14 ноябр Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Ҳазорчашмаи ноҳияи Деваштич коргоҳи қолинбофии “Субҳия”-ро мавриди баҳрабардорӣ қарор доданд.
Иншооти мазкур дар масоҳати 288 метри мураббаъ ҷой гирифта, аз ҷониби соҳибкори ватанӣ Примқул Сатторқулов бунёд карда шудааст.
Коргоҳи қолинбофии “Субҳия” дар заминаи таваҷҷуҳ ба рушди ҳунарҳои суннатии мардумӣ, аз ҷумла қолинбофии дастӣ ва дар доираи иҷроиши Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи рушди қолинбофии дастӣ ва дигар ҳунарҳои мардумӣ” амалӣ карда шудааст.
Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар коргоҳ 11 адад таҷҳизоту дастгоҳи қолинбофӣ аз хориҷи кишвар ворид ва насб карда шуда, барои 20 нафар занону духтарони маҳаллӣ ҷойҳои нави корӣ фароҳам гардидааст.
Дар ин дастгоҳҳо бо усули анъанавӣ қолинҳои абрешимӣ тавлид карда мешаванд. Ин тарзи қолинбофӣ дар байни ҳунармандони ҳалқӣ маъмул буда, он маҳз бо таваҷҷуҳи давлатӣ эҳё гардида, рушд меёбад.
Яке аз самтҳои фаъолияти маркази ҳунармандӣ ба омӯзиши ҳунари қолинбофии дастӣ фаро гирифтани занону духтарони деҳаҳои Ҳазорчашма, Панҷбоғ, Муҷун ва Истиқлол мебошад. Дар ин деҳаҳо шумораи ҳунармандони халқӣ, аз ҷумла қолинбофон аз байни занону духтарон зиёд буда, таъсиси коргоҳи қолинбофӣ ба рушди ин ҳунари анъанавӣ ва бахусус бо ҷои кори таъмин намудани занону духтарони деҳа ва даромаднокӣ мусоидат менамояд. Таъсиси коргоҳ самараи судманди ҳамкориҳои соҳибкорону ҳунармандони тоҷику узбек мебошад. Ҳамкории ҳунармандони Тоҷикистону Узбекистон тавсеа ёфта, он имконияти васеъ ва баҳри таъсиси чунин корхонаҳо, рушду муаррифии ҳунарҳои дастӣ мегардад. Асоси қолинҳои дастиро нах ва риштаи абрешимӣ ташкил медиҳад. Дар истеҳсоли қолин истифода шудани риштаи абрешимӣ бо нақшу нигори зебои миллӣ сифати қолини дастибоф ва серхаридор гардидани маҳсулот дар бозори берунӣ аст.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба чунин иқдому ташаббуси созандаи соҳибкор дар самти рушди ҳунари дастӣ баҳои баланд дода, фаъолияти ин маркази ҳунармандиро омили муҳими таъмини занону духтарон бо ҷойҳои корӣ ва даромаднокӣ аз ин ҳисоб арзёбӣ намуданд.