Пешвои миллат ва ташаккулёбии молияи давлатӣ

№138 (4400), 139 (4401) 13.11.2021

16146685286_aeac3ebf0c_oМувофиқи манбаъҳои илмӣ-таърихӣ, низоми молияи давлатӣ дар давлатдории тоҷикон таърихи тӯлонӣ дошта, дар аҳди Ҳахоманишиниёну Сосониён сохтори марказонидашудаи молиявӣ тартиб дода шудааст. Усули марказонидашудаву мураттаби мубодилоти молию пулӣ дар империяҳои ориёӣ қатъӣ риоя мешуд, ки баъдтар дар аҳди Сомониён бо диду равиши нав, бо такя ба анъаноти идории пешиниён такмил ва идома ёфт. Баъдтар, дар таърихи ҳазорсолаи давлатдории тоҷикон боз ҳам ривоҷу равнақ ёфта, аз нигоҳи ҳуқуқию молиявӣ ҷиддан мукаммал гардонида шуд. Замони Иттиҳоди Шӯравӣ сохтори молиявӣ ташкил ёфт, ки тӯли беш аз 70 сол рушду нумӯъ ва ба ташаккули сохтори нави давлатдорӣ дар ҷумҳурӣ мусоидат кард.

Бояд зикр кард, ки низоми идоракунии молия дар тобеияти Иттиҳоди Шӯравӣ чандон ба талабот, вазифаҳои гузошташуда ва интегратсияи молияи давлатӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ мувофиқат намекард. Аз ин лиҳоз, иқтисодиёти мамлакат то соли 1991 низ ба таври кофӣ рушд наёфт. Баъди аз байн рафтани Иттиҳоди Шӯравӣ Тоҷикистон ба мушкилиҳои зиёд, аз қабили канда шудани муносибатҳои молиявӣ, нагузаштани амалиёти байниҳамдигарии молиявӣ, набудани пули миллӣ, захираҳои зарурии асъор ва тилло, ба миён омадани низоъҳои шадиди шаҳрвандӣ ва буҳрони сиёсию иқтисодӣ рӯ ба рӯ шуд. Дар натиҷаи ин шадидан коҳиш ёфтани Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба соли 1991 ба андозаи то 60 фоиз, касри тавозуни пардохт ба андозаи то 30 фоиз аз Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ва садҳо маротиба боло рафтани сатҳи таваррум то ба дараҷаи аз ҳама баланд (гиперинфлятсия) 2100 фоиз ва сатҳи камбизоатии аҳолии кишвар зиёда аз 83 фоиз ба амал омад. Қарзҳои берунӣ ва дохилӣ босуръат афзоиш ёфта, дар бозори истеъмолӣ маҳсулоти хӯрокворӣ ва молҳои ниёзи мардум дастнорасу камчин шуданд.

Гузашта аз ин, таҳия ва иҷрои буҷети давлатӣ, тартиби маблағгузории соҳаҳои буҷетӣ, танзими истифодабарии самараноки маблағҳои буҷети давлатӣ ва ташкили самараноки идоракунии низоми молияи давлатӣ, ки ҷавобгӯи меъёрҳои байналхалқӣ мебошад, ба роҳ монда шуд. Бо соҳибистиқлол шудани ҷумҳурӣ ва гузариш ба муносибатҳои иқтисоди бозорӣ мақсаду вазифаҳо дар ин самт тағйир ёфта, низоми идоракунии молияи давлатӣ аз рӯи сохтори нав ташаккул ва минбаъд такмил дода шуд. Ва, новобаста ба мушкилиҳои пеш­омада, асоси ташаккули низоми молиявӣ, рушди идоракунии низоми молияи давлатӣ, ки ҷавобгӯи талаботи меъёрҳои байналмилалӣ мебошад, маҳз ба даврони Истиқлолияти давлатӣ, зери ­сарпарастии оқилонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рост меояд.

Маҳз бо ҷаҳду талошҳои роҳбарияти мамлакат, бахусус баъди дар Иҷлояияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сарвари давлат интихоб гардидани муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар барои инкишофи муносибатҳои бозорӣ заминаи зарурии ҳуқуқӣ гузошта шуда, ҳамон давра раванди ислоҳоти иқтисодӣ оғоз гардид ва ба устувор шудани нишондиҳандаҳои макроиқтисодии давлат мусоидат намуд.

Новобаста ба идомаи шадиди низоъҳои дохилии шаҳрвандӣ, бори аввал соли 1994 дар Тоҷикистон яке аз институтҳои бонуфузи молиявии байналмилалӣ — Бонки умумиҷаҳонӣ дафтари муваққатии саҳроиро ифтитоҳ намуд. Соли 1996 раванди амалӣ намудани чорабиниҳо ҷиҳати гузариши иқтисодиёти кишвар ба муносибатҳои бозаргонӣ оғоз гардид. Аз ҷумла, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи якуми ислоҳоти иқтисодӣ»-ро қабул намуд, ки он аз тарафи Хазинаи байналхалқии асъор ва Бонки умумиҷаҳонӣ дастгирӣ ёфта, муқаррароти он бомуваффақият татбиқ гардид.

Аз соли 1996 ба ҷумҳурӣ аз тарафи Бонки умумиҷаҳонӣ зиёда аз 1,3 милиард доллари ИМА маблағҳои қарзию грантӣ бо имтиёзнокии баланд ҷудо гардид, ки он ба соҳаҳои макрофискалӣ, об, энергетика, маориф, кишоварзӣ, нигоҳдории тандурустӣ ва барои коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ равона шуданд.

Яке аз унсурҳои асосии Истиқлолияти давлатӣ аз мавҷудияти низоми ягонаи пулӣ, ки бевосита ба пули миллӣ такя мекунад, иборат аст. Ворид намудани рубли тоҷикӣ соли 1995 ба барпо гардидани низоми мустақили пули миллӣ асос гузошт, ки барои пеш бурдани сиёсати мустақили пулию қарзӣ ва асъории Ҷумҳурии Тоҷикистон шароит фароҳам овард.

Аз ибтидои соли 1997, яъне, баъд аз пойдор гардидани истиқрори сулҳу ваҳдати миллӣ дар кишвар, иқтисодиёти ҷумҳурӣ танҳо дар самти рӯ ба тараққиёт рушд ёфт. Ҳатто соли 2009, ки дар ҷомеаи ҷаҳонӣ буҳрони иқтисодию молиявӣ авҷ гирифт ва коҳишёбӣ дар иқтисодиёти ҷаҳон мушоҳида мешуд, ба ҷумҳурӣ муяссар гардид, ки таъсири буҳронро ба иқтисодиёт кам ва тамоюли мусбати рушди иқтисодиётро нигоҳ дорад. Амалан рушди кишвар ба соли 1997, баъди имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ, ки 27 июни соли 1997 дар шаҳри Москва ба имзо расид, рост меояд.

Бо ҷаҳду талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди 10 соли оғози ислоҳоти иқтисодӣ Тоҷикистон тавонист, ки бо дастгирии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба пешравии назаррас ноил гардида, иқтисодиёти миллиро муътадил ва барқарор намояд. Рушди воқеии иқтисодиёт ба ҳисоби миёна дар як сол 7,5 фоиз ва ҷамъоварии қисми даромади буҷет аз 14,1 фоизи нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2000 то 19,6 фоизро дар соли 2005 ташкил дод. Дар муддати кӯтоҳ бо роҳи гузаронидани сиёсати қатъии андозу буҷет мутавозинии буҷет таъмин гардида, сатҳи камбизотӣ аз 83 фоизи соли 1999 то 45 фоиз дар соли 2010 ва соли 2019 то 26,3 фоиз коҳиш дода шуд. Бояд қайд намуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Бонки умумиҷаҳонӣ ба рӯйхати 10 кишвари дорои суръати баланди коҳишдиҳии сатҳи камбизоатӣ дар 15 соли охир дохил гардида, ҳамчунин, дар назар дошта шудааст, ки ин нишондиҳанда то ба 20 фоиз паст карда мешавад.

Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ аз соли 1997 то ба ҳол босуръат афзуда, рушди миёнаи он 7,5 фоизро ташкил менамояд. Қобили зикр аст, ки соли 1997 ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 518,4 миллион сомониро ташкил мекард, ки он ба ҳар сари аҳолӣ 88,2 сомонӣ рост меомад. Дар натиҷаи самаранок ҷорӣ намудани ислоҳотҳои сохторӣ дар ҳама бахши иқтисодиёти кишвар, ин нишондиҳанда соли 2010-ум 24704,7 миллион сомониро ташкил намуд, ки он ба ҳар сари аҳолӣ 3243,6 сомонӣ ё 740,7 доллари амрикоӣ ва соли 2015 ба ҳар сари аҳолӣ 5662,7 сомонӣ ё 918,6 доллари амрикоиро ташкил дод. Инчунин, ҷиҳати таъмини раванди рушди устувори иқтисоди миллӣ низоми маҷмӯии банақшагирии стратегӣ фаъол гардида, соҳаҳо ва минтақаҳои кишвар бо барномаҳои рушди иқтисодию иҷтимоӣ фаро гирифта шуданд. Дар ин давра консепсия, стратегия ва дигар ҳуҷҷатҳои барномавӣ қабул гардида, дар таъмини рушди бемайлони иқтисодиёти миллӣ бо истифода аз моделҳои эконометрикӣ ва барномарезии миёнамуҳлат ва дарозмуддат заминаи устувор гузошта шуд. Солҳои 2015 — 2019 рушди миёнаи иқтисодиёт дар сатҳи муътадил таъмин шуда, ҳаҷми воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 1,6 маротиба афзуд.

Динамикаи маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ

Диагр 1Дар натиҷаи роҳандозии тадбирҳои созандаву бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва ҳадафу афзалиятҳои «Барномаи миёнамуҳлати рушди кишвар» ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ соли 2019-ум 77,4 млрд сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 7,5 фоизро ташкил дод, ки нисбат ба соли базавӣ (2015) 29 млрд. сомонӣ ё 1,6 маротиба (номиналӣ) зиёд мебошад. Соли 2020 бошад, бо дарназардошти паёмадҳои манфии паҳншавии пандемияи коронавирус ҳаҷми номиналии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 82,5 млрд. сомонӣ ва суръати рушди воқеии он 4,5 фоизро ташкил дод. Ҳамчунин, ҳаҷми Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба ҳар нафар аҳолӣ соли 2020 ба 8765,1 сомонӣ баробар гардида, нисбат ба соли 2015-ум 3087,3 сомонӣ ё 1,6 маротиба афзоиш ёфт.

Маврид ба зикр аст, ки тайи панҷ соли охир ҳаҷми воқеии Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ нисбат ба нақша барзиёд таъмин гардида, рушди босуботи иқтисодиёти миллӣ солҳои 2016-2019 асосан аз ҳисоби афзоиши соҳаҳои саноат 1,8 маротиба, кишоварзӣ — 1,2, ҳаҷми умумии гардиши савдои дохилӣ — 1,5, мусофиркашонӣ — 1,2, хизматрасониҳои пулакӣ — 1,1, боркашонӣ — 1,2 ва маблағгузорӣ ба сармояи асосӣ аз ҳисоби манбаъҳои маблағгузорӣ 1,3 маротиба таъмин гардидааст. Дар ин давра ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ аз 15,7 млрд. сомонии соли 2015 то ба 30,8 млрд сомонӣ дар соли 2020 ё қариб 2 маротиба афзудааст, ки дар натиҷа ҳиссаи он дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба 17,4 фоиз баробар гардида, нисбат ба соли 2015-ум 5,1 банди фоизӣ зиёд шуд.

Тавре аз нишондиҳандаҳои асосии макроиқтисодии даврони соҳибистиқлолӣ бармеояд, дар натиҷаи гузаронидани ислоҳоти дахлдор ва тадбирҳои андешидашудаи Ҳукумати мамлакат ҳадаф ва вазифаҳои миллии стратегии муайянгардида, дар маҷмӯъ, татбиқ гардида, заминаи мусоид барои рушди устувори минбаъдаи кишвар фароҳам оварда шуд. Натиҷаи ин ва ислоҳоти соҳавӣ буд, ки тайи 10 соли охир ҳаҷми даромадҳои буҷети давлатӣ зиёда аз 11,2 маротиба афзоиш ёфта, соли 2010 ба 7023,9 миллион сомонӣ ва соли 2016 ба 18305,8 миллион сомонӣ баробар гардид, ки он 31,7 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил медиҳад. Дар натиҷаи самаранок ҷорӣ гардидани ислоҳотҳои сохторӣ дар ҳама бахши иқтисодиёти кишвар ҳаҷми даромади буҷети давлатӣ сол ба сол зиёд гардида, аз 16,6 миллиард сомонии соли 2015 ба 27,6 миллиард сомонӣ дар соли 2021 баробар шуд, ки ин ба 30 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ баробар мебошад. Қисми даромади буҷети давлвтиро асосан даромадҳо аз андоз ва ғайриандоз, грантҳо барои дастгирии буҷет, маблағҳои махсуси ташкилотҳои буҷетӣ, грантҳо ва қарзҳо барои лоиҳаҳои инвеститсионӣ ташкил медиҳанд.

Ҳаҷми хароҷоти буҷети давлатӣ аз 252 миллион сомонии соли 2000 то ба ҳол зиёда аз 27,6 миллиард сомониро ташкил дода, аз 14,7 фоиз нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилии соли 2000 то ба 30,0 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2021 баробар гардид.

Агар соли 2001 ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлатӣ аз рӯи захираҳои молиявӣ 366,3 миллион сомониро ташкил дода бошад, пас он соли 2011 ба 8,5 миллиард сомонӣ ва соли 2020 то ба 24,8 миллиард сомонӣ баробар шуд. Қисми хароҷоти буҷети давлатӣ ба соли 2009 ба 4,2 миллиард сомонӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2008 ба андозаи 1,0 млрд. сомонӣ зиёд буда, вазни қиёсии он нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ ба андозаи 20,5 фоизро ташкил намуд, ки он нисбат ба соли 2008-ум 2,5 банди фоизӣ зиёд аст. Дар ин робита, пеш аз ҳама, маблағгузории хароҷоти соҳаҳои иҷтимоӣ, пардохти музди меҳнат, баланд бардоштани маоши кормандони соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, фарҳанг, пардохти нафақа, стипендия, ҷубронпулиҳо ва кумакпулиҳои дигари иҷтимоӣ, сохтмони иншооти муҳими давлатӣ, новобаста ба вазъи бамиёномада, пурра таъмин шуданд.

Дар сохтори хароҷоти буҷети давлатӣ маблағгузории соҳаҳои иҷтимоӣ афзалиятнок ба ҳисоб рафта, новобаста ба имкониятҳои молиявӣ, маблағгузории онҳо аз ҳисоби буҷет сол аз сол афзоиш ёфта истодаанд. Соли 2001 барои соҳаи иҷтимоӣ бе дарназардошти хароҷоти хоҷагии манзилию коммуналӣ 148,3 миллион сомонӣ, ё ин ки 40,4 фоизи хароҷоти буҷети давлатӣ равона шуда, ин рақам соли 2016 ба 7578,9 миллион сомонӣ ё 41,5 фоизи хароҷоти буҷети давлатӣ баробар гардид, ки нисбат ба соли 2001 — ум 51,1 маротиба зиёд мебошад. Хароҷот ба соҳаи иҷтимоӣ сол ба сол зиёд гардида, соли 2020 ба 11747,5 млн. сомонӣ баробар гардид, ки ин нишондиҳанда нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ 14,2 фоиз ва нисбат ба ҳаҷми умумии хароҷоти буҷети давлвтӣ 47,3 фоизро ташкил медиҳад. Дар ин давра маблағузории соҳаҳои маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва фарҳанг ва варзиш ба таври чашмрас зиёд гардидааст.

Ҳамчунин, бояд зикр кард, ки аз соли 2001 то ба ҳол музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ, нафақа, стипендия, кумакпулиҳои иҷтимоӣ ба ҳисоби миёна қариб 12 баробар зиёд шудаанд, аз ҷумла солҳои 2001 ва 2002 -юм 40 фоиз, 2003 — 20, 2004 — 25, 2005 — 80, 2006 -50, 2007 — 60, 2008 мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зиёда аз 2 маротиба, тандурустӣ -70, илм, фарҳанг ва ҳифзи иҷтимоӣ — 50 ва соҳаи маориф 40 фоиз зиёд шуд. Ин иқдом солҳои 2009, 2010 ва 2013 низ амалӣ гардид.

Ҳар сол Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҳукумати кишвар супориш медиҳанд, ки масъалаи баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии аҳолиро дар сиёсати иҷтимоии давлат яке аз афзалиятҳои аввалиндараҷа муайян шавад.

Динамикаи қурби пули миллӣ

ДиагрНовобаста ба таъсири омилҳои беруна ва бемории COVID — 19 ба иқтисодиёти кишвар, ҷиҳати амалӣ гардонидани сиёсати иҷтимоии давлат дар панҷ соли сипаригашта фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи зиёд намудани ҳадди ақали музди меҳнат, музди меҳнати кормандони мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, муассисаҳои соҳаҳои маориф, илм, фарҳанг, варзиш, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ ва ташкилоту муассисаҳои дигари аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузоришаванда, нафақа ва стипендияи донишҷӯён ба тавсиб расиданд. Аз ҷумла:

- тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 6 июни соли 2016 таҳти № 697 аз 1 июли соли 2016 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» ҳадди ақали музди меҳнат дар соҳаи иқтисодиёти мамлакат ба андозаи 400 сомонӣ муқаррар шуда, маоши вазифавии хизматчиёни давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт ба андозаи 15 фоиз, муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, варзиш ба андозаи 20 фоиз, муассисаҳои соҳаи ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 25 фоиз, андозаи нафақа ба андозаҳои 20, 30, 60 фоиз ва стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 30 фоиз зиёд шуд;

- тибқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 14 августи соли 2018 таҳти № 1084 аз 1 сентябри соли 2018 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» маоши вазифавии хизматчиёни давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, муссисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 15 фоиз, андозаҳои нафақа ба андозаи 20, 30, 60 фоиз ва стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд карда шуд;

 -тибқи Фармони Президенти ҶумҳурииТоҷикис­тон аз 4 августи соли 2020, № 1580 аз 1 сентябри соли 2020 «Дар бораи тадбирҳои тақвият бахшидани сатҳи ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ ва зиёд намудани маоши амалкунандаи вазифавии хизматчиёни давлатӣ, кормандони муассисаю ташкилотҳои буҷетӣ, андозаи нафақа ва стипендия» маоши вазифавии хизматчиёни давлатӣ, мақомоти судӣ, прокуратура, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, мақомоти худидоракунии шаҳраку деҳот, соҳаҳои воқеии иқтисодиёт, муассисаҳои соҳаҳои маориф, тандурустӣ, илм, фарҳанг, варзиш, ҳифзи иҷтимоӣ ба андозаи 15 фоиз, андозаҳои нафақа ба андозаи 15, 50 фоиз ва стипендияи донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ ва миёнаи касбӣ ба андозаи 15 фоиз зиёд шуд.

Инчунин, тайи панҷ соли охир андозаи музди меҳнати кормандони соҳаҳои буҷетӣ то ба 50 фоиз, андозаҳои нафақа аз 50 то 100 фоиз ва стипендияи донишҷӯён то ба 50 фоиз зиёд карда шуд.

Соли 2000 ҳаҷми умумии қарзи берунаи мамлакат 103,5 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил дода, баъди ҷаҳду талошҳои зиёди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 январи соли 2006, бо дарназардошти муътадил гардидани вазъи иқтисодӣ, баъди гуфтушунидҳои тӯлонии самаранок бо қарздиҳандагон ва ба расмиятдарории қисме аз қарзҳо ба грант, қарзи давлатии берунаи ҷумҳурӣ то 30,6 фоиз коҳиш дода шуд. Соли 2019 ҳаҷми қарзи берунаи давлатӣ 2925,3 млн. доллари ИМА ё 35,9 фоизи Маҷмӯи маҳсулоти дохилиро ташкил намуд, ки дар муқоиса ба соли 2015 (28,1 фоиз) 7,8 банди фоизӣ зиёд аст. Сабаби зиёд шудани қарзи беруна ҷалби маблағҳои шарикони рушд барои сармоягузорӣ ба иншооти муҳими афзалияти миллидошта мебошад, ки ҳоло мавриди бунёду барқарорсозӣ қарор доранд.

Сохтори идоракунии молияи давлатӣ барои Истиқлолияти давлатӣ нақши муҳим дошта, вобаста ба рушди иқтисодиёт раванди ба стандартҳои байналмилалӣ мутобиқ гардонидани он идома дорад. Аз ҷумла, дар давраи истиқлолият сохтори идоракунии молиявӣ дар ҷумҳурӣ такмил дода шуда, воҳидҳои сохтории хазинадорӣ, идоракунии қарзҳои давлатӣ, рушди бозори коғазҳои қимматнок, кор бо металлу сангҳои қиматбаҳо, хазинаи дороиҳои давлатӣ, мониторинги корхонаҳои азим, аудити дохилӣ ва воҳидҳои сохтории дигар таъсис дода шуда, шуъбаҳои молияи мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ба раёсат, департамент ва минбаъд ба сарраёсату раёсатҳо табдил дода шуданд.

Дар самти такмили низоми молияи давлатӣ, бо дарназардошти хароҷоти давлатӣ, хариди давлатӣ, ҳисоботи молиявӣ, идоракунии молияи давлатӣ ва ислоҳоти хазинадорӣ, мустаҳкам намудани иқтидори аудиторӣ, ҳисобдорӣ ва ҳисобот ва татбиқи стандартҳои байналмилалии баҳисобгирии бухгалтерӣ кори зиёд амалӣ гардид.

Нимаи дуюми соли 2000 барои сиёсати молия ва андоз оғози пешравӣ ва тадбирҳои нав дар самти татбиқи ислоҳоти молиявӣ буд. Яке аз воқеаҳои хеле муҳим ва фараҳбахше, ки дар даврони истиқлолият ба вуқӯъ пайваст, бо ташаб­буси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муомилот баровардани асъори нави миллӣ — сомонӣ буд, ки он ба болоравии нишондиҳандаҳои иқтисодӣ дар иқтисодиёти мамлакат ва раҳоии кишвар аз буҳрони иқтисодӣ, инчунин, беҳдошти ҳолати молиявии он таъсири мусбат расонида, дар самти муътадил гардонидани буҷети ҷумҳурӣ ва вазъи иқтисодиву молиявии он, беҳдошти вазъияти байналхалқиву сиёсии кишвар мусоидат намуд.

Қадами зикршуда якҷо бо маҷмӯи чорабиниҳои дигари иқтисодӣ-молиявӣ, аз ҷумла қабули «Барномаи миёнамуҳлати рушди иқтисодии кишвар», таҷдиди низоми бонкӣ, қабули санадҳои меъёрӣ ҷиҳати таъмини сирри бонкӣ ва ҳифзи амонатҳо ва тадбирҳои дигар имкон доданд, ки иқтисодиёти кишвар давраи коҳишёбӣ ва пастравиро паси сар намояд ва заминаи заруриро барои соли 2000 дар таърихи давлатдории тоҷикон баъд аз ҳазор сол ҷорӣ намудани пули миллии нав фароҳам оварад.

Пули миллӣ — сомонӣ дорои унсурҳои замонавии муҳофизатӣ ва нишонаҳои воқеан миллӣ буда, чун таҷассумкунандаи сиёсати нави молиявию иқтисодӣ барои татбиқи ислоҳотҳои иқтисодӣ такони нав бахшид. Фаъолияти бонкҳои ватанӣ таҳким ёфта, эътидоли қурби мубодилавии сомонӣ ба даст омад, озодкунии фаъолияти бозори асъори хориҷӣ анҷом дода шуд, ки ин омилҳо, дар маҷмӯъ, ба баланд шудани боварии аҳолӣ ба низоми бонкӣ, афзудани сармояи бонкҳо ва ҳаҷми амонатҳо мусоидат намуд.

Дар ин давра ҷиҳати таҳкими сиёсати молиявию иқтисодии мамлакат қонунҳои ҳаётан муҳим, аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи молияи давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи назорати давлатии молиявӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи баҳисобгирии муҳосибӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи қарзгирии давлатӣ ва қарзе, ки аз ҷониби давлат кафолат дода мешавад», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи бозори коғазҳои қиматнок», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи суғуртаи давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи идоракунии молиявӣ ва назорати дохилӣ дар бахши давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи хазинадорӣ дар таҳрири нав», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи аудити дохилӣ дар бахши давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Палатаи ҳисоби Ҷумҳурии Тоҷикистон», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикис­тон «Дар бораи фармоиши иҷтимоии давлатӣ», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи стандартҳои иҷтимоии давлатӣ», кодексҳои андозу гумрук, инчунин «Стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ», «Стратегияи миллии рушд», «Стратегияи рушди назорати давлатии молиявии дохилӣ», «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ марҳалаҳои 1 ва 2», стратегияҳои рушди бозори коғазҳои қимматнок, стандартҳои байналмилалии ҳисоботи молиявӣ ва стандартҳои байналмилалии аудит, идоракунии қарзи давлатӣ ва барномаҳо оид ба механизми нави маблағгузории соҳавӣ (маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоӣ, кишоварзӣ, нақлиёт ва коммуникатсия), қабул шуданд ва амалӣ гардидани стратегияҳо ҳоло ҳам идома доранд. Таҳия ва иҷрои буҷет аз рӯи гурӯҳбандии нави буҷетии даромад ва хароҷот амалӣ гардид, ки он сохтори буҷетро аз рӯи принсипҳои иқтисодӣ ва вазифавӣ муайян намуда, ба меъёрҳои байналхалқӣ мувофиқ гардонид.

Дар маҷмӯъ, дар давраи истиқлолият танҳо дар самти таҳкими сиёсати молиявӣ ва андозу буҷет дар кишвар садҳо қонун ва санадҳои меъёрию ҳуқуқӣ таҳия ва қабул шуданд, ки татбиқи амалии онҳо заминаи ҳуқуқиро фароҳам оварда, ба таъмин намудани рушди молиявии ҷумҳурӣ мусоидат намуд.

Санади дигари муҳим «Барномаи давлатии инвеститсионӣ», бо дарназардошти сармоягузории хориҷӣ аз ташкилотҳои байналхалқии молиявӣ ва мамлакатҳои донор» буд, ки барои солҳои 2005-2007 қабул гардида, ба татбиқи амалии Ҳуҷҷати стратегияи паст кардани сатҳи камбизоатӣ равона гардид.

Бо мақсади ҳар чӣ бештар ҷалб намудани маблағгузории хориҷӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои муштараки инвеститсионӣ дар хориҷаи дуру наздик, аз ҷумла шаҳрҳои Токио, Париж, Вена ва Душанбе ҷаласаҳои гурӯҳи донорҳои маблағгузори Тоҷикис­тон баргузор гардиданд.

Зимни ҳамоише, ки соли 2003 дар шаҳри Душанбе, баргузор гардид аз тарафи донорҳо барои амалӣ намудани лоиҳаҳои муштараки сармоягузорӣ 900 миллион доллар пешниҳод шуд, ки 700 миллион доллари онро грантҳо, кумакҳои техникӣ ва маблағҳои дигар ташкил намуда, ба рушди иқтисодиёти ҷумҳурӣ равона шуданд.

Соли 2006 дар ҷумҳурӣ бори аввал «Буҷети давлатии миёнамуҳлати Ҷумҳурии Тоҷикистон барои се соли оянда таҳия гардид, ки дар асоси он татбиқи ислоҳоти молиявӣ дар соҳаи сиёсати андозу буҷети ҷумҳурӣ давом дода шуда, амалӣ намудани «Барномаи миёнамуҳлати хароҷот», «Стратегияи кам кардани қарзи хориҷӣ» ва татбиқи «Барномаи паст кардани сатҳи камбизоатӣ» ва ҳамасола зиёд намудани хароҷоти буҷет ба соҳаҳои иҷтимоӣ амалӣ карда шуданд.

Истиқлолият Тоҷикистонро бо ҷаҳониён ва ҷаҳонро бо Тоҷикистон наздик гардонид. Фақат 30 соли охир ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистон бо бисёр давлатҳои ҷаҳон, созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва институтҳои молиявии ҷаҳонӣ, аз қабили Хазинаи байналхалқии асъор, Бонки умумиҷаҳонӣ, Бонки осиёии рушд, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, Бонки исломии рушд, Фонди саудии рушд, Фонди кувайтии рушди иқтисоди араб, Бонки рушди Олмон, Фонди Абу — Даби, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ, Фонди ОПЕК, Агентии Ҷопон оид ба ҳамкориҳои байналмилалӣ, Агентии Швейтсария оид ба ҳамкорӣ ва рушд, «Эксимбонк»-и Хитой, Агентии шветсиягии байналмилалии рушд, Вазорати рушди байналмиллалии Британияи Кабир, Намояндагии рушд ва ҳамкории Швейтсария, Комиссияи Аврупо, Бонки аврупоии сармоягузорӣ ва ғайраҳо ба роҳ монда шуд, ки натиҷаҳои он хеле назаррас ва густурда мебошад. Инчунин, Тоҷикистон аз байни давлатҳои Осиёи Миёна аввалин давлатест, ки соли 2014 расман ба узвияти Бонки осиёии сармоягузории инфрасохторӣ пазируфта шуд ва ҳамкориро оғоз бахшид. Алҳол аввалин созишномаи молиявӣ барои татбиқи лоиҳаи самти таҷдиду навсозии роҳҳои автомобилгард ба имзо расида, баимзорасонии созишномаҳои молиявии дигар дар назар дошта шудааст.

Натиҷаи ҳамкориҳост, ки солҳои 2016 — 2020-ум 80 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ амалӣ шуда, дар доираи онҳо ба иқтисодиёти мамлакат 2 млрд. доллар ИМА ҷиҳати рушди соҳаҳои воқеӣ, бахусус, энергетика, нақлиёт, кишоварзӣ, обёрӣ, обтаъминкунӣ, рушди инфрасохтори маҳаллӣ, маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, муҳити зист, идоракунии давлатӣ ва бахшҳои дигар ҷалб ва аз худ карда шудаанд. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 74 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ бо арзиши умумии 3,7 млрд. доллари ИМА, аз ҷумла 1771 млн. доллари ИМА дар доираи маблағҳои қарзӣ, 1592 млн. доллари ИМА маблағҳои грантӣ, 128 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикис­тон ва 209 млн. доллари ИМА аз сарчашмаҳои дигар мавриди татбиқ қарор доранд. Аз аввали татбиқи лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ то ҳол дар ҳаҷми 1567,8 млн. доллари ИМА ё 44,4 фоиз, аз он 745,8 млн. доллари ИМА қарз ё 42 фоиз, 751,9 млн. доллари ИМА грант ё 47,2 фоиз, 40,2 млн. доллари ИМА саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё 31,3 фоиз ва 29,8 млн. доллари ИМА аз сарчашмаҳои дигар ё 82,2 фоиз аз худ шудааст.

Соли 2020 дар доираи татбиқи лоиҳаҳои муштарак 319,5 млн. доллари ИМА, аз ҷумла, аз ҳисоби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 8,3 млн. доллар, қарзи ташкилоти байналмилалии молиявӣ -168, маблағҳои грантӣ -141 ва сарчашмаҳои дигари маблағгузорӣ 2,2 млн. доллар маблағ аз худ карда шудааст. Ҳамчунин, соли 2020 дар соҳаи энергетика ва нақлиёт 207,8 млн. доллари ИМА, маориф ва тандурустӣ — 42,6, кишоварзӣ ва обёрӣ — 29,9, обтаъминкунӣ — 15,6 ва дигар соҳаҳо 23,1 млн. доллари ИМА маблағ аз худ карда шуданд. Теъдоди умумии лоиҳаҳои давлатии сармоягузории «Барномаи давлатии сармоягузориҳо барои солҳои 2016 — 2020» 1210 адад буда, арзиши умумии онҳо 39,7 млрд. доллари ИМА, аз ҷумла лоиҳаҳои сарчашмаи маблағгузориашон муайян 341 адад (28,2 фоиз) бо арзиши 8,9 млрд. долларро ташкил менамояд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки аз теъдоди умумии лоиҳаҳои сарчашмаи маблағгузориашон муайян дар доираи барномаи зикршуда 80 лоиҳа ба анҷом расидааст, ки аз он 41,3 фоизи арзиши умумии онҳо ба бахши энергетика, 39,8 — нақлиёт, 8,8 — бахши кишоварзию обёрӣ, 5,5 — маориф, 2 — обу коррезӣ ва 1 фоиз ба идоракунии иқтисодиёт рост меояд.

Маҷмӯи лоиҳаҳои сармоягузории давлатии амалкунанда то 1 январи соли 2021 аз 74 адад (29 лоиҳаи грантӣ, 6 лоиҳаи қарзӣ ва 35 лоиҳа дар ҳаммаблағгузории қарз ва грант) иборат мебошад, ки маблағи умумии он 40,5 млрд. сомониро ташкил медиҳад. Дар таркиби маҷмӯи лоиҳаҳои амалкунанда маблағҳои қарзӣ 20,0 млрд. сомонӣ (1,77 млрд. доллар) ё 50,2 фоиз, маблағҳои грантӣ 18,1 млрд. сомонӣ (1,6 млрд. доллар) ё 45,1 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 1,45 млрд. сомонӣ (128,5 млн. доллар) ё 3,6 фоиз ва дигар сарчашмаҳо, аз ҷумла саҳми корхонаҳои давлатии ҷумҳурӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо (бенефитсиарҳо) ва ғайра 410,2 млн. сомонӣ (36,3 млн. доллар) ё 1 фоизро ташкил медиҳад.

Манбаи маблағгузории маҷмӯи лоиҳаҳои муштараки сармоягузории давлатии амалкунанда асосан ба Бонки осиёии рушд — 856,1 млн. доллар ё 24,3 фоизи маблағи умумии портфел, Бонки умумиҷаҳонӣ — 757,0 млн. доллар ё 21,5 фоиз, Бонки аврупоии таҷдид ва рушд — 638,6 млн. доллар ё 18,1 фоиз, Ҷумҳурии Халқии Хитой — 331,4 млн. доллар ё 9,4 фоиз, Бонки исломии рушд — 163,3 млн. доллар ё 4,6 фоиз, Бонки аврупоии сармоягузорӣ — 117,9 млн. доллар ё 3,3 фоиз, Фонди саудии рушд — 90,0 млн. доллар ё 2,6 фоиз, Бонки осиёии сармоягузориҳои инфрасохторӣ — 87,5 млн. доллар ё 2,5 фоиз, Фонди ОПЕК -  72,0 млн. доллар ё 2 фоиз, Бонки олмонии рушд — 55,4 млн. доллар ё 1,6 фоиз, Фонди байналмилалии рушди кишоварзӣ — 53,1 млн. доллар ё 1,5 фоиз, дигар созмонҳои байналмилалии молиявӣ ё давлатҳои донор — 141 млн. доллар ё 4 фоиз, саҳми Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон — 128,5 млн. доллар ё 3,6 фоиз, дигар сарчашмаҳо (саҳми корхонаҳои давлатии ватанӣ, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, ҷамоатҳо ва ғ.) 36,3 млн. доллар ё 1 фоиз рост меояд.

Дар маҷмӯъ, тайи 20 соли охир ба бахшҳои гуногуни соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоии кишвар ба маблағи беш аз 151 миллиард сомонӣ сармоя ҷалб гардидааст, ки 59 миллиард сомонии онро сармояи мустақим ташкил медиҳад.

Бояд зикр намуд, ки соли 2006 дар таърихи навини Тоҷикистон дар самти ҷалби сармоягузорӣ ба иқтисодиёти кишвар, чун саҳифаи дурахшон боқӣ хоҳад монд. Зеро маҳз ҳамин сол бо ташаббус ва дастуру супоришҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гуфтушунидҳои муфид, ҷиҳати ҷалби сармоягузорӣ бо ҷониби Ҷумҳурии Халқии Хитой оғоз гардид, ки ба рушди минбаъдаи иқтисодиёти миллӣ такони ҷиддӣ бахшид.

Хуб дар ёд дорам, вақте ки аввалин созишномаҳои молиявӣ ҷиҳати татбиқи лоиҳаҳои барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе-Чанок, сохтмони хатҳои баландшиддати барқи «Ҷануб-Шимол» ва «Лолазор — Хатлон» баррасӣ мешуданд, баъзеҳо ба амалишавии онҳо шубҳа доштанд. Вале Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ ­Раҳмон қатъӣ супориш доданд, ки бо дарназардошти имтиёз, яъне ҷалби қарзҳои дарозмуҳлат, паст кардани меъёрҳои қарзӣ, зиёд намудани давраи имтиёзӣ ва элементҳои грантӣ, маблағҳои мазкур ҳатман ба иқтисодиёти кишвар бояд ҷалб шаванд.

Вақте ки кишварҳои ҳамсоя аз системаи ягонаи энергетикии Осиёи Миёна якҷониба баромаданд, лоиҳаи сохтмони хатти баландшиддати барқии «Ҷануб-Шимол», «Лолазор–Хатлон» ва баъдтар таҷдиду барқарорсозии роҳи автомобилгарди Душанбе — Чанок анҷом ёфт, бори аввал дар таърихи навини кишвари тозаистиқлоламон Ҷанубу Шимоли кишвар аз нигоҳи энергетикӣ ва коммуникатсионӣ пайваст гардида, чун боду ҳаво зарур будани лоиҳаҳои мазкур исбот гардид.

Охири соли 2008 ва аввали соли 2009 иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳонро буҳрони иқтисодию молиявӣ фаро гирифт. Охири соли 2008 аввалин нишонаҳои буҳрони молиявӣ дар иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аён гардиданд. Суръати афзоиши интиқоли пул коҳиш ёфта, нархи маҳсулоти содиротии кишвар батадриҷ поён рафт, бонкҳои тиҷоратӣ бо сабаби кам гардидани пасандозҳову воситаҳои фаъол дар асъори хориҷӣ бо мушкилоти ба пардохтпазирӣ алоқаманд рӯ ба рӯ шуданд.

Баланд гардидани меъёри таваррум, коҳиш ёфтани қурби асъори миллӣ, зиёд гардидани касри буҷети давлатӣ, коҳиш ёфтани нархи молу маҳсулот дар бозори ҷаҳонӣ ва кам гардидани талабот нисбат ба онҳо, ки ба содирот таъсири манфӣ мерасонанд, кам гардидани талабот нисбат ба қувваи кор дар давлатҳои хориҷӣ, баргаштани муҳоҷирони меҳнатӣ ва зиёд гардидани шумораи бекорон дар дохили кишвар, зиёдшавии маблағгузории буҷет, ҷиҳати таъминоти иҷтимоии шаҳрвандони бешуғл тавассути пардохти кумакпулӣ, сафарбаркунӣ ба омӯзиши касбӣ, хизматрасонии тиббӣ, бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси бекорон, аз ҷумла, калонсолон, дастгирии шахсони бекор дар инкишоф ва рушди фаъолияти соҳибкорӣ тавассути зиёд намудани қарзҳои хурд, кам гардидани интиқоли маблағ аз хориҷи кишвар, талаботи иловагӣ оид ба ҷалби қарзҳои берунӣ барои бахшҳои гуногуни соҳаи иқтисодиёт, баланд гардидани нархи хизматрасониҳои коммуналӣ, рух додани офатҳои табиӣ, коҳиш ёфтани депозитҳо дар бонкҳо аз ҳисоби аҳолӣ ва омилҳои дигари мавҷуда хавфи зиёди фискалиро ба миён оварданд.

Бо мақсади паст намудани шиддатнокии буҳрони молиявӣ, дар сатҳи муътадил нигоҳ доштани нишондиҳандаҳои макроиқтисодӣ ва дар ин замина, таъмин намудани даромади буҷети давлатӣ, дастгирии молиявии давлатӣ ва ҳавасмандкунии соҳибкории хурду миёна ва роҳ надодан ба коҳиш ёфтани ҳолати молиявии корхонаҳои саноатӣ ва дигар бахшҳои иқтисодиёт аз ҷониби Ҳукумати мамлакат «Барномаи чорабиниҳои зиддибуҳронӣ» қабул шуд. Дар доираи он барои дастгирии буҷети давлатӣ аз ташкилотҳои байналмилалии молиявӣ солҳои 2009 — 2020 ба маблағи зиёда аз 2,8 миллиард сомонӣ ҷалб гардида, дар буҷети соли 2021 ин нишондиҳанда ба маблағи 300,0 миллион сомонӣ пешбинӣ ва онҳо барои дастгирии соҳаи иҷтимоӣ ва рушди воқеии иқтисодиёти ҷумҳурӣ равона шуданд.

Бо мақсади дар мадди аввал ба соҳаҳои афзалиятнок равона намудани захираҳои молиявӣ бори аввал дар ҷумҳурӣ секвестори буҷети давлатӣ гузаронида шуда, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2009» ва инчунин барои солҳои 2015 ва 2016» қабул шуд.

Ҳамчунин, қайд кардан бамаврид аст, ки бо дарназардошти пайомадҳои пандемия ба иқтисодиёти кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла ба рушди иқтисоди миллӣ, буҷети давлатӣ, гардиши савдои хориҷӣ, қурби асъори миллӣ, инчунин, ба фаъолияти корхонаҳои саноативу муассисаҳои хизматрасонӣ низ таъсири манфӣ расонид, ки дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла, тандурустӣ ва дигар хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид шуд.

Ҳаҷми умумии буҷети давлатӣ аз рӯи даромад ва хароҷот нисбат ба буҷети тасдиқшуда, аз рӯи хароҷоти дуюмдараҷа ба миқдори муайян кам гардид. Вале новобаста ба тағйироти ба буҷет воридгардида, хароҷоти соҳаи иҷтимоӣ, аз ҷумла маориф, тандурустӣ, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, фарҳанг ва варзиш дар доираи буҷети тасдиқшуда нигоҳ дошта шуда, ҳатто нисбат ба Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ зиёд карда шуд.

Тайи 30 соли Истиқлолияти давлатӣ иншооти муҳими дорои аҳамияти умумидавлатӣ ва минтақавидошта, аз қабили неругоҳҳои барқи обии «Помир-1», «Сангтӯда-1», «Сангтӯда-2», ду агрегати НБО «Роғун», таҷдиду навсозии неругоҳҳои барқи обии «Норак», «Сарбанд», «Қайроққум», садҳо неругоҳи барқи обии хурд, сохтмони хатҳои баландшиддати «Лолазор-Хатлон», «Ҷануб-Шимол», «Хуҷанд — Айнӣ», Маркази барқу гармидиҳии шаҳри Душанбе марҳалаи 1 ва 2, дигар хатҳои интиқоли барқи баландшиддат, зеристгоҳҳои барқии пуриқтидор, навсозии фурудгоҳҳои байналмилалии шаҳрҳои Душанбе, Хуҷанд, Кӯлоб, сохтмони хатти роҳи оҳани «Қӯрғонтеппа — Кӯлоб», «Душанбе — Ёвон — Қӯрғонтеппа», масҷиди калони замонавӣ дар шаҳри Душанбе, таҷдиду навсозии қитъаи роҳи автомобилгард, аз хиёбони ҳайкали Сино то дарвозаи ғарбии шаҳри Душанбе дар доираи лоиҳаи «Беҳтар намудани ҳолати роҳи минтақавии Душанбе-Турсунзода-сарҳади Ӯзбекис­тон», таҷдид ва сохтмони роҳҳои автомобилгарди «Душанбе — Қӯрғонтеппа — Данғара — Кӯлоб», «Кӯлоб — Қалъаи Хумб — Мурғоб — Қулма — шоҳроҳи Қароқум», қитъаҳои Шкев-Зиғар, сохтмону навсозии шоҳроҳи автомобилгарди «Кӯлоб — Қалъаи Хумб — Мурғоб — Қулма — Қароқум» (қитъаи Кӯлоб – Шӯрообод-Қалъаи Хумб), Шоғун — Зиғар (марҳалаи 1, 2 ва 3), Душанбе — сарҳади Қирғизистон (марҳалаи 1, 2 ва 3), Душанбе — Чанок — сарҳади Ӯзбекистон, Душанбе — Қулма, марҳалаи 1-и давраи 2 қитъаи Душанбе — Данғара», «Қӯрғонтеппа — Панҷи Поён», «Душанбе — Турсунзода», «Айнӣ — Панҷакент» нақбҳои автомобилгарди «Истиқлол», «Шаҳристон», «Хатлон», «Шар-шар», бинои нави замонавии маъмурии вазоратҳои молия, корҳои хориҷӣ ва консулгарии он, Кумитаи андоз, Хадомоти алоқа, БДА «Амонатбонк», кони гази «Хоҷасартез», Осорхонаи миллӣ, Китобхонаи миллӣ, литсейҳои президентӣ дар маркази маъмурии вилоятҳо ва Мактаби байналмилалии президентӣ дар шаҳри Душанбе, Маҷмааи замонавии шиноварӣ дар шаҳри Душанбе ва садҳо иншооти муҳими давлатӣ — иҷтимоӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Танҳо дар самти комплекси агросаноатӣ бо мақсади таъмини рушди соҳаи кишоварзии ҷумҳурӣ аз ҳисоби буҷети давлатӣ маблағгузории садҳо барномаи соҳавӣ, аз қабили барномаҳои мубориза бар зидди ҳашаротҳои зараррасони соҳаи кишоварзӣ, хариди заҳрхимикатҳо ва маводи зарурӣ, мубориза бар зидди малах, рушди соҳаи занбӯрпарварӣ, рушди боғу токпарварӣ, хариди тухмии зироатҳои кишоварзӣ ва картошка, рушди моҳипарварӣ, рушди қутоспарварӣ, рушди зотпарварӣ ва хушзоткунии чорво, рушди минтақаҳои чарогоҳ, беҳтар намудани ҳолат ва самаранок истифода бурдани онҳо, рушди асппарварӣ, тариқи лизинг харидорӣ намудани техникаи кишоварзӣ ва ғайра амалӣ шуданд.

Яке аз дигаргуниҳои ҷиддӣ ва назаррасе, ки 3 — 4 соли охир ба миён омад, дигаргун гаштани симои шаҳри Душанбе мебошад. Танҳо тайи се соли охир дар маҳаллаҳои гуногуни шаҳри Душанбе зиёда аз 150 майдончаи варзишӣ ва майдончаҳои бозии кӯдакона сохта, ба истифода дода шуд. Ба ғайр аз ин, боғҳои зебо ва бузурги фароғатӣ, аз ҷумла боғҳои ба номи Куруши Кабир, устод Рӯдакӣ, С. Айнӣ, Парчами миллӣ, А. Навоӣ, А. Дониш, гулгашти ҷавонон, кӯли ҷавонон, таҷдиду навсозии Боғи кӯдакона, воқеъ дар кӯчаи Ш. Шоҳтемур ва даҳҳо гулгашту майдон мавриди истифода қарор дода шуд, ки дар рушди солимии ҷомеа ва фароғати сокинони кишвар саҳми арзанда мегузоранд.

 Рӯйдоди муҳими дигари молиявие, ки соли 2017 дар ҷумҳурӣ ба миён омад, барориши нахустини коғазҳои қиматноки давлатии кишвар ба бозорҳои ҷаҳонӣ муваффақона анҷом ёфт. Гурӯҳи кории коршиносон дар ҳайати намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, Вазорати молия ва гурӯҳи татбиқи лоиҳаҳои сохтмони иншооти энергетикӣ бо роҳбарии муовини якуми Сарвазири мамлакат Давлаталӣ Саид ва муовини якуми раиси Бонки миллии Тоҷикистон Ҷамолиддин Нуралиев аз 28 август то 8 сентябри соли 2017 дар ҳамкорӣ бо бонкҳои сармоягузории «Райффайзенбанк» ва «Ситибанк» дар вохӯриҳо бо сармоягузорони азими давлатҳои ИМА, Англия ва Швейтcария ширкат варзида, муаррифии барориш ва фурӯши коғазҳои қиматноки давлатиро ба маблағи 500 млн. доллари ИМА барои идомаи сохтмони НБО «Роғун» бомуваффақият таъмин намуданд.

Дар навбати худ сармоягузорони байналмилалӣ баробари хариди вомбаргҳо, инчунин, аз омодагиашон дар самти ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилаи судманд бо Ҷумҳурии Тоҷикистон бо истифода аз дигар усулҳои сармоягузорӣ ибрози назар намуданд.

Интишори нахустини рейтинги давлатӣ ва барориши муваффақонаи коғазҳои қиматноки давлатии кишвар (евробондҳо) ба бозорҳои ҷаҳонӣ яке аз саҳифаҳои нави таърихи ташаккулёбии молияи давлатии ҷумҳурӣ тайи 30 соли истиқлолият ва ҳамгироии он ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ ба ҳисоб меравад.

 Мавҷуд будани суботи макроиқтисодӣ ва иродаи сиёсӣ имконият дод, ки марҳилаи навбатии ислоҳоти молияи давлатӣ мувофиқи Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 31 январи соли 2020 таҳти №1446 «Дар бораи тасдиқи Стратегияи идоракунии молияи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» оғоз бахшида шуда, давоми ислоҳотеро дар бар мегирад, ки аз лиҳози амалишавии «Стратегияи қаблии идоракунии молияи давлатӣ барои солҳои 2009-2018» оғоз ёфтааст. Он босуботӣ, эътимоднокӣ, мукаммалӣ, шаффофияти буҷет, дурнамои макроиқтисодӣ ва молиявӣ, сиёсати қарзӣ, тағйири методологияи ҳисобу китоб, маъмурикунонии даромадҳо, якҷоякунии буҷетҳои сармоягузорӣ, ҳисоботи бухгалтерӣ дар бахши буҷет, алоқамандгардонии нақшаи суратҳисобҳо бо гурӯҳбандии буҷетӣ, автоматикунонӣ, мониторинги хавфҳои молиявӣ, ташкили базаи иттилоот оид ба хароҷот барои беҳсозии раванди банақшагирӣ ва иҷрои буҷетро фаро мегирад.

Яке аз дастовардҳои назарраси дигар дар доираи «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ дар Тоҷикистон», ки назираш дар кишварҳои собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Шӯравӣ ва ҳатто баъзе аз кишварҳои Аврупо дида намешавад, ташкили низоми иттилоотии раванд­ҳои иҷрои хазинавии буҷет, ҷорӣ намудани суратҳисоби ягонаи хазинадорӣ, стандартҳои муҳосибот ва нақшаи якхелаи суратҳисобҳо мебошад. Ба ин комёбиҳо, инчунин, таъсиси Корхонаи воҳиди давлатии «Маркази дастгирии амалиётҳои молиявии байнибуҷетӣ», таъмини он бо таҷҳизоту технологияи пешқадами муосир ва мутахассисони сатҳи баланди касбидошта шомил мебошад, ки татбиқи ниҳоии босифату саривақтии қисматҳои автоматикунонии стратегияи мазкур то соли 2018 пешбинӣ шуда, пурра амалӣ гардидани он иштироки шахсони мансабдорро дар амалиётҳои молиявии гуногун, аз ҷумла дар системаи хазинадорӣ ҳамчун омили коррупсионӣ, маҳдуд менамояд.

Дар баробари ин, тибқи супориши Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Шабакаи ягонаи электронии иттилоотӣ байни Вазорати молия, Кумитаи андоз ва Хадамоти гумрук, ки фаъолияти сис­темаи хазинадорӣ, андозу буҷет ва умуман идоракунии самараноки молияи давлатиро таъмин менамояд, амалӣ карда шуд.

Қайд кардан бамаврид аст, ки стратегияи нав бо «Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» пурра мувофиқат карда, ислоҳоти идоракунии молияи давлатӣ то дараҷаи муҳим дар барномаҳои ҷории давлатӣ, ба монанди «Барномаи қарзгирии берунаи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2018-2020», «Барномаи сармоягузориҳои давлатӣ барои солҳои дахлдор», «Консепсияи низоми таҳлили таъсири танзимкунӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Консепсияи идоракунии рушди маҳал дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030» инъикос ёфтааст.

Яке аз вазифаҳои муҳим ва аввалиндараҷаи «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи то соли 2030» ояндаи наздик гузаштан ба маблағгузории электронӣ, хариди давлатӣ бидуни таҳвили коғазӣ ба шумор меравад, ки дар ин замина заминаҳои ҳуқуқӣ пурра фароҳам шудааст.

Аз нуқтаи назари суботи макроиқтисодӣ, дар низоми идоракунии молияи давлатӣ ҳолати нисбатан муҳимтар ин аст, ки он қобилияти пешниҳоди иттилооти заруриро дар бораи вазъи қарз ва касри буҷети давлатӣ дорад.

Дар «Стратегияи идоракунии молияи давлатӣ барои давраи то соли 2030» афзалиятҳои муҳим ба баланд бардоштани самараи низоми идоракунии молияи давлатӣ асос ёфта, ба тақвияти идоракунии самаранок, рушди мутавозинии иқтисодӣ, инкишофи босуботи иқтисодӣ ва коҳишёбии камбизоатӣ мусоидат менамояд.

Бо мақсади такмил додани сиёсати андозу буҷет, дастгирии молиявии давлатӣ ва ҳавас­мандгардонии соҳибкории хурду миёна, дар асоси Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикис­тон аз 20 июни соли 2019 таҳти №АП-1236, Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 феврали соли 2021 таҳти №АП-39, ҷалби коршиносони маҳаллию байналмилалӣ дар заминаи омӯзиши таҷрибаи давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосии тиҷоратӣ ва таклифу пешниҳодҳои вазорату идораҳо, намояндагони бахши хусусӣ, ассотсиатсияҳои соҳибкорӣ, ташкилотҳои молиявии байналмилалӣ ва шарикони дигари тиҷоратӣ лоиҳаи Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон дар таҳрири нав таҳия ва қабул шуд. Лоиҳаи он дар ҷаласаи васеи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон 31 августи соли 2021 маъқул дониста шуда, Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олӣ онро қабул кард. Он бо мақсади ба равандҳои рушди иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар самти рақамикунонии иқтисодиёт, ҷавобгӯ намудани низоми андозбандии кишвар ва ба ин васила, ба шакли ягонаи муттаҳидкардашудаи электронӣ ба ҳисоб гирифтани амалиёти аз ҷониби андозсупоранда анҷомшаванда, ки ба зиёд гардидани манбаъҳои андозбандӣ мусоидат менамояд, инчунин, сода ва оммафаҳм намудани муқаррароти он таҳия гардид. Дар кодекс шумораи умумии андозҳо бо роҳи хориҷ намудани андоз аз истифодабарандагони роҳҳои автомобилгард ва муттаҳид намудани андози воситаҳои нақлиёт бо андозҳо аз молумулк, инчунин, андоз аз фоида бо андоз аз даромад, аз 10 намуд то 7 намуд кам карда шуд.

Меъёри андозҳо, бо дарназардошти мутобиқ намудани сарбории андоз бо давлатҳои ҳамсоя ва шарикони асосӣ, такмил ёфта, ҷиҳати содагардонии расмиёти маъмурикунонии андоз усулҳои муосири пешбиникунандаи таҳкими иқтисоди рақамӣ ҷорӣ гардида, ин раванд фарогири электроникунонии амалиёти анҷомдодашаванда мебошад. Дар Кодекси андози Ҷумҳурии Тоҷикистон пояи ҳуқуқии батанзимдарории хизматрасонии муосири электронӣ бо шумули ҳуҷра ва ҳамёни электронӣ, мубодилаи электронии иттилоот, ҳисоботи электронӣ ва майдони электронии тиҷорат пешбинӣ гардидааст. Низоми рамзгузории электронӣ, чеки электронии фискалӣ, хазинаи вертуалӣ, ҳисобнома-фактураи электронӣ ва истилоҳоти асъори функсионалӣ асос барои тат­биқи усулҳои нави иқтисоди рақамӣ мегардад.

Бо мақсади аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва дахолати беасос ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тартиби муосири гузаронидани назорат, аз ҷумла, санҷишҳои андозӣ дар асоси хавф, пешбинӣ гардида, шумораи назоратҳо кам карда шуд. Аз ҷумла, гузаронидани назорати камералӣ ба таври автоматӣ пешбинӣ гардид. Яъне, минбаъд ҳисоботи пешниҳодшудаи андозсупорандагон ба таври автоматӣ коркард гардида, дар сурати мавҷуд будани камбудиҳо барои бартараф намудани онҳо ба утоқи шахсии андозсупоранда огоҳиномаи электронӣ ирсол мегардад.

Инчунин, ҷиҳати маъмурикунонии назорати андоз ва ба танзим даровардани муомилоти мол бо мақсадҳои андозбандӣ, муқаррарот оид ба рамзгузории электронӣ нисбат ба ҳама гуна моле, ки ба ҷумҳурӣ ворид мешавад ва дар он истеҳсол мегардад, пешбинӣ шуда, ҳамчунин, дар қисми баҳисобгирии андоз нисбат ба субъектҳои соҳибкорӣ уҳдадорӣ ҷиҳати таъмин намудани системаи электронии рамзгузории мол муқаррар гардид.

Бо мақсади аз байн бурдани омилҳои фардӣ ва дахолати беасос ба фаъолияти субъектҳои соҳибкорӣ тартиби муосири хизматрасонӣ, такмили низоми корҳои назоратӣ, системаи муттаҳидаи иттилоотии андоз оид баҳисобгирӣ, назорат ва мониторинги амалиётҳо, сода намудани расмиёти андозбандӣ ва мубодилаи электронии иттилоот амалӣ карда шуд.

Бинобар муттаҳид намудани баъзе аз бобҳо ва моддаҳо шумораи онҳо мутаносибан аз 60 боб ба 57 ва аз 424 модда ба 399 модда кам карда шуд. Хориҷ намудани муқаррароти истисноӣ оид ба баҳисобгирии андоз аз арзиши иловашуда барои воситаи асосӣ ва бекор намудани фарқияти маблағи меъёри 18 ба 15 — фоизаи андоз аз арзиши иловашуда бақияи молҳои (корҳо ва хизматрасонӣ) қаблан баҳисобгирифташуда, ҷорӣ намудани маҳдудият вобаста ба хароҷоти рекламавӣ , андози даромади шахсони воқеӣ 12 — фоиза ва дигар сабукиҳо ворид гардид.

Ҳабси андози моликияти ташкилоти давлатӣ манъ карда шуда, барои ҳабси иншоотҳои иҷтимоӣ ва маишӣ маҳдудият ворид гардид. Ҳадди ниҳоии даромади умумӣ барои супорандагони андози ягона бекор карда шуда, имтиёз барои истеҳсолкунандагони пахта барқарор ва муҳлати пардохтҳои ҷории андози ягона тағйир дода шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон моҳи декабри соли 2020 фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар самти иқтисоду молия муътадил арзёбӣ намуда, зикр карданд, ки дар натиҷаи паҳн шудани бемории сироятии коронавирус ва босуръат паст рафтани фаъолнокии иқтисодӣ ва афзоиши бесобиқаи бекорӣ вазъияти сайёра боз ҳам печида гардида, ба буҳрони бисёр шадиди иқтисодиву молиявӣ ва иҷтимоӣ рӯ ба рӯ омад. Яъне, соли 2020 дар вазъияти бошиддати иқтисодиву молиявии ҷаҳонӣ фаъолият карда, бо вуҷуди мушкилоти пешомада, ҷиҳати пешгирӣ намудани пайомадҳои буҳрон ва ҳифзи амнияти иқтисодии мамлакат як қатор чораҳои фавриро роҳандозӣ кардем. Дар навбати аввал, бо дарназардошти коҳиш ёфтани даромади буҷет, афзоиши талаботи маблағгузорӣ, пеш аз ҳама, ба соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ, хароҷоти пешбининашуда буҷети давлатиро барои соли 2020 бознигарӣ карда, ба нишондиҳандаҳои қисми даромад, хароҷот ва касри он тағйироти дахлдор ворид намудем.

Бо дар назар доштани он ки баланд бардош­тани сатҳу сифати зиндагӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ самти муҳимтарини сиёсати Ҳукумати мамлакат мебошад, соли 2020 зиёда аз 53,1 фоизи хароҷоти буҷет, яъне, 13,2 миллиард сомонӣ, ба ин мақсад равона карда шуд.

Ҳукумати кишвар ба масъалаи ҳифзи саломатӣ ва нигоҳубини ятимону маъюбон ва пиронсолону бепарасторон мунтазам ғамхорӣ зоҳир карда, барои беҳтар сохтани шароити иҷтимоии онҳо тадбирҳои саривақтиро амалӣ менамояд. Новобаста аз таъсири омилҳои берунӣ ва бемории COVID-19 ба иқтисодиёти кишвар, бо мақсади дастгирии давлатии гурӯҳҳои осебпазири аҳолӣ, аз 1-уми сентябри соли 2021 нафақаи маъюбон аз синни кӯдакӣ, ки дар асоси қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таъмини нафақаи шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин шудааст, ба андозаи 20 фоиз зиёд карда шуд. Нафақаи кӯдакони маъюби то 18 — сола, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин шудааст, ба андозаи 20 фоиз, инчунин, нафақаи маъюбони гурӯҳи якум, ки дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафақаҳои суғуртавӣ ва давлатӣ» таъин гардидааст, ба андозаи 50 фоиз баланд бардошта шуд.

Аз ин лиҳоз, мутахассисони вазорату идораҳои соҳавӣ, мақомоти идоракунии давлатӣ, ҳайати омӯзгорону профессорони муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ, академияву институтҳои илмию тадқиқотӣ, докторанту аспирант, ­магистру донишҷӯён ва доираи дигари васеи коршиносонро зарур аст, ки оид ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои даврони истиқлолият ва рушду идоракунии молияи давлатӣ фаъол бошанд ва ҳар чӣ бештар омӯзишҳои илмӣ — тадқиқотӣ анҷом диҳанд.

НАИМӢ Аъламхон Қодириён,

сардори Раёсати молияи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон