Шукргузор аз он ҳастем, ки дар давлати соҳибистиқлол, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона кор ва зиндагӣ дорем.
Мусаллам аст, ки маҳз бо талошҳои Сарвари муаззами кишвар Эмомалӣ Раҳмон миллати тоҷик ба ҳам омад ва дастовардҳои назаррас боиси он гардиданд, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ кишварамонро ҳамчун давлати демокративу ҳуқуқбунёд, дунявию ягона эътироф намояд. Сулҳу салоҳи камназири мо буд, ки Тоҷикистон ба узвияти созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ пазируфта шудааст.
Тоҷикону тоҷикистониёнро имрӯз дар ақсои олам ҳамчун мардуми хайрандешу сулҳпарвар ва маърифатдӯст шинохтаву эътироф мекунанд. Ҳамаи ин бо ғамхориву дастгирии фарзанди сарсупурдаи миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба амал омада истодаанд.
Дар Тоҷикистон пешрафтҳои сиёсиву иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ, маърифативу тарбиявӣ, пуштибонӣ аз таба-қаҳои камбизоати аҳолӣ, баланд бардоштани маърифати сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва фарҳангӣ, рушди соҳаҳои маорифу тандурустӣ, кишоварзӣ, раҳоӣ аз бунбасти ком-муникатсионӣ бо ибтикороту дастгирии фарзанди сарсупурдаи миллат, Президенти кишвар, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардиданд.
Қобили зикр аст, ки Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар водии Зарафшон ягона муассисаи таҳсилоти олии касбӣ буда, меваи истиқлолият аст. Донишкада дорои ҳафт факултет ва 28 ихтисос буда, дар он беҳтарин устодон, олимону профессорон фаъолияти илмиву амалӣ мебаранд.
Мо, ки омӯзгорем, бештар диққатамонро таваҷҷуҳи Сарвари давлат ба соҳаи маориф, илму фарҳанг ба худ ҷалб мекунад. Махсусан вохӯрии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо аҳли зиёи кишвар дар сатҳи хеле баланд гузашт.
Баргузории ин баҳамоӣ дар рӯзҳои Ҷашни Наврӯз дар Кохи навбунёди Наврӯз хеле рамзӣ аст. Яке аз масъалаҳои мубрами дар вохӯрӣ матраҳшуда масъалаи забони тоҷикӣ буд. Сарвари давлат роҷеъ ба асолати аслии забон ва таъриху фарҳанг чунин гуфт: «Забони ҳар миллат ёдгории азизест, ки решаи он аз сарчашмаи чандин наслҳои нажоди ӯ об хӯрда, мояи ифтихори худшиносии наслҳои баъдина мегардад. Забони модариро ҳамеша азизу гиромӣ ва пос доштан як рукни имон ва қарзи шаҳрвандии ҳар фарди соҳибдил ва бонангу номус аст». Мо бояд забону таърихи хешро ҳифз намоем. Бахусус, насли наврасро, ки ояндаи ҷомеа дар дасти онҳост, мебояд дар рӯҳияи хештаншиносиву меҳанпарастӣ, таҳкими сулҳу субот ва шинохти арзишҳои миллӣ, аз ҷумла гиромӣ доштани забони ноби тоҷикӣ тарбия намоем.
Дар 24 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳам ҷангро аз сар гузарониду ҳам сулҳ ба даст овард. Дар ин росто, корҳое анҷом дода шуданд, ки барои иҷрои онҳо на 24 сол, балки садсолаҳо зарур буд. Дар сафи пеш фарзанди фарзонаи миллат Эмомалӣ Раҳмон қадам мезаду қадам мезанад. Бидуни шакку шубҳа Ӯ пешво аст.
З. МАҚСУДОВ, декани факултети филологияи Донишкадаи омӯзгории Тоҷикистон дар шаҳри Панҷакент, номзади илмҳои филология