист.

 Натиҷагирӣ

Ӯ шахсест, ки таҳти роҳбарияш назаран, илман ва амалан давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягонаи Тоҷикистон бунёд гардида, ба харитаи сиёсии ҷаҳон ворид шуд. Ба қадри ӯ расидан, номи ӯро гиромӣ доштан ва роҳи интихобкардаи ӯро ҳифз карда идома додан, эҳтиром аз роҳи таърихии муборизаи халқи тоҷик барои истиқолият буда, қадршиносӣ аз давлати миллӣ, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявии Тоҷикистон аст.

 А. Холиқзода,

Ш. Ҳакимзода,

З. Сафаров,

И. Қосимзода,

М. Шодиён,

З. Файзуллозода,

Ғ. Азиззода,

вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон