31-уми августи соли 2023 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар Маҳаллаи навбунёди рақами 2, ба номи Рустам Амакии ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе бинои нави Гимназияи хусусии “Саидумар” -ро мавриди истифода қарор доданд.
Таълимгоҳи мазкур дар масоҳати 72 садяк замин доман густурда, худи иншоот дар масоҳати 7 ҳазору 245 метри мураббаъ қомат афрохтааст ва барои 2700 нафар хонанда пешбинӣ шудааст. Мактаб аз ҷониби соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бунёд гардида, корҳои сохтмониро дар иншоот пудратчӣ — Ҷамъияти саҳомии пӯшидаи холдингии “Осиё Гурӯҳ Тоҷикистон” ва лоиҳакаш — Корхонаи воҳиди давлатии пажуҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотию лоиҳакашии “Душанбешаҳрсоз” анҷом додаанд.
Мавриди зикр аст, ки лоиҳаи Гимназия тарҳи нав буда, аз ҷониби лоиҳакашони пуртаҷриба таҳия ва ҳамаи меъёру қоидаҳои сохтмонӣ риоя гардида, бори аввал дар бунёди муассисаҳои таълимии ҳудуди шаҳри Душанбе истифода шудааст.
Ба Сарвари давлати муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттиллоъ дода шуд, ки иншоот аз 4 бинои 4-ошёна иборат буда, бо дарназардошти талаботи замони муосир ва истифодаи масолеҳи хушсифати сохтмонӣ бунёд гардидааст. Корҳои бунёдӣ дар таълимгоҳ соли 2019 шурӯъ шуда, бо сифати баланд ва дар муҳлати муайянгардида мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Корҳои бунёдӣ аз ҷониби сохтмончиёни маҳаллӣ иҷро гардида, ҷараёни сохтмонро мутахассисону меъморони соҳибтаҷриба назорат намуданд.
Таълимгоҳ бо тамоми инфрасохтори замонавӣ бунёд шуда, аз 66 синфхонаи муҷаҳҳаз, аз ҷумла утоқҳои омӯзиши химия, физика, биология, синфхонаҳои технологияи иттилоотӣ, лингафонӣ, озмоишгоҳҳо, синфхонаи таълими меҳнат барои писарон ва духтарон, сехи қаннодӣ, ҳуҷраи махсуси духтури дандон, равоншинос, логопед, китобхона бо толори хониш ва дигар иншооти ёрирасон иборат мебошад. Бо мақсади амалӣ намудани Барномаи давлатии “Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф” дар мактаб шароитҳои хуби дарсомӯзӣ муҳайё гардида, тамом синфхонаҳои фаннӣ бо лавозимот ва асбобҳои озмоишӣ таъминанд.
Ҳамчунин ҷиҳати оммавигардонии варзиш ва дар сатҳи баланд гузаронидани машғулиятҳои тарбияи ҷисмонӣ ва омодагии дифои ҳарбӣ, дар муассиса толори варзишии барҳаво дар масоҳати 610 метри мураббаъ бунёд ва бо лавозимоти машқу тамрин муҷаҳҳаз гардонида шудааст. Ошхона барои 180 нафар ва толори маҷлисгоҳ бо 310 ҷойи нишаст ҷузъи дигари иншоот аст, ки дар истифода қарор дорад.
Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити таълим ва имконоти дарсомӯзӣ, ба сифати корҳои анҷомёфта баҳои баланд дода, ҳиммати ҷавонмардонаи соҳибкори ҷавону ватандӯст Рустам Саидовро намунаи ибрат арзёбӣ намуданд. Сарвари давлат барои дастгирии иқдомоти Ҳукумати мамлакат дар самти рушди соҳаи маориф ба соҳибкор изҳори сипос намуда, бунёди Гимназияро дар ин маҳаллаи навбунёд муҳим хонданд.
Гуфтан ба маврид аст, ки ба истифода додани бинои муҳташами Гимназия дар ҳудуди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе, туҳфаи арзандаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арафаи соли нави таҳсил ба сокинони пойтахт мебошад. Бо ба истифода додани бинои нави Гимназияи хусусии “Саидумар” шароити таълим беҳтар гардида, дар ин замина сифати хониши муҳассилин низ баланд бардошта мешавад. Ҳоло ҳайати кормандони ин даргоҳро 80 нафар омӯзгори соҳибтаҷриба ва 20 нафар корманди техникӣ ташкил медиҳад.
Зимни суҳбати самимӣ Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо маорифчиёни пойтахт дастур доданд, ки аз шароитҳои мавҷуда васеъ истифода намуда, барои дар рӯҳияи ватандустию хештаншиносӣ тарбия намудани насли наврас масъулияти баланд дошта бошанд ва бад-ин васила саҳми худро дар ободӣ ва пешрафти Тоҷикистони соҳибистиқлол гузоранд.
Дар навбати худ устодону мураббиёни пойтахт ба Пешво миллат ҷиҳати фароҳамсозии шароиту имконоти сатҳи баланд изҳори миннатдорӣ намуда, ҳамчун тарбиятгари насли имрӯза ваъда доданд, ки барои омода намудану ба воя расонидани ҷавонони донишманду навовар кӯшиш мекунанд ва дар рушди соҳаи калидии ҷомеа-маориф саҳми муносиби худро мегузоранд.
Қобил ба зикри хос аст, ки соҳибкори ватандӯст Рустам Саидов бо мақсади дастгирии сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати кишвар ва саҳм гузоштан дар ободии диёр, тасмим гирифтааст соли оянда дар шафати бинои таълимӣ боз як муассисаи томактабиро барои 600 кӯдак ба истифода диҳад. Иқдоми соҳибкорро Сарвари давлат намунаи ибрат ва воситаи муҳими баланд бардоштани сифати таълим дар зинаи таҳсилоти томактабӣ арзёбӣ карданд.