Пешвои миллат ду иншооти таъиноти ҳарбӣ ва як бинои истиқоматиро ба истифода доданд

№23 (3817) 22.02.2018

39497921335_654ecd81b3_o21 феврали соли 2018, дар арафаи таҷлили 25 — умин солгарди таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иншооти муҳим ва дорои аҳамияти ҳарбӣ — Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.

Маркази навтаъсис ҳангоми таҳдиди хатар ба давлат нуқтаи асосии идоракунии ҷангии Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб рафта, бо марказҳои маъмурии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилоятҳои Суғду Хатлон ва минтақаи Рашт пайваст мебошад.

Бо мақсади васеъ намудани имкониятҳои нуқтаи асосии идоракунӣ дар марҳилаи дуюм таъсиси маркази системаи автоматикунонии идоракунии мудофиаи зиддиҳавоӣ, бунёд намудани нуқтаҳои идоракунӣ дар Раёсати Қувваҳои ҳарбӣ — ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Раёсати Қӯшунҳои хушкигард, Қӯшунҳои зудамал ва наздик ба 10 нуқтаи идоракунии дигар дар қисмҳои низомии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат пешбинӣ гардидааст. Ба замми ин, нуқтаҳои идоракунии сайёр низ ташкил ва ба Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ пайваст мегарданд. Ин имкон медиҳад, ки нуқтаҳои идоракунии сайёр ба таври фаврӣ ба мавзеъ ва минтақаи муайянгардида интиқол ёбад ва ба идора намудани амалиёти ҷангӣ шуруъ кунад.

Маркази идоракунӣ бо системаи навтарини алоқаи видеоконфронси пӯшида муҷаҳҳаз гардонида шудааст, ки тавассути он интиқоли маълумоти электронӣ, идоракунии мустақими қӯшунҳо ва ташкили дигар амалиёти ҷангӣ имконпазир аст. Тавассути марказ дар дигар манотиқи кишвар рафти машқҳо ва ё дигар ҳолати баамаломада бо пахши мустақим, бе ягон мамоният, аз тариқи мониторҳо назорат ва вобаста ба қарори қабулнамудаи маркази асосии идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ, фаъолияти мақомоти давлативу сохторҳои қудратӣ ба танзим дароварда мешавад.

Бо ҳамин тартиб марказ имкон медиҳад, ки чорабиниҳои муҳими низомӣ, бо ҷалби мақомоти марказии ҳокимияти иҷроияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар як вақт гарнизонҳои ҷумҳуриро фаро гирифта, аз пойтахти кишвар — шаҳри Душанбе идора карда шавад. Ҳолати баамаломада ва иҷрои талаботи пешбинишуда, дар вазъияти ҷанг, замони осоишта ва дар самти муайян намудани вазифаҳои асосии онҳо, ҳамаҷониба таҳлилу ҷамъбаст ва мушаххасан баҳогузорӣ мегардад.

Барои ташкили фаъолияти мунтазами Маркази идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар дохили иншооти мазкур шароити зарурии ҷавобгӯ ба меъёр ва талаботи ҳозиразамони ҳарбӣ фароҳам оварда шудааст.

Баъди ифтитоҳи Маркази навтаъсиси идоракунии Қувваҳои Мусаллаҳ, Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа ташриф оварда, дар маросими ба истифода додани бинои нави таълимии факултаи ҳавопаймоӣ иштирок намуданд.

Дар ин муассисаи олии таълимии ҳарбӣ Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро тибқи муқаррарот ҳайати низомӣ, ротаи қаровули фахрӣ ва оркестри ҳарбӣ дар фазои тантанавӣ истиқбол гирифтанд.

Бинои нави таълимӣ аз чор ошёна иборат буда, дар давоми се сол аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо харҷи зиёда аз 4 миллион сомонӣ бунёд ёфтааст.

Факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбӣ дорои 12 синфхонаи таълимӣ бо 250 ҷойи нишаст, 9 утоқи корӣ барои афсарону устодон, толори варзишӣ, ҷойи хоб барои таълимгирандагон, хонаи фароғатии ҳайати шахсӣ, ду утоқи навбатдорӣ, мавзеи нигоҳдории силоҳу муҳимоти ҷангӣ, ҳуҷраҳои нигоҳдории лавозимот, омодасозии сару либос, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон буда, бо таҷҳизоти муосири аёнӣ ва компютерҳои замонавӣ муҷаҳҳаз мебошад.

Факултаи ҳавопаймоии Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиа соли 2004 таъсис ёфта, дар ҳайати он ду кафедра ва ротаи шашуми таълимии курсантӣ амал мекунад. Дар он, ки таълим аз рӯи ҳафт ихтисос ба роҳ монда шудааст, асосан мутахассисони соҳаи авиатсияи ҳарбӣ омода карда мешаванд.

Ба Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ дода шуд, ки аз соли 2008 беш аз 150 нафар факултаи ҳавопаймоиро хатм намуда, айни замон дар ҷузъу томҳои Қувваҳои ҳарбӣ-ҳавоӣ ва мудофиаи зиддиҳавоӣ, Гвардияи миллӣ ва Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ  ­фаъолият доранд.

Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳайати шахсӣ ва курсантони Донишкадаи ҳарбии Вазорати мудофиаро ба ифтихори ҷашни 25-умин солгарди таъсисёбии Артиши миллии мамлакат табрику шодбош гуфта, ба саҳми муассисаи олии таълимии ҳарбӣ дар таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон бо кадрҳои баландихтисоси низомӣ баҳои баланд доданд.

Гуфта шуд, ки Ҳукумати мамлакат барои дар сатҳи баланд омода кардани афсарону мутахассисони сохторҳои низомӣ ва ҳифзи ҳуқуқу тартибот дар муассисаҳои таълимии ҳарбӣ шароити заруриро муҳайё намудааст.

Тавре Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, таҳаввулоту авзои мураккаби сиёсию амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҳушдор аз он медиҳад, ки барои ба талаботи замони имрӯз мутобиқ гардонидани сатҳи омодабошии ҷангии Қувваҳои Мусаллаҳ, таълиму тарбияи мутахассисони баландихтисоси низомӣ, таъминоти ҷузъу томҳо бо техникаву технологияи замонавию лавозимоти муосири ҷангӣ ва тақвият бахшидани иқтидори мудофиавии кишвар тадбирҳои иловагиро татбиқ мебояд.

21 феврал, ҳамчунин бо иштироки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар маҳаллаи Зарафшони шаҳри Душанбе бинои 12 — ошёна иборат аз се қисм барои 200 оилаи хизматчии давлатӣ, аз ҷумла 40 оилаи кормандони низомӣ, мавриди истифода қарор дода шуд.

Бинои мазкур аз се қисм — А, Б ва В иборат буда, дорои таҳхона ва 12 ошёна мебошад. Дар сохтмони он 54 миллион сомонӣ сарф гардидааст.

Фармоишгари бино Дирексияи сохт­мони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон буда, корҳои сохтмониро коргарону мутахассисони Корхонаи воҳиди таъмиру сохтмони идораи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муҳлати пешбинишуда, бо сифати баланд ба анҷом расониданд. Тарҳи сохтмони иншооти мазкур аз ҷониби Ҷамъияти саҳомии кушодаи «Пажӯҳишгоҳи илмӣ ва лоиҳакашиву ҷустуҷӯйии САНИИОСП» омода шудааст.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Роҳбарияти Олии Давлату Ҳукумати мамлакат, дар баробари фароҳам сох­тани шароити арзандаи корӣ, ҳамчунин ҷиҳати таъмин намудани кормандони сохторҳои давлатӣ бо манзили зист тайи солҳои охир тадбирҳои муассир андешида, марҳила ба марҳила дар самти ҳалли масоили иҷтимоии шаҳрвандон муваффақ мешавад.

Бунёд ва мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани биноҳои хуштарҳу замонавӣ, аз як ҷониб, ба ҳусни шаҳр таровати бештар зам кунад, аз ҷониби дигар, боиси коҳиш додани мушкилоти норасоии манзили зист дар шаҳри Душанбе, махсусан барои кормандони ташкилоту идораҳои давлатӣ дар пойтахт, мегардад.

Ҳар сол бо дастуру ҳидоятҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳру ноҳияҳои мамлакат барои хизматчиёни ташкилоту муассисаҳои давлатӣ манзили истиқоматӣ сохта, ба истифода дода мешавад, ки натиҷаи татбиқи бобарори сиёсати иҷтимоӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикис­тон мебошад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои шиносӣ бо шароити бино ва сифати корҳои анҷомшуда баҳои баланд доданд ва сокинони хуштолеъ — кормандони ниҳодҳои гуногуни давлатиро даъват намуданд, ки ба Ватан — Модар содиқона хизмат кунанд.

Ифтитоҳи бинои хуштарҳу замонавӣ дар маҳаллаи Зарафшони ноҳияи Синои шаҳри Душанбе барои 200 оилаи корманди ниҳодҳои гуногуни давлатӣ туҳфаи арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.

Манзили истиқоматӣ ба кормандони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии мамлакат, вазорату идораҳо ва кумитаҳо тақдим карда шуд.

Маҳз сиёсати бобарору бунёдкоронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аст, ки сол то сол бахшҳои гуногуни иқтисоди миллӣ рушд намуда, барои сокинон шароити арзандаи зиндагӣ фароҳам оварда мешавад.

 www.president.tj