31 августи соли равон Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 дар ноҳияи Шоҳмансурро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар доираи чорабиниҳои идона ба муносибати солгарди 31-уми Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар остонаи оғози соли нави таҳсил дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бунёд карда шуд.
Иншооти тозабунёд барои 1280 хонанда дар ду баст дар чаҳорчӯбаи иқдомҳои бунёдкориву созандагии шаҳрдории пойтахти мамлакат сохта ба истифода дода шуд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аснои ошноӣ бо шароити таҳсил дар ин муассиса масъулони бахши маориф ва ҳайати омӯзгоронро бобати истифодаи имкониятҳои фароҳамовардашуда ба хотири илмомӯзии муҳассилин вазифадор сохтанд.
Бинои таълимии мазкур аз 4 ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 31 синфхонаи кушоду муҷаҳҳаз мебошад. Синфхонаҳои барҳавою замонавии таълими меҳнату мусиқӣ, озмоишгоҳҳои химия ва физика, синфхонаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ ва компютерӣ, синфхонаҳои биология, омодагии дифои ҳарбӣ ва лингафонӣ асоси бинои нави таълимиро ташкил дода, ҳамаи хуҷраҳо бо таҷҳизоту лавозимоти муосири таълимӣ таъмин мебошанд.
Дар бинои иловагии Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48 инчунин толори варзишӣ бо 200 ҷойи нишаст бо беҳтарин шароити машқу тамрин, толори барҳавою замонавии маҷлисгоҳ барои 390 нафар, ошхона бо 220 ҷойи нишаст, китобхонаи мактабӣ бо фонди китоби зиёда аз чоруним ҳазор адабиёти бадеӣ ва китобхонаи электронии пайваст бо шабакаи ҷаҳонии Интернет бунёд шудааст.
Иншоот бо истифода аз масолеҳи баландсифати сохтмонӣ бо тарҳу шакли муосир ва ҷавобгӯ ба стандартҳои нави таълимӣ сохта шуда, барои илмомӯзии хонандагон мувофиқу мусоид мебошад.
Фармоишгари бинои иловагии таълимӣ Муассисаи давлатии “Раёсати сохтмони асосӣ”-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва пудратчӣ Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Мир-Соз” буда, дар вақти сохтмон давоми як сол дар он бештар аз 300 нафар сохтмончӣ бо кор таъмин буданд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз муассиса ба сифати корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, таъкидан иброз доштанд, ки маориф дар сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мақоми шоиста касб намудааст. Зимнан аз насли наврас танҳо тақозо мегардад, ки аз имкониятҳои мавҷуда мақсаднок истифода баранд ва баҳри шукуфоии бештари сарзамин талош кунанд.
Бояд гуфт, ки Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 48-и ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе соли 1975 бунёд гардида, дар он ҳудуди 4 ҳазор хонанда таҳсил мекунад. Масъалаи норасоии ҷойи нишаст дар ин муассиса ба мушоҳида мерасид.
Дар натиҷаи ҳидоятҳои созандаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо ба истифода додани бинои иловагии таълимӣ ин мушкилоти сокинони атроф роҳи ҳалли худро пайдо кард ва дар ин даргоҳ шароити мусоиди илмомӯзӣ барои хонандагон фароҳам оварда шуд.