Суханронии Эмомалӣ Раҳмон дар маҷлиси Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистон 27 январи соли 2017, шаҳри Душанбе Муҳтарам аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ!
Ҳозирини гиромӣ!
Дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон доир ба дастоварду мушкилоти соли 2016, роҳҳои рушди кишварамон дар соли 2017 ва солҳои минбаъда ибрози назар гардида, барномаву нақшаҳои Ҳукумати мамлакат барои давраи миёнамуҳлат — то соли 2021 ва иҷрои «Стратегияи миллии рушд то соли 2030» муайян карда шуданд.
Сари вақт ва бо сифати баланд иҷро кардани ин тадбирҳо имкон медиҳад, ки Тоҷикистони азизи мо боз ҳам рушд намояд ва ба дастовардҳои аз имрӯза бештар ноил гардад.
Ҳадаф аз амалӣ гардонидани дурнамои муайяншуда мунтазам беҳтар намудани сатҳу сифати зиндагии мардум, таъмини амнияти давлат ва таҳкими пояҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар мебошад.
Албатта, дар татбиқи марому мақсадҳои пешгирифтаи Ҳукумат Шӯрои ҷамъиятӣ бояд нақши фаъол дошта бошад, зеро аксари масъалаву вазифаҳое, ки дар Паёми Роҳбари давлат ва Стратегияи миллии рушд инъикос шудаанд, бо ҳамкориву мусоидати ҷомеаи шаҳрвандӣ, алалхусус, яке аз ниҳодҳои фаъоли он — Шӯрои ҷамъиятӣ татбиқ мешаванд.
Ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ, марказҳои фарҳангии ақаллиятҳои миллӣ, иттиҳодияву иттифоқҳои гуногун ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ҳамчун неруи асосии Шӯрои ҷамъиятӣ бояд дар амалӣ гардидани ҳадафҳои созандаи Ҳукумат ба сифати шарики боэътимоди давлат иштирок намоянд.
Роҳ кушодан ба ҷомеаи шаҳрвандӣ яке аз воситаҳои муҳимтарини раванди демократикунонӣ дар кишвар ба шумор рафта, барои ҳамкории ниҳодҳои ғайриҳукуматӣ бо давлат мусоидат менамояд ва ҷиҳати ҳаллу фасли муҳимтарин масъалаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ имкон фароҳам меорад.
Бо ҳамин мақсад, мо Шӯрои ҷамъиятии Ҷумҳурии Тоҷикистонро таъсис додем, ки он дар даврони Истиқлолият ба яке аз ниҳодҳои муассири ҳамгироии ҷомеаи шаҳрвандӣ мубаддал гардида, то ҳол ҳамчун мактаби бузурги таҳлиливу машваратӣ хизмат мекунад.
Мо борҳо сари мизи гуфтушунид ҷамъ омада, муҳимтарин масъалаҳои вобаста ба ваҳдати миллӣ, суботи комили сиёсӣ, ба эътидол овардани вазъи ҷомеа ва таъмини волоияти қонунро муҳокима намудем ва қарорҳое қабул кардем, ки иҷрои онҳо ба таъмини сулҳу амният дар кишвар мусоидат намуда, барои ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ, озодии сухан ва муколамаи сиёсӣ заминаи воқеӣ фароҳам овард.
Яъне, таъсис ва такмили фаъолияти самараноки Шӯрои ҷамъиятӣ ба ҳаллу фасли масъалаҳои ниҳоят муҳими сиёсӣ — қатъи ҷанги таҳмилӣ, ба Ватан баргардонидани гурезаҳо, ба эътидол овардани вазъи сиёсии кишвар ва таъмини ваҳдати миллӣ мусоидат намуд. Дар зарфи бист соли фаъолияти худ Шӯрои ҷамъиятӣ муколамаи байни мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҷомеаи шаҳрвандӣ — ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, иттифоқҳои эҷодӣ, ташкилотҳои динӣ, ҷамъиятҳои милливу фарҳангӣ ва ғайраро таъмин намуда, ба таҳкими пояҳои ваҳдати миллӣ кумак расонид, яъне вазифаи таърихии худро иҷро кард.
Зимнан, ваҳдату ҳамдастӣ ва ҳамдигарфаҳмиву эҳтироми ҳамдигар пояи боэътимоди Истиқлолият, тавоноӣ ва шикастнопазирии давлатро ташкил медиҳад ва риояи он, хусусан, дар шароити кунунӣ, амри зарурӣ ба ҳисоб меравад.
Ман доир ба ин масъала таъкид карда будам, ки «ҷомеаи шаҳрвандӣ зодаи давлати демократӣ ва ҳуқуқбунёду дунёявӣ мебошад ва дар навбати худ ҳар қадаре, ки ҷомеаи шаҳрвандӣ инкишоф ёбад, давлати демократӣ ҳам ба ҳамон андоза пеш меравад».
Дар ҳамин асос мо дар Тоҷикистон заминаи ташаккули ҷомеаи шаҳрвандиро гузоштем ва масъалаи таъсиси ниҳодҳои онро дар доираи Конститутсия ва дигар қонунҳои кишвар ба танзим даровардем. Дар ин замина аз муколама бо ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ истифода намуда, доир ба ҳалли як зумра масъалаҳои марбут ба сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди мамлакат ба натиҷаҳои назаррас расидем ва пояҳои давлатдориро дар кишвар боз ҳам устувор гардонидем.
Ҳамин муносибати некбинонаи давлат ба ниҳодҳои сиёсӣ ва ҷамъиятии мамлакат буд, ки дар кишвар ҳизбҳои сиёсӣ, ташкилот, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ва созмонҳои ғайриҳукуматӣ ташаккул ёфта, ба раванди эъмори давлати демокративу ҳуқуқбунёд ва дунявӣ таъсири мусбат расониданд ва барои амалӣ шудани вазифаҳо ва барномаҳои Ҳукумати мамлакат нақши муассир бозиданд.
Ҷомеаи шаҳрвандӣ воситаи муҳими таъсиррасонӣ ба раванди ислоҳоти сохтори давлатдорӣ ва такмили қонунгузорӣ буда, барои бартараф кардани камбудиву мушкилоте, ки дар сохтори идораи давлат ба назар мерасанд, кумак мекунад. Аз ин лиҳоз, созмонҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар ҷараёни муколама бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар доираи қонунгузории мавҷуда ва меъёрҳои байналмилалӣ амал карда, назару андешаи худро ба ниҳодҳои давлатӣ воқеъбинона ва бо дарназардошти манфиатҳои давлату миллат пешниҳод намоянд. Қисми зиёди ташкилоту созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар доираи ҳамин талабот дар ҷараёни муҳокимаи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ, баргузории раъйпурсиву интихобот, ислоҳоти сохторӣ ва дигар чорабиниҳои сиёсиву фарҳангӣ мунтазам иштирок менамоянд ва то ба имрӯз як қатор ташаббусу пешниҳодҳои онҳо амалӣ гардидаанд, ки онҳо, дар маҷмӯъ, ба таҳкими пояҳои давлатдорӣ, суботи сиёсӣ, тавсеаи фарҳанги сулҳ ва такмили қонунгузорӣ мусоидат намуданд.
Воқеан, дар ҷомеаи демократӣ афзудани таваҷҷуҳи аҳолӣ ба ҳаёти сиёсиву иҷтимоӣ ва кӯшиши иштирок дар дигаргунсозиҳои ҳаёти ҷомеа яке аз шартҳои ноил шудан ба пешрафту тараққиёт ва суботу амният мебошад. Дар шароити кунунӣ масъулияти ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ тақозои замон ба ҳисоб меравад, ки барои дарёфти роҳҳои беҳтару муассири мушкилоти мубрами ҳаёти ҷомеа дар баробари мақомоти давлатӣ масъулиятро ба зимма гиранд. Ин таҷриба дар мамлакатҳое, ки ба сатҳи баланди тараққиёт расида, сифати зиндагии аҳолиро таъмин намудаанд, собит гардидааст.
Ҳоло дар мамлакат 7 ҳизби сиёсӣ ва қариб дуюним ҳазор созмони ҷамъиятӣ бо дархосту пешниҳодҳои созандаи худ таъсиргузоранд. Онҳо дар доираи талаботи оинномавии худ ба хотири пешрафти соҳаҳои гуногуни сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат саъю талош мекунанд. Бояд зикр кард, ки қонунгузории кишвар чунин заминаро маҳз дар замони Истиқлолият фароҳам овардааст. Имрӯз дар кишвар барои фаъолияти васеи созмонҳои ғайриҳукуматӣ заминаҳо муҳайё мебошанд. Танҳо ташаббускорӣ, ҳамкорӣ бо ҷомеа, ҷалби ҳар чӣ бештари қишрҳои гуногун ба корҳои созанда омили пешрафти ҳаёти иҷтимоӣ ва иқтисодии кишвар мегарданд.
Шӯрои ҷамъиятӣ дар раванди амалӣ гардидани се ҳадафи стратегии давлат – таъмини истиқлолияти энергетикии кишвар, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ ва ҳифзи амнияти озуқаворӣ тавассути корҳои ташвиқотӣ ва фаҳмондадиҳӣ низ ҳиссаи хешро гузошта истодааст. Чунин ибтикороти созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва иттиҳодияҳои истеҳсолии соҳибкорони хурду миёна шоёни таҳсин аст ва ин раванд ба хотири амалӣ шудани ҳадафҳои Ҳукумат минбаъд низ бояд идома ёбад.
Моро зарур аст, ки дар шароити зудтағйирёбандаи ҷаҳони муосир ва таъсири ҳар гуна ҳаракату равияҳои бегона ба масъалаи ҳифзи сулҳу субот низ бештар таваҷҷуҳ намуда, тарғиби ин арзиши олии ҳаётиро дар миёни ҷомеа, бахусус, дар байни наврасону ҷавонон боз ҳам васеътар ба роҳ монем.
Шӯрои ҷамъиятӣ имрӯзҳо дар атрофи худ неруҳои созандаи Тоҷикистонро муттаҳид намуда, дар ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсону шаҳрванд ва таъмини адолати иҷтимоӣ корҳои арзишмандро анҷом дода истодааст.
Зарур аст, ки ниҳодҳои он дар бобати баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии аҳолӣ низ фаъолона талош намоянд. Тавре ки медонед, вазъи ниҳоят печидаву мураккаби ҷаҳони имрӯза ва фаъолияти торафт густурдаи гурӯҳҳои ифротгаро боиси ноором шудани бисёр кишварҳои минтақа ва ҷаҳон гардидааст.
Дар чунин шароит ҷомеаи мо, аз ҷумла аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ, бояд бо ҷалби аъзои худ дар миёни аҳолӣ корҳои таблиғотӣ баранд ва нагузоранд, ки ҷавонони мо фирефтаи ташвиқоти бардурӯғи ҳаракату гурӯҳҳои тундрав шаванд ва номи Ватани азизамонро доғдор созанд.
Ман дар Паёмҳои худ ба Маҷлиси Олӣ ва дигар суханрониҳоям доир ба оқибатҳои даҳшатбори экстремизм ва терроризм доим изҳори назар менамоям ва бори дигар таъкид месозам, ки ин хатарҳои муосир боиси харобии чандин кишварҳо ва ҳалокати садҳо ҳазор нафар одамон шуда, миллионҳо нафари дигарро беватан, бе манзили зист ва бе ҷою макон кардаанд. Мубориза ба муқобили ин хатарҳо на танҳо вазифаи Давлат ва Ҳукумат аст, балки барои пешгирии ин зуҳурот тамоми ҳизбҳои сиёсӣ, ҳаракатҳои ҷамъиятӣ ва иттиҳодияву созмонҳои ғайриҳукуматӣ бояд фаъол бошанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Қобили зикр аст, ки аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва ҳаракату созмонҳои ғайриҳукуматӣ корҳои хайриявиро низ ба анҷом расонида, гурӯҳҳои осебпазири ҷомеаро дастгирӣ менамоянд. Ҳамкории Ҳукумат бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ дар ин ҷода низ баръало мушоҳида мешавад. Ин кори наҷиб ба болоравии эътибори аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ ва созмону ҳаракатҳои ҷамъиятӣ таъсири мусбат мерасонад. Имрӯзҳо баъзе табақаҳои эҳтиёҷманди аҳолӣ ва хонаҳои пиронсолон дар баробари аз ҷониби Ҳукумат дастгирӣ ёфтан аз тарафи созмонҳои ҷамъиятии хайриявӣ низ ёрмандӣ мебинанд, ки ин аз шарикиву ҳамкории босамари давлат бо созмонҳои ғайриҳукуматӣ гувоҳӣ медиҳад.
Махсусан, созмонҳои ғайриҳукуматӣ ва корхонаҳои хурду миёна, ки аз ҷониби занон таъсис ёфта, роҳбарӣ карда мешаванд, ба корҳои хайрхоҳона бештар машғул шуда, ба аҳолии ниёзманд ва муҳтоҷ кумаки худро мерасонанд. Шумораи созмонҳои ҷамъиятие, ки сарварии онҳоро занон ба зимма доранд, имрӯз дар Шӯрои ҷамъиятӣ ба 22 мерасад, ки онҳо дар баробари пешбурди корҳои оилавӣ, ба фаъолияти ҷамъиятӣ низ машғул мебошанд ва дар рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ саҳми арзандаи хешро мегузоранд.
Дар Паёми худ вобаста ба масъалаи дастгирии соҳибкорӣ таъкид кардам, ки соҳибкории хурду миёна ва ҷалби сармояи мустақим тавассути соҳибкорон аз ҷониби Ҳукумат минбаъд низ дастгирӣ меёбад ва имтиёзҳои нав муқаррар карда мешаванд. Бо ҳамин мақсад, дар Паём супориш дода шуд, ки барои занону духтарон квотаҳо муқаррар намуда, барои интихобу ҷобаҷогузории онҳо дар ҳамаи зинаҳо мусоидат карда шавад, зеро бонувону духтарон ҳамчун аъзои фаъоли ҷомеа барои суботи сиёсӣ ва ҳифзи манфиатҳои давлату миллат баробари мардон талош карда истодаанд.
Падидаи наве, ки солҳои охир дар фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ арзи ҳастӣ намуд, мониторинги ҷараёни иҷрои Паёми Президенти кишвар доир ба сиёсати дохилӣ ва хориҷии мамлакат мебошад. Бо ин мақсад дар сохтори Шӯрои ҷамъиятӣ комиссияи босалоҳият аз ҳисоби аъзои Шӯро таъсис ёфтааст. Комиссияи мазкур вазъи иҷрои дастуру супоришҳоеро, ки аз Паёмҳои Роҳбари давлат бармеоянд, таҳлил менамояд ва аз номи Шӯро пешниҳодҳои мушаххасро ба Президенти кишвар манзур месозад. Бояд гуфт, ки аксари ин пешниҳодҳо саривақтӣ ва муҳим буда, бо мақсади таъмини волоияти қонун, ҳифзи манфиатҳои давлат, гирифтани пеши роҳи қочоқи маводи мухаддир ва нашъамандӣ, мубориза ба муқобили амалҳои коррупсионӣ, пешгирии гароиши ҷавонон ба равияҳои ифротӣ ва паст кардани шиддати ҷинояткорӣ дар кишвар, инчунин, қабули стратегия ва қонунҳои нав равона шудаанд.
Муҳтарам аъзои Шӯро!
Яке аз хатарҳое, ки метавонад ба раванди рушди устувори давлат монеа гардад ва ба эътибору обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ таъсири манфӣ расонад, коррупсия мебошад. Барои мубориза бо ин зуҳуроти номатлуб ҳоло дар кишвар тамоми заминаҳои ҳуқуқӣ ва ташкилӣ ба вуҷуд оварда шудаанд. Давлат ва Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ мубориза бо коррупсияро ҳамчун самти афзалиятноки фаъолияти худ қарор дода, дар самти ташаккули сиёсати давлатии зиддикоррупсионӣ ва фароҳам овардани заминаҳои мусоид барои муқовимати самаранок ба ин зуҳурот як силсила тадбирҳои заруриро амалӣ гардонид.
Имрӯз зарур аст, ки барои паст кардани сатҳи коррупсия ҷомеаи шаҳрвандӣ низ дар канор набошад ва барои мубориза бар зидди ин кирдори нангин бо сохторҳои давлатӣ бештар ҳамкорӣ намояд. Шӯрои ҷамъиятӣ метавонад дар ин замина ҳамчун воситаи робита миёни ҷомеаи шаҳрвандӣ ва мақомоти давлатӣ нақши муҳимро иҷро намояд.
Барои амалӣ намудани чунин тадбир мо василаи хуби таблиғотиро дорем, ки яке аз онҳо арзишҳои маънавии халқамон мебошад.
Истифодаи мақсадноки бойигарии маънавии мардуми мо яке аз воситаҳои асосии мубориза бо коррупсия ба ҳисоб меравад, ки шаҳрвандон, бахусус ҷавононро, ба шукру қаноат ва ҳалолкориву меҳнатдӯстӣ ҳидоят менамояд. Мутаассифона, як тазоди муҳим дар раванди кору зиндагиамон аз он иборат аст, ки мо дорои арзишҳои пурқимати маънавӣ, субъектҳои зиёди тарбия ҳастем, вале мушкилот ва монеаҳоро дар ин самт то ҳоло бартараф накардаем.
Ҳозирини гиромӣ!
Шӯрои ҷамъиятӣ борҳо дар ҷаласаҳои худ доир ба нақши ҷавонон дар ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ изҳори назар намуда, саҳми ҷавононро дар пешрафти кишвар мусбат арзёбӣ намудааст. Ҳукумат низ дар доираи фаъолияти худ ба ҷавонон такя дорад. Ман борҳо изҳор намудаам, ки ба насли ҷавон ва ояндасоз эътимод дорам ва ҳар як ташаббуси созандаи онҳоро дастгирӣ менамоям. Бо ин мақсад дар назди Президенти Тоҷикистон Шӯрои кор бо ҷавононро таъсис додем.
Идомаи мантиқии сиёсати давлатии Тоҷикистон Соли ҷавонон эълон гардидани соли 2017 буд, ки он аз ҷониби гурӯҳҳо ва ниҳодҳои мухталифи кишвар ҳамовозии зиёд пайдо намуд ва дастгирии ҳамаҷониба ёфт. Дар тарғиби ин пешниҳоди Сарвари давлат ва амалӣ шудани ҳадафҳои некбинонаи Ҳукумат бояд аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ низ саҳми муносиб гузоранд ва дар корҳои созандагиву ободкорӣ баробари мақомоти давлатӣ иштирок намоянд.
Муҳимтар аз ҳама, ба самъи ҳар як наврас ва ҷавони кишвар расонидани моҳият ва ҳадафи ин иқдоми Президенти кишвар, пешгирӣ кардани ҷавонон аз таъсири бегонапарастиву хурофот, экстремизму терроризм яке аз вазифаҳои ҳозирин ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба шумор меравад. Бовар дорам, ки дар татбиқи чорабиниҳои Соли ҷавонон ҳар яки шумо ва дигар созмонҳои ғайриҳукуматӣ саҳми арзишманд мегузоред ва ин сол низ муваффақона ҷамъбаст мегардад.
Боиси сарбаландист, ки Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид ташаббуси нави Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар масъалаи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об-барои рушди устувор», солҳои 2018-2028 дастгирӣ намуд ва бо ҷонибдории беш аз 190 кишвари ҷаҳон Қатъномаи дахлдор қабул кард.
Шумо хуб медонед, ки кишвари мо солҳои зиёд дар самти ҳалли яке аз масъалаҳои глобалӣ, яъне об, ба сифати ташаббускор ва пешсафу фаъол дар ҷаҳон шинохта шудааст. Аз ин рӯ, мо вазифадорем, ки моҳият ва аҳамияти ин иқдомро ҳамаҷониба тарғиб намоем. Махсусан, аз ҳизбҳои сиёсӣ, иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ, созмонҳои ғайриҳукуматӣ, рӯзноманигорон, кормандони шабакаҳои иҷтимоӣ ва воситаҳои дигари ахбори оммаи ғайриҳукуматӣ даъват ба амал оварда мешавад, ки дар ташвиқи ин гуна иқдомҳои Ҳукумат саҳми худро гузоранд ва нақши фаъоли Тоҷикистонро дар ин самт ба ҷаҳониён дуруст муаррифӣ намоянд.
Муҳтарам аъзои Шӯрои ҷамъиятӣ!
Авзои ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ, бархӯрди тамаддунҳо ва торафт афзудани муборизаи иттилоотӣ тақозо мекунад, ки Шӯрои ҷамъиятӣ доираи фаъолияти худро боз ҳам васеътар гардонад. Аз ин лиҳоз, имрӯз мо ба қавитар гардонидани фаъолияти он дар маркази вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ниёз дорем.Мутаассифона, нақшаи чорабиниҳои Шӯро дар мақомоти маҳаллӣ ниҳоят заиф амалӣ шуда, ҷаласаҳо сари вақт доир намешаванд, созмонҳо ва ташкилоту иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ ба корҳои таблиғотӣ кам ҷалб мешаванд, яъне дар маҷмӯъ, корҳо дар ин самт беҳбудиро талаб менамоянд. Вобаста ба ин, зарур аст, ки минбаъд фаъолияти Шӯрои ҷамъиятӣ дар вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо ҷоннок карда шавад.
Дар баробари ин, Шӯрои ҷамъиятиро зарур аст, ки ташкилоту иттиҳодияҳоеро, ки ташаббусу ибтикороти созанда доранд, ба узвият қабул карда, сафи аъзои худро аз ҳисоби ҷавонон ва бонувони болаёқат бештар намояд. Ҳамчунин, вақти он расидааст, ки Низомномаи Шӯро таҷдиди назар гардида, вобаста ба мушаххасоти марҳалаи нави ҳаёти Тоҷикистон такмил дода шавад.
Бори дигар таъкид менамоям, ки Шӯрои ҷамъиятӣ метавонад ба сифати шарики боэътимоди давлат дар тарғиби дастоварду арзишҳо ва муқаддасоти миллӣ, истиқлолияту озодӣ, сулҳу оромӣ, ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ, ҳисси миллӣ, ватандориву ватандӯстӣ саҳми арзишманд гузорад. Шӯрои ҷамъиятӣ дар масъалаҳои зикршуда бояд аз усулҳои наву муосир, амсоли назарсанҷӣ, муколама ва баргузории мизҳои мудаввар истифода карда, дар таҳияи қонунҳои миллӣ саҳм гузорад, пешниҳодоти худро барои такмили стратегияҳо ва барномаҳои давлатӣ ба вазорату идораҳои дахлдор манзур намояд, аз воситаҳои ахбори омма ва шабакаҳои иҷтимоӣ васеъ истифода карда, ҳамчун воситаи иртиботи ҷомеаи шаҳрвандӣ бо Давлату Ҳукумат дар оянда низ корҳои назаррасро ба анҷом расонад.
Шӯрои ҷамъиятӣ тӯли солҳои фаъолияти худ собит намуд, ки сарфи назар аз гуногунандешии сиёсӣ, ки яке аз принсипҳои ҷомеаи демократӣ ба шумор меравад, ҳангоми ба миён омадани масъалаҳои муҳиме, ки манфиатҳои милливу давлатӣ аз онҳо вобастагӣ доранд, аъзои худро дар атрофи як андешаи созанда муттаҳид карда метавонад. Бинобар ин, итминони комил дорам, ки шумо бо кору амали шоистаи худ дар радифи ниҳодҳои давлатӣ ҷиҳати ободии минбаъдаи кишвар ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ саъю талош намуда, барои боз ҳам таҳким бахшидани нуфузу эътибори Тоҷикистони азизамон дар арсаи ҷаҳонӣ саҳми худро мегузоред. Ба ҳар кадоми шумо дар ҷодаи таҳкими сулҳу суботи Ватани маҳбубамон ва тақвияти ваҳдату ягонагии миллиамон саломативу барори кор орзу менамоям.
Саломату сарбаланд бошед!