29 марти соли 2021 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Озарбойҷон Ҷайҳун Байрамовро, ки ҷиҳати иштирок дар 9-умин Конфронси вазирони кишварҳои «Қалби Осиё — Раванди Истанбул» ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот масоили муносибатҳои Тоҷикистону Озарбойҷон, аз ҷумла робитаҳои сиёсӣ, ҳамкорӣ дар соҳаҳои нақлиёт ва коммуникатсия, саноат, кишоварзӣ ва маориф мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Нақши Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ дар самти рушду густариши муносибатҳо, бахусус оид ба афзоиши ҳаҷми гардиши мол байни кишварҳо, ташкили кооператсияи саноатӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ, таҳия ва татбиқи як қатор лоиҳаҳои муштарак муҳиму назаррас арзёбӣ гардид. Рушди ҳамкорӣ дар соҳаи истеҳсоли алюминий, иктишоф, истеҳсол ва коркарди муштараки захираҳои карбогидрид дар Тоҷикистон самти дигари ҳамкории ҷонибҳо дар бахши саноат номида шуд.
Ҳамчунин, ба масъалаи ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва истифодаи босамари роҳҳои оҳан барои интиқоли молу маҳсулот таваҷҷуҳ зоҳир гардид.
Аз рушди ҳамкорӣ дар бахшҳои фарҳангӣ ва гуманитарӣ, аз ҷумла тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби тоҷик, ҷудо кардани бурсияҳо дар донишгоҳҳои олии Озарбойҷон изҳори қаноатмандӣ шуда, пешниҳод гардид, ки Рӯзҳои фарҳанги Озарбойҷон дар Тоҷикистон баргузор гардад.
Дар робита ба афзоиши сатҳи таҳдидҳо ва чолишҳо ба амнияти ҷаҳон рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ дар соҳаи амният зарур шумурда шуд.