Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон Нурдинҷон Исмоиловро ба ҳузур пазируфтанд

№141 (3935) 22.11.2018

45970131361_b3852c2750_o20 ноябри соли 2018 дар Маҷмааи давлатии «Қасри миллат» Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекистон Нурдинҷон Исмоиловро, ки бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот масоили ҳамкории ду кишвар, аз ҷумла, рушди муносибатҳои байнипарлумонӣ, баррасӣ гардиданд.

Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон меҳмони воломақомро ба Тоҷикистон хайра мақдам гуфта, бо итминон иброз доштанд, ки натиҷаҳои сафар ва мулоқоту музокирот омили муҳим барои рушди муносибатҳои шарикии Тоҷикистону Ӯзбекистон мегардад.

Раиси палатаи қонунгузори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Ӯзбекис­тон Нурдинҷон Исмоилов Сарвари давлат муҳтарам ­Эмомалӣ Раҳмонро бо ба истифода додани агрегати якуми Неругоҳи барқи обии «Роғун» табрик намуда, изҳор дошт, ки: «ман аз баистифодадиҳии муваффақонаи ин иншооти азим ба ваҷд омадам. Ин рӯйдоди муҳим дар таърихи навини Тоҷикистон абадӣ боқӣ мемонад ва татбиқи лоиҳаи мазкур на танҳо барои мардуми Тоҷикистон, балки барои минтақаи Осиёи Марказӣ аҳамияти байналмилалӣ дорад. Ин лоиҳаи беназир маҳз бо шарофати Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азму иродаи қавӣ ва сиёсати дурбинонаатон амалӣ гардид».

Зикр шуд, ки муносибатҳо ба сатҳи нави шарикии стратегӣ баромад ва барои ноил гардидан ба ин сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Ӯзбекистон муҳтарам Шавкат Мирзиёев такони ҷиддӣ бахшид.

Ҷонибҳо ҳавасмандии худро барои таҳкими робитаҳои байнипарлумонӣ, аз ҷумла, ҷоннок кардани фаъолияти гурӯҳи дӯстии байнипарлумонӣ ва табодули таҷриба дар самти қонунгузорӣ, иброз доштанд.

Таъмиқи ҳамкорӣ дар бахшҳои ояндадори тиҷоратию иқтисодӣ, нақлиётию транзитӣ, афзоиши гардиши мол, татбиқи амалии санадҳои муҳими зимни сафарҳои давлатии сарони давлатҳо баимзорасида, рафтуомади бераводид, ифтитоҳи нуқтаҳои назоратӣ, кушодани хатсайрҳои ҳавоӣ, роҳҳои оҳану мошингард, ҳамкории фарҳангию гуманитарӣ воситаҳои асосии баҳамоии мардуми дӯсти тоҷику ӯзбек маънидод гардиданд.

Таъмини амну субот дар минтақа, муборизаи муштарак бар зидди терроризм, экстремизм, гардиши ғайриқонунии маводи нашъаовар ва дигар шаклҳои ҷинояткории трансмиллӣ аз мавзӯъҳои дигари мулоқот буданд.

www.president.tj