21 ноябри соли 2022 дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз сафирони нави кишварҳои хориҷ эътимоднома қабул карданд.
Зимни маросими эътимодномасупорӣ ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сафирони фавқулодда ва мухтори Федератсияи Русия Семён Григорев, Ҷумҳурии Куба Оскар Сантана Леон, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика Гилермо Алехандро Пуэнте, Ҷумҳурии Аргентина Леополдо Франисико Саорес, Ҷумҳурии Чад Маҳамуд Адам Башир ва Ҷумҳурии Гана Эрик Овусу-Боатенг, эътимодномаҳоро бо паёму дуруд аз роҳбарияти кишварҳои хеш тақдим карданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронӣ ҳамаи сафиронро ба муносибати оғоз гардидани фаъолияти дипломатиашон дар ин маснади пуршараф ва сермасъул дар Ҷумҳурии Тоҷикистон самимона табрику таҳният гуфтанд.
Президенти мамлакат таъкид намуданд, ки Тоҷикистон тайи давраи соҳибистиқлолӣ дар асоси сиёсати хориҷии мутавозину сулҳхоҳонаи “дарҳои кушода” бо кишварҳои минтақаҳои мухталифи олам робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкориҳои барои ҷонибҳо судманди фарогирро роҳандозӣ намуда, густариш медиҳад.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории гуногунҷанбаи судманди Тоҷикистон бо Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Куба, Штатҳои Муттаҳидаи Мексика, Ҷумҳурии Аргентина, Ҷумҳурии Чад ва Ҷумҳурии Гана андешаронӣ карда, изҳори умед намуданд, ки сафирони фавқулодда ва мухтори навтаъйиншуда бо иҷрои рисолати сермасъул саъю талошҳои пайгиронаи худро баҳри татбиқи ҳадафҳои неки рушду таҳкими робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманди давлатҳои худ бо Тоҷикистон ва барои ба сатҳи сифатан нав баровардани онҳо равона месозанд.
Президенти мамлакат зимни суханронӣ оид ба ҳолат ва дурнамои рушду густариши муносибатҳои дӯстию ҳамкорӣ, дарёфти роҳҳои нави робитаҳои судманд ва татбиқи тавофуқоти қаблан ҳосилшуда, андешаронӣ карда, изҳор доштанд, ки кишварҳои мо ҷиҳати ба роҳ мондани муколамаи сатҳи олӣ ва баланд, ташаккули минбаъдаи заминаи ҳуқуқии ҳамкориҳо дар соҳаҳои афзалиятнок ва дигар самтҳои мавриди манфиатҳои тарафайн тадбирҳои амалӣ хоҳанд андешид.
Дар фарҷом Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бори дигар ба ҳамаи сафирон ба муносибати оғози фаъолияташон барори кору комёбӣ орзу намуда, омодагии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати мусоидат дар самти пешбурди фаъолияти дипломатиашон махсус таъкид карданд.
Изҳори итминон карда шуд, ки талошҳои пайвастаи сафирон дар ҷодаи рушду такомули робитаҳои гуногунҷанбаи байни Тоҷикистон ва кишварҳои болозикр самараву натиҷаҳои нав ба бор хоҳанд овард.