9 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Боғи Ғалабаи пойтахт ба муносибати 71 — умин солгарди ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ба хотири шаҳидони роҳи озодӣ гулчанбар гузошт.
Ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ Эмомалӣ Раҳмон вазири мудофиаи кишвар Шералӣ Мирзо аз омодагии сарбозон ба маросими гулгузорӣ гузориш дод.
Баъди садои Суруди миллӣ дар назди гулхани абадӣ ба поси хотири қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ гулчанбарҳо гузошта шуд. Маросими бошукӯҳи гулчанбаргузорӣ бо иштироки роҳбарият ва аъзои Парлумони кишвар, Ҳукумати ҷумҳурӣ, корпуси дипломатии муқими Тоҷикистон ва собиқадорони ҷангу меҳнат сурат гирифт.
Пешвои миллат, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо гузоштани гулчанбар хотираи қаҳрамонону иштирокдорони он ҷанги пурдаҳшатро пос дошт.
Ҷанги Бузурги Ватанӣ аз ҷумлаи «фоҷиабортарин ҷангҳо» дар таърихи инсоният маҳсуб меёбад. Беш аз 300 ҳазор фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ин ҷанги пурдаҳшат шуҷоату мардонагӣ нишон дода, 92 ҳазори онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҷон супурдаанд.
Шуҷоату диловарии мардуми баору номуси Тоҷикистон дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ намунаи олии ватандӯстӣ ва сабақи беҳтарини мардонагиву ватандорӣ барои наслҳои имрӯзу оянда мебошад.
Ба муносибати Рӯзи Ғалаба, инчунин гулчанбарҳо аз номи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, собиқадорони ҷангу меҳнат, корпуси дипломатии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон, сохторҳои қудратии Тоҷикистон, Пойгоҳи низомии 201 — уми Федератсияи Россия дар Тоҷикистон гузошта шуд.
Хотираи неки қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамчунин бо дақиқаи хомӯшӣ пос дошта шуд.
www.president.tj