Тибқи номаи Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун ва Президенти Бонки Умумиҷаҳонӣ Ҷим Ёнг Ким Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба узвияти «Панели сатҳи баланди ҷаҳон роҷеъ ба об» интихоб шуд.
Хотиррасон бояд намуд, ки қарор дар бораи таъсиси панели мазкур бо ташаббуси Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва як қатор кишварҳои аъзои СММ моҳи сентябри соли 2015 дар Маҷмаи умумии СММ дар доираи 17 Ҳадафи Рушди Устувор ҳамчун идомаи талошҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ дар самти татбиқи Ҳадафҳои Рушди Ҳазорсола қабул гардида буд.
Боиси ифтихору сарфарозӣ аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ саҳму ташаббусҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро дар масъалаҳои ҷаҳонии об қадрдонӣ карда, ӯро аз байни роҳбарони 193 кишвари аъзои СММ ба панели сатҳи баланди 15 — нафара, ки ҳама роҳбарони кишварҳои ташаббускор дар масъалаҳои об мебошанд, интихоб намуд. 14 нафари дигари ба узвияти «Панели сатҳи баланди ҷаҳон роҷеъ ба об» интихобшуда роҳбарони давлатҳои Чин, Ҳиндустон, Нидерландия, Маҷористон, Мексика, Сингапур, Австралия ва дигарон мебошанд.
Узвияти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва аъзои дигари ин панел аз моҳи январи соли 2016 оғоз ёфта, ду сол идома меёбад.
Ба узвияти ин панели сатҳи баланд пазируфта шудани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон боз як далели пешсафии давлати мо ва Пешвои миллат дар ҳаллу фасли масоили ҷаҳонии об ва таҳкими эътибори байналмилалии Тоҷикистон аст.
www.president.tj