Пешвои миллат аз сулҳу ваҳдатофарӣ…

№27 - 28 (35 07 - 3508) 02.03.2016

DSC_0994Бо дарназардошти хоҳишу дархости интихобкунандагон ва бо истифода аз ҳуқуқи ташаб­буси қонунгузорӣ аз ҷониби як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон  лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат» таҳия ва бо қарори Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 9 декаб­ри соли 2015  қабул ва 18 декабри соли гузашта аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷонибдорӣ гардид. Ба ин муносибат 27 феврали соли равон бо ташаббуси Ташкилоти ҷамъиятии байналмилалии фонди «Диалоги АвруОсиё» дар Китобхонаи миллии ҷумҳурӣ конфронси илмии ҷумҳуриявӣ таҳти унвони «Эмомалӣ Раҳмон — Пешвои миллат ва нақши таърихии ӯ дар баланд бардоштани тамаддуни моддӣ ва маънавии миллат» доир шуд.

Баъд аз садо додани Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикис­тон филми мустанад дар бораи Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон манзур гардонда шуд. Сипас, вазири фарҳанги ҷумҳурӣ Шамсиддин Орумбекзода таъкид намуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мо — тоҷиконро ҳамчун миллати соҳиби тамаддуни беназир дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ карда тавонист. Мавсуф фаъолияти давлатдории худро бо баланд бардоштани мақому манзалати фарҳанг дар ҷомеа шурӯъ кард. Ҳунару истеъдоди волои сулҳу ваҳдатофарии ӯ боиси ҳайрати ҷаҳониён ва беш аз ин, сиёсатмадорони варзидаи олам гашт ва маҳз ҳамин сифати наҷиб сабаб гардид, ки аз рӯзҳои аввали роҳбарӣ ин шахсияти арзанда аз ҷониби мардум ба ҳайси Пешвои  миллати тоҷик бидуни муҳру ҳуҷҷате шинохта шавад.

- Таҷлили даҳҳо чорабинии фарҳангӣ, симпозиуму конфронс ва намоишҳои байналмилалӣ бахшида ба таҷлили солгарди фарзандони барӯманди миллат, санаҳои бузурги фарҳангӣ, бунёди иншооти зиёди замонавии фарҳангасос, барқарорсозии ёдгориҳои таърихию фарҳангӣ, эҳёи суннат ва анъанаҳои ҳазорсолаи миллӣ, қабули санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ,  муаррифӣ ва тағрибу ташвиқи фарҳанги пурғановати миллӣ, баргузор намудани рӯзҳои фарҳангӣ дар бисёре аз давлатҳои хориҷӣ, ташкили сафарҳои ҳунарӣ барин иқдомоти дилпурона ва боҷуръатона аз рӯзҳои нахусти ба сари ҳокимият омадани Сардори давлат дар маркази таваҷҷуҳи ҳамешагии ӯ қарор доштанду доранд, — афзуд Шамсиддин Орумбекзода. — Аз ин рӯ, қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат» ҳамчун ифодакунандаи воқеияти ҷомеа, арзишҳои умумимиллӣ, манфиати давлат ва мардум мавриди истиқболи ҳама қарор гирифт.

Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ баргузории конфронсро иқдоми наҷибу саривақтӣ арзёбӣ намуда, таъкид бар он дошт, ки дар доираи ин ҳамоиши илмӣ мавриди баррасӣ қарор додани нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон ва хизматҳои шоистаи ӯ дар эъмори давлати соҳибистиқлоли Тоҷикистон амрест басо зарурӣ. Зеро он дар баробари қадршиносӣ аз заҳмату талошҳои Сардори давлат, ки имрӯз арзиши таърихӣ касб кардаанд, ҳамчунин як фурсати муносиби бардошти сабақ аз роҳи 25 – сола тайнамудаи Истиқлолияти кишвар ва мавриди назарсанҷӣ аз дастовардҳои сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии ҷумҳурӣ ба ҳисоб меравад.

- Дар замоне ки Эмомалӣ Раҳмон масъулияти сарварии кишвари дар гирдоби ҷанг ва ҳолати фурӯпошӣ қарордоштаро ба уҳда гирифт, Тоҷикистон ҳеҷ гуна заминаи иқтисодиеро барои вусъату пешбурди сиёсати хориҷии мустақилона дар ихтиёр надошт, — изҳор намуд Низомиддин Зоҳидӣ. — Ҳар он коре, ки Сардори давлат дар ин самт анҷом дод, аз нахустхишти ниҳодаи дастони худи ӯ ибтидо гирифтааст. Бо мурури вақт ва гузашти солҳо ҳақиқати он ки барои Тоҷикистон бинобар  мавқеъ доштан дар яке аз минтақаҳои мураккаби ҷаҳон, пеш гирифтани сиёсати дарҳои кушода аз дурусттарин роҳҳо дар кори таҳким бахшидани сиёсати хориҷист, исботи худро ёфт, зеро сиёсати мазкур маънои даъвату омодагии Тоҷикистонро бо мақсади ҳамкорӣ бо мамлакатҳои ҷаҳон дар асоси баробарӣ ва эҳтироми тарафайн дошту дорад. Маҳз ҳамин сиёсату роҳи дурусти интихобнамуда замина ба вуҷуд овард, ки  Тоҷикистон дар як муддати ниҳоят кӯтоҳи таърихӣ тавонист ба дастовардҳои бузург дар бисёр ҷабҳа ноил гардад. Ин аст, ки Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон яке аз пешвоёни ташаббускор ва пешоҳанг дар ҳалли масъалаҳои глобалии ҷаҳони имрӯза мебошад.

Муовини вазири адлияи ҷумҳурӣ Ҳаким Саид Мирсайзод хотирнишон кард, ки маҳз бо кӯшишу заҳматҳои бевоситаи Сардори давлат Эмомалӣ Раҳмон ҳифзи  сарҳадоти кишвари замоне заифу парешон то ба сатҳи дилхоҳ мустаҳкаму устувор гардонда шуда, сулҳу суботи кишвар барқарор ва амнияти шаҳрвандон таъмин, миллату Ватан аз хатари нобудӣ наҷот ёфт.

Раиси Суди конститутсионии ҷумҳурӣ Маҳкам Маҳмудзода баён кард, ки Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои ҳифзи ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, таъмини суботи сиёсиву ҳамгироии мардум, эҳёи дубораи арзишҳои пурғановат ва мероси маънавии ниёгони миллати тоҷик ва ташаккули инкишофи андешаҳои солими давлатдории миллӣ дар афкори ҷомеа хизматҳои беназирро анҷом додааст.

- Ҳамчун Пешвои воқеии миллат  шинохта шудан дар масири таърих ба кам шахсиятҳо муяссар гардидааст, -гуфт муовини раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати ҷумҳурӣ Ҳабибулло Амирбекзода. –Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти созандаву бунёдкорона ва маҳбубияте, ки байни мардуми кишвар дорад, хеле барвақт ҳамчун Пешвои миллат эътироф шуда буд, ки ин аз муҳаббату эҳтироми беандозаи мардуми сарзамин ба он кас гувоҳӣ медиҳад.

Директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Худобердӣ Холиқназар дар маърӯзаи худ оид ба нақши Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон маълумот дод. Ӯ таъкид намуд, ки дар ин роҳи басо душвор шуҷоату ҷасорати нотакрор доштани Эмомалӣ Раҳмон, фаросати бузурги раиятпарварӣ, ҷасорати бемисли ватанпарастӣ ва миллатдӯстиаш ҳидоят бар он карданд, ки ҷони ҷавони хешро ба гарав монда, барои таъмини Ваҳдат ва барқарории сулҳ дар Тоҷикистон сафарҳои пурхатарро анҷом диҳад.

Инчунин, муовини вазири маориф ва илми ҷумҳурӣ Латофат Назирӣ, Президенти Академияи таҳсилоти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои биологӣ — фарматсевтӣ Ғуломқодир Бобизода, ректори Донишгоҳи омӯзгории Тоҷикистон ба номи Садриддин  Айнӣ, академик Носирҷон Салимӣ, академик Мамадшо Илолов, профессор Абдуваҳҳоб Воҳидов, ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон Ашӯрбой Солеҳзода ва дигарон дар бораи саҳми Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар пешрафти илму маориф ва дигар соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат суханронӣ намуда, таъкид доштанд, ки мардуми кишвар таҳти роҳбарии сарвари хирадманди худ ба сӯи рушди устувор қадам мениҳанд.

Дар хотима иштирокчиёни конфронс пешниҳод намуданд, ки  ба манфиати кор мебуд, агар чунин чорабиниҳо дар макотиби олии мамлакат ба хотири худогоҳӣ ва тарбияи ҳар чӣ бештари насли ҷавони кишвар дар рӯҳияи баланди хизмату садоқат ба Ватан дар мисоли ҷонфидоиҳои Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон гузаронида шаванд.

 Самариддин АСОЗОДА, «Садои мардум». Суратгир Аҳлиддин Исоев