Пешвои миллат Пак Бён Сокро ба ҳузур пазируфтанд

№42 (4304) 03.04.2021

51002804294_28ae68765b_oЯкуми апрели соли 2021 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Маҷлиси миллӣ (Парламент)-и Ҷумҳурии Корея Пак Бён Сокро ба ҳузур пазируфтанд.

Зимни суҳбат вазъи кунунӣ ва дурнамои ҳамкории ҳар ду кишвар дар бахшҳои тиҷоративу иқтисодӣ, саноат, илмӣ-техникӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Таъкид гардид, ки фаъолияти минбаъдаи Комиссияи байниҳукуматӣ оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ ва густариши равобит бо Фонди рушди ҳамкории иқтисодӣ метавонад омили таҳкими муносибатҳо дар ин самт ва афзоиши ҳаҷми сармоягузорӣ байни тарафҳо шавад. Истифодаи иқтидори бойи захираҳои табиии Тоҷикистон, таъсиси марказҳои логистикию тиҷоратӣ дар минтақаҳои озоди иқтисодӣ, ҳамкорӣ дар соҳаи бонкдорӣ, ҷудо кардани қарзҳои имтиёзнок ба иқтисодиёти Тоҷикистон аз самтҳои ояндадори ҳамкории ҳар ду кишвар маънидод гардид.

Аз сатҳи ҳамкории байни ҳукуматҳо, аз ҷумла фаъолияти пурсамари Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Корея (KOIKA), изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамчунин, дурнамои муносибот дар соҳаҳои барои ҷонибҳо судманди туризм, ташкили парвозҳои мустақим байни кишварҳо, муҳоҷирати меҳнатӣ, робитаҳои илмӣ, фарҳангию гуманитарӣ, таҳкими ҳамкорӣ дар соҳаи тандурустӣ дар давраи пандемия баррасӣ гардид.

Айни ҳол дар доираи ҳамкорӣ дар соҳаҳои илм ва маориф беш аз 200 донишҷӯйи тоҷик дар муассисаҳои олии таълимии Корея таҳсил доранд. Инчунин, масъалаи зиёд кардани бурсияҳо барои Тоҷикистон ба миён гузошта шуд.

Ҷонибҳо, ҳамчунин, масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи амният ва вазъи сиёсии Афғонистонро баррасӣ карда, оид ба мубориза бо таҳдиду хатарҳои ҷаҳони муосир, аз қабили терроризм, экстремизм, радикализм, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар шаклҳои ҷинояткории муташаккилонаи фаромиллӣ табодули андеша намуданд.

www.president.tj