Пешвои миллат: «Сокинони ноҳияи Рӯдакӣ дар ободии Ватан саҳми арзанда доранд»

№36 (3516) 17.03.2016

22166388860_9a413a97e8_kСуханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯдакӣ

15 марти соли 2016

Муҳтарам кормандони соҳаи тандурустӣ ва намояндагони мардуми заҳматдӯсти ноҳияи Рӯдакӣ!

Ҳозирини арҷманд!

 

Қабл аз ҳама, ба кулли сокинони ноҳия ва ҳар яки шумо, ки бо меҳнатдӯстиву ҳунармандӣ ва меҳмоннавозии худ шуҳрат доред, барои саҳми басо арзандаатон дар таҳкими сулҳу субот дар кишвари азизамон ва ободиву пешрафти Ватани маҳбубамон арзи сипос менамоям.

Сафари кории имрӯзаи мо ва суҳбату дидорбинӣ бо шумо ба оғози фасли зебои баҳор ва фарорасии ҷашни Наврӯз рост омад. Аз ин рӯ, кулли сокинони ноҳияро ба ифтихори ҷашни мубораку фархундаи миллиамон — Наврӯзи оламафрӯз, ки баъди чанд рӯз фаро мерасад ва оғози киштукори баҳорӣ самимона табрик гуфта, барои ҳар яки шумо дар ин соли воқеан таърихӣ, яъне 25 — солагии Истиқлолияти давлатӣ барори кор ва ризқи фаровон орзумандам.

Ноҳияи шумо, ки номи поя­гузори шеъри Аҷам — устод  Абӯабдуллоҳи Рӯдакиро дорад, бо мардуми соҳибфарҳангу маърифатпарвар ва табиати зебову маданияти баланди заминдориаш номдор мебошад.

Боиси қаноатмандист, ки мардуми заҳматдӯсти ноҳия дар баробари ҳамаи сокинони мамлакат ба хотири дастгирӣ ва амалисозии сиёсати Давлат ва Ҳукумати мамлакат бо саъю талоши ватандӯстона кору фаъолият намуда, дар ин ҷода ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд ва ҷиҳати пешрафти иқтисоди миллӣ, мусоидат ба таъмини яке аз ҳадафҳои стратегиамон — ҳифзи амнияти озуқаворӣ, арҷгузорӣ ба фарҳанги асили  аҷдодӣ ва суботу оромии Ватани азизамон саҳми арзишманди худро гузошта истодаанд.

Ба шарофати дастгириҳои Давлату Ҳукумат ва заҳмати содиқонаи сокинони ноҳия нишондиҳандаҳои истеҳсолии он мунтазам беҳтар гардида, сатҳи некуаҳволии сокинон торафт баланд шуда истодааст.

Дар доираи Барномаи рушди иқтисодиву иҷтимоии ноҳия ҷиҳати тараққиёти соҳаҳои мухталифи он, аз ҷумла афзоиши ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоӣ, ташкили ҷойҳои нави корӣ ва бо ҳамин роҳ баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолӣ хеле корҳои назаррас амалӣ шудаанд.

Мардуми заҳматкаши ноҳия тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ дар натиҷаи истифодаи самараноки обу замин, тараққӣ додани бахшҳои гуногуни соҳаи кишоварзӣ ва таъсиси корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ имконият пайдо карданд, ки дар баробари беҳтар намудани сатҳу сифати рӯзгори худ, инчунин барои таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми сазовор гузоранд.

Тавре ки мушоҳида мегардад, дар зарфи даҳсолаи охир маркази ноҳия бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва иқдому ташаббусҳои пайвастаи мардуми ободкори он ба яке аз шаҳракҳои замонавӣ табдил ёфта, имрӯз симои ноҳия бо бунёд гардидани иншооти таъиноти гуногун куллан дигаргун шудааст.

Бо ин мақсад, танҳо дар давоми солҳои 2011 — 2015 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои Буҷети давлатӣ барои тараққиёти ноҳияи Рӯдакӣ қариб 700 миллион сомонӣ маблағгузорӣ карда шудааст.

Маблағгузории соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии ноҳия минбаъд низ мунтазам афзуда, танҳо дар се соли оянда, яъне солҳои 2016 — 2018 аз ҳисоби ҳамаи манбаъҳои маблағгузории Буҷети давлатӣ барои таъмини рушду тараққиёти ноҳия беш аз 540 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст.

Тибқи маълумот соли 2015-ум дар ноҳия 57 ҳазор метри мураббаъ хонаҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои таҳсилоти умумӣ барои 1500 ҷойи нишаст ба истифода дода шудаанд, ки дар муқоиса бо даҳ соли пеш, яъне соли 2006 ду баробар зиёд мебошад.

Мо имрӯз дар маркази ноҳия санги асоси як маҷмааи замонавии тиҷоративу хизмат­расониро, ки дар он корхонаи дӯзандагӣ барои 300 ҷойи корӣ, кӯдакистон барои 200 нафар кӯдак ва толори варзиш бун­ёд мегардад, инчунин хишти аввали хонаи баландошёнаи истиқоматиро гузошта, як хонаи истиқоматии бисёрошёнаро ба истифода супоридем, ки дар амалӣ шудани чунин амалҳои ватандӯстона саҳми соҳибкорони ноҳия ва шахсони саховатпеша шоистаи зикр мебошад.

Умуман, дар иншооти нав­бунёде, ки имрӯз ба истифода дода шуданд ва дар ҷараёни сохтмони иншооте, ки бунёди онҳо имрӯз оғоз гардид, бо дарназардошти корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи бинокорӣ қариб ду ҳазор нафар сокинони ноҳия бо ҷойи корӣ таъмин мегарданд.

Имсол дар ноҳия ба истифода додани 25 иншооти  муосир, аз ҷумла биноҳои таълимиву корхонаҳои нави саноатӣ, марказҳои савдову хизматрасонӣ ва хонаҳои истиқоматии баландошёна ба нақша гирифта шудааст.

Ҳамзамон бо ин, тибқи нақшаи дурнамо дар солҳои соли 2017 — 2020  сохтмони даҳ муассисаи таълимӣ, хатти оби нӯшокӣ барои се деҳоти калонтарини ноҳия, азнавсозии роҳи мошингарди Душанбе-Қӯрғонтеппа ва хонаҳои истиқоматии баландошёна пешбинӣ гардидааст.

Ин лаҳзаҳо мову шумо дар маросими ифтитоҳи бинои Маркази саломатии ноҳияи Рӯдакӣ, ки барои 300 кати қабул бунёд гардидааст, қарор дорем.

Дар марказ тавассути муосиртарин таҷҳизоту дастгоҳҳои тиббӣ усулҳои гуногуни ташхис ба роҳ монда шудааст.

Барои барқарорсозии саломатӣ ва тавонбахшии кӯдакони маъюб ҳуҷраҳои махсус таъсис дода, бо таҷҳизоту лавозимоти зарурии замонавӣ муҷаҳҳаз карда шудаанд.

Бо ин мақсад, дар марказ ҷиҳати бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси табибон, аз ҷумла барои такмили малакаи кор бо кӯдакони имконияташон маҳдуд шароити хуб фароҳам оварда шудааст.

Дар муассисаи навбунёди имрӯза усули гиёҳдармонӣ, ҳамчунин шуъбаи таълимиву клиникӣ ва тибби оилавӣ фаъолият менамояд, ки табибони оилавӣ ва ҳамшираҳои тибби оилавии муассисаҳои тандурустии ноҳия мунтазам ба бозомӯзӣ ва такмили ихтисос  фаро гирифта мешаванд.

Бовар дорам, ки кормандони Маркази саломатии нав ба хотири иҷрои рисолати касбии худ — ба сокинони ноҳия расонидани хизмати хушсифати тиббӣ, беҳтар гардонидани саломатии сокинон ва пешгирии бемориҳо, аз ҷумла бемориҳои сироятӣ саъю талош намуда, маркази имрӯзаро ба яке аз муассисаҳои беҳтарини тандурус­тии ноҳия табдил хоҳанд дод.

 

(Идома аз саҳ. 1)

Ҳозирини гиромӣ!

Ноҳияи Рӯдакӣ яке аз ноҳияҳои калонтарини аграрии кишварамон ба ҳисоб рафта, барои рушди бахши зироаткорӣ, хусусан сабзавоткорӣ ва чорводориву парандапарварӣ имкониятҳои васеъ дорад.

Бо дарназардошти чунин имкониятҳои мусоид ва бо тақозои шароити имрӯза зарур аст, ки кишоварзони ноҳия ба хотири ҳар чӣ зиёдтар намудани истеҳсоли маҳсулот аз ҳарвақта бештар заҳмат кашида, истифодаи ҳар як ваҷаб замин ва захираҳои фаровони обро оқилонаву самаранок ба роҳ монанд. Зеро таъмини амнияти озуқаворӣ қисми таркибӣ ва муҳимтарини рушди иқтисоди миллӣ мебошад ва барои расидан ба ин ҳадафи муҳим Ҳукумати мамлакат, пеш аз ҳама, ба кишоварзони мамлакат такя менамояд.

Мавқеи ҷойгиршавӣ ва ба бозорҳои пойтахти мамлакат дастрасӣ доштани кишоварзони ноҳия имконият медиҳад, ки соҳаи боғу токпарварӣ, сабзавоткорӣ, васеъ ҷорӣ намудани гармхонаҳои доимамалкунанда ва коркарди ниҳоии маҳсулоти кишоварзӣ ба самти афзалиятноки рушди ноҳия табдил дода шавад.

Дар робита бо ин, таъкид менамоям, ки масъулияти таъмини бозорҳои пойтахти мамлакат бо меваю сабзавот дар ҳамаи фаслҳои сол асосан ба зиммаи кишоварзони шаҳру ноҳияҳои атрофи он, аз ҷумла ноҳияи Рӯдакӣ қарор дошта, амалӣ шудани он аз заҳмати софдилонаи кишоварзон вобаста мебошад.

Бинобар ин, роҳбарону мутахассисон ва кишоварзони асили ноҳияро зарур аст, ки фаъолияти худро дар самти истифодаи навъҳои серҳосили зироатҳо, тухмипарварӣ ва зоти сермаҳсули чорво тақвият бахшида, доир ба васеъ кардани майдони гармхонаҳои доимӣ ва коркарди маҳсулот ҳамаи захираву имкониятҳои мавҷударо сафарбар намоянд. Зеро дар ҳудуди ноҳия тамоми шароиту имконият барои рушди соҳаи кишоварзӣ, аз ҷумла зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти содиротӣ ва пеш аз ҳама, сабзавоту мева мавҷуд ва аз заминҳои ноҳия дар як сол се — чор ҳосил гирифтан мумкин аст.

Тайи чанд соли охир кишоварзони ноҳия барои бунёди боғҳои нав ва барқарорсозии боғҳои куҳна саҳми сазовор гузошта, дар давоми шаш соли охир дар масоҳати қариб 800 гектар боғу токзори нав бунёд кардаанд.

Чунонки дар ёд доред, соли гузашта ҳангоми оғози корҳои бунёди боғи мевадиҳанда дар деҳаи Баракат зикр карда будам, ки бо вуҷуди лалмӣ будани заминҳои баъзе минтақаҳои ноҳия иқлими он барои бунёду парвариши боғу токзор мувофиқ мебошад ва дар сурати риояи талаботи агротехникӣ ҳосили фаровони мева ва ангур ба даст оварда, ҳазорҳо ҷойи нави корӣ муҳайё кардан мумкин аст.

Солҳои охир бо қарорҳои Ҳукумати мамлакат ба оилаҳои эҳтиёҷманди ноҳия барои сохтмони манзилҳои истиқоматӣ 2300 гектар замин ҷудо карда шудааст. Танҳо дар соли 2015 қариб 11 ҳазор оила соҳиби қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ гардидааст, яъне қариб 70 ҳазор нафар сокинон барои беҳтар намудани шароити зиндагии худ имконият пайдо  кардаанд.

Вале дар баробари ин, вазъи тақсимоти заминҳои наздиҳавлигӣ ва риояи қонунгузории замин ҳанӯз ҳам назорати ҷиддӣ ва беҳбудиро тақозо дорад.

Вобаста ба ин, Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакиро зарур аст, ки якҷо бо Вазорати кишоварзӣ, Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ, Агентии беҳдошти замин ва обёрӣ, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҷиҳати тақсимоти одилонаи замин, истифодаи самараноки заминҳои тақсимшуда, назорати риояи қатъии қонунгузории замин ва бо истифода аз имкониятҳои дохилӣ ҷалби сармояи хориҷӣ ва истифодаи механизми ҳамкории давлат бо бахши хусусӣ дар самти ба гардиши кишоварзӣ ворид намудани заминҳои бекорхобида  тадбирҳои саривақтӣ андешанд.

Имрӯзҳо дар саросари мамлакат маъракаи ниҳолшинонӣ ва кишти баҳорӣ босуръат идома дорад. Аллакай ҳазор­ҳо гектар боғҳои нав бунёд гардидаанд ва миллионҳо бех ниҳоли сояафкану мевадиҳанда шинонида шудааст.

Бо истифода аз фурсат, мехоҳам таъкид намоям, ки ин амали хайру савоб набояд ба як маъракаи мавсимӣ табдил дода шавад. Зеро, тавре ки мушоҳида мешавад, баъзан ба масъалаи нигоҳубини минбаъдаи ниҳолҳо эътибори ҷиддӣ зоҳир намегардад, ки ин боиси хушкшавии ниҳолҳо, хусусан ниҳолҳои гаронарзиши ороишиву сояафкан ва хароҷоти маблағҳои зиёд мегардад.

Ҳозирини муҳтарам!

Ҳангоми мулоқоту суханрониҳои худ доим таъкид менамоям, ки баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии сокинони мамлакат дар маркази сиёсати иҷтимоии Ҳукумати кишвар қарор дорад.

Бояд гуфт, ки дар натиҷаи торафт беҳтар шудани шароити зиндагии мардум шумораи аҳолии кишвар мунтазам афзоиш ёфта истодааст.

Аз ин рӯ, дар баробари рушди соҳаи кишоварзӣ, афзун намудани истеҳсоли маҳсулоти озуқаворӣ, таъсиси коргоҳу корхонаҳои нави истеҳсолӣ  ва бо ҷойи корӣ таъмин кардани шаҳрвандони бекор аз ҷумлаи масъалаҳои муҳимтарини иҷтимоӣ мебошад.

Дар давоми даҳ соли охир танҳо дар ноҳияи Рӯдакӣ шумораи аҳолӣ 125 ҳазор нафар зиёд гардида, айни ҳол қариб ба 465 ҳазор нафар расидааст.

Тибқи маълумот дар ноҳия ҳар сол ба ҳисоби миёна зиёда аз 10 ҳазор нафар кӯдак ба синфи якум меравад ва мувофиқи маълумоти пешакӣ соли таҳсили ҷорӣ ин рақам ба 14 ҳазор нафар хоҳад расид.

Аз ин лиҳоз, масъалаи бун­ёди муассисаҳои томактабӣ, муассисаҳои таълимии нав ва синфхонаҳои иловагӣ, инчунин ташкили ҷойҳои нави корӣ бояд самти асосии фаъолияти ҳар як сохтору мақомоти давлатӣ, алалхусус, роҳбарони мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ бошад ва ба ин мақсад зарур аст, ки тамоми имконияту восита, аз ҷумла тавассути таҳким бахшидани ҳамкорӣ бо бахши хусусӣ, яъне имкониятҳои соҳибкорону сармоягузорон, васеъ истифода карда шавад.

Дар доираи сафарҳои Роҳбари давлат ба шаҳру ноҳияҳои мамлакат масъалаи баррасии масъалаҳои иҷтимоӣ, бахусус, вазъи соҳаҳои маорифу тандурустӣ, мақоми асосӣ дорад ва мо ҳамеша кӯшиш мекунем, ки мушкилоти соҳаҳои зикршударо дар навбати аввал ҳаллу фасл намоем.

Дар ноҳияи Рӯдакӣ, ки аз лиҳози шумораи аҳолӣ ноҳияи калонтарини кишвар мебошад, ҳоло 159 муассисаи таҳсилоти умумӣ фаъолият мекунад ва ҷиҳати боз ҳам беҳтар намудани инфрасохтори соҳаи маориф ҳар сол муассисаҳои таълимии нави замонавӣ ва синфхонаҳои иловагӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Аз ҷумла, аз соли 2013 то инҷониб, яъне дар давоми се сол чандин муассисаи нави таълимӣ ва синфхонаҳои иловагӣ барои 8200 нафар хонанда сохта, ба истифода дода шудаанд.

Ҳамчунин, дар деҳоти «Роҳатӣ» ду муассисаи таълимии нав барои 1920 ҷойи нишаст ба истифода дода шуда, соли ҷорӣ муассисаҳои таълимии нав дар деҳоти «Чоряккорон»- у «Эсанбой» ва дигар деҳаҳо барои қариб ду ҳазор хонанда ба истифода супорида мешаванд.

Бо вуҷуди корҳои то имрӯз доир ба рушди соҳаи маорифи ноҳия анҷомдодашуда ба роҳбарони соҳаи маориф, дигар вазорату идораҳо ва масъулони ноҳия зарур аст, ки доир ба сохтмони муассисаҳои нави томактабӣ ва муассисаҳои таълимиву синфхонаҳои нав, инчунин бартараф кардани камбудиву норасоиҳои  мавҷудаи соҳа чораҳои саривақтӣ андешанд.

Дар баробари ин, аҳли маориф, падару модарон, зиёиёну фаъолон ва шахсони калонсолу обрӯмандро зарур аст, ки бо истифода аз шароити фароҳамовардаи Давлату Ҳукумати мамлакат ба масъалаи таълиму тарбияи фарзандон ҷиддӣ муносибат намоянд ва кӯшиш кунанд, ки кӯдакони имрӯза ҳамчун насли босаводу соҳибмаърифат, забондону донишманд, соҳиби касбу ҳунарҳои замонавӣ ва умуман, чун насли ояндасозу ободгар ба воя расанд.

Бори дигар таъкид месозам, ки ҳадаф аз беҳсозии шароити инфрасохтори муассисаҳои таълимӣ ва ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани муассисаҳои тиббӣ мусоидат намудан ба беҳдошти сатҳу сифати зиндагии мардум, аз ҷумла насли ояндасоз мебошад ва мо итминони комил дорем, ки ҳар як фарди ҷомеа ба қадри талошу ғамхориҳои Ҳукумати мамлакат мерасад ва дар навбати худ, барои ободиву пешрафти кишвари азизамон саҳми сазовор мегузорад.

Дар ин раванд, оид ба масъалаҳои беҳдошти шароити зисти сокинон, баланд бардоштани сифати хизматрасониҳо, аз ҷумла хизматрасониҳои тиббӣ, истифодаи дурусту мақсадноки толору майдончаҳои варзишӣ, иншооти фарҳангу фароғат, хусусан клубу китобхонаҳо ва тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстиву ватанпарастӣ, худшиносиву худогоҳӣ, эҳтироми арзишҳои миллӣ ва риояи қонунияту тартибот тадбирҳои иловагӣ андешидан зарур аст.

Илова бар ин, зарур аст, ки дар самти пешгирии таъсири номатлуби фарҳангу мафкураи бегона ва шомилшавии шаҳрвандон, аз ҷумла ҷавонон, ба гурӯҳу ҳаракатҳои хатарноки экстремистиву террористӣ аз ҷониби сохтору мақомоти дахлдор, падару модарон, шахсони обрӯманду рӯзгордида ва умуман, аҳли ҷомеа, чораҳои иловагии фаҳмондадиҳӣ ва пешгирикунанда андешида шаванд.

Роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва дигар сохтору  мақомоти давлатиро зарур аст, ки ба масъалаи қабули шаҳрвандон, баррасии саривақтӣ ва ҳалли мушкилоти мардум ҳамчун самти муҳимтарини фаъолияти худ муносибат намоянд.

Робитаи қавии мақомоти давлатӣ бо ҷомеа омили асосии суботу оромӣ ва пешрафти иқтисодиву иҷтимоӣ буда, роҳбарону фаъолон ва аҳли зиё бояд дар ин самт низ намунаи ибрат бошанд.

Ҳамзамон бо ин, дар ин рӯзҳои баҳорӣ, дар баробари дигар тадбирҳои неку созанда, иҷрои амалҳои хайру савоб, аз ҷумла ғамхорӣ зоҳир намудан ба пирону эҳтиёҷмандон, маъюбону камбизоатон ва ятимону бепарасторон набояд аз мадди назар дур монад.

Бори дигар хотирнишон месозам, ки дар шароити тағйи­рёбии иқлим ва зуд — зуд такрор шудани хушксолӣ ва болоравии нархи маҳсулоти озуқа риояи талаботи қонунгузории кишвар дар самти танзими расму оин, яъне сарфаю сариштакорӣ дар ҳамаи самтҳои зиндагӣ, масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд ва босаводу соҳибкасб ба камол расонидани фарзандон бояд мақсаду мароми фаъолияти ҳамарӯзаи ҳар кадоми мо бошад.

Дар ин раванд, роҳбарону фаъолон ва ҳар як фарди бонангу номусро зарур аст, ки ба хотири истиқболи сазовори Наврӯзи байналмилалӣ ва 25 – солагии Истиқлолияти давлатӣ  ба масъалаҳои тозаву озода гардонидани хонаву кошона, кӯчаву хиёбон, шаҳру ноҳия, деҳа ва маҳали зисти худ эътибори махсус зоҳир намоянд.

Фасли баҳор ва фарорасии Наврӯз аз қадимулайём мавсими корҳои ободониву кишту кор ва гузоштани замина барои рӯзгори ободу ризқи фаровон ба ҳисоб рафта, пеш аз ҳама, ба кишоварзон неруи тоза мебахшад.

Бовар дорам, ки ба ҳар яки мо баҳори хуррам ва Наврӯзи аҷам дар ҷараёни омодагӣ ба таҷлили ҷашни 25-солагии Истиқлолияти давлатамон, ки мову шумо онро, албатта, бо дастовардҳои назаррас ва сатҳи зиндагии беҳтар таҷлил хоҳем кард, рӯҳу илҳом ва неруи нав мебахшад.

Бинобар ин, ҳар амале, ки мо аз ҳоло анҷом медиҳем, бояд ба хотири истиқболи шоистаи ин ҷашни мубораки миллӣ сурат гирад.

Бори дигар Наврӯзи байналмилалиро ба кулли сокинони ноҳия ва ҳар яки шумо, ҳозирини муҳтарам, табрик гуфта, ба шумо барои кӯшишу талошҳоятон ба манфиати давлату миллат ва ободии сарзамини аҷдодиамон изҳори сипос мекунам ва ба хонадони ҳар кадоматон сулҳу оромӣ, иқболи нек ва файзу баракат орзу менамоям.

Ҳамеша саломату сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!