Пешвои миллат ба сохтмони иншооти Донишкадаи исломӣ санги асос гузоштанд

№67 (3861) 31.05.2018

41543960725_9871a9272d_o30 майи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кӯчаи Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе бо гузоштани санги асос ба бунёди иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикис­тон ба номи Имоми ­Аъзам-Абӯҳанифа ­Нӯъмон ибни Собит оғоз бахшиданд.

Иншооти нави Донишкадаи исломии Тоҷикистон барои 1500 донишҷӯ дар як баст пешбинӣ гардида, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат  бо харҷи 136 миллион сомонӣ дар масоҳати қариб 3 гектар бунёд карда мешавад.

Бинои асосии ин муассисаи олии таълимӣ аз 5 қисми ҳафтошёна иборат буда, лоиҳаи он ба таври замонавӣ дар доираи меъёрҳои меъморию шаҳрсозӣ таҳия шудааст.

Тибқи лоиҳа, се қисми иншоотро биноҳои таълимӣ ва маъмурӣ  ва ду қисми дигарро хобгоҳҳои замонавӣ, толори муосири варзишӣ, ошхона, маҷлисгоҳ ва китобхона ташкил медиҳад.

Зимни муаррифии лоиҳа ба Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки хобгоҳ барои 1500 нафар, ошхона бо 490 ҷой, толори варзишӣ барои тамрини 260 нафар ва маҷлисгоҳ бо 550 ҷойи нишаст сохта мешаванд. Бунёди китобхонаи анъанавӣ ва электронӣ низ ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамчунин, дар он ҷо як бинои ­дуошёна, майдончаи варзишии универсалӣ, ҷойи истироҳат бо фаввора ва айвонҳо, таваққуфгоҳ барои нақлиёт ва дигар иншооти ёрирасон бунёд мегардад.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон ба масъулони корҳои сохтмонӣ дастур доданд, ки барои бо сатҳу сифати баланд ва мувофиқ ба талаботи лоиҳа сохтани иншооти таълимию ёрирасони донишкадаи мазкур тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Ёдовар мешавем, ки иншооти мазкур дар шафати «Масҷиди калон», ки айни замон сохтмонаш идома дорад, бунёд мегардад.

www.president.tj