Суханронии Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо роҳбарон ва фаъолони ноҳияи Рӯшон
25 июни соли 2016
Муҳтарам намояндагони мардуми ноҳияи Рӯшон!
Ҳозирини арҷманд!
Нахуст аз ҳама, кулли сокинони ватандӯсти ноҳияи Рӯшон ва шумо, ҳозирини гиромиро ба муносибати Рӯзи Ваҳдати миллӣ, ки баъди ду рӯз таҷлил мегардад, самимона табрик мегӯям.
Ноҳияи Рӯшон яке аз мавзеъҳои таърихии кишварамон ба ҳисоб рафта, сокинони он дар сарчашмаҳои таърихӣ ҳамчун одамони ростқавлу ҳимматбаланд ва озодманишу ботамкин ёдовар шудаанд.
Рӯшон дар навиштаҳои ҳаким Носири Хусрав ҳамчун диёри равшандилону поксириштон зикр гардидааст. Ҳакими бузург ёдовар шудааст, ки табиати биҳиштосои ин гӯшаи таърихии Ватанамон ба бинандагону бошандагони он рӯҳу илҳоми тоза ва осоишу оромӣ мебахшад.
Маҳз табиати нотакрор ва рӯҳи поки бузургони ин мавзеи зебоманзар аст, ки дар домони он аҳли илму фарҳанг ва ашхоси соҳибҳунару эҷодкор ба воя расида, бо хизмати софдилонаашон дар пешрафти соҳаҳои мухталифи ҳаёти кишварамон саҳми муносиб мегузоранд.
Мардуми ноҳияи Рӯшон аз солҳои аввали соҳибистиқлолӣ ҷонибдори самимии сулҳу ваҳдат ва зиндагии орому осуда ҳастанд ва бисту панҷ сол инҷониб дар ҷодаи таҳкими пояҳои давлатдории миллӣ ва рушди иқтисодиву иҷтимоии мамлакат софдилона саъю талош меварзанд.
Тайи 25 соли Истиқлолияти давлатӣ дар ноҳияи Рӯшон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва тавассути ташаббусҳои бахши хусусӣ 200 иншооти нави иқтисодиву иҷтимоӣ, роҳу пулҳо ва инфрасохтори энергетикӣ ба маблағи 106 миллион сомонӣ ба истифода дода шуда, барои дастгирии буҷети ноҳия 240 миллион сомонӣ ҷудо карда шудааст, ки 100 миллион сомонии онро кумаки молиявӣ аз Буҷети ҷумҳуриявӣ, яъне субвенсия ташкил медиҳад.
Умуман, дар замони истиқлолият барои рушду тараққиёти ноҳия аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ беш аз 480 миллион сомонӣ равона карда шудааст.
Имсол барои тараққиёти ноҳия аз ҳисоби Буҷети давлатӣ ҷудо намудани 40 миллион сомонӣ пешбинӣ гардидааст.
Тӯли солҳои охир дар қаламрави ноҳия 13 лоиҳаи давлатии сармоягузорӣ ба маблағи қариб се миллион сомонӣ татбиқ гардида, алҳол ду лоиҳаи дигар дар ҳаҷми беш аз як миллион сомонӣ амалӣ шуда истодааст.
Умуман, дар давоми 12 соли охир аз ҳисоби ҳамаи сарчашмаҳои маблағгузорӣ дар водии Бартанг дар ҳаҷми 32 миллион сомонӣ корҳо иҷро шудаанд.
Ҳамзамон бо ин, татбиқи «Барномаи рушди иҷтимоиву иқтисодии ноҳияи Рӯшон барои солҳои 2016 — 2020» оғоз гардида, дар доираи он амалисозии як қатор лоиҳаҳои нав ба маблағи умумии 130 миллион сомонӣ дар назар аст.
Дар иртибот ба ин, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияи Рӯшон вазифадоранд, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ барои сари вақт ва бо сифати баланд амалӣ гардидани лоиҳаҳои ба нақшагирифташуда тадбирҳои мушаххас андешанд.
Ҳамчунин, бо мақсади дастгирии фаъолияти соҳибкорони маҳаллӣ, бахусус дар самти мусоидат ба фаъолияти бонувони боғайрату ватандӯст, ки бо вуҷуди шароити душвори кӯҳистон ба иҷрои корҳои созандагӣ камар бастаанд, фазои ҳар чӣ мусоид фароҳам оранд.
Дар доираи тадбирҳои зарурӣ ҷиҳати таъмин намудани рушди иқтисодиву иҷтимоии минтақаҳои дурдасти кӯҳистони кишвар соли 2013-ум Қарори Ҳукумати мамлакат «Дар бораи Нақшаи чорабиниҳо оид ба рушди иҷтимоиву иқтисодии водии Бартанги ноҳияи Рӯшон» қабул шудааст, ки дар асоси он барои пешрафти ҳамаҷонибаи ин мавзеъ имкониятҳои мусоид фароҳам оварда мешаванд.
Зимни боздиди имрӯза аз маркази ноҳия маълум гардид, ки танҳо дар давоми солҳои охир тавассути вазорату идораҳо ва Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент 19 муассисаи таҳсилоти умумӣ, 20 бунгоҳи тиббӣ, марказҳои тиҷорату хизматрасонӣ, толори варзишӣ ва Қасри фарҳанг сохта, ба истифода дода шудаанд, ки дар натиҷа симои ноҳия хеле дигаргун гашта, сатҳу сифати хизматрасониҳо ба аҳолӣ беҳтар шудааст.
Тасдиқ шудани нақшаи генералии маркази ноҳия ва амалӣ гардидани он дар солҳои наздик Рӯшонро ба яке аз шаҳракҳои зебои вилоят табдил хоҳад дод.
Имрӯз дар остонаи ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва ба ифтихори 25 – умин солгарди Истиқлолияти давлатӣ як қатор иншооту биноҳои навбунёд, аз ҷумла бинои маъмурии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, нозироти андоз ва якчанд иншооти хизматрасонӣ ба истифода дода шуданд.
Қобили зикр аст, ки барои ободу зебо гардонидани марказ ва деҳоти ноҳия саҳми соҳибкорони ҳимматбаланди маҳаллӣ низ хеле назаррас буда, тӯли солҳои охир аз ҷониби онҳо 140 иншооти таъиноти гуногун, аз ҷумла муассисаҳои иҷтимоӣ сохта, ба истифода дода шудааст, ки чунин иқдоми ватандӯстонаи онҳо, албатта, арзандаи таҳсину миннатдорӣ мебошад.
Дар натиҷаи чунин талошҳои созанда дастуру супоришҳои Роҳбари давлат дар самти бунёди корхонаҳои хурди истеҳсолӣ ва муҳайё намудани ҷойҳои нави корӣ ба иҷро расида, шароити зиндагии аҳолӣ сол ба сол беҳтар шуда истодааст.
Соли гузашта дар коргоҳу корхонаҳои саноатии ноҳия ба маблағи қариб панҷуним миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000-ум шаш баробар зиёд мебошад.
Минбаъд низ афзоиш додани шумораи корхонаҳои саноатии хурду миёна ва бо истифода аз ашёи хоми маҳаллӣ мусоидат намудан ба фаъолияти пурраи корхонаҳои мавҷуда самтҳои афзалиятноки рушди соҳаи саноати ноҳияи Рӯшон ба шумор мераванд.
Дар доираи иҷрои супоришҳои Роҳбари давлат солҳои охир якчанд коргоҳҳои дӯзандагӣ ва корхонаи истеҳсоли хишт бунёд гардида, соли равон, дар маҷмӯъ бунёди 10 корхонаву коргоҳҳои хурд, аз ҷумла корхонаҳои истеҳсоли масолеҳи сохтмон, дуредгариву дӯзандагӣ, коркарди меваю сабзавот, маҳсулоти чорво ва коркарди санг ба нақша гирифта шудааст.
Дар баробари ин, дар ноҳия имкониятҳои густариш додани саноати маъдан ва бунёди неругоҳҳои хурди барқӣ ҳанӯз зиёд буда, таъсис ва истифодаи оқилонаву самараноки онҳо ба рушди иқтисодиёти ноҳия такони ҷиддӣ мебахшад.
Дар давоми соли ҷорӣ амалӣ намудани лоиҳаи сохтмони хатти интиқоли барқи 35 — киловолта дар мавзеи Вознавд — Дашти Язгулом ба маблағи 32 миллион сомонӣ ва таҷдиди Неругоҳи хурди барқи обии «Савноб» ба маблағи як миллион сомонӣ ба нақша гирифта шудааст.
Ҳоло барои сохтмони хатти интиқоли барқи 35 — киловолта аз деҳаи Вознавд то деҳаҳои Шипад ва Деҳ дар масофаи 22 километр аз ҷониби шарикони рушд 65 миллион сомонӣ ҷудо гардида, кор дар ин самт идома дорад.
Барои беҳтар намудани таъминоти ноҳияҳои кӯҳистон бо неруи барқ ва истифодаи самараноки захираҳои об «Барномаи дарозмуддати бунёди силсилаи неругоҳҳои хурди барқӣ дар давраи солҳои 2007-2020» мавриди амал қарор дорад, ки дар доираи он дар қаламрави ноҳия бунёд намудани якчанд неругоҳҳои хурди барқи обӣ ба нақша гирифта шудааст.
Вобаста ба ин, ба Вазорати энергетика ва захираҳои об, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия супориш дода мешавад, ки иҷрои барномаи мазкурро таҳти назорати ҷиддӣ қарор диҳанд.
Ғайр аз ин, дар давоми се соли оянда бо бунёд гардидани неругоҳҳои барқи обии Хатфат, Бадурд ва таъмиру таҷдиди неругоҳҳои Пасор ва Шуғанд талаботи ноҳия бо неруи барқ пурра таъмин мегардад.
Дар ноҳия дар самти рушди соҳаи роҳдориву роҳсозӣ корҳои назаррас ба сомон расонида шудаанд. Аз ҷумла, соли 2014 пули мошингарди Пасор азнавсозӣ гардида, як қисми роҳи самти водии Бартанг мумфарш карда шуд.
Ҳамзамон бо ин, аз ҷониби Ҳукумати мамлакат ҷиҳати бартарафсозии оқибатҳои офати табиии соли гузашта, ки ба аҳолӣ ва умуман иқтисодиёти ноҳия хисороти зиёди моддӣ расонид, чораҳои зарурӣ амалӣ карда шуданд.
Фаромадани сел дар ҳудуди ноҳия ба 553 хонаи истиқоматии дараи Бартанг ба маблағи беш аз 25 миллион сомонӣ хисороти моддӣ расонида, инчунин, роҳҳои мошингарду пулҳо, хатҳои интиқоли барқ ва алоқа, иншооти соҳилмустаҳкамкунӣ, шабакаҳои обрасонӣ, истгоҳҳои обкашиву дигар иншооти гидротехникӣ ва замини кишти зироатҳо зарар диданд.
Барои таъмиру барқарорсозии иншооти харобшуда ва бунёди хонаҳои истиқоматии вайронгардида чораҳои саривақтӣ андешида шуданд ва сохтмони хонаҳо идома дошта, рӯзҳои наздик пурра омода мегарданд.
Дар давоми 40 рӯзи фасли зимистон тавассути роҳи мошингарди Рӯшон-Ғудара, ки дар давраи пешина ҳар сол қариб шаш моҳ кушода набуд, масолеҳи сохтмон аз пойтахти мамлакат то деҳаи дурдасттарини ноҳия интиқол дод шуд.
Ҳамчунин, барои барқарор намудани роҳи мошингарди Ҳиҷез — Равмеди водии Бартанг маблағҳои зарурӣ ҷудо шуда, то имрӯз корҳои ҳамворкунӣ ва сохтмони панҷ пули мошингузар иҷро гардидаанд.
Ҳозирини гиромӣ!
Соҳаи кишоварзӣ дар иқтисодиёти ноҳия нақши муҳим дошта, зиёда аз 60 фоизи аҳолии қобили меҳнат дар ин соҳа фаъолият дорад.
Тибқи маълумоти оморӣ ҳиссаи хоҷагиҳои деҳқонӣ дар ҳаҷми умумии истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ, хусусан дар истеҳсоли ғалладонаву мева ва сабзавоту картошка назаррас мебошад.
Соли гузашта дар ҳамаи шаклҳои хоҷагидории ноҳия ба маблағи 66 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карда шудааст, ки ин нишондиҳанда дар муқоиса бо соли 2000-ум ҳафт баробар зиёд аст.
Боиси қаноатмандист, ки заҳматкашони ноҳия ба иҷрои супориши ҳангоми сафари қаблии Роҳбари давлат додашуда бо масъулияти баланд муносибат карда, дар се соли охир зиёда аз 80 гектар заминҳои бекори деҳаҳои Дерӯшон, Барӯшон ва Дерзудро аз худ намуда, 27 гектар боғи нав бунёд кардаанд.
Илова бар ин, корҳои азхудкунии 32 гектар заминҳои нав дар мавзеи Баҷувдараи деҳоти «Бартанг» оғоз гардида, барои иҷрои он аллакай маблағҳои зарурӣ равона шудаанд.
Барои фаъолияти боз ҳам самараноки кишоварзон ва афзоиш додани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ба Корхонаи воҳиди давлатии «Тоҷикагролизинг» супориш дода мешавад, ки ба хоҷагиҳои деҳқониву фермерии ноҳия техникаи зарурии мутобиқ ба минтақаи баландкӯҳро дастрас намояд.
Ҳозирини гиромӣ!
Дар давраи истиқлолият дар ноҳияи Рӯшон аз ҳисоби Буҷети давлатӣ мактабҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ барои беш аз 1500 нафар хонанда сохта ва ба истифода дода шуда, имсол боз се бинои нави таълимӣ ва иловагӣ дар назди мактабҳои таҳсилоти умумӣ ба истифода дода мешавад.
Аз ҷониби Дирексияи сохтмони иншооти ҳукуматии Дастгоҳи иҷроияи Президент барои сохтмони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 30 дар деҳаи Рошорв ва мактаб-интернат дар деҳаи Спонҷ аллакай маблағҳо ҷудо гардидаанд. То соли оянда мактаби нав дар деҳаи Спонҷ ва муассисаи таълимии рақами 31 дар деҳаи Нисур ба истифода дода мешавад.
Бо супориши Ҳукумати мамлакат лоиҳаи сохтмони мактаби рақами 35 дар деҳаи Рухч омода гардидааст ва сохтмони онро тоҷикони ватандӯсти бурунмарзӣ ба уҳда гирифтаанд.
Илова бар ин, таъмиру таҷдид ва таҷҳизонидани бинои муассисаи таълимии рақами 29 дар деҳаи Бардара ба анҷом расида, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар давоми солҳои 2017-2019 аз ҳисоби маблағҳои буҷетӣ ва лоиҳаҳои давлатии сармоягузорӣ сохтмони боз ду муассисаи таълимӣ пешбинӣ шудааст.
Дар баробари ин, хотирнишон месозам, ки Вазорати маориф ва илм, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳияро зарур аст, ки ҷиҳати ба роҳ мондани фаъолияти самараноки марказҳои рушди кӯдакон масъалаи бо омӯзгорони ихтисосманд таъмин намудани марказҳои зикршударо ҳар чӣ зудтар ҳал намоянд.
Итминон дорам, ки аҳли маориф ва умуман сокинони маорифпарвари ноҳия ба иҷрои вазифаи асосиву муқаддаси худ, яъне таълиму тарбияи наврасону ҷавонон минбаъд низ эътибори ҷиддӣ зоҳир намуда, барои ба камол расонидани насли соҳибмаърифат ва ояндасозу ватандӯст саҳми арзишманд мегузоранд.
Бо истифода аз фурсат, мехоҳам як масъалаи муҳимро бори дигар хотиррасон созам. Яке аз соҳаҳои сердаромаду ояндадори қариб ҳамаи ноҳияҳои Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, аз ҷумла ноҳияи Рӯшон рушди минбаъдаи сайёҳӣ ба ҳисоб меравад. Вале то ҳол аз имкониятҳои ин мавзеи биҳиштии кишварамон ба таври зарурӣ истифода бурда намешавад.
Таҳлили омори соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ва вилоят нишон медиҳад, ки омадани сайёҳон ба ин минтақаи зебоманзари вилоят чандон қаноатбахш нест.
Аз ин лиҳоз, Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва ноҳия вазифадор карда мешаванд, ки ба хотири ҷалби ҳар чӣ бештари сайёҳон, ки яке аз манбаъҳои муҳими ҷойи кор мебошад, доир ба ташкил намудани инфрасохтори сайёҳӣ ва амалисозии дигар чорабиниҳо, аз ҷумла баланд бардоштани сатҳи хизматрасонӣ, тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Илова бар ин, хотирнишон месозам, ки имсол барои мардуми шарифи Тоҷикистон соли махсус аст, яъне Тоҷикистони соҳибистиқлоли мо биступанҷсола мешавад.
Ба хотири истиқболи арзандаи ин ҷашни бузурги миллӣ ҳар яки мо вазифадорем, ки содиқонаву софдилона заҳмат кашем, дар шароити ҷаҳони пурҳаводису ноороми муосир барои ҳимояи манфиатҳои милливу давлатиамон ҳамеша ҳушёру омода бошем ва ҳар рӯзи фаъолияти худро барои боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Ватани азизамон, беҳтар намудани шароити рӯзгори сокинони кишварамон ва баланд бардоштани нуфузу обрӯи давлати озоду соҳибистиқлоламон дар арсаи байналмилалӣ равона созем.
Бори дигар тамоми мардуми шарифи ноҳияро ба ифтихори ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ва биступанҷумин солгарди соҳибистиқлоливу соҳибихтиёрии Тоҷикистони азизу маҳбубамон самимона табрик гуфта, ба ҳамаи шумо, ҳозирини арҷманд, саломативу хонаи обод, рӯзгори осуда ва барору комёбӣ орзу менамоям.
Ҳамеша саодатманду сарбаланд бошед, ҳамдиёрони азиз!