ПИРӮЗИИ АДОЛАТ БАР ҶАҲОЛАТ ВА ҒАЛАБАИ НЕКӢ БАР БАДӢ

№61 (3541) 12.05.2016

Паёми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам  Эмомалӣ Раҳмон ба ифтихори Рӯзи Ғалаба

шаҳри Душанбе, 8 майи соли 2016

Ҳамватонони азиз!

Муҳтарам иштирокчиёни ҷанг ва собиқадорони меҳнат!

Фардо, яъне 9 — май ба санаи таърихӣ – ғалаба бар фашизм 71 сол пур мешавад. Ин ҷашн барои ҳар як фарди ватандӯсту ватанпарвар ва сулҳхоҳу сулҳпарвар, пеш аз ҳама, аз он ҷиҳат муҳим аст, ки он пирӯзии адолат бар ҷаҳолат ва ғалабаи некӣ бар бадӣ мебошад.

Ба ин муносибат кулли ҳамватанони азиз ва ҳамаи иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнатро самимона табрик гуфта, бароятон саломатӣ ва рӯзгори ободу осуда орзу менамоям.

Бояд гуфт, ки ҷанги даҳшатноки солҳои 1941 — 1945 таъсири худро ба ҳар як хонадони мардуми Тоҷикистон гузошт. Аз Тоҷикистон садҳо ҳазор ҷавонмардон ба ҷабҳаи набардҳои хунин рафтанд ва дар ин роҳ корнамоиҳои бемисл нишон доданд. Қисми зиёди фиристодагони Тоҷикистон дар набардҳои шадиди ҷанг ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш ҳалок шуданд, ки номи неку корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст.

Ҳарчанд ки майдони  ҷанг аз Тоҷикистон хеле дур буд, вале таъсири он дар ҳамаи гӯшаву канори он ва ҳар як хонавода мушоҳида ва эҳсос мегардид.

Саҳми халқи тоҷик дар таъмини ғалаба ва дар ақибгоҳ хеле назаррас буд. Агар дар солҳои ҷанг ақибгоҳи мустаҳкаму тавоно намебуд ва фидокориву саҳми шабонарӯзии заҳматкашон намешуд, ҳаргиз чунин ғалабаи бузург таъмин намегардид. Бо вуҷуди душвориҳои зиёд халқи тоҷик дар фурсати кӯтоҳтарин дар ақибгоҳ фаъолияти тамоми сохторҳои иқтисодии ҷумҳуриро ба таъмини эҳтиёҷоти замони ҷанг равона намуд.

Қувваи асосии корӣ дар ақибгоҳ, асосан занону наврасон ва пиронсолон  буданд. Онҳо, сарфи назар аз маҳрумиятҳои замони ҷанг, супоришҳои давлатиро барзиёд иҷро мекарданд. Худ гуруснаву бараҳна буданд, вале ҳамаи кӯшишу талоши худро ба хотири ғалаба ва ояндаи нек сафарбар мекарданд.

Мехоҳам хотирнишон созам, ки корномаву диловарии фарзандони баору номуси он солҳо ҳамеша намунаи ибрати наслҳои имрӯзаву оянда хоҳад буд, чунки омӯзиши таҷрибаи онҳо, маслиҳатҳои муфид ва насиҳатҳои падарона, кору пайкор ва зиндагиву фаъолияти собиқадорони ҷангу меҳнат ба наслҳои имрӯз ва фардои миллати тоҷик барои бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва пешрафта ҳамеша дастури зиндагиву фаъолият мебошад.

Ҳамчунин, тақвияти рӯҳияи сарбозону афсарон, ҳифзи ормонҳои абадзиндаи ватандӯстӣ, эҳтиром ба муқаддасоти Ватан ва ифтихори миллӣ самтҳои муҳими кори тарбиявӣ мебошанд, ки дар ин раванд низ таҷрибаи собиқадорон роҳнамои беҳтарин ба шумор меравад.

Итминони комил дорам, ки шумо, собиқадорони муҳтарам бо истифода аз таҷрибаи бойи зиндагӣ, панду насиҳат ва маслиҳатҳои  судманди худ наслҳои имрӯзаро роҳбаладӣ намуда,  барои боз ҳам баланд бардоштани ҳисси ватандӯстии ҷавонон, густариши ифтихори милливу худшиносии онҳо ва бо ҳамин роҳ дар рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат минбаъд низ саҳми арзишманд  мегузоред.

Беҳтар намудани шароити зиндагии иштирокчиёни ҷангу собиқадорони меҳнат ва ғамхорӣ дар ҳаққи онҳо дар маркази диққати Ҳукумати мамлакат қарор дорад, чунки иштирокчиёну собиқадорони гиромии мо нигоҳдорандаи анъанаҳои пуршарафи гузашта, намунаи устуворӣ, мардонагӣ ва илҳомбахшу тарбиятгари наслҳои ҷавони миллат ҳастанд.

Ҳамватанони азиз!

Ҷомеаи мо имрӯз дар шароити таҳаввулоти босуръат ва бисёр мураккаби ҷаҳони муосир қарор дорад. Яъне, таҳдиду хатарҳои ҷиддӣ ба амнияти минтақа ва ҷаҳон торафт густариш пайдо карда истодааст. Қувваҳои муайян имрӯз бо истифода аз неру ва дигар воситаҳои харобиовар, аз ҷумла тавассути аъмоли террористиву ифротгаройӣ, фаъолияти гурӯҳҳои ҷиноятпешаи трансмиллӣ, инчунин тавассути муборизаҳои иттилоотӣ кӯшиш доранд, вазъи дохилии давлатҳои мустақилро халалдор созанд.

Дар минтақаву кишварҳои гуногуни ҷаҳон оташи ҷанг аланга зада, дар натиҷа давлатҳои як вақтҳо орому босубот аз байн мераванд, ҳазорон нафар одамони бегуноҳ ба ҳалокат мерасанд ва миллионҳо нафар ватани аҷдодии худро тарк карда, дар қаламрави давлатҳои дигар сарсону саргардон мегарданд.

Тоҷикистон ҷонибдори тақвияти муборизаи дастаҷамъона бар зидди хатарҳои нави ҷаҳонӣ — ифротгароии ҷангталаб ва терроризм, ки ба вабои аср табдил ёфтаанд, мебошад. Зеро дар шароити торафт афзудани хатару таҳдидҳои ҷаҳони муосир масъалаи таъмини амнияти милливу давлатӣ аҳамияти аввалиндараҷа ва ҳаётӣ пайдо мекунад ва чунин вазъ ҳамаи кормандони сохтору мақомоти давлатӣ, аз ҷумла мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, тамоми хизматчиёни давлатӣ, инчунин ҳар як фарди бонангу номуси миллатро водор месозад, ки аз ҳарвақта дида бештар масъулиятшинос ва ҳушёру зирак бошанд.

Мардуми шарифи Тоҷикистони соҳибихтиёр дар симои хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат фарзандони бонангу номус ва далеру шуҷои худро мебинанд, ки ба Конститутсия, савганди ҳарбӣ ва миллату Ватани худ ҳамеша вафодор ҳастанд.

Сабақҳои ҷанги хонумонсӯзи солҳои 1941 — 1945, ҷанги таҳмилии шаҳрвандии солҳои 90 — уми асри гузашта, ҷангу низоъҳо дар Шарқи наздик ва минтақаҳои дигари олам ҳушдор медиҳанд, ки ҳар яки мо арзишҳои миллӣ, истиқлолият, сулҳу субот ва ваҳдати миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунем ва ҳамеша сарҷамъу муттаҳид бошем.

Бори дигар ҳамаи иштирокчиёни ҷанг, собиқадорони меҳнат ва кулли ҳамватанони азизро ба ифтихори Рӯзи Ғалаба табрик гуфта, ба хонадони ҳар яки шумо рӯзгори обод, сулҳу осоиш ва файзу баракат орзумандам.

Ҷашни Ғалаба муборак, ҳамватанони азиз!