Пешвои миллат ба якчанд қонун имзо гузоштанд

№53 (4315) 22.04.2021

d20_000420 апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба қонунҳо «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон», «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи воситаҳои нашъа­дор, моддаҳои психотропӣ ва прекурсорҳо», «Дар бораи ниҳолпарварӣ», инчунин, кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо гузоштанд.

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон» мукаммал буда, асосҳои ташкиливу ҳуқуқӣ ва самтҳои фаъолиятро танзим менамоянд.

Тағйиру иловаҳои воридгардида ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», кодексҳои ҷиноятӣ ва мурофиавии ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба такмили сохтори мақомоти судӣ, беҳдошти фаъолияти он, ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои иштирокчиёни мурофиа ва паҳлуҳои дигари соҳа нигаронида шудаанд.

Қонунҳои баимзорасида ба ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон, таъмини амнияти давлату ҷамъият, пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо, рушди илм ва беҳдошти зиндагии мардум равона шуда, дар матбуот нашр мегарданд.

www.president.tj