Пешвои миллат дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД ширкат намуд

№146 (4252) 03.12.2020

50671097363_2fd3635f05_o2 декабри соли 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ, ки аз тариқи видеоконфронс баргузор гардид, иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷаласа, ҳамчунин, Сарвазири Ҷумҳурии Арманистон Никол Пашинян, Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко, Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон Қосим-Жомарт Токаев, иҷрокунандаи вазифаи Президент, раиси Жогорку Кенеши Ҷумҳурии Қирғизистон Талант Мамитов, Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин, Дабири кулли Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ Станислав Зас ва раиси Ассамблеяи байнипарлумонии СААД, Раиси Думаи давлатии Маҷлиси Федеролии Федератсияи Россия Вячеслав Володин иштирок карданд.

Ҷаласа таҳти раёсати Президенти Федерат­сияи Россия Владимир Путин баргузор гардида, ба рӯзномаи он масъалаҳои амнияти байналмилалӣ, минбаъд ҳам баланд бардоштани самаранокии фаъолияти созмон, рафти иҷрои қарорҳои қаблан қабулшудаи Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ҳамчунин, масъала оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти СААД дар давраи раёсати Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шуданд. Инчунин, роҳҳои рушд ва таҳкими ҳамкориҳои байнипарлумонии кишварҳои аъзои Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ баррасӣ гардиданд.

Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сухани ифтитоҳӣ талошҳои Федератсияи Россияро барои таъмини устувории кори созмон дар шароити душвори ҳозира, ки ҷаҳон бо афзоиши бесобиқаи таҳдидҳо рӯ ба рӯст, махсусан зикр карданд. Дар бораи мушкилоти гуногуни иҷтимоию иқтисодӣ, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ва кишварҳои аъзои СААД дар натиҷаи ­пандемияи COVID-19 ба онҳо дучор омадаанд, хусусан, оқибатҳои манфии буҳрони иҷтимоӣ ва молиявию иқтисодӣ, ки боис ба афзоиши бекорӣ ва таҳдидҳо ба амнияти озуқаворӣ шудааст, низ сухан рафт.

Инчунин, тамоюли афзоиши таҳдидҳои глобалии терроризм, экстремизм, шаклҳои гуногуни радикализм ва ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ, аз ҷумла, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддирро ёдовар шуда, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  аҳамияти пурзӯр кардани неруи СААД-ро барои муқовимати самаранок ба онҳо пешниҳод карданд.

Дар робита ба гузаштани вазифаҳои раёсат дар СААД ба Ҷумҳурии Тоҷикистон Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иброз доштанд, ки Тоҷикистон барои идомаи сиёсати ба таҳкими ҳамкорӣ дар доираи созмон нигаронидашуда, инчунин, ба хотири таъмини ҳаёти бехатар ва осоиштаи халқҳои кишварҳои аъзои СААД омода мебошад.

Зимни суханронӣ дар ҷаласаи пленарӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бори дигар ба афзоиши хавфу таҳдидҳои амниятӣ, ки ба вазъи кунунии байналмилалӣ ва минтақавӣ таъсири манфӣ мерасонанд, таваҷҷуҳ намуда, зарурати ба ҳам овардани талошҳои кишварҳои аъзоро ҳам дар доираи созмон ва ҳам дар ҳайатҳои васеътар таъкид намуданд. Аз ҷумла, бо дарназардошти торафт фаъолона истифода гардидани технологияҳои иттилоотӣ — коммуникатсионӣ аз ҷониби сохторҳои гуногуни террористӣ ва экстремистӣ барои таблиғ ва ҷалбсозӣ, аҳамияти ҳамоҳангсозии минбаъдаи амалҳои хадамоти махсус дар соҳаи мубориза бо киберҷиноятҳо, инчунин, иҷрои қарори Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ дар бораи ташаккули рӯйхати ягонаи ташкилотҳо, ки дар сиғаи СААД террористӣ эътироф шудаанд, таъкид гардид. Дар ҷаласа масъалаҳои ҳолат дар марзҳои ҷанубии минтақаи масъулияти СААД, вазъ дар Афғонистон ва таҳдиди маводи мухаддир низ баррасӣ карда шуд.

Зимни сухани хотимавӣ Пешвои миллат назари Тоҷикистонро оид ба самтҳои афзалиятноки раёсати созмон дар соли 2021 шарҳ дода, зикр карданд, ки Тоҷикистон дар оянда  низ ба тавсеаи пайгиронаи ҳамкориҳо дар самти сиёсӣ, идомаи корҳо барои таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи низомӣ ва ҳарбӣ-техникӣ, инчунин, густариши ҳамкории СААД бо созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мусоидат хоҳад кард.

Бо дарназардошти вазъият вобаста ба бемории коронавируси нав зарурати идомаи корҳо дар самти таъмини амнияти тиббиву биологии кишварҳои аъзои созмон ва дар чаҳорчӯбаи СААД таъсис додани механизми ҳамкорӣ аз ҷониби Тоҷикистон пешниҳод гардид.

Дар охир Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сарони давлатҳои аъзои созмонро ба Душанбе барои иштирок дар иҷлосияи Шӯрои амнияти дастаҷамъии СААД, ки соли оянда баргузор мегардад, даъват карданд.

Аз рӯи натиҷаҳои кори ҷаласа Изҳорот ва ­Эъломияи СААД қабул гардида, як қатор қарорҳои муҳими Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ, ки таҳкими минбаъдаи ҳамкориҳои байни кишварҳои аъзоро дар назар доранд, ба имзо расиданд.

www.president.tj