Мувофиқи тағйиру иловаҳое, ки 14 майи соли 2016 ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи рӯзҳои ид» ворид гардид, бо мақсади эътирофи хизматҳои арзанда, дар бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодию сиёсии мамлакат 16 ноябр ҳамчун Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҷлил карда мешавад.
Агар ба гузаштаи на чандон дур назар афканем, мебинем, ки шакли идораи президентӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон 30 ноябри соли 1990 тавассути ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон ҷорӣ карда шуда, Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон Қ. Маҳкамовро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намуд. Вале он интихоби бевоситаи халқ набуд, балки онро вакилони Шӯрои Олии ҶШС Тоҷикистон амалӣ намуданд. Вале як сол нагузашта, Қ. Маҳкамов ба истеъфо рафту боз ба Конститутсияи ҶШС Тоҷикистон тағйирот ворид карда шуда, интихоботи умумихалқии Президент эълон гардид.
27 ноябри соли 1991 Р. Набиев Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб, вале бар асари нооромӣ дар ҷомеа сентябри соли 1992 ба истеъфо фиристода шуд. Дар мамлакат бесарусомонӣ ва беҳокимиятӣ ҳукфармо гардида, хатари аз байн рафтани давлат ба миён омад. Мардум ба қисматҳо тақсим шуда, нуфузи ҳокимияти марказӣ дар маҳалҳо хеле паст рафт.
Таҷрибаи солҳои аввали соҳибистиқлолӣ нишон дод, ки дар шароити зиддиятҳои шадиди дохилӣ, шакли идораи президентӣ барои таъмини амният, якпорчагӣ ва соҳибихтиёрии мамлакат хизмат карда наметавонад. Аз ин рӯ, дар Иҷлосияи таърихии XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйирот ворид гардид, шакли идораи президентӣ барҳам хӯрд ва аз нав шакли идораи парламентӣ пазируфта шуд. Дар ҳамон иҷлосия Эмомалӣ Раҳмон Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон яъне, Сарвари давлат интихоб гардид.
Инчунин, дар ҳамон Иҷлосияи таърихӣ зарурияти қабули Конститутсияи нави ҷумҳурӣ баён ва барои таҳияи лоиҳаи он Комиссияи давлатӣ таъсис шуд. Зимни таҳияи лоиҳаи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон шакли идораи давлат низ баррасӣ гардида, шакли идораи Президентӣ авло дониста шуд.
Ҳамин тариқ, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки 6 ноябри соли 1994 қабул гардид, шакли идораи Ҷумҳурии Тоҷикистонро президентӣ эътироф намуда, дар боби алоҳида вазъи ҳуқуқии Президентро ба танзим даровард. Дар ҳамон рӯз интихоботи умумихалқии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон низ доир гашта, Эмомалӣ Раҳмон нахустин Президенти Ҷумҳурии соҳибихтиёри Тоҷикистон интихоб гардид. Интихобот дар замоне барпо гашт, ки дар мамлакат ҳанӯз оташи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ аланга мезад ва мардум дар пушти сангарҳо қарор доштанд. Нахустин вазифаи Президент таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар ҷомеа буд. Новобаста аз мушкилоти ҷойдошта кӯшишҳои пайвастаи Роҳбари ҷавони кишвар самара доданд ва барои рушди Тоҷикистон замина фароҳам омад.
Дар Конститутсияи нав Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун Сарвари давлат ва ҳокимияти иҷроия (Ҳукумат) эълон гардид. Ин мақоми баланд, пеш аз ҳама, аз он сарчашма гирифт, ки салоҳиятҳоро ба Президент халқ тавассути иштироки бевосита дар интихобот дод. Аз ин рӯ, Президент мансаби олӣ дар низоми мақомоти ҳокимияти давлатӣ мебошад.
Аз рӯи мақом Президент ҳомии Конститутсия ва қонунҳо, кафили ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, истиқлолияти миллӣ, ягонагӣ ва тамомияти арзӣ, пойдориву бардавомии давлат, фаъолияти мураттаби мақомоти ҳокимияти давлатӣ ва ҳамкории онҳо, риояи шартномаҳои байналмилалии Тоҷикистон мебошад.
Таҳлили ҳар як салоҳияти зикршуда вақти зиёдро талаб мекунад. Вале нигоҳи одӣ нишон медиҳад, ки чӣ қадар масъулияти бузург дар онҳо ниҳон аст. Дар симои як фард фақат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз номи халқи Тоҷикистон ҳуқуқи сухан гуфтанро дорад, ӯ самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳуриро муайян мекунад, Сарфармондеҳи Қувваҳои Мусаллаҳ мебошад ва ғайра.
Салоҳиятҳо ҳатто дар савганди Президент, ки дар моддаи 67 Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон нишон дода шудааст, такрор меёбанд: «Ман ҳамчун Президент савганд ёд мекунам, ки Конститутсия ва қонунҳои ҷумҳуриро ҳимоя менамоям, таъмини ҳуқуқ, озодиҳо ва шарафи шаҳрвандонро кафолат медиҳам, сарзамин, истиқлолияти сиёсиву иқтисодӣ ва фарҳангии Тоҷикистонро ҳифз мекунам, ба халқ содиқона хизмат мекунам».
Илова бар ин, Президент як қатор салоҳиятҳоеро доро мебошад, ки онҳоро фақат Сарвари давлат дошта метавонад ва дигар шохаҳои ҳокимияти давлатӣ наметавонанд доир ба онҳо қароре қабул намоянд. Онҳо ҳуқуқи ба шаҳрвандӣ қабул намудан ва аз шаҳрвандӣ маҳрум намудан, паноҳгоҳи сиёсӣ додан, бо мукофотҳои давлатӣ сазовор гардонидан ва бахшиши гуноҳ мебошанд. Ҳуқуқи пешниҳоди қонун дар бораи афв низ танҳо ба Президент тааллуқ дорад.
Салоҳиятҳое, ки Конститутсия ба Президент додааст, имконият медиҳад, ки ӯ дар раванди ҳаёти сиёсию иқтисодии кишвар таъсири ҷиддӣ расонад. Аз ин рӯ, дар ҳама давру замон Президент кафили боэътимоди пойдории сохти конститутсионӣ ба шумор меравад. Мардум дар симои Президент пешво, нигоҳбон ва шахси таъминкунандаи ҳуқуқу озодиҳоро мебинанд.
Аз рӯи табиати ҳуқуқӣ мақоми Президент нисбат ба дигар мақомот як қатор бартариятҳо дорад.
Аввал. Президент ягона шахсест, ки мардуми кишвар ӯро бевосита интихоб мекунанд, яъне салоҳиятҳоро ба ӯ халқ медиҳад.
Дуюм. Танҳо Президент фаъолияти муназзами шохаҳои ҳокимиятро таъмин менамояд. Президент интихоботи Маҷлиси Олиро таъин мекунад, лоиҳаи қонунҳоро ба Маҷлиси намояндагон пешниҳод ва ба қонунҳо имзо мегузорад, Сарвазир ва дигар аъзои Ҳукуматро таъин ва озод намуда, (фармон дар бораи таъин ва озод кардани Сарвазир ва аъзои Ҳукуматро ба тасдиқи ҷаласаи якҷояи Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагон пешниҳод менамояд), номзадии раис, муовинон ва судяҳои Суди конститутсионӣ, Суди Олӣ ва Суди Олии иқтисодиро барои интихоб ва бозхонд ба Маҷлиси миллӣ пешниҳод мекунад, судяҳоро таъин ва озод менамояд ва ғайра.
Сеюм. Фаъолияти Президент аз дигар шохаҳои ҳокимият вобастагӣ надорад. Яъне, мансаби Президент мансаби олӣ дар давлат ба ҳисоб меравад. Аз ин ҷост, ки хусусияти ислоҳотҳо дар давлат ба шахсияти Президент вобаста карда мешавад.
Конститутсия ва қонунҳо талаботи ҳуқуқиро нисбат ба Президент муқаррар намудаанд. Яъне, синни аз 30 боло, доштани маълумоти олӣ, забони давлатиро донистан ва на камтар аз 10 соли охир дар ҷумҳурӣ зиндагӣ кардан шартҳои пешниҳод намудани номзадии шахс ба мақоми Президент нишон дода шудааанд. Вале барои Президенти муваффақ ва ҳақиқатан мардумӣ шудан боз сифатҳои дигари шахсӣ заруранд, ки онҳоро ҳеҷ қонуне наметавонад танзим намояд.
Яке аз он сифатҳо ҷасорати шахсӣ аст, ки Президенти тозаинтихоби Тоҷикистон дар рӯзҳои аввали ба мақоми Сарвари Тоҷикистон интихоб шудан нишон додаанд. «Баҳри истиқрори сулҳ ва бозгашти ҳама гурезаҳо ман тайёрам ҷони худро нисор кунам»- ро Эмомалӣ Раҳмон ҳанӯз дар Иҷлосияи шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон изҳор намуд. Дар солҳои минбаъда низ борҳо исбот кард, ки қавлу амали ӯ якест. Ин омилҳо дар интихоботҳои Президентии минбаъда нақши калон бозиданд.
Сифати дигари шахсӣ қобилияти бахшида тавонистан мебошад. Борҳо шоҳид гаштаем, ки Президенти мамлакат ба хотири сулҳу ваҳдати миллӣ гузаштҳо карданд. Гуноҳи онҳоеро, ки душмани сохти конститутсионӣ буданд бахшиданд. Барои афви гуноҳи шахсоне, ки ҷиноят содир намуда, зиндонӣ шуданд, чанд қонуни афвро ба имзо расониданд.
Ин ва дигар сифатҳои шахсӣ боис гардиданд, ки мардуми Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат эътироф намуданд.
ВАТАНЗОДА Маҳмадалӣ Маҳмадулло,
Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои ҳуқуқӣ,
намояндаи ваколатдори Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
дар Маҷлиси миллӣ ва Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон